Чаро масъулон аз Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намекунанд?

Сиёсат 05.05.2013 12:28

pasporti TjСадҳо нафар дар идораҳои асноди шаҳрвандӣ навбат мепоянд, то номҳои худро дар зоднома ва шиноснома дигар кунанд. Яъне пасвандҳои "ов"-у "ич"-ро ба номҳои худ бичаспонанд. Бархе аз корафтодагони босавод ғалатҳоро ислоҳ карда, номи худро ба шакли қаблӣ боқӣ мегузоранд. Аммо аксарият, аз номҳои аждодии худ даст мекашанд. Ин раванд ҳамчунон ҷараён дорад ва касеро дар кишвар гӯё ба ин коре нест. Ба ҳар сурат мо надидем, ки касе аз масъулон дар ин маврид изҳори назар карда бошад ва ё монеъи даст кашидани афроди зиёд аз тарзи номгузории миллӣ шуда бошад. Агарчӣ як толори бузур аз намояндагони зиёиро бо тавқҳои рангин бар гардан ҳар сол дар ҳузури раиси ҷумҳур даст пеши бару тамаллуқ дар забон мебинем. Аммо чаро ин як толор зиёӣ дар мавриди пайравӣ аз раиси ҷумҳур дар мавриди тоҷикӣ кардани ному насаб лаб барбаставу бетарафӣ ихтиёр кардаанд. Ё боз ҳам мунтазири дастур аз "боло" ҳастем?!

Барои рӯшанӣ андохтан ба мушкили номҳои тоҷикӣ барои сафар ба Русия ба чанде аз ҳамватанон бо ин суол муроҷиат кардем:

 

Ба андешаи шумо ному насаби тоҷикӣ доштан (яъне бидуни "ов"- у "ич") барои сафар ва кор дар Русия чи мушкиле дорад?

Umed JayhuniУмед Ҷайҳонӣ, муҳоҷир, ш. Маскав:

Аслан ҳеч мушкиле аз ин бора нест. Тоҷикон магар метавонанд таборномае масалан инглисӣ дошта бошанд? Эроде, ки ниҳодҳои русӣ мегиранд, ин аст ки ному номи падару номи хонаводагӣ дар шиносномаву гузарномаҳои тоҷикӣ нодуруст навишта мешавад. Масалан бархеро номи падарашонро ба ҷои номи хонаводагияшон навиштаанд ва аз ингуна бесаводиҳо. Ман бо ҳамин ному насабам солҳо инҷо зиндагиву кор дорам ва касе пишакамро пишт нагуфтааст. Мо рус нестем, ки таборномаи русона дошта бошем. Дар ин бора борҳо гуфтаву навиштаем, вале ниҳодҳои сабти аҳволи шаҳрвандон ғалаташонро ислоҳ намекунанд.

Sohibyr Tolib01Соҳибёри Толиб, сармуҳаррири нашрияи "Тоҷикони Русия", ш. Маскав:

Бисёр шунидаам, ки бе насаби русиасос ва тоҷикишуда ҳамватанони мо дар Русия ба мушкилӣ мувоҷеҳ мешаванд. Ин мушкилиҳо буд, ки бисёре аз ҷавонон пеш аз Русия омадан шиносномаи худро иваз намуда, боз ҳам ба насаби худ "...ов"-у "...вич"-ро пайвастанд. Хеле кам мебинам, ки тоҷикон бо насаби тоҷикии худ дар Русия бошанд. Пас мушкил ҳаст.

Аммо ин мушкил аз кишвари худамон сарчашма мегирад. Дар ному насаб, ки ихтиёрамонро ба дасти дигарон додаем, пас чӣ расад ба гила намудан аз мушкилсозиҳо дар кишвари мардум. Ҳамон вақте ки Раиси ҷумҳур аз ному насаби худ пайвандакҳои бегонаро хат зад, фурсати муносибе буд, барои осон намудани тағйири ному насаб ба аксарияти шаҳрвандони кишвар. Аммо ҳоло ҳам дер нест, ки мо аз мушкилсозиҳо натарсем ва ин корро кунем.

Rustami vahobРустами Ваҳҳоб, шоир:

-Аслан дар ин қазия набояд савдо кард, бо ҳеч касе. Чунин фишорҳоро бояд миллати мутамаддин ба унвони таҳқир пазирад ва муқовамат нишон диҳад. Он гоҳ онҳое низ, ки чунин эроде мегиранд, ба ночор тасмими худро дигар хоҳанд кард. Ҳатман.

