"Тоҷикистони нав" анҷуман барпо мекунад

Сиёсат 25.04.2013 17:11

Zayd Saidov  01Гуруҳи муассисони Ҳизби "Тоҷикистони нав"  хабар медиҳад, ки Анҷумани муассисони Ҳизб рӯзи 26 майи соли 2013, соати 10-00 дар толори бинои Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, иморати 20), баргузор мегардад.

Муқаррароти умумии Оинномаи ҳизби "Тоҷикистони нав"

Ҳадафи асосии ҳизб ташаккул додани сармояи пурғановати инсонӣ, ҷомеаи комили шаҳрвандӣ ва давлатеит, ки таҳти назорат қарор дорад.

Мақсаду вазифаҳои ҳизб аз ғояҳои мазкур манша мегирад

Ҳизби "Тоҷикистони нав" - ҳизби марказгароест, ки волоияти қонунро аз ҳама боло гузошта, ба хотири ташаккулу эҳёи Тоҷикистони нав - ҷомеаи дорои имконоти баробар ва мусоид ба зиндагии муносиб барои шаҳрвандон талош меварзад.

Эътиқоди сиёсӣ: Ҳизби  "Тоҷикистони нав" ҳизби амал, ҳизби фаъолият аст".

Ҳизб бо оппозитсиямаобӣ ва созишкорӣ худнамоӣ накарда, барномаҳои мушаххаси рушди Тоҷикистонро пешниҳод менамояд, ки дар маркази диққат инсон, мушкилоти ӯ, аз таъмин бо озуқа,барқ, об, газ, гармӣ, то баланд бардоштани шуури сиёсӣ меистад.

"Тоҷикистони нав" - ҳизби офариниш ва рушд - аъзои он