Меҳмоншо Шарифов: Иқдоми З. Саидов як таҳаввул буд

Сиёсат 18.05.2013 16:49

Mehmonsho 1Саволи ин ҳафтаи "Миллат": - Шумо қазияи бо Зайд Саидов пеш омадаро чи гуна арзёбӣ мекунед? Оё ин идомаи бархурди давлат бо мухолифони пешин аст?

- Ин рӯйдодест, ки акнун бегона нест, чаро ки мардум ба ин намуд рӯйдодҳо пештар шинос буданд, вақте як кас ва ё як гуруҳе, ки бо оҳанги ҳукумат ҷӯр намеояд, аз ин доира ронда шуда дониста мешавад. Ба замми ин ҳар кӣ аз он доира канда шудааст ва ё бо онҳо мувофиқ нест ҳама гуноҳҳо; мисли “девона”, “дузд”, “душмани тамаддун”, “ҷинояткор” ба онҳо бор карда мешаванд. Ва он касоне, ки канда кардаанд, як пайёме доранд ва дар хусуси зарурати ислоҳот ҳарф мезананд. Фикр мекунам, худи иқдоми Зайдуллоҳ Саидов дар бораи ташкили ҳизби нав ва бо кадом мақсад, дар ҷомеаи Тоҷикистон як таҳаввул буд. Вокуниши ҳукуматдорон ва мардум ба ин амали Саидов шоҳиди ин гуфтаҳост. Ҳукуматдорон бо ин амали худ он фазои фарҳангӣ ва сиёсиро, ки худ вуҷуд дорад, зери савол мебаранд, яъне табиати имрӯзаи ҳукуматро фош карда истодаанд. Ин ҷо беихтиёр фикр мекунӣ, ки дар он фазои бегона шуда аз воқеият ва мардуми хеш, байни ин сиёсатмардон ва соҳибкорон чи қадар “ҷинояткор” ва “девона”-и дигар мисли У. Қувватов ва З. Саидов боқӣ монда бошад...

Масъалаи муҳимме, ки аз ин қазияҳо бармеояд ин аст, ки ҳукумати Тоҷикистон ба ислоҳот зарурат дорад, зеро ин гуфтугуҳо ва ҳаракатҳо нишон медиҳанд, ки баргузории интихоботи шафоф дар мо сахт мушкил аст. Ин на аз он рӯст, ки ҳукуматдорон намехоҳанд, балки онҳо ҳам бо ин ҳукумат, ки доранд, агар ҳатто бихоҳанд,  наметавонанд интихоботи озод ва шафофро ташкил кунанд. Аниқтараш онҳоеро, ки қудратро дар даст доранд, он фазои ба вуҷуд овардаи худро идора кардан наметавонанд. Ин фазоро ё “ҳукумат” мегӯед ва ё “боло” акнун роҳбар надорад. Ин фазои фасод аст, ки худ ба система табдил ёфтааст ва мустақилият пайдо карда ва шахсиятҳо пеши он ҳеч қудрат надоранд. Бубинед, ки бисёр норавшаниҳост дар ҷомеа ва мавқеи ҳукумат пурра равшан нест ва гуруҳе бо мафҳумҳои “ҳақ” ва “ноҳақ”, “рост” ва “ дурӯғ” аз номи ҳукумат бозӣ мекунад, ки боиси нобоварии мардум нисбат ба ҳукумат гаштааст. То ин вақт мардум боварӣ дошт, ки такягоҳи «ростӣ», «ҳақ» ва «ҳақиқат» ин давлат аст ва онҷо набояд бо ин арзишҳо савдогарӣ шавад ва онҳое, ки дар ин сохтор ба ин арзишҳои муқаддас хиёнат мекунанд набояд дар ин мавқеъ бошанд. Акнун умри ин боварии ба воситаи садо ва симо ташкил карда ва ба мағзи мардум ҷо карда шуда, ба охир расид.

Фикр намекунам, ки ин қазия ва дигарҳо танҳо идомаи бархурд бо мухолифини пешин бошад, зеро мавқеи ҳукумат ҳатто байни онҳое, ки чанд вақт пеш тарафдориаш мекарданд ва боварӣ доштанд, ки коре мекунад, заиф гаштааст. Имрӯз он равшанфикроне, ки дар сари қудратанд ва ё бо қудратанд бояд ин ҳама бюрократия ва сиёсатбозиро як тараф монда, дар бораи ислоҳот ва дигар кардани сиёсати худ андеша кунанд...

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97