 

BakhtovarБахтовар Юсуфӣ, донишҷӯ, ш. Рига:

Ба фикри ман ному насаб барои сафар ва кор кардан дар Русия ҳеч мушкиле ба бор намеоварад. Зеро вақте ки номи мо дар пешониямон сабт нест, ки тоҷикист ё русӣ. Мо бояд тарзи рафтору гуфтору маданияти либоспӯшиамонро риоят бикунем. Дар хусуси номҳои тоҷикӣ он чи мушкил меоварад, тарзи нодуруст навиштани ному насаб ва номи падар дар зоднома ва шиносномаҳост. Онро бояд ҳарчи зудтар ислоҳ кард.

Temur VarqiТемур Варқӣ, журналист, ш. Маскав:

Аз нуқтаи назари анъана ва қонунҳои миллӣ дар бораи забон насабҳои маҳалии тоҷикӣ, наметавонанд ва набояд монеъи рафтани шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷи кишвар бошанд. Ба унвони мисол, сарҳадбонони Русия ҳаргиз тақозо нахоҳанд кард, ки насаби Депардье, Депардьёв ё ки Депардьенко унвон шавад. Сухан ин ҷо аст, ки насабҳои фаронсавӣ чандин асрҳост, ки тағйири шакл намекунанд. Агар шахсе иттифоқан кадом вақте ба дохили Русия равад, бори дигар низ бо ҳамин ному насаб дохил мешавад. Фикр мекунам, ки иваз кардани насаб, шиносномаи ҷадид ва насаби бе пасванди "-ов", "-ев", дар миёни ниҳодҳои интизомии Русия шубҳаро ба бор хоҳад овард, ки ин шахс пеш дар ҳолатҳои хилофи қонун ба қайд гирифта шуда буд, ё дар пайгард қарор дорад, ё ихроҷ  карда шудааст ва ғайра. Агар аз ҷониби намояндагони ФМС шубҳа ё нобоварие нисбати шахс, дар вобастагӣ бо шиносномаи ҷадид ва насаби аслии тоҷикӣ пайдо шавад, онҳо пурсишро шуруъ хоҳанд кард, ба унвонии ВКД-и Тоҷикистон мактуб ирсол медоранд, то шахсияти шаҳрвандро муайян созанд ва бидонанд, ки насаби қаблиаш чӣ буд. Мардикорони мо ва дар маҷмуъ дигар шаҳрвандон вақт ва сабрро аз даст хоҳанд дод, бекор хоҳанд монд, ё дар ҳолати ғайриқонунӣ ба кор машғул хоҳанд шуд ва билохира ба чанголи кормандони ФМС  афтода, аз он ҷо ихроҷ карда мешаванд. Ё маҷбур мешаванд, ки ришва бипардозанд. Ин ҳама ташвиш ва дарди сарҳои зиёдатӣ барои ҳар як инсон аст. Мумкин аст дар ҳолати иваз намудани насаб, ҳар шахсро зарур аст, то ҳуҷҷатеро, ки тасдиқкунандаи иваз кардани насабаш аст, бо худ дошта бошад, бо зарурати нишондоди ин ҳолат. Ин ки чунин ҳуҷҷат аз ҷониби ВКД- и Тоҷикистон дода мешавад, ман ба ин бовар надорам, ба замми ин ҳангоми иваз намудани насаб боз бисёр проблемаҳои дигар дар робита ба шаҳодатномаи таваллуд, диплом, ҳуҷҷатҳои ҷоизавӣ, асноди ҳолатҳои қайди шаҳрвандӣ никоҳ пайдо хоҳанд шуд.

Tolib OryfarТолиби Сангин, рӯзноманигори озод:

Ҳеч мушкил надорад, ному насаби ман тоҷикист. Онҳое мушкил доранд, ки бе номи падаранд. Агар ҳам насаб, ҳам ном ва ҳам номи падар зикр гардида бошад, мушкиле нест. Барои зикр нагардидани номи падар онҳоро бармегардонанд ва баргашта фикр мекунанд, ки «-ов»-у «-ев»-ро барқарор кардан лозим будааст, ҳол он ки аз онҳо танҳо зикри номи падар талаб карда шуда буд. Барои гузаргоҳи рус фарқ надорад, ки насаб бо -ову -ев аст ё не, муҳим будани се ном аст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97