ОЗОДӢ Ҳафтаи эътирозҳо ва радия

Сиёсат 17.07.2008 00:52

Нигарониҳо аз қазияи Сайёфи Мизроб

Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМРМТ) рӯзи 11 июли соли равон бо пахши баёнияе аз вазъи пешомада дар бахши тоҷикиии радиои Озодӣ изҳори нигаронӣ кардаанд. Ин баёния дар пайи бо нишони эътироз аз кор рафтани Сайёфи Мизроб, як хабарнигори собиқадори бахши тоҷикии радиои "Озодӣ" дар як рӯзи пеш, пахш шудааст.


Дар ин санад, ки бо имзои Акбаралӣ Сатторов, раиси ИЖТ ва Нуриддин Қаршибоев, раиси АМРМТ нашр гардидааст, рӯйи ин нукта таъкид шудааст: "Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз такрорёбии ҳодисаи фишор ба хабарнигорон аз ҷониби садорати бахши тоҷикии Радиои Озодӣ изҳори ташвиш намуда, аз ваҷҳи хусусияти тамоюлӣ пайдо кардани чунин амали номатлуб сахт нигаронанд".
Қудрат Шаҳидӣ, мудири бахши тоҷикии радиои "Озодӣ" дар мавриди қазияи Сайёфи Мизроб мегӯяд: -Сайёфи Мизроб рӯзи 9-уми июл бо хоҳиши худаш аз кор рафт, ӯ чанде қабл тавассути почтаи электронӣ нома фиристод, ки дар он ӯ аз тағйироти ба вуҷуд омада, дар фаъолияти хабарнигорон ва барномаҳо дар дафтари кории радио дар шаҳри Душанбе изҳори норозигӣ ва саркашӣ аз корро кард ва аз истеъфои худ низ хабар дод.
Аммо Сайёфи Мизроб мегӯяд, ки қарордоде, ки радиои "Озодӣ" ба ӯ ахиран пешниҳод карда буд, ба чанд банди Қонуни меҳнати Тоҷикистон мухолифат доштааст ва аз ин рӯ онро имзо накардааст.
Мудири бахши тоҷикии радиои "Озодӣ" гуфтааст: -Мо дар радиои "Озодӣ" дар чаҳорчӯби қонунҳои Тоҷикистон амал мекунем.
Аммо тайи ду рӯз изҳороти тезу тунди Сайёфи Мизроб бар алайҳи ин расонаи хабарӣ дар сархати муҳиммтарин ахбори дохилии кишвар, аз ҷумла радио ва телевизионҳои давлативу мустақили кишвар қарор дошт.
Сайёфи Мизроб дар ҳузури хабарнигорон ва аз тариқи ин расонаҳо изҳор дошт: "Бо дарназардошти ин далел, ки ҳуқуқҳои ман ҳамчун шаҳрванд ва журналист поймол шудаанд ва шахсан ман намехоҳам, ки зидди миллат ва ватани худ зери фишори раҳбарияти гуфторҳои тоҷикии радиои "Озодӣ" фаъолият барам, бо масъулияти том аз кор дар ин радио канор меравам".
Қудрат Шаҳидӣ ҷой доштани фишор болои хабарнигоронро рад кардааст.
Сайёфи Мизроб ин иддаъоро, ки гӯё ҳукумат барояш дар пайи иқдоми ахираш вазифа пешниҳод кардааст, рад кард.
Дар ҳамин ҳол Бобоҷон Бобохонов, додситони кули кишвар дар як нишасти хабарӣ эълом кард, ки дар ҷараёни қазияи Сайёфи Мизроб қарор дорад ва дар рӯзҳои наздик ба баррасии он хоҳанд пардохт.

Боз як эътирози дигар

Холиқи Сангин, як тан аз собиқ кормандони радиои "Озодӣ" дар Душанбе, субҳи рӯзи 15 июл дар Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон бо баргузории як нишасти матбуотӣ роҷеъ ба нақзи ҳуқуқи хабарнигорон дар ин радио эътироз кард.
Эътирози Холиқи Сангин дуввумин иқдом дар пайи эътирози Сайёфи Мизроб, яке дигар аз кормандони ин родию, сурат гирифт.
Холиқи Сангин дар нишасти матбуотиаш гуфт, ки аз торихи 12 октябри соли сипаришуда бо аризаи шикоятӣ дар мавриди бе ягон далели вайрон кардани шартномаи меҳнатии радиои "Озодӣ" аз кор ронда шуданаш, ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат кардааст. Вале то ҳол ин қазия ҳал ношуда боқӣ мондааст.
Холиқи Сангин аз ҷумла гуфт: -Аз ин рӯ ман маҷбур шудам то ба ҳамкасбони худ рӯ биоварам то нисбат ба қазияи ман бетараф набошанд.
Ба гуфтаи ӯ, то кунун зиёда аз 100 маротиба ба дари додгоҳ рафтааст: "Ҳар дафъаи эълон шудани рӯзи мурофиа масъулини душанбегии радиои Озодӣ ба додгоҳ ташриф намеоварданд. Ҳамагӣ 3 маротиба мурофиа доштем, вале талабҳое, ки дар аввалин мурофиа додгоҳ аз радиои "Озодӣ" дошт то ҳол ҳеч кадом аз онро радиои "Озодӣ" иҷро накардааст."
Холиқи Сангин афзуд: "Ман ба Додгоҳи олӣ муроҷиат хоҳам кард, дар сурати натиҷа надодани ин қазия дар Додгоҳи олӣ ба Раиси ҷумҳур нома хоҳам навишт."
Ин дар ҳолест, ки Қудрат Шаҳидӣ, мудири бахши тоҷикии радиои "Озодӣ" дар мавриди сабабҳои ихроҷи ин хабарнигор гуфтааст: "Холиқи Сангин бар тибқи қарордоди корӣ ва Қонуни меҳнати Тоҷикистон аз кор барканор шудааст. Иллаташ ҳам адами ҳузури ӯ дар кор ва адами тамос бо масъулини бахш ва ман буд. Ӯ бештар аз як ҳафта сари кор наёмад, тамосе нагирифт ва иттиллое аз маҳал ва вазъи худ надод."
Ба идаъои Холиқи Сангин, шартномаи меҳнатие, ки ӯ бо ин радио доштааст, хилофи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ӯ мегӯяд, тӯли зиёда аз чанд соли фаъолияташ дар ин расона боре рухсатии меҳнатӣ нагирифтааст ва ҳамчунин дар рӯзҳои ҷашну идҳое, ки ҳамаи ниҳодҳои дигар истироҳат доштаанд, радиои "Озодӣ" ӯро кор мефармудааст.
Дар хотимаи нишаст Холиқи Сангин афзуд, ки барои зарари маънавие, ки бар ӯ расонидаанд, аз радиои "Озодӣ" 50 000 доллар талаб дорад.
Ин дар ҳолест, ки Қудрат Шаҳидӣ мегӯяд: -Шароити коре, ки барои ҳамкоронамон фароҳам мекунем, дар нисбат ба расонаҳои маҳаллӣ беҳтар ва бештар аст. Ва бояд беҳтар ҳам бишавад. Албатта боз ҳам таъкид мекунам, ки имконоти мо ҳам маҳдуд аст, вале то ҷое, ки имкон дорем, талош мекунем шароитро беҳтар бикунем.



©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97