Интихоботҳоро манъ кунед!

Сиёсат 10.05.2013 15:44

intikhobАгар овози овоздиҳанда ҳисоб нашавад, агар ҷараёни интихобот дар дасти мақомотҳои маҳаллӣ аст, агар номзад бо интихобкунандагон мулоқот  нагузаронда овоз гирад, агар мардум номзадашро нашиносад… пас чаро интихобот доир мекунанд?!

Ду касро хат занеду як касро монед!

Ҳамчун нозир дар интихоботи миёндаврии вакилони халқии ҳавзаи 39-иноҳияи Восеъ, ки санаи 5-уми майи соли равон  баргузор шуд, дар қитъаи №8-и ҷамоати деҳоти Абди Аваз, ки дар мактаби №5 қарор дошт, ҷараёни интихоботро назорат мебурдам. Рафти ин гуна интихоботро дида, ба аҳволи мардум дилам сӯхт. Тафаккури ҷомеа воқеан нисбати интихобот, нисбати парлумону номзадаш хеле дар сатҳи пойин қарор дорад. Мардум агар аз нодонӣ ба қонуншиканӣ роҳ медоданд, омӯзгорону дигар масъулини ин интихобот дидаву дониста виҷдонро сарфи назар мекарданд. Чун супориш буд, аммо ҳатто намедонистанд номзаде, ки бояд гузарад, кӣ аст! Дар рӯйхат номи чор нафар номзад навишта шуда буду аввалӣ номзадиашро пас гирифт, дуюм номи Мараимов Раҷаб ба тариқи худпешбарӣ, сеюм Ибодулло Неъматов намояндаи Ҳизби халқӣ-демократӣ ва охирин Зайниддин Сафаров намояндаи Ҳизби аграрӣ ҷой гирифта буданд. Вақте мардум бюлетенҳоро мегирифанд, аъзои комиссия мегуфтанд, ки ду касро хат занеду як касро монед. Албатта мантиқан чунин фаҳмондан барои мардуми одӣ "ду каси болоро хат занеду охириро монед" буд ва чунин ҳам мешуд. Зеро интихбкунанда номзади арзандаашро намедонист.

"Имзои каму овози ду баробар зиёд"

Баробари оғозу шудани овоздиҳӣ қоидаи аввалине, ки аз ҷониби аъзои комиссия риоя намешуд - ин талаби шиносномаи овоздиҳандагон буд. Дар дасти касе аз овоздиҳандагон шиноснома ба назар намерасид, вақте эътироз кардем, дар ҷавоб гуфтанд, ки ҳамаашон ҳамсояву хешу авлод ҳастанд ва хуб мешиносанд. Аммо чун ёдрасаш шудем, ки қонун дар ин маврид аст ва дар худи даъватномаҳо низ "бо худ доштани шиноснома" зикр шудааст, чанд лаҳзае ин талабот риоя шуду боз аҳвол ҳамон тавр идома ёфт. Тақаллубкории рӯи рости дигар ин як одам бастаи бюлетенҳо дар даст овоз медод, чун ин бор ҳам эътироз карда, протокол тартиб додем, масъулин аз имзо кардан худдорӣ карданд. Баъди ин даъвоямон акнун як нафар чанд лаҳза пас ду-се маротиба овоздиҳӣ меомад. Баъдан кор то ҳаде расид, ки барои он ки нозирон нашиносанд, якчанд нафари "худӣ" тағйири либос карда, дубора меомаданд. Бо мақсади ошкор кардани ин гуна тақаллубкорӣ аз оғози райъдиҳӣ одамонро соат ба соат мешуморидем. Дар рӯйхати ман то соати 7.40 дақиқа ҳамагӣ 110 нафар буд, дар рӯйхати онҳо 364 . То соати 10.20 бо дидани қуттии пур аз варақаҳо рӯйхати имзоҳои аъзои комиссияро бо рӯйхати нафари масъуле, ки бюлетенҳои воридшударо қайд мекард, муқоиса кардам.

Дар рӯйхати имзоҳо 672 имзо буд, аммо дар рӯйхати овозҳо 1050 бюлетени ба қуттӣ воридшуда қайд шудааст.

Ҳанӯз интихобот ба пойн нарасида маълум буд, ки кӣ бояд интихоб шавад. Зеро дар ҳама ҳавзаҳои интихоботӣ нозирони ду номзади дигар ё умуман иштирок надоштанд, ё ширкат карданду тамоман бетараф буданд. Бо вуҷуди он ки тақаллубкории ҳайати комиссияро медиданд, аммо худро нодида вонамуд мекарданд. Аз ин бармеояд, ки натиҷаи интихобот барои онҳо пешакӣ маълум аст. Назорати ҷиддии моро дида, ҳар замон манро сари як пиёла чой даъват мекарданд. Баъди ҳар бори рад кардани даъват, мегуфтанд, ки "аз ин интихоботу назорати ту ҳеч фоидае на ба туву на ба мо мерасад".

Интихоботҳои нозарур!

Ҳамин гуна вазъ дар ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ вуҷуд дошт, ҳар як нозир ҳамаи қонуншиканиҳоро ба қайд гирифтааст, бо ин вуҷуд, раиси Комиссия интихоботии ноҳияи Восеъ ҷаноби Давлатёров ва раиси Комиссияи интихоботӣ ва райъдиҳии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён бидуни сурх шудан, эътирозҳои Раҷаби Мирзо номзади худпешбарро ба хабарнигорон беасос хонданд. Аз ин ду нафари масъул танҳо як чизро мепурсем, ки агар барои шумо дар ҳама интихобот мушоҳидаву эътироз ва шикояти нозирон дуруғ аст, чаро маъракаи интихоботро баргузор мекунед? Ҳар нафареро, ки мехоҳед ё супориш гирифтаед, ки бояд вакили парлумон шавад, чаро мисоли раисони ноҳияву шаҳрҳо худатон таъинаш намекунед? Чи лозим, ин қадар хароҷоту мардумро сарсон кардан? Аз хароҷоти маблағҳо метавонем чизе ҳам нагӯем, аммо сарсонӣ ва суолҳои мардум, ки ҳангоми ворид шудан ба ҳавзаи интихоботӣ "Чӣ кор кунам? Ба кадомаш овоз диҳам? Ҳамин овози ман ягон фоида дорад?" ва ғайра, бояд масъулинро сари пешниҳоди боло ба андеша бубарад.

Ба Раҷаби Мирзо дилам намесӯзад, ба мардум ва масъулон дилам месӯзад, ки дар вақти интихобот ташвиш мешаванд.

Боқӣ қазоват аз шумост, ки салоҳ медонед бо дурӯғ зиндагиро идома бидиҳед ё аз ростӣ кор бигиред.

Саида Қурбонова, нозири интихоботи ахир

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97