Бархе аз созмону аҳзоб аллайҳи радиои Конгреси Амрико таҳрим эълон карданд

Сиёсат 02.05.2013 16:22

QaymzodАбдуқаюми Қаюмзод, хабарнигори пешини бахши тоҷикии радиои "Озодӣ" ба далели нақзи ҳуқуқҳояш аз ин радио ба додгоҳ шикоят бурдааст. «Озодӣ» ба таври якҷониба қарордоди худ бо ин хабарнигорашро, ба далели аз сӯи Вазорати корҳои хориҷӣ иҷозаи фаъолият надодан ба Абдуқаюми Қаюмзод қатъ кардааст.

Абдуқаюми Қаюмзод, ки рӯзи душанбеи 29 апрел, дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе суҳбат мекард, гуфт, ҳафтаи гузашта мақомоти радиои "Озодӣ" пешниҳод кардаанд, ки бо дарёфти маоши 6-моҳа довталабона фаъолияташро дар ин радио қатъ кунад ё ин ниҳод ба таври якҷониба қарордоди худро бо хабарнигор лағв хоҳад кард.

Ӯ ин иқдоми мақомоти радиои "Озодӣ"-ро навъи нақзи ҳуқуқ ва ворид кардани фишори равонӣ болояш унвон карда ва гуфт, ин шарту шароитро напазируфт ва аз радиои "Озодӣ" ба додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шикоят бурдааст.

Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи Абдуқаюми Қаюмзод, ба таври якҷониба қатъ шудани қарордоди кории Қаюмзод бо радиои "Озодӣ"-ро ба қонунгузориҳо ва Кодекси "Меҳнат"-и Тоҷикистон муғойир хонд. Ӯ гуфт: "Радиои "Озодӣ" асос овардааст, бинобар тамдид нашудани муддати сабти номи хабарнигор дар вазорати хориҷа, ки қарордоди миёни оқои Қаюмзод ва радиои "Озодӣ" ба далоили аз тарафҳои қарордод вобаста набуда, қатъ шудааст. Ин нукта дар Кодекси "Меҳнат" нест."

Абдуқаюми Қаюмзод мегӯяд, феълан вай шикояти худро ба додгоҳ барои барқарор намудан ба кори собиқ ва ситонидани музди меҳнат дар давраи ноилоҷ ҳозир нашудан ба сари кор ироа кардаст. Ӯ гуфт: Фармони рақами 1, аз 22-юми апрел, ки оид ба қатъи қарордоди меҳнатӣ миёни ман ва ин радиои «Озодӣ» ҳаст, ғайриқонунӣ мебошад. Аз соли 2001 ман дар бахши тоҷикии ин радио дар асоси қарордод фаъолият мекунам. Азбаски қарордори меҳнатии ман бо корфармо баста шудааст, дар ҳолати тамдид накардани аккредитатсияи фаъолияти хабарнигорӣ, корфармо уҳдадор аст, ки кормандро бо кор таъмин намуда, ҷиҳати бақайдгирии фаъолияти касбӣ ба зимаи корфармо гузошта шудааст.

Аммо Хуршеди Ҳамдам, мудири дафтари бахши тоҷикии радиои "Озодӣ" дар Тоҷикистон дар ин маврид ба расонаҳо гуфтааст, ки иллати аслии лағви қарордод бо Абдуқаюми Қаюмзод тамдид нашудани муддати сабти номи хабарнигор дар Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи Х. ҳамдам, тибқи қавонини Тоҷикистон хабарнигори расонаҳои хориҷӣ бидуни сабти ном дар ин вазорат ҳаққи фаъолият дар кишварро надоранд. Ӯ гуфтааст, бо вуҷуди се муроҷиати расмии радиои "Озодӣ", раҳбари ин радио дар Прага ва сафорати Амрико дар шаҳри Душанбе Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз тамдиди муддати сабти номи А. Қаюмзод худдорӣ кардааст. Аз ин лиҳоз, бар асоси моддаҳои 44 ва 53-и Кодекси "Меҳнат" "ба далоили новобаста аз тарафҳо қарордод бо Абдуқаюм Қаюмзод аз 1 январи соли 2013 қатъ шудааст."

