Толибшоҳ Сайидзода: Чаро Шӯрои ВАО камэътибор аст?

Расонаҳо 08.10.2010 09:23
2349Банда Тавсияномаҳои Шурои ВАО - и Тоҷикистонро, аз 17- 08. 2010 ва 16- 09. 2010, ки сардабири СССР ва нашрияи ӯро барои риоя накардани меъёрҳои ахлоқи журналистӣ, барангехтани низоъи миллӣ, «таҳқири шахс, тарғиби фисқу фуҷур, гузоришҳои барангезанда ба таҷовузу хушунат, паст задани(?) миллат, ки метавонад ҳуқуқи шаҳрвандонро халалдор намояд»,

мутаҳам кардаву ҳам «гунаҳкор»- аш кардаанд, ки «ташвиқоти рӯи рости нашрияи «СССР» ба фисқу фасод дарак медиҳад. Он ба ягон меъёру одоби журналистон рост намеояд ё ин ки ҷавобгуй нест. Аз тарафи дигар бо ин ташвиқотҳои нодуруст мардумро ба содир намудани ҷинояти дигар даъват менамояд.»

Ва ҳамчунин бо изҳори нигаронӣ «насиҳат»- аш кардаанд, ки «дар сурати идома ёфтани чопи чунин латифаҳо, боварӣ дорем обрӯ ва нуфузи нашрияи «СССР» як дараҷа коста мешавад ва хуб мешуд, ки роҳбарияти нашрия аз чунин ташвиқу тарғибҳои ғайри ахлоқӣ даст кашида, ба тарбияву раҳномоии мардуми тоҷик ва дигар қавму миллатҳои сокини Тоҷикистон камар бандад».

Ман аз зумраи он нафароне будам, ки ҳамеша аз зиёд кор фармуда шудани вожаҳои русӣ дар СССР нороҳат ва ҳам таъсиси Шӯрои ВАО- ро бо хушнудӣ истиқбол карда будам. Имрӯз ҳам аз ин ва ҳам аз он ростӣ пушаймонам. Банда таъсиси гӯшаеро дар СССР, ки он ба танзу масхараи армании яҳудтабор Галустяни бадхоҳи миллати тоҷик бахшида шудааст, комилан ҷонибдорам. Ва аз Сайёф мехостам ин латифаҳоро ба русӣ тарҷума намуда, аз тариқи Интернет ба Русия, ба ҳама бадхоҳони тоҷик чун «ҳадяи дӯстона» ирсол намояд.

Мо метавонем! Ин Сайёф буд, ки бо ҷигари шерона, бо ҷасорати воқеъан тоҷикона ба дифоъи ҳаммиллатони хеш бархост ва аз тариқи нашрияи худ муште обдор бар сари бадхоҳони миллат кӯфт ва боз иншааллоҳ хоҳад кӯфт. Шумо ай насиҳатгарону тавсиянависон магар фаромӯш кардаед, ҳамватани бузурги мо Шайх Саъдии ҷаҳоншинохта гуфта:

«Бардор ба оҳан оҳани тафтаро»

Шумо чӣ мехостед, ки дар қиболи он ҳама тавҳину таҳқиру бадгӯиҳои Галустяни безот дар нисбати миллати шарифи мо Сайёф бояд ором менишаст? Мусаллам аст, ки Сайёф марде хунгарм аст ва зиёд миллатпараст аст ва ӯ дар муҳите зода ва парварда шудааст, ки камтарин таҳқиру озор ба тоҷикро хуш надоранд, ба ҳама қавму миллат эҳтиром қойиланд, вале касе кӯшиши заррае паст задани тоҷикро мекунад, ҳатман таҳқир хоҳад шуд ё зери мушту лагад қарор мегирад. Ман бовар дорам, агар Галустян ин ҷо боре   меомад, мушти аввалине, ки бар сараш мехӯрд, он мушти Сайёф буд. Чун Галустян гурдаи ин ҷо омадан ҳеч гоҳ нахоҳад кард, пас Сайёф қарзи ватандории хеш донист, ки ин тарсӯи яҳудитаборро дар нашрияаш зери мушти танз бигирад. Он коре, ки Шумо, аҳли Шӯроро нороҳат сохтааст. Магар дигар коре намонд, ки Шӯрои ВАО анҷом бидиҳад, ки ба домони Сайёф часпидед? Шумо «насиҳатгарон» мехоҳед, ки Сайёф ҳам ба тарғиби андешаҳои ғайритоҷикӣ машғул шавад. Ӯ ин корро ҳеч гоҳ нахоҳад кард. Шумо аз Сайёф хостаед, ки «ба тарбияву раҳномоии(?) мардуми тоҷик ва дигар қавму миллатҳои сокини Тоҷикистон камар бандад», вале дар куҷо хондед ва аз кӣ шунидед, ки боре Сайёф «мардуми тоҷик ва дигар қавму миллатҳои сокини Тоҷикистон»- ро бад гуфта ё таҳқир карда бошад? Чунин нашудааст ва то ҷое ман Сайёфро медонам, ӯ ҳаргиз ин корро нахоҳад кард, зеро ӯ Тоҷик ва ватанпарасти асил аст.

