Ҳасани Руҳонӣ -Президенти нави Ирон буҳрони минтақаро то куҷо рафъ хоҳад кард?

Сиёсат 02.07.2013 11:41

Hasani RuhoniКишварҳои форсизабон: Ирон, Афғонистон ва Тоҷикистон даври интихоботи муҳимро пушти сар мекунанд. Чашми дунё ба сӯи минтақа духта шудааст. Акнун Ҳасани Руҳонии ислоҳталаб дар интихоботи Ирон баранда шуд, ки аслан касе интизорашро надошт. Ба ин суол ба суроғи ҳамватанон афтодем: Назари шумо ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Ирон чи гуна аст, оё  бо сари кор омадани Ҳасани Руҳонӣ мушкилоти Ирон ва минтақа то куҷо хоҳад шуд?

Mirzoi salimpurМирзои Салимпур, рӯзноманигор:

Ба назари ман, интихоботи Ирон фақат аз як нигоҳ барои мо омӯзанда аст, ки таҷрубаи таҳвили қудратро нишон медиҳад. Дар беш аз 20 соле, ки ба истиснои Қирғизистону Туркманистон дар дигар кишварҳои Осиёи миёна ҳамоно як роҳбар сари қудрат аст, дар Ирон инак раисҷумҳури чорум ба курсӣ менишинад. Аммо бо он низоми вилояти фақеҳ, ки бар Ҷумҳурии исломӣ ҳоким аст, фикр накунам, ки аз шахси раиси он ҷумҳурӣ чизи зиёде вобаста бошад. Хоҳ ислоҳталаб, хоҳ усулгаро, ҳар раисҷумҳур мулзам аст дар доирае, ки раҳбари руҳонии кишвар оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ва атрофиёни ӯ барояш кашидаанд, ҳаракат кунад. Аҳмадинажод то замоне ки аз ин доира берун пой намемонд, азиз буд. Руҳонӣ низ агар зиёд талоши мустақилият кунад, зуд ба ҷояш мешинонанд.

Abdumanon sheralievАбдуманон Шералиев, узви раёсати вилоятии ҲНИТ дар Суғд:

Аслан чашмдор будани тағйироти ҷиддие дар Ирон, ки раисҷумҳур мустақил нест, мантиқӣ ба назар намерасад. Банда ба «ғайричашмдошт» будани ҳамин интихоби Ҳасани Руҳонӣ ҳам он қадар бовар надорам. Чун агар Хоманаӣ намехост, ки Руҳонӣ раисҷумҳур бошад, дуввумӣ ба интихобот роҳ намеёфт. Ба андешаи банда Хоманаӣ иштибоҳашро дар Сурия дарк кардааст ва мехоҳад онро бо дасти Руҳонии ислоҳталаб ислоҳ намояд. Бубинед, 2 сол қабл Ирон маҳбубияти хосе дар кишварҳои мусалмоннишин дошт, аммо бо дастгириаш аз Башор Асад ин маҳбубият на танҳо аз дасташ рафт, ҳатто дорад ба нафрат табдил меёбад. Ҳатто дар Тоҷикистон, ки мардум кулан ба Ирон хушбин буд. Бо дахолати Ирону Ҳизбуллоҳ ҷанг дар Сурия дорад ба ҷанги сунниву шиъа табдил меёбад. Аз ин бадтар сенориюро наметавон тасаввур кард. Наздик аст Ирон дар ҷаҳон танҳо бимонад. Бино бар ин тағйири мавқеъи Ирон дар қиболи Сурия ва баъзе гузаштҳое дар сиёсатҳои хориҷиаш ногузир аст. Ва он ҳатман бо дасти раисҷумҳури нави «ислоҳталаб» пиёда хоҳад шуд.

Dagikhudo DagievДагихудо Дагиев, пажуҳишгари тоҷик, ш.Норвегия:

Интихоботи раиси ҷумҳур яке аз беҳтарин намунаест, ки инсонҳои рушанфикру рушангар барои ҷомеаи инсонӣ андешидаанд. Аз ин лиҳоз интихобот як усулест, ки бо роҳи осоиштаву мутамаддин дар ҷомеаи муосир роҳбари кишвар сохтору равиши иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии давлатро тағийрпазир мегардонад. Ирон на танҳо кишвари муҳим дар байни кишварҳои ҳамзабон, балки як кишвари калидӣ дар минтақа буда, интихоботи раиси ҷумҳур дар кишваре мисли Ирон бе шаку шубҳа асари худро дар соири ҳамсоякишварҳо хоҳад гузошт. Мардуми зиёде ҳам дар дохилу ҳам дар хориҷ аз интихоби Ҳасани Руҳонӣ ҳамчун як фарди донишманду сиёсатшинос ва инчунин ислоҳталаб интизории зиёдеро умедворанд. Гарчанде ки худи интихобот як тағийру таҳаввулоти ҷадидро ба амал хоҳад овард, вале ин мушкилоти Ирону минтақаро рафъ нахоҳад кард.

