НАТО дар оғӯши Узбакистон

Сиёсат 11.05.2013 16:55

natoНАТО ё Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ дафтари намояндагии низомӣ-сиёсии худро оид ба Осиёи Марказӣ рӯзи 3 июни соли 2013 дар Узбакистон ифтитоҳ мекунад.

"Миллат" бо ин суол, ки "Ба назари шумо ифтитоҳи дафтари НАТО дар Узбакистон ба чӣ маъност?" ба суроғи чанде аз соҳибназарон рафт:

AziziАзизхуҷа Хошоков, муҳоҷир, шаҳри Маскав:

Хуб маълум аст, ки Ислом Каримов одами ҳушёр аст ва аз ҳар имконе ба манфиати кишвараш истифода мекунад ва вай хуб медонад, ки ҳар як тоҷики шарафманд дар орзуи шаҳрҳои тоҷикӣ, аз қабили Самарқанду Бухоро, Чочу Шаҳри сабзу Деҳнаву ғайра мебошад. Яъне вай бо ин роҳ силоҳи мавҷудаи имрӯза дар Афғонистонро алайҳи тоҷикон барои худ гирифта, ҳатман як сол ё ду сол пас ба кишвари мо барои об ва маҳдуд кардани тавонмандии иқтисодии Тоҷикистон таҳдидҳои навро шуруъ мекунад. Мисли Исроили то дандон мусаллаҳ, бо баҳонаҳое Роғун ва корхонаи алюминиюмро мехоҳад аз байн бубарад. Душмани ягонаву сарсахти мо ҳамин Каримов ва атрофиёнаш мебошанд. Аз ин рӯ мо бояд муттаҳид бошем ва бо ягон кишвари абарқудрат дӯстии мустаҳкам дошта бошем, вале тавре ки ҳоло мушоҳида мешавад, Тоҷикистон дар масири сиёсӣ ҳам дар бунбаст аст ва шарики хуби стратегӣ надорад. Оянда рӯшан нест. Умедворам, ки ақли солим пирӯз мешавад ва ба сари тоҷик бадбахтии наве намеояд. Ман фикр мекунам, ҳодисаҳои Исфара ҳам кори дасти Тошканд аст. Тошканд мехоҳад байни ду кишвари дӯсти дар саргаҳи об душманӣ андохта, аз оби онҳо бемалол манфиат бардорад.

Marat MamadshoevМарат Мамадшоев, журналист:

Албатта ин масъаларо аз назари Узбакистон ба як сон равиш намешавад арзёбӣ кард. Президент Каримов чандин соли охир аст, ки миёни Ғарб, Чин ва Маскав меҷулад. Аз ҷумла чанд рӯзи пеш ӯ бо як сафари расмӣ ба Маскав рафта буд. Аммо аз дидгоҳи Ғарб ин иқдом ба он маъност, ки ғарбиҳо комилан гуноҳони Ислом Каримов барои ҳодисаҳои Андиҷонро бахшидаанд.

MehmonshohМеҳмоншоҳ Шарифов, пажуҳишгари тоҷики муқими Норвегия:

Ин нишонаи дигари мавҷи дуюми “бозиҳои бузург” аст ва Амрико бо НАТО якҷоя мавқеи худро дар дили Осиёи Марказӣ мустаҳкам кардан мехоҳанд. Тавре маълум аст НАТО дар соли 2014 сарбозони худро аз Афғонистон бояд берун бикашад ва роҳи даромад ва баромади ин қушунҳо пештар ба воситаи Покистон буд, вале дар охири соли 2011 Покистон бо баҳонаи кушта шудани сарбозони покистонӣ аз суи ҳавопаймои бе сарнишини амрикоӣ, ин роҳро барои онҳо баста эълон кард. Фикр мекунам, ин воқеа барои Амрико танҳо як баҳонае беш нест, то мавқеи НАТО дар Осиёи Марказӣ мустаҳкам шавад... Тавре маҷалаи Der Spiegel менависад, аз ин роҳ бояд 130 000 сарбоз, 70 000 техникаи ҳаракаткунандаи ҳарбӣ, 120 000 сандуқҳои бузурги оҳанӣ (containers) гузаранд. Аз сӯи дигар нафси бади диктаторҳои Осиёи Миёнагиро хуб шинохта роҳбарияти НАТО ва махсус иттифоқчии НАТО ва тарроҳи асосии ин амалҳо Амрико гуфтушунидҳоро бо роҳбарони ин давлатҳо ва махсусан бо Узбакистон ҳанӯз барвақт бурда истодаанд.

