Гулрухсор: Мо бояд исбот кунем, ки дар Тољикистон худиву бегона нест

Сиёсат 16.05.2013 14:28

Gulrukhsor 11

Саволи ин ҳафтаи "Миллат": - Шумо қазияи бо Зайд Саидов пеш омадаро чи гуна арзёбӣ мекунед? Оё ин идомаи бархурди давлат бо мухолифони пешин аст?

- Ман Зайд Саидовро аз давраи сарсонӣ ва оворагиам медонам. Бисёр одами баномус, бошараф, чашмсер, инсондӯст аст. Дар Маскав заҳмат мекашид, аз дур медидам, ки кор мекард, ба хешу табор, ба ёру дӯст, ба ҳама кумак мекард. Худаш бисёр нафси шикаста дорад. Ҳеч гоҳе ягон тамаъ намекунад ва калонигарӣ ва такаббур надорад. Баъд вақте ки аз Маскав омадему сулҳ имзо шуд, ва ҳанӯз квотаҳо барои духтарони куҳистон ҷорӣ нашуда буд, барои таҳсили духтарони куҳистон мусоидат мекард. Даҳҳо духтарон аз тарафҳои Қаротегин омада, дар ҳамин ҷо таҳсил карда, дар хонаи вай зиндагӣ карданд. Ҳамсари бисёр хубе дорад Латофатбону, бисёр одамони ба маънианд. Ман ӯро танҳо аз ҳамин ҷиҳат мешиносам. Хислати ҳамидаи ӯ  ҳамчун инсон шикастанафсии ӯст. Дигар ба он ки чӣ кор кардааст, дар масъалаи зиндагии хусусӣ, ба ягон кас дахл надорад, на ба ман ва на ба дигарҳо. Ин ки мо пагоҳӣ ширчой мехӯрем, ё моҳибирён, ин аллакай кори мо аст, ин аз имконияти худамон вобаста аст. Тайи ин қадар сол, дар рӯзҳои сахттарини зиндагӣ ман ҳамин инсонро аз дур дидам, дар наздик дидам, дар вазифаҳои гуногун дидам, дар маҳфилҳо, хамеша аз ҷиҳати хубӣ, ҳамеша аз ҷиҳати некӣ, ба маънигӣ ва ба фарҳангиаш мешинохтам. Як чизи аз ҳама муҳимме, ки барои ман дар ин инсони шариф аҷиб аст, ин фарҳангдӯстии ӯст. Бисёр бо азоби алим аз ҳамон қишлоқаки дурдасти дараи Муҷахарф, дараи Ҳакимӣ омадаву таҳсил кардаву худашро сохтааст ва боз фарҳангдӯстиаш аслан беназир аст. Шояд барои он ки дар деҳае, ки ин кас ба дунё омадааст, шоъире бо номи ҳазрати эшони Шоҳӣ, ки Авлиё ҳам ном мебаранду дар он ҷо мақбара ҳам дорад, ин бетаъсир намондааст. Фарҳангдӯстиаш, шеърдӯстии ҳамин инсон барои ман бисёр ҷолиб аст, чунки одат кардаем ва мегӯем, ки мо иқтисодшиносем ё ки риёзидонем, ё ки физик донем ва мо бояд шеърро надонем. Вақте ки ин инсон шеър мехонад, вақте ки шеър мегӯяд ва вақте ки шеърро таҳлил мекунад, аслан фикр намекунӣ, ки ин инсон аҳли кадом касб аст. Фикр мекунӣ, ки шоъир аст, ё мунаққид аст.

Дар масъалаи коршиносӣ ва кордонӣ, агар мо ду-се нафар мисли Зайд медоштем, ҳоло хеле кишвар обод мешуд. Ман хаёл намекунам, ки мо ҳамин қадар кордонҳо ва соҳибкорҳои зиёде дошта бошем, ки бигирему қурбон кунем, якеашро ва якеи дигарро ба ҷойи ӯ бимонем. Мо бояд ин инсонро эҳтиром кунем. Ҳамин бинои 23 қабатае, ки сохтааст, ҳамин ҳозир дар ҳама аксҳо дар тамоми дунё ҳамчун ободии Душанбе, ҳамчун намунаи шаҳри Душанбе намоиш дода мешавад. Барои ин ба ин одам бояд ҷоиза медоданд. Дигар ин ки ман то ҷое медонам, ин инсон на ба касе мухолиф аст ва на муқобил. Ӯ як инсони бахшанда аст ва аслан ӯ аз рӯзи аввал мухолиф набуд. Ман хаёл мекунам, ки ин ҷо як нофаҳмие шудааст, ки ба қавли шоъирон ба ҳусни тафоҳум мерасанд. Мо, ки Худо нестем, мо ҳама гуноҳ мекунем ва агар аз як инсон ягон иштибоҳе, ки ҳам гузашта бошад, иштибоҳашро барои ислоҳ бояд пеши рӯяш биёрем. Вазифаи мо барои як иштибоҳ куштани як одам ва ё ки масалан "оқ" кардан нест. Бузургии инсонҳо дар сатҳи боло дар он аст, ки вақте ки инсонҳо иштибоҳ мекунанд, онҳоро бояд ба роҳи рост ҳидоят кунанд ва бигӯянд, ки ин ҷо иштибоҳ аст. Ва дигар ин ки гумонам, ки одамро савобу гуноҳашро дар паллаи тарозу мениҳанд, бояд, ки бубинанд, кадомаш бештар аст. Ба фикри ман хидматҳои Зайд, корҳои Зайд, хубиҳои Зайд нисбат ба ҳама хело зиёдтар аст, аз он ки кадом иштибоҳе карда бошад. Ман хело мехостам, ки дар арафаи интихобот ҳамин масъала доғ нашавад, чунки дар пеш як маъракаи муҳимми сиёсӣ-интихобот аст, мо аз ҳазор бало гузаштем ва бояд, ки зомини сулҳу салоҳ бошем. Дар масъалаи мухолифин, ман Зайдро мешиносам, мухолифи ҳеч кас набуд, на он вақт мухолиф буд ва на ҳозир мухолиф аст, корашро карда истодааст. Ҳизбе ҳам, ки месозад барои сиёсат нест, аз рӯи шунидам, такя бар ислоҳи вазъи иқтисодӣ дорад. Мо бояд зуҳури ин гуна ҳизбҳоро табрик кунем. Ҷамъият бидуни суханҳои нав, корҳои нав, ормонҳои нав, мисли об вайрон мешавад. Як оби чашмаро дар як коса бигиред, чанд вақт биистад, об вайрон мешавад. Ҷамъият ҳам ранги ҳамон об аст, бояд, ки обсофкунак бошад, як ақидаи нав бошад, як чизҳои нав бошад, ки ҷамъият пеш биравад. Мо исбот кардем, ки метавонем сулҳ кардан, метавонем якдигарамонро дӯст доштан. Акнун мо бояд исбот кунем, ки дар Тоҷикистон мухолифу худӣ ва бегона нест.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97