Аҳзоб дар интихобот ширкат кунанд ё то соли 2020 хоб раванд?

Сиёсат 06.07.2013 12:06

Суҳроб Шарипов, вакили МН аз ҲХДТ- и ҳоким гуфтааст, ки аҳзоби мухолиф бояд ба фикри интихоботи имсол набошанд ва худро барои интихоботи соли 2020 омода кунанд. Ин назар низ баён мешавад, ки дар воқеъ ин ҳизбҳо на танҳо наметавонанд дар вазъияти кунунӣ дар интихобот пирӯз шаванд, балки амалан имкони номзад кардани касеро ба ин мақом надоранд, аз ҷумла ба ин далел, ки дар танҳоӣ имкони воқеъии 5 фоизи ҷамъ овардани имзоҳоро надоранд. Аз нигоҳи дигар музокироти онҳо барои номзади ягона ҳанӯз оғоз нашудааст.

 

Ба назари Шумо оё дар воқеъ ҳизбҳои мухолиф имкони амалии ширкат дар интихоботи имсолро доранд ва ё ба гуфтаи Суҳроб Шарипов, бояд худро барои соли 2020 омода кунанд?

 

Temur VarqiТемур Варқӣ, таҳлилгар:

- Бадбинии бархе аз намояндагони мақомот ва косалесону тамаллуқкорони онҳо ҳеҷ марзеро намешиносад. Онҳо эҳсоси шармро гум кардаанд. Ва инҳо ба мо нишон медиҳанд, ки чи гуна бояд ҳукумат ва қонунро эҳтиром кард. Инҳо касоне ҳастанд, ки ба унвони қонунгузор ва муҷрии қонун бояд дар ҳимоят аз риояи Қонуни асосӣ қарор дошта бошанд.

Дар модаи 6 Сарқонун гуфта шудааст:

Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.

Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст.

Халқи Тоҷикистонро сарфи назар аз миллаташон шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд.

Ҳеч як иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, гуруҳи одамон ва ё фарде ҳақ надорад, ки ҳокимияти давлатиро ғасб намояд.

Ғасби ҳокимият ва ё тасарруфи салоҳияти он манъ аст.

Аз номи тамоми халқи Тоҷикистон фақат Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд.

Баҳс сари ин нест, ки ба қавли С. Шарипов дар Тоҷикистон раҳбари кунунии давлат рақибе надорад дар интихобот. Балки сухан сари он меравад, чархҳои мошини маъмурӣ афродро ба ҳадде зер гирифтааст, ки зери асфалт рафтаанд. Тасаввур кунед, ки дар майдони футбол 11 нафар бо чашмҳои баста истодаанд ва 11 нафари дигар дар муқобили онҳо ҳатто имкони бозӣ бо дастони худро низ доранд. Дар чунин шароите намояндаи порлумон бо пурдидагӣ мегӯяд, ки аҳзоб имкони пешбарии номаздеро дар интихобот надоранд. Ва чунин вазъе то соли 2020 идома хоҳад кард. Ҳоло расман номзад нашудааст, ҳоло интихобот доир нашудааст. Аммо ҷаноби С. Шарипов ба ҷои "центризбирком" натиҷаҳои интихоботро эълон намуд. Ҷои тазаккур дорад, ки ҳеч созмони эҷодии зиёиёни тоҷик ба ин изҳори назар вокуниш нишон надод. Дар воқеъ ҳарфи С. Шарифов ба рӯи мардум, "халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ" ва зиёиён қисме аз халқ, гуфтани ин ҳарф аст, ки шумо наҷосат ҳастед. Ҳадди аққал то соли 2020.

Nurali DavlatНуралӣ Давлат, таърихшинос:

- Ягон ҳизби сиёсӣ ба истиснои ҳизби ҳоким дар танҳоӣ имкони пирӯз шуданро надоранд. Дар чунин кишварҳо ин аксиома борҳо исбот шудааст, ки мухолифин дар чунин кишварҳое ба мисли Тоҷикистон танҳо дар сурати таъсис додани иттиҳод имкони пирӯзиро пайдо мекунанд. Аммо таъсиси иттиҳод дар Тоҷикистон боз як мушкили дигарест барои аҳзоби сиёсӣ. Ба назари ман мушкил аст, зеро аксар роҳбарони аҳзоби сиёсӣ намехоҳанд иртиботашонро бо ҳукумат тира созанд. Фикр мекунам, боз ҳамон таҷрибаи соли 2004 такрор мешавад. Зеро аксари аҳзоб ба ном аҳзоби мустақил ҳастанд, дар асл онҳо зери доираи ҳукумат мерақсанд.

Lola olimovaЛола Олимов, таҳлилгари умури байналмилал:

- Ҳудуди чанд дар сад раъе, ки ҲНИТ дорад (то ҳол касе ҳеч гуна пурсиш ё тадқиқоте дар ин бора нагузарондааст), чанд фоизе, ки сотсиал-демократҳо доранд ва ё чанд дар саде коммунистҳо доранд, магар ин овозҳо интихоботро таъин намекунанд?

Инҷо ҳамааш аз хоҳиш ва хулосаҳои худи ҳизбҳо вобаста аст. Агар онҳо дар интихоботи имсола иштирок накунанд, пас ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Бозор Собир ҳақ бар ҷониб ҳаст. Воқеан инҳо ба чӣ ба кор меоянд? Ва умуман ба кӣ лозим ҳастанд?

Ба фикри ман, ҳизбҳои мухолиф дар интихоботи имсола бояд иштирок кунанд. Ва гузинаи беҳтар дар шароити кунунии кишвар ин интихоб ва пешниҳоди номзади ягона аст. Ин ҳам дар ҳоле ки Раҳматилло Зойиров, эълон кард, ки омодааст ба ҳайси номзад аз сӯи нируҳои эътилофи демократӣ дар интихоботи қарибулвуқуъи раёсати ҷумҳурӣ ширкат варзад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97