Интихоби Узбакистон барои ин кор пурасрор аст, чаро ки пештар ҳам замину роҳҳои ин давлатро барои ин ҳаракати қувваҳои низомӣ вақти шуруъ шудани ҷанг бо Афғонистон истифода бурда буданд ва роҳбарияти ин давлатҳо аз фасод ва бюрократия дар ҳукумати Узбакистон шикоят ҳам мекарданд, ва боз дар ҳамин давраи аввал буд, ки Каримов дар баҳои истифодаи замини Узбакистон аз роҳбарияти давлатҳои НАТО  аслиҳаҳои ҳарбии як бор истифода шударо талаб мекард. Дигар масъалаи асосӣ ин аст, ки роҳбарияти НАТО аз давлати диктаторӣ будани Узбакистон хуб огаҳ аст. Фикр мекунам, ин Амрико ва ин блоки ҳарбӣ ҳар чи бештар ба марзҳои Ирон ва Русия наздик шудан мехоҳанд ва дар бозиҳои навбатӣ Узбакистонро истифода бурданианд. Бо ин кор саҳифаи дигари бозиҳои сиёсии НАТО ва Амрико дар Осиёи Миёна ва Афғонистон сар мешавад...

Аслан зери ҳарфҳои либерал демократӣ мақсадҳои сиёсии ин ташкилот ниҳон аст, ва роҳбарони давлатҳои худкомаи Осиёи Марказӣ ҳам вақте дасти роҳбари ин ташкилот ва ё сарони давлатҳои Аврупоро мефишоранд ва сар додан намехоҳанд, намедонанд, ки онҳо на бо либерал демократ, балки бо капитализм дастфишорӣ карда истодаанд ва аз сӯи дигар ҳадаф аз ин вохӯриҳо ва дафтаркушоиҳо нигоҳ доштани режимҳои оилавӣ шудаи ин ҳукуматҳост. Шояд ин техникаи ҳарбӣ, ки ҳукумати Каримов ва дигар роҳбарони ин минтақа аз ин ташкилоти ҳарбӣ гирифтанианд, барои саркӯб кардани мардуми худ ва ё таҳдид ба ҳамсояҳои худ истифода мекунанд.

Abdufattoh01Абдуфаттоҳ Воҳидов, рӯзноманигор:

Албатта, нисбат ба даҳаи ахири асри ХХ дар олами муосир аз назари сиёсӣ таҳаввулоти бузург ба амал омадааст, бинобар ҳамин агар самти сиёсии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ҳам тағйир пазирад, ҳеч мушкиле надорад. Масалан, агар ягон 10 сол муқаддам дар бораи ба Созмони низомии Атлантики Шимолӣ пайвастани ягон кишвари собиқи шӯравӣ гуфтугӯ мекардед, тамғаи ҷосуси Амрико ё камаш душмани халқ албатта насибатон мегашт. Аммо тавре гуфтем, имрӯз ин як ҳолати муқаррарӣ аст. Зеро ҳукуматҳои кишварҳои мустақил барои таъмини амният ва суботи худ ба шиори мардумии "ба умеди худо бош, аммо буттаро мустаҳкамтар дор" амал карда, ба ҳар созмони байналмилалӣ аъзо мешаванд. НАТО ҳам яке аз он созмонҳоест, ки дар ҳолати узви он шудан ба кишварҳо як қатор имтиёзҳо фароҳам мегардад. Эҳтимол, Узбакистон аз созмонҳои низомии кишварҳои СНГ худро канор гирифта, умед дорад бо кушодани намояндагии НАТО дар дурнамо узви ин созмони бонуфузи низомӣ гардад. Ин ҳаққи кишвари мазкур аст, аммо ҳамин ҳақ метавонад боиси бархӯрди чор қувваи комилан ба ҳам мухолифе гардад, ки имрӯз ба минтақаи мо ва ба сарватҳои то ҳол ба яғмонарафтаи мо чашм ало кардаанд. Дар чунин ҳолат, ба души мардуми мо, хоҳу нохоҳ, бори сангини абарқудратҳои олам гузошта хоҳад шуд.