Muhammadvafo RizozodaМуҳаммадвафо Ризозода, хабарнигор:

Ба сари қудрат омадани Ҳасан Руҳонии ислоҳталаб ва амалгаро метавонад заминаро барои коҳиши таниш дар минтақа то андозае фароҳам созад. Аммо мушкилоти минтақа шуруъ аз Ховари Миёни то Ҷануби Осиё ва Афғонистон, ки Ирон дар меҳвари он қарор дорад, печидатар аз он аст, ки сари кор омадани раиси ҷадидулмунтахаби Ирон, онро ба куллӣ аз байн бибарад. Ирон ҳамакнун дар меҳвари бозиҳои геополитик дар Ховари Миёна қарор дорад ва бинобар қазияи Сурия, Теҳрон бадтарин робитаро бо кишварҳои арабӣ паси сар мекунад. Покистон ҳам зери фишори қудратҳои ғарбӣ ва ҳампаймонҳои арабии худ чандон моил нест, ки бо Ирон наздик бошад ва ҳамин чанд рӯзи ахир Афғонистон низ шоҳиди тазоҳуроти густурдаи зиддииронӣ буд. Туркия ва Озарбойҷон низ чандон равобити самимӣ бо Теҳрон надоранд. Аз ҷониби дигар, ба назар мерасад ахиран Ғарб дар баробари Ирон аҷзи худро эҳсос кард ва ҳамаи васоилро барои шӯронидани ҳамсояҳо алайҳи ин кишвар ба роҳ андохтааст, ки хатарноктарини онҳо, ҷангҳои мазҳабӣ мебошад.

Ин як ҷониби масъала ҳаст. Ҷониби дигари қазия ин аст, ки дар Ирон қудрати асосӣ дар панҷаи раҳбари ин кишвар Оятуллоҳ Саидалӣ Хоманаӣ ҳаст ва ҳарфи охирро дар сиёсати он кишвар ӯ хоҳад гуфт. Шояд барои коҳиши танишҳои минтақавӣ ва бурунрафти Ирон аз инзиво, оқои Руҳонӣ ба мисли даврони Муҳаммад Хотамӣ муносибати нармтареро бо Ғарб пеша кунад, чун таҷрибаи ҳамкорӣ ва гуфтугӯ бо онҳоро дорад. Аммо ғарбиҳо як Ирони қудратмандро ҳаргиз дидан намехоҳанд ва то он рӯзе, ки ин кишвар ба унвони як қудрат дар майдон ҳаст, таниш вуҷуд дорад, магар ғарбиҳо битавонанд аз Ирон кишваре чун Ироқ бисозанд даступобаста, ки на артиши қавӣ дошта бошаду на пулиси муназзаме ва дар гирдоби танишҳои мазҳабӣ ба сар барад. Ва аммо Ирон бо доштани ифтихороти бостонӣ ва нақше, ки ҳамакнун дар сиёсати ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дорад, мушкил аст ба ин зӯргӯиҳо тан бидиҳад.

Mustafo SurkhovМустафо Сурхов, коршиноси умури байналмилал:

Ба таври шаффоф гузаштани интихоботи Ирон ва ба ҳайси раиси ҷумҳурӣ интихоб гардидани Ҳасан Руҳонии ислоҳталаб ин худ баёнгари тағйир дар иродаи мардум, интихоби мардуми Ирон мебошад, ки метавон онро фоли нек гирифт. Аммо ҳалли мушкилоти дохили Ирон ва буҳрони минтақа ба самти сиёстаҳое, ки ҷаноби оқои Руҳонӣ дар оянда иттихоз мекунад, вобаста мебошад. Вале инро набояд фаромуш кунем, ки оқои Руҳонӣ ба танҳоӣ наметавонад қарореро қабул кунад магар бо иҷозаи роҳбари инқилоб оқои Хоманаӣ. Бинобар ин ман шахсан фикр мекунам, ки дар сиёсатҳои хориҷии Ирон тағйироти куллие рух нахоҳад дод, магар ин ки дар масъалаи буҳрони ҳастаии Ирон шояд каме нармиш ё гузаштҳо сурат бигирад ва инчунин сиёсатҳои дохилии он ҳам бетағйир хоҳад монд ва агар тағйире рух диҳад, он чандон назаррас нахоҳад буд. Ҳалли мушкилоти минтақа танҳо ба Ирон вобаста набуда, омилҳои хориҷиву дохилӣ вуҷуд доранд ва роҳи ҳалли онҳо фаротар аз он аст, ки Ирон дар ҳалли онҳо даст дошта бошад. Вале Ирон ҳамчун бозингари фаъол дар минтақа метавонад дар ҳалли буҳронҳо нақши муассире дошта бошад ва умед аст, ки қабл аз ҳама мушкилоти дохилии худро ҳал мекунад. Ман хеле хурсандам, ки дар кишвари ба мо дӯсту ҳамзабон интихобот бо роҳи шаффофу демократӣ гузашт ва орои мардум қадр карда шуд. Умед дорам, ки бо сари кор омадани ин шахсияти донишманду хирадманд оқои Руҳонӣ равобити дӯстонаи Тоҷикистону Ирон боз бештар густариш ёбаду мардумони ин ду кишвари дӯст аз якдигар бештар ошноӣ пайдо бикунанд ва сармоядорони иронӣ битавонанд дар кишвари мо сармоягузорӣ намоянд то ҳар ду кишвар дар оянда рушду тараққӣ кунанд.

Umed JayhuniУмед Ҷайҳонӣ, ҷомеъашинос:

Бо пирӯзии Ҳасан Руҳонӣ низоми ҷумҳурии исломӣ умрашро чаҳор сол дарозтар кард ва фурсате ёфт, ки равобиташро бо ҳамсояҳо беҳтар ва бо ҷаҳони Ғарб одисозӣ кунад. Мусалламан дар чаҳор сол намешавад ҳама мушкилотро ҳал кард, аммо метавон барои ҳалли бисёре аз онҳо замина омода кард. Ба назарам, барои давлати оқои Руҳонӣ муҳимтар аз ҳалли мушкилоти хориҷӣ, бароварда сохтани умеду ормонҳои миллати Ирон аст.

Мардум аз раисҷумҳури мунтахаб чашмдоранд, ки ҳуқуқҳои маданияшонро риъоят кунад ва мушкилоти иқтисодиву иҷтимоъиро ҳаллу фасл кунад.

Rustami vahobРустами Ваҳҳоб, устоди ДМТ:

Омадани Ҳасани Руҳонӣ иродаи миллати Ирон ва ба мизони қобили мулоҳизае иродаи нухбагони раҳбарияти Ирон ҳам ҳаст. Мушкили минтақа ва ҷаҳон ва ҳатто худи Ирон чандон бастагӣ ба Ирон надорад, ки ба қудратҳои ҷаҳонӣ дорад. Ирон бо ин тағйири ваҷҳаи раҳбарият метавонад барои ғарб иҷозаи таҷдиди назар дар сиёсатҳои сахтгиронаашро бидиҳад, аммо наметавонад аз хостаҳои усулии худ даст бардорад. Зеро ин чизҳоест, ки ҳувият ва асолати Ҷумҳурии исломии Иронро ташкил медиҳад.

Mirzosho VatanshoМирзошо Ватаншоев, ҷомеъашинос:

Мушкил аст пешбинӣ кардан. Аслан, сиёсатро пешгӯӣ кардан душвор аст. Аммо фикр мекунам, равобити Ирон бо ҷаҳони хориҷ то ҳадде беҳтар хоҳад шуд. Гарчи баъид аст, ки мушкилоти минтақа бо омадани оқои Руҳонӣ ҳаллу фасл шавад. Аз сӯи дигар, ин ба мавзеъгирии Амрико ва ҷаҳони Ғарб дар қиболи сиёсати ҷаноби оқои Ҳасани Руҳонӣ низ бастагӣ хоҳад дошт...

 

Munavvari MunavarzodМунаввари Мунавварзод, рӯзноманигор:

…Дар он кишварҳо интихоботҳо ба ҳар навъе шаффоф мегузаранд, вале ин ба Тоҷикистони кунунӣ дахле надорад. Ирон ҳамоно таҳти таҳрими иқтисодӣ қарор дорад - чи расад ба дигараш...

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97