Муҳраҳо ба бозӣ медароянд: Бозгашти Тураҷонзода ба сиёсат ба нафъи кист?

Сиёсат 20.07.2013 14:22

Muhraho ba bozi01Нахустин баҳси рӯ ба рӯии мақомоти давлатӣ ва аҳзоби мухолиф дар пешорӯи интихоботи президентии Тоҷикистон бо ибтикори САҲА доир шуд.

Комисиюни марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон(КМИРТ) дар ин нишаст эълом кардааст, ки рӯйхати интихобкунандагон барои ширкат дар интихоботи президентии моҳи ноябрро то миёнаи август таҳия хоҳад кард.

Нурулло Маҳмадуллоев, намояндаи КМИРТ дар як ҷаласаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА), ки рӯзи 2 июл бо иштироки аҳзоби мухолиф, созмонҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони ҳукумати Тоҷикистон оғоз ёфт, гуфтааст, аз ҳоло дастурамалҳоеро омода кардаанд, ки пас аз эълони таърихи интихобот байни масъулони интихоботӣ тақсим шуда, таҳияи заминаи як интихоботи озоду демократиро ба ҳадаф доранд. Ӯ гуфт.

Музаффар Ашӯров, намояндаи дастгоҳи президенти кишвар, ки ҷониби ҳукуматро дар ҷаласаи САҲА намояндагӣ мекард, гуфтааст: «Ҳамеша ҷонибдори баргузории интихоботи шафоф ҳастем ва ҳукумат бо эътимоди комил дар асоси рияои қонун кафолат медиҳад, ки интихоботи президентӣ шафофу демократӣ баргузор хоҳад шуд.»

Аммо намояндагони аҳзоби мухолиф дар баҳси «Меъёрҳои интихоботи демократӣ» гуфтаанд, ки ба ҳарфҳои намояндаи дастгоҳи президенти кишвар ва намояндаи КМИРТ бовар надоранд.

Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ гуфтааст, нобоварии онҳо ба баргузории интихоботи шаффофу демократӣ аз он бештар шуд, ки пешниҳоди ислоҳи қонуни интихоботро парлумони кишвар рад кард, ӯ гуфт: “Дар Тоҷикистон расм шудааст, ки агар ҳар пешниҳоде мухолифон кунанд, беҳтарин пешниҳод ҳам бошад, ҳукумат  қабул нахоҳад кард. Ҳоло дигар ба баргузории интихоботи демократӣ умед бастан душвор аст, зеро«Қонуни интихобот ба Сарқонун мухолифат дорад ва интихоботи шафофро тариқи ин қонун таъмин кардан номумкин аст».

Бино ба иттилои радиои «Озодӣ» миёни ҷонибҳо дар мавриди баргузории интихоботи шафоф баҳси ҷиддӣ сурат гирифтааст. Маҳмадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ дар ин баҳс гуфтааст, нишасти САҲА  дар Тоҷикистон ҳеҷ таъсире ба раванди сиёсӣ надорад. Ӯ мегӯяд, маъракаҳои интихобот дар Тоҷикистон сол то сол ношафофтар баргузор мешаванд ва САҲА бо хомӯшии худ дар  ин маврид як навъ ҳукуматро ҷонибдорӣ мекунад.

Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон ва узви гуруҳи ташабускори ҳизби «Тоҷикистони нав» дар ин нишаст гуфтааст, «дар ин бинои боҳашамати зебо (Душанбе-Плаза») нишастаем ва аз созандаи он Зайд Саидов, ки мехост, ҳизб таъсис бидиҳад ва ҳоло дар зиндон аст, ҳарфе намегӯем.» Ӯ аз боздошт ва фишорҳо  болои Зайд Саидов ва ҳамақидаҳои ӯ сӯҳбат кардааст. Аммо Ҳаким Мирсаев, намояндаи вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтааст, «ин бино бо пули ҳукумати Тоҷикистон сохта шудааст ва ҳар нафар бо маблағгузории ҳукумат метавонист онро бисозад. Аз ин рӯ, аз ин бино ба манфиати ҷонибе тарғибот бурда нашавад.»    

Дар ҳамин ҳол ҲНИТ ва ҲСДТ зимни баргузории як нишасте дигар дар қароргоҳи ҲНИТ барои таъсиси Эътилофи ин аҳзоб ва пешбарии номзади ягона дар интихоботи президентии соли ҷорӣ эълони омодагӣ кардаанд.

Бино ба қавли хабарнигори TojNews, Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ бо эълони ин тасмим, аз аҳзоби дигари мухолиф даъват кардааст, то ба ин Эътилоф бипайванданд.

Muhraho ba boziИн манбаъ аз қавли Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ гуфтааст, ки ҳеч далели қавие барои иштирок накардан дар интихоботи президентии соли ҷорӣ надорем ва ҲНИТ, ҳатман, дар ин сабқат ширкат хоҳад кард. 