 Ҳамзамон бо шикояти Абдулқаюми Қаюмзод аз радиои «Озодӣ» ба додгоҳ шуморе аз созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон ин радиоро таҳрим ва аз ҷомеъаи хабарнигорӣ ва коршиносон даъват кардаанд, то аз ҳама гуна ҳамкорӣ бо радиои «Озодӣ» худдорӣ биварзанд. Гуфта мешавад, ки Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, Шӯрои васоити ахбори омма, Медиа-Алянси Тоҷикистон, Созмонҳои ҷамъиятии Индем, Журналист ва Хазинаи гиромидошти дифоъ аз ҳуқуқи журналистон ба ин таҳрим пайвастаанд. Бино ба гуфтаи роҳбарони ин созмонҳо, роҳбарияти радиои «Озодӣ» ҳуқуқҳои хабарнигоронро поймол кардаанд. То замони чопи ин матлаб матни ин баёния ба мо дастрас нашуд.

Аммо Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ дар нишасти хабарии рӯзи душанбе гуфт: Аз бархе қазияҳои хабарнигорони «Озодӣ», аз қабили Сайёфи Мизроб ва аз ҷумла Қаюмзод бохабар ҳастем. Инҳо 10-12 соли умри худ, ғайрату ҷавониашонро барои радиои «Озодӣ» сарф мекунанд, аммо дар рӯзи мушкилиашон ба ҷойи дастгирӣ кардан, онҳоро дар кӯча мегузоранд. Аз ин рӯ, ҳар як коршинос ва рӯзноманигоре, ки бо радиои «Озодӣ» ҳамкорӣ мекунад, эҳтимол ин рӯз ба сараш ояд. Раҳбарияти «Озодӣ» ба хулосае ояд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ва рӯзноманигорони тоҷик низ дар қатори шаҳрвандон ва рӯзноманигорони дигар кишварҳо ҳаққу ҳуқуқи хешро доранд ва нақзи ҳуқуқ алайҳи онҳо раво намебошад ва инро хуб дарк кунанд.

Қироншоҳ Шарифзода, раҳбари Шӯрои ВАО низ дар ин нишаст гуфт, ин тасмими онҳо на танҳо ба хотири ҳалли мушкили Абдулқаюми Қаюмзод, балки барои ҳалли мушкили дигар хабарнигорон низ гирифта шудааст, ки таҳти фишору таъқиби корфармоён қарор доранд. Дар ҳоле ки ҳар хабарнигор чӣ дар расонаҳои дохилӣ ва чӣ расонаҳои хориҷӣ бояд аз ҳаққи комил бархӯрдор буда, корфармоён ба ҳаққи онҳо эҳтиром гузоранд.

Раҳматилло Зойиров, раиси ҲУСДТ низ бо пахши баёнияе ба ин таҳримот пайвастаат.

Гуфта мешавад, ба таври бесобиқае зиёда аз 20 нафар журналистон дар ин солҳои ахир бо ҳар баҳонае аз радиои "Озодӣ" аз кор ронда шудаанд, аммо Зулфиқори Исмоилиён, як журналисти собиқадор, ки аз ҷумлаи ҷабрдидагон муаррифӣ шуд, гуфт, ки қарордоди ӯ бо радиои "Озодӣ" то соли 2013 аст, аммо мушкил он буда, ки аз пахши гузоришҳои ӯ дар ин радио худдорӣ мешудааст. Раҳматкарими Давлат, хабарнигори маъруфи ин радио низ гуфт, ки ӯро касе аз кор нарондааст ва бо хоҳиши худ ариза навишта, барои муддате корро дар ин расона қатъ кардааст.    

Таҳримот аллайҳи радиои Конгреси Амрико дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки рӯзи 1 май аз радиои "Озодӣ" ба мо хабар расид, ки Шӯрои ВАО ба унвони онҳо барои ширкат дар конфронси бахшида ба рӯзи Озодии баён, 3 майи соли 2013 даъватнома фиристодааст. Оё ин ба маънои лағви таҳрими Озодист ва ё мушкиле, ки матраҳ шуда буд, ҳал гардид?

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97