Номаи нигаронии фарҳангиёни иронӣ ба Муҳсини Махмалбоф

Сиёсат 22.07.2013 10:09

Шуморе аз донишгоҳиён, хунармандон, рӯзноманигорон ва фаъолони мадании Ирон дар номае саркушода ба Муҳсини Махмалбоф, филмсози иронии сокини хориҷ аз Ирон тасмими ӯ барои ширкат дар ҷашнвораи байналмиллалии филми Байтулмуқаддасро “амиқан нигаронкунанда донистанд”

.

Дар ҷашнвораи филми Байтулмуқаддас дар Исроил, ки аз 4-ум то 13-уми июл баргузор мешавад, ҳамзамон бо намоиши филмҳои Габба, Салом Синамо, Сафари Қандаҳор ва Боғбон аз сохтаҳои Муҳсини Махмалбоф аз ин филмсози иронӣ тақдир ва ҷоизаи вижаи ҷашнвора ба ӯ эҳдо шудааст.

Дар ин нома, ки бо имзои 150 нафар расида, омадааст: “Тасмими оқои Махмалбоф барои ширкат дар ҷашнвора, ки мустақиман тавассути давлати Исроил ҳимояти молӣ мешавад ва қарор аст, аз эшон ба шакли вижае дар ҷашнвора тақдир шавад, ба андозаи ҳимояти зеҳнии вай аз сиёсатҳои опортойди давлати Исроил аст”.

"Чи гуна ҳунарманде бо ҳассосияти боло ва баҷо нисбат ба бераҳмиҳои давлати Ирон метавонад аз ҷунбиши байналмиллалӣ ва ғайрихушунатомези “Бойкут, адами сармоягузорӣ ва таҳрими давлати Исроил” ва талошҳои мусолиматомези он барои водор кардани давлати Исроил ба риъояти ҳуқуқи инсонии мардуми Фаластин чашмпушӣ кунад.”

Ин ҷунбиш тавассути гуруҳҳои ҷомеъаи мадании фаластинӣ таъсис шудааст, то барои поён бахшидан ба ишғоли заминаҳои Фаластин ва ҳуқуқи оворагони фаластинӣ мубориза кунад.

Дар солҳои гузашта шуморе аз шахсиятҳои ҳунарӣ, донишгоҳӣ ва фаъолони маданӣ ба ҷунбишҳои таҳрими Исроил пайвастанд, аз ҷумла ду моҳ пеш Стивен Хоукинг, устоди физики донишгоҳи Кембриҷ тасмим гирифт, аз суханронӣ дар як конфронс дар Байтулмуқаддас худдорӣ кунад.

Имзокунандагони нома аз оқои Махмалбоф хостаанд, то ба ин ҷунбиш бипайвандад ва “паёмовари озодӣ барои ҳамагон аз ҷумла мардуми Фаластин ва Ирон” бошад.

Арванд Оброҳомиён, устоди таърих ва сиёсати Ирон ва Ховари Миёна, Илоҳа Рустамӣ, устоди донишгоҳи Суос дар Ландан, Ҳамид Дебошӣ, устоди мутолеъоти Ирон ва адабиёти татбиқии донишгоҳи Колумбиё, Алӣ Мирсипосӣ, устоди мутолеъоти Ховари Миёна ва ҷомеъашиносии донишгоҳи Ню-Йорк, Фотимаи Кишоварз, устоди забон ва адабиёти форсии донишгоҳи Мерланд ва Маҳмуд Каримии Ҳаккок, устоди ҳунарҳои халоқонаи Колеҷи Сино аз ҷумлаи имзокунандагони ин номаанд.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97