Ман медонам Сайёф ба пуштибонии ман ва касе ҳам ниёз надорад, Ӯ чи карданашро хуб медонад ва «насиҳат»-и касеро ҳам намепазирад, вале инро барояш гуфтанӣ будам, ки чун як ҳампешаи ҳамватан дар ин кор -сақат гуфтани ҳар бадхоҳи Тоҷик бо Ӯ шарикам.   Ин шояд ҳамин гӯшаи таъсис додаи Сайёф кор дод, ки Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар охирин дидори худ бо Президенти Русия ҷаноби Медведев ҳамин масъалаи Галустян ва «Наша Раша»- и тавҳинбарангези ӯро мавриди баррасӣ қарор дод. Президент ҳам чун як Тоҷик ва соҳиби ин миллат аз таҳқиру сақатгӯиҳои бадхоҳони Тоҷик ба дод омад ва аз Медведев хостори ҳалли ин қазия шуд. Агар як хонандаи СССР бо шеваи қабеҳ фикрашро баён карда бошад, ҳеч ҷойи нороҳат шудан нест, зеро вақте Тоҷик таҳқир мешавад, Шӯрои мӯҳтарами ВАО хап асту чун як бадхоҳи миллат ба танз кашида шавад, ба ёди қонундонҳои Шӯро нормаҳои ахлоқӣ меояд. Ва донистан мехостам, ки ҳангоми баррасии нуқси рӯзномаҳо дар Шӯрои ВАО масъулини он расонаҳои хабарӣ дар ҷаласаи эшон ширкат мекунанд ё хайр? Агар ширкат накунанд, пас аз рӯйи кадом нормаи ахлоқ аст муҳокимаи як нашрия бе ширкати сардабири он? Ва агар назди як сардабир ин Шӯро эътиборе надошта бошад, пас оё муҳокимаи матлабҳои дар нашрияи ӯ чоп шуда аз рӯйи мантиқ аст? Ин чӣ гуна Шӯро аст, ки хелеҳо, манзури банда журналистону нашрияҳо ба фаъолияти он мароқ зоҳир намекунанд? Ва ҳам шӯхиомез мегӯянд, ки як Шӯрои уламо бас набуд, ки боз Шӯрои ВАО ҳам сохтанд. Шояд имрӯз вақте расидааст, таҷдиди Шӯрои ВАО- ро низ чун Шӯрои уламо аз сар бигирем ва як коре бикунем ё ниҳоде бисозем, ки ақаллан нисфи ҳамин сардабирон эътирофамон кунанд. Ё не?

RS: Аз пахши ин Тавсияномаҳои Шӯрои ВАО хеле вақт гузаштаву ягон нашрияи Тоҷикистон, манзурам «Нигоҳ», «Миллат», «Фараж», «Озодагон», «Нури зиндагӣ», «Пайкон» ин ҳуҷҷати муҳими Шӯроро ба чоп надодаанд. Оё ин ҳамрайъӣ ба Сайёфу СССР- и ӯ ва нодида гирифтани дастурҳои мақоме, ки мегуфтанд буданаш хеле зарур ва боаҳамият аст, яъне Шӯрои ВАО нест?! Аз ин рӯ ин навиштаи ман дар тарғиби ин Тавсияномаҳои Шӯро беҳтарин рекломи ройгон аст, ки хонанда аз мӯҳтавои онҳо акнун огаҳ хоҳад шуд. Ба қавли Сайёф «як по братский» хизмат кардем.

 

Толибшоҳи Сайидзода
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97