Жириновский дар "ҷанг"-и тан ба тан

Сиёсат 30.04.2013 10:06

Gherenovski va GavharШумо дар мавриди изҳори назари ахири В.Жириновский, раиси ЛДПР тариқи шабакаи телевизионии Русия дар бораи муҳоҷирон ва Тоҷикистон чи назар доред?


Абдулло Аш
ӯров, хабарнигор:

- Албатта мақомоти Тоҷикистон ба ин гуфтаҳои вай бояд посух медоданд. Вагарна дар бархе вақт сукут дар муносибатҳои сиёсӣ аломати ризо пиндошта мешавад. Ӯ воқеан дар ин барномаи телевизионӣ мардуми тоҷик ва давлати Тоҷикистонро таҳқир кард. Abdullo AshurovДарвоқеъ чун вай роҳбари яке аз фраксияҳои Думаи Русия аст, бинобар ин бояд ба вай намояндагони порлумони мо посух бигӯянд. Мо бояд посухи сазовор бидиҳем, на як нотаи расмиву хушку холӣ. Бояд мо низ дар телевизионамон ҳамин гуна майдонҳои озоди баҳсу мунозира дошта бошем, то тавонем посухи баробар бидиҳем. Он чизҳоеро бигӯем, ки дар нота онро навишта намешавад. Аммо мутаассифона дар телевизионҳои карахту шахшудаи мо баҳсҳои инчунинӣ барои дифоъ аз манофеи миллат тасаввурнопазир аст. Дар чунин ҳолат телевизионҳои мо дар даҳон об гирифтаву боз ҳамон рақси чакану шаршараҳои обро нишон дода истодаанд.

Abubakri Fayzali 01Абӯбакри Файзалӣ, хабарнигори муҳоҷир, ш. Маскав:

- Дар Русия ҳанӯз барвақт медонанд, ки Жириновский кӣ асту чӣ мақсадро дунбол мекунад. Ва маълум аст, ки олами ҷиноиро мушкилоти визаву дигар маҳдудиятҳо наметавонад садди роҳ бошад, ва ин ҳама ҳарзагӯии раҳбари як ҳизби русии миллатгаро солҳост, ки ин кишварро дар пеши чашми ҷомеъаи ҷаҳонӣ хандахариш кардааст.

Изҳороти Жириновскийро аз сӯи дигар ҳушдори мақомоти Русия ба режими имрӯзаи президенти Тоҷикистон, дар қиболи истодагариҳои ахираш ва талаботҳои бомантиқаш дар хусуси будубоши артиши Русия донист, чунки Жириновский муовини садри порлумони ин кишвар аст.

Чуноне пештар низ дидем, мақомоти Русия бо ҳар роҳе, ки имкон дорад (манзурам "рейдҳои" охири Рогозину Онишенко дар хатсайри қатори Тоҷикистон- Маскав), болои Тоҷикистон фишор оварда ва кишвари моро дар буҳрони доимӣ нигоҳ доштан мехоҳад.

Ин яке аз паҳлуҳои сиёсати ин кишвар дар муносибат бо кишварҳои кучактар аст, ки Русия хостори манофеи бештар аз он аст.

KHurshedi atovulloХуршед Атовулло, сармуҳаррири нашрияи "Фараж":

- Агар хато накунам, Владимир Жириновский муовини раиси Думаи Русия аст ва ҳизби вай аз сераъзотарин ҳизбҳо дар ин кишвар. Ҳам раиси Думаи давлатӣ Валентина Матвиенко, ҳам сарвазир Медведев, ҳам президент Путин бо ӯ тез- тез вомехӯранд ва ҳарфҳои аз назари дипломатӣ гуфтанаш нолоиқро ба даҳони вай мегузоранд. Чун ин гуфтаи Жириновский думболи амали муовини сарвазири ин кишвар Дмитрий Рогозин ва сардухтури ин кишвар Онишенко сурат гирифт, метарсам, ки ин мавқеи Ҳукумати Русия набошад...

Sadii MahdiСаъди Маҳдӣ, устоди ДМТ:

- Жириновский Владимир Волфовичи олмонитабор бо баромадҳои ҳангомаомези худ мехоҳад шуҳратёр гардад ва ба маънии манфиаш ҳамчун ҳангомаҷӯ машҳур шудааст. Ӯ мегӯяд, ки Душанбе ва Бишкек чун ноҳияҳо дар губернияҳои Русия бошанд ва картаи муҳоҷирро пеш мегузорад ва зоҳиран тарафдори СССР гӯё аст. Ин суханон иҳонат ба истиқлолияти кишварҳои пасошӯравӣ аст. Ӯ, ки шарқшинос низ ҳаст, медонад, ки дар интихоботи президентӣ ягон шонс надорад, вале дар раъйпурсӣ барои мандати депутатӣ аз ҳисоби фашистони навбаромад мехоҳад овоз ҷамъоварӣ намояд.

Nurali DavlatНурали Давлат, журналист:

- Жиринвский булбулаки Кремл аст. ҳар гоҳ чизеро ки Кремл расман изҳор кардан нахоҳад, даҳони Жириновский ба кор медарояд. Суханҳои Жириновский чунин маънӣ дорад, ки Кремл сахт нигарон аст, ки чаро Душанбе то ҳол созишномаро дар бораи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомӣ ба тасвиб нарасондааст. Асабонияти Кремл ба он хотир аст, ки агар Тоҷикистон то интихоботи президентӣ созишномаро ба тасвиб нарасонад, он гоҳ ба тасвиб расондани он мушкил мешавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97