Ӯ сазовори чунин ҷойгоҳ аст

Сиёсат 12.07.2013 12:21

Toiri Abdujabor«Миллат» дар шумораи пешин пешниҳоди Аҳмадшоҳ Комилзодаро дар ин маврид, ки бояд ба пешвои Ҷунбиши миллӣ-демократӣ ва муаллифи Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон Тоҳири Абдуҷаббор унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шавад, ба нашр расонд. Ин пешниҳод аз сӯйи мардуми рӯшанзамир пуштибонӣ ёфтааст ва то ин дам аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва почтаву телефон садои ҳамраъйӣ мерасад. Ва ҳоло мо чанд намунаи онҳоро пешкаши шумо мекунем:

Темур Варкӣ - шоир, Тоҷикистон:

Устод Тоҳири Абдуҷаббор на танҳо маорифпарвар ва ходими сиёсӣ буд, ки ба рушди ҷомеаи мардумсолорӣ бунёд гузоштааст, балки ӯ Инсоне буд, бошарофат ва арзишманд.

10 майи соли 1992, пас аз тирборони сафи намояндагони Мухолифин дар назди идораи КГБ, издиҳоми хашмолуд ба ду ҷавони хатлонӣ, ки дар майдон пайдо шуда буданд, дарафтоданд ва ба лату кӯби онҳо сар карданд. Вале дахолати устод Тоҳир ва Давлати Худоназар, ки аз бинои Вазорати хориҷа берун омаданд, онҳоро наҷот дод. Устод Тоҳир бо садои баланду гиро фарёд кашид: Онҳоро ҳам модароне зодаанд, ки мисли модарони шумост! Мадуми ба шӯромада ақибнишинӣ карданд ва ва устод Тоҳиру Давлати Худоназар ду ҷавонро зери бағал гирифта ба бинои музокира дароварданд. Ин саҳнаест аз рӯзгори рӯшанфикрони асил ва муборизони баномӯси ватан.

Рости гап, пас аз дидани ин саҳна эҳтироми ман ба ин ду марди бузург, ки ҳамеша барои пешгирӣ аз ҷангу хунрезӣ талош мекарданд, бештар шуд. Онҳо ҳамеша бар зидди иғвову ғарази гурӯҳҳо мубориза мекарданд ва ба ҳамин сабаб роҳбарони баъзе гурӯҳҳо ин ду нафарро бо лақабҳои гуногун бадном карданӣ мешуданд.

Соҳибназар Муродӣ- муҳаққик, номзади илми торих, Афғонистон:

Ман оқои Тоҳири Абдулҷабборо мешиносам, ки дар солҳои пас аз фурӯпошии Шӯравӣ даст ба ташкили Созмони мардумии Растохез дар Тоҷикистон зада буд. Тавониста буд ҷавонони зиёдеро ба даври худ ҷамъ биёварад ва аз андешаҳои нав пуштибонӣ кунад. Пас аз оғози ҷанги дохилӣ Тоҷикистонро тарк намуда, ба ҷумҳурии Қирғизистон рафт ва аз ҳамон ҷо ба таҳлилу арзёбиҳои сиёсӣ дар раванди ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон пардохт. Нахустин касе буд, ки масъалаи Тоҷикистонро дар ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳампазирии нируҳои сиёсии кишвараш медид.

Раҳматуллои Раҷаб - соҳибназар, Тоҷикистон:

Беҳтарин фарзанди фарзонаи миллат устод Тоҳири Абдуҷаббор (рӯҳаш шод бод ) сазовортарин шахс ба унвони Қаҳрамони Тоҷикистон аст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97