Дарахти ҷовидонагӣ

Сиёсат 03.09.2013 10:24

ҳикояте аз «Маснавии маънавӣ»

mawlanaВақте, доное ба тариқи достон гуфта буд, ки дарахте дар Ҳиндустон аст, ки ҳар ки меваи онро бихурад, умри ҷовидона меёбад. Подшоҳе ин сухан шунид, ӯ аз содагӣ-шояд ҳам тамаъ ба умри зиёд, касеро ба Ҳинд фиристод то меваи он дарахтро биёварад. Он мард солҳо дар Ҳинд ба ҷустуҷӯ пардохт. Аз ҳар кӣ мепурсид, масхарааш мекарданд, ки ин мард девона аст. Баъзеҳо ҳам ба забон таъриф ва ҳам ришхандаш менамуданд ва ӯро ба ин сӯ ва он сӯ мефиристоданд ва дарахтҳоеро нишон медоданд. Саранҷом вақте он мард хаста, дармондаву навмед ва ашкбори оҳанг бозгашт кард, шунид, ки дар ҳамон макон шахси олиме қутби бузургвор аст, сукуне дорад ба худ гуфт: "Ман, ки кор дорам тавфиқ наёфтам. Акнун ба назди ӯ биравам бошад, ки дуои хайре намояд." Ба чашми ашкбор назди шайх рафт.

Шайх пурсид: "Аз чи чиз ноумед ҳастӣ, мавзуъ чист?"

Мард гуфт: "Шоҳ маро  бад-ин фиристода то дарахте, ки мегӯянд ҳар кӣ меваи онро бихӯрад ҳаёти ҷовидона меёбад, пайдо кунам, вале солҳо гаштааму наёфтам."

Шайх хандиду бигуфт, эй салим,             

Ин дарахти илм бошад дар ҳалим.

Бас баланду бас шигирфу бас басит,    

Оби ҳайвоневу дарёи муҳит.

Ту ба сурат рафтае гумгаштае,             

Зон намеёбӣ, ки маъни ҳаштае.

Он яке каш сад ҳазор осор хост,

Камтарин осори ӯ умри бақост.

Охир чаро ба алфозу исмҳо часпидаӣ? Чаро ба маъниву зоту ҳақиқат таваҷҷуҳ намекунӣ?

Ҳар кӣ ба дунболи исм бигардад ба ҷое намерасад, бояд мусамиро ҷуст.

Даргузар аз ному бингар дар сифот,       

То сифоти раҳ намояд сӯи зот.

Ихтилофи ҳақ аз номи ӯ фитод,

Чун ба маънӣ рафт ором ӯ фитод.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97