Дар нишасти Мушовараи васеъ, ки "Ҳамкориҳои аҳзоби сиёсӣ ва қишрҳои гуногуни ҷомеа дар интихоботи президентӣ" унвонаш гузоштаанд ва бо иштироки бархе аз намояндагони аҳзоби сиёсӣ, расонаҳо ва намояндагони ҷомеаи мадании Тоҷикистон баргузор шудааст, раиси ҲНИТ гуфтаастт, яке аз критерияҳо барои номзади эҳтимолии эътилоф ақидаи ӯ хоҳад буд: "Тавре бисёриҳо аз исломӣ шудани давлати Тоҷикистон ҳарос доранд, мо ҳам дар ин бора ҳарос дорем, ки шахсе, ки номзад мешавад, чӣ ақида дорад?"  

Хабарнигори TojNews менависад, ки Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, ки низ дар ин нишаст ҳузур доштааст, гуфтааст: «Ҳарчанд ман то тағйирот ба қонуни интихоботи президентӣ зидди ширкат кардан дар он будам, мо бо Муҳиддин Кабирӣ бисёр суҳбатҳо доштем ва ин кас гуфтанд, ки ширкат кардан даркор аст. Ман узви ягон ҳизб нестам ва назари худамро мегӯям, ки шояд, ҳукумати имрӯза барои ҳамин зидди иштироки намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ аст, ки намехоҳад ҳамин чиз ифшо шавад".

Вай, ҳамчунин, дар бораи мавқеи номзади эҳтимолии ягонаи Эътилофи аҳзоби мухолиф сухан карда, гуфтааст: «Агар ҳадаф аз иштирок дар интихобот, ҳадаф аз номзади ягона - рафтани як раис ва раиси нав таъйин кардан бошад, беҳтар аст, умуман, иштирок накунад дар интихобот. Агар ҳадаф ислоҳот бошад, ин ислоҳот чӣ хоҳад буд?  Имрӯз барномаҳои ҳизбҳои мо, бинобар ин ки мардум, аслан, китоб намехонанд, газета намехонанд, бояд ба қадри оммафаҳм содда ва кӯтоҳ бошанд. Номзади ягона бояд дар тамоми масъалаҳо мавқеи худро мушаххас кунад. Барои мисол, ислоҳоти сиёсӣ чиро дар бар мегирад? Оё дар Қонуни интихоботи президентӣ тағйирот сурат мегирад ё не? Муҳлати президентӣ ду маротиба 4-солӣ мешавад, ё беҳтар аст, калимаи "пай дар пай" аз ин қонун партофта шавад. Ё дар Тоҷикистон низоми парламентӣ бояд бошад? Барномаи пешазинтихоботии номзад ҳамаи ин чизҳоро бояд мушаххас кунад… Номзади эҳтимолии ягона, агар бошад, бояд мавқеи вай рӯшан бошад».

Хабаргузории "Озодагон» дар ҳамин маврид менависад, ки Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, қозии пешини мусулмонон ва собиқ муовини аввали сарвазири Тоҷикистон дар ин нишаст аз расонаҳои мустақил даъват кардааст, то дар арафаи интихобот мардумро ноумед насозанд. Ба иттилои ин маньаъ ӯ гуфтааст, “бархе аз рӯзноманигорони ВАО-и мустақил, ки ормонҳои озодихоҳӣ доранду ормони дидани як ҷомеаи мардумсолорӣ дар кишварро доранд, ба ҷойи он ки мардумро умедвор кунанд, баръакс ноумед менамоянд. Онҳо мегӯянд, аҳзоби сиёсӣ барнома надоранд, то имрӯз коре анҷом надодаанд, байни мардум худро муаррифӣ накарданд, аз ин рӯ, онҳо ҳеч шансе надоранду фалонӣ дорад. Бояд гуфт, ин роҳи бедор кардан ва фаҳмонидани ҷомеа намебошад.”

«Озодагон» менависад, ки ба андешаи оқои Тураҷонзода, имрӯз замоне фаро расидааст, ки бояд мардумро барои гирифтани тақдири худ ба дасташ, бедор сохт: “Майдони сиёсат ҳамин мебошад, ки мо бояд ҷомеа ва мардумро бедор кунем, то тақдири кишвару ояндаи худро ба дасташ гирад.”

Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода дар ин нишаст изҳор кард, ки нияти иштирок дар интихоботи президентии моҳи ноябрро надорад ва аммо аз номзади ягонаи нируҳои демократӣ пуштибонӣ хоҳад кард.

То интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон 4 моҳи дигар боқӣ мондааст. Аммо ин барои аввалин бор аст, ки бо ташаббуси САҲА мавзӯъи интихоботи имсола миёни аҳзоби сиёсӣ, КМИРТ, ҳукумат ва созмонҳои ҷамъиятӣ баҳс мешавад. Соҳибназарон мегӯянд, САҲА дар интихоботҳои қаблии Тоҷикистон нақши хеле фаъолтар дошт.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97