Mustafo SurkhovМустафо Сурхов, таҳлилгар:

Дар доираи "Ҷанг бо тероризм"-и Амрико ва дигар кишварҳои узви НАТО дар Афғонистон барои кишварҳои минтақа аз ҷумла кишварҳои Осиёи марказӣ фурсати муносибе фароҳам омад то бо ин созмони низомӣ ҳамкории хубе барқарор намуда, аз он истифода бубаранд. Чуноне ки медонем, Узбакистон аз оғози ҷанг дар Афғонистон тавонист аз ин созмони низомӣ бо фароҳам намудани пойгоҳи Хонобод ва роҳи икмолотӣ аз тариқи хокаш барои НАТО суди ҳангуфте ба даст биёрад. Вале бо сар задани ҳодисаҳои хунини Андиҷон муносибати Узбакистон ва Амрикову кишварҳои узви НАТО сард гардид, ки Узбакистон ҳамкории худро бо ин созмон қатъ намуда, ҳатто пойгоҳи низомии Хонободро ба рӯи онҳо бубаст. Узбакистон аз мавқеи геополитикии худ хуб медонад, ки барои НАТО кишвари хеле муҳим ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ боварӣ дошт, ки НАТО боз дарвозаашро барои кумак хоҳад куфт, зеро ин роҳ барои НАТО пас аз хориҷ кардани нируяҳояш дар соли 2014 аз Афғонистон муҳим ва арзон хоҳад буд. Ба фикри ман, Ислом Каримуф барои ин кор розигии бародари "бузург"-ро ҳангоми сафари ахираш ба Маскав дарёфт намуда ва раҳбарони Кремлро ба ин бовар оварда, ки ба манфиатҳои онон дар минтақа халале ворид намекунад, вале ин як иштибоҳи бузурге хоҳад буд. Гарчанде кушода шудани дафтари сиёсӣ низомии паймони Атлантик ба манфиати Узбакистон аст, аммо ба манфиати ҳамсояҳои он нахоҳад буд. Бо ҷой додани намояндагии НАТО Узбакистон метавонад ба сари ҳамсояҳои худ, аз ҷумла Тоҷикистону Қирғизистон фишори бештар оварад ва ҳар коре, ки дилаш бихоҳад, анҷом диҳад, зеро дар кишварҳои узви паймони НАТО пуштибон пайдо хоҳад кард. Кушода шудани дафтари сиёсиву низомии паймони атлантик ин оғози бозии бузурги оғознашуда хоҳад буд.

Firdavs NiyziФирдавс Ниёзӣ, муҳаққиқ:

Ба назар чунин мерасад, ки ин боз як" бози"-и дигари давлатҳои абарқудрат аст, ки мехоҳанд, ҷумҳуриҳои ОМ- ро бо ҳам дар рақобат гузошта, суд биҷӯянд. Чун мардуми Осиёи Миёна мардуми "дастнигар" ҳастанд ва аз лиҳози иқтисодӣ озодии комил надоранд. НАТО бо ифтитоҳи ин марказ боз мехоҳад мардуми Тоҷикистону Узбакистонро дар рақобати нобаробар гузорад, чунки чанд соли охир муносибатҳои иқтисодиву сиёсии ин ду давлати ОМ дар сатҳи дилхоҳ нестанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97