Дӯстӣ бо Чин: Суд бештар ё зиён?!

Сиёсат 03.06.2013 10:03

Саволи ин ҳафтаи "Миллат": - Чин мехоҳад, ки бо Тоҷикистон низоми раводиди бидуни виза ҷорӣ шавад. Оё ба ин иқдом метавонед розӣ бошед? Ва дар маҷмуъ суду зиёни густариши муноси-батҳо бо Чинро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Temuri varqiТемур Варқӣ, таҳлилгар:

Низоми бидуни раводид бо Чинро, ки Пекин мехоҳад бо Тоҷикистон амалӣ кунад, бисёр хубу возеҳ раванди геополитикӣ дар Осиёи Марказиро инъикос мекунад. Ин раванд дар муқобили ниятҳои Русия, ки бо фишорҳои фавқулоддаи худ талаби ҷорӣ намудани виза ва шиносномаҳои хориҷӣ барои муҳоҷирони кории Осиёи Марказиро дорад, рост меояд. Чунин аст воқеъият, ғамангез бошад, ё на. Русия ба тадриҷ меравад ва ҷойи онро Чин ишғол мекунад. Русия дарҳоро барои худ мебандад. Чин бошад барои ояндаҳои дур ва нуфуз пайдо кардан дар минтақа, бештар дар самти шимол дарҳои худро боз мекунад. Тоҷикон ба Русия мераванд ва кӯшиши соҳиб шудани шаҳрвандии Русияро мекунанд, вале ба Тоҷикистон бошад кишоварзон ва коргарони чинӣ меоянд, ки заминҳоро кишт ва роҳҳоро бунёд месозанд. Ин рӯйдодҳо солҳои ахир ба вуқуъ мепайванданд. Ҷи-ҳатҳои манфӣ ва мусбати ин равандро наслҳои баъдӣ баҳо хоҳанд дод. Фикр намекунам, ки бархе аз онҳо манфӣ бошанд. Чин ин давлати бузург, дорои тамаддуни қадим бо хирвори бузурги фарҳангию фалсафӣ ва дастовардҳои олӣ мебошад. Мо паҳлӯи ҳам асрҳо ва садсолаҳо зиндагӣ дорем. Худо кунад, ки мо чизе аз Чин биёмӯзем. Аз ҷумла, чӣ гуна ҳифз намудани фарҳанг ва асолати хеш, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми якдигар, меҳнатдӯстӣ ва собитқадамӣ, садоқату амонат, дӯст доштани ватан, оштинопазирӣ бо ришвахорӣ дар кишвар, дар ҷое, ки коррупсионерҳо, хоинон, паҳнкунандагони маводи мухаддир парронда мешаванд.

Mirzosaid SultonovМирзосаид Султонов, пажуҳишгари иқтисод, Ҷопон:

- Низоми раводиди бидуни виза ин аслан барои чанд рӯзе дода мешавад. Барои мисол, аз аввали соли ҷорӣ зиёда аз 40 давлати дунё бо Чин чунин равобитро ба роҳ мондаанд. Дар асоси ин ризоятнома шаҳрвандони ин кишварҳо метавонанд дар муддати 48 то 72 соат бе доштани виза дар давлати Чин ҳузур дошта бошанд. Ин гуна равобит барои рушди сайёҳӣ ва ҳамкориҳо муфид аст.

Аз тарафи дигар Чин дар пешрафти аксари кишварҳои ҳамсарҳади худ нақши муҳим дорад. Ҳамкорӣ бо давлати Чин метавонад фоиданок бошад, бо шарте ки ин аз ҷониби Тоҷикистон ба тарзи дуруст ба роҳ монда шавад.

Фикр мекунам барои Тоҷикистон омода кардани як стратегияи хуби ҳамкорӣ бо давлатҳои ҳамсоя зарур аст. Он бояд як стратегияе бошад, ки ҳам дар кутоҳмуддат ва ҳам дар дарозмуддат манфиатҳои сиёсиву иқтисодии Тоҷикистонро ҳимоят карда тавонад.

Rahmatullo ZoirOVVVРаҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ:

- Ин ду тараф дорад: Аввал моҳиятан бо Чин бояд виза бошад. Виза бештар Тоҷикистонро ҳимоя мекунад, на Чинро. Дуввум. Ин давлати бузургро бо роҳи дипломатӣ мағлуб карда намешавад. Лекин роҳбарияти Чин таърифу тавсиф ва манфиатпараст мебошад, аз ин рӯ манфиати Чинро пешкаш карда, давлатҳои кучак манфиати худро ҳимоя карда метавонанд. Дар маҷмуъ албатта густариши муносибат бо давлати бузург зиёдтар судманд мебошад.

barzuБарзу Абдураззоқов, коргардон:

-Ман зиёд метарсам, вале боз ҳам даҳшатноктар он аст, ки аз дасти мо коре барнамеояд. Мо бенаво ҳастем ва то баногӯш дар ботлоқи қарз ғутаварем, аммо Чин хеле кишвари сарватманд аст. Ана мо бояд аз кӣ фосила гирифтанро биёмӯзем, на ин ки дар ҳар чорроҳае гулӯ даронда аз бузургии худ садо дардиҳем. Мо бузург нестем… Бало занад, бузург нестем!!! ғалаба ин эътирофи шикаст аст. Ҳамчуноне, ки немисҳо дар соли 1945 шикасти хешро эътироф карданд. Эътироф намуданд, дарк карданд ва Олмони навин сохтанд, ҷое, ки «Миллати бузург» гуфтанро шарм медоштанд…

 

Davlati ShoetiborДавлати Шоэътибор, рӯузноманигор:

- Ин гуна дархости Чинро онҳое намепазиранд, ки каме ақл доранд. Миллатҳои бузург ҳамеша аз паи фурӯ бурдани миллатҳои хурд ҳастанд. Аз ин лиҳоз рафтуомади мо ба Чин ва чиниҳо ба мо имкони беҳтаршавии сатҳи моли зиндагиро медиҳад, вале дар оянда ҳамчун давлат, миллат боқӣ мондани мо зери суъол қарор мегирад.

 

Ilhom HokimovИлҳомҷон Ҳамидов, номзади илмҳои филологӣ, дотсент:

- Чин дар катори Ирон, баъди Русия, аз шарикони стратегии Тоҷикистон аст, ки пайваста дар кишвар чораҳои амалӣ меандешад. Нируи арзони корӣ, технологияи дастрас ва сифати хуби корҳо боис шудаанд, ки ширкатҳои чинӣ ба бозори сохтмонии мо ворид шаванд.

Низоми бидуни виза бояд дар ҳамаи дунё барои кишварҳои ҳаммарз ҷорӣ бошад. Ин имкон медиҳад, ки қабл аз ҳама тиҷорат ва воридоту содироти маҳсулот байни кишварҳои мо ба маротиб афзояд. Донишҷӯён ва олимон бе мамониъат бо ҳамсабақони чинӣ табодули ахбор кунанд. Аз ҷониби дигар, ташвишовар он хоҳад буд, ки кӯчидани оммавии аҳолии қисмати сарҳадии Чин ба кишвари мо мушоҳида мешавад. Мардумони кулли сайёра, агар ба ҷое барои кор раванд, баъди анҷоми муҳлати шартнома ҳатман ба ватанашон бармегарданд, аммо чиниҳо не. Онҳо ҷойи кӯчишро ба сифати макони истиқоматӣ ихтиёр карда, бошиддат афзоиш меёбанд. Аз густариши муносибатҳо бо Чин манфиат нисбат ба зиён бештар аст. Албатта, дар ин маврид низ нафарони зид ё норозӣ бо далели қисман "аз даст додан"-и як ноҳияи кишвар шояд розӣ набошанд. Ҳаққи онҳост.

Mustafo SurkhovМустафо Сурхов, коршинос:

- Дар умум низоми раводиди будуни виза барои густариши равобити байни кишварҳо иқдоми хеле хуб аст вале бояд аз воқеияти ҳол бохабар бошем ва тамоми паҳлуҳои ин масъаларо бисанҷем ва баъд тасмим бигирем. Ман мухолифи роҳандозии ин низом бо Чин ҳастам. Мо бе ин низом ҳам равобити хубу дӯстонае дорем ва метарсам, ки бо амалӣ кардани ин низом лашкари чандмиллиюнии чиниҳо ба Тоҷикистон сарозер фуруд хоҳанд омад ва шоҳиди пайдо шудани шаҳрчаҳои чинӣ дар канори шаҳрҳои бузургамон хоҳем шуд. Беҳтар аст, низоми бераводид байни Ирону дигар кишварҳо роҳандозӣ мешуд.

Мунаввари Мунавварзод, журналисти мустақил:

- Ҳамин хел рафтан гирад, дар асри ХХ11 (ё зудтар - дар охири асри ХХ1) Чин Тоҷикистонро "фурӯ" мебарад. Раводид байни ин ду кишвар ҳатмист...

Mirzoi salimpurМирзо Салимпур, хабарнигор, ш. Прага:

- Талаби чунин низоми бидуни виза аз аҳдофи стротегии Чин буду ҳаст, ки мехоҳад бо боз кардани роҳ ва бозори дигар кишварҳо мушкилоти демографиашро то андозае ҳал кунад. Чунин низоми бе виза шояд ба як теъдоди тоҷирони тоҷик, ки аз Чин бор ворид мекунанд, сабукие бидиҳад, вале аз нигоҳи стратегияи дарозмуддат ба суди Тоҷикистон нест. Мо як кишваре ҳастем бо ҳамагӣ 8 миллион нуфус, ки беш аз 1 миллион нафари қобили кораш дар хориҷ кор мекунад. Ба кишвари мо сарозер шудани нируи арзонтари корӣ аз Чин боиси боз ҳам афзудани маҷрои муҳоҷирати тоҷикон ба кишварҳои дигар мешавад ва метавонад сабаби норизоиятии иҷтимоӣ шавад. Чунин норизоиятӣ аз ҳузури афзояндаи нируи кории Чин дар Тоҷикистон аз ҳоло эҳсос мешавад.

Dagikhudo DagievДагихудо Дагиев, пажуҳишгар, ш. Лондон:

- Кишвари кучаке мисли Тоҷикистон бояд ҳамеша ҳушёру омода бошад, ки ба чоҳи кишвари бузурге мисли Чин науфтад. Чин дар воқеъ имрӯз ба мисли як аждаҳоест, ки ҳар чи ки дар сари роҳаш пайдо мегардад, дорад фуру мебарад. Кишварҳои бузургтарини ҷаҳон ба мисли Амрикову Иттиҳодияи Аврупо аз зарби Чин такон мехӯранду кишваре мисли Тоҷикистон ҳамеша хавфро дар пусти худ дорад таҷриба мекунад. Аз ин хотир муносибати хуби иқтисодию сиёсӣ бо ин кишвар айни ҳол заруру лозим аст, вале мо ҳамсояи ин аждаҳое ҳастем, ки ҳар замон метавонад моро фуру барад. Аз ин хотир раводид бидуни виза барои Тоҷикистон мисли марг таҳдид хоҳад буд, зеро 8 миллион ҷамияти Тоҷикистон мумкин ба як рустои Чин ҳам баробар набошад. Аз ин хотир банда ба он фикр ҳастам, ки раводид бидуни виза гарчанде дар як мудати кутоҳ шояд барои Тоҷикистон судовар бошад, вале дар муддати дароз зиёновар хоҳад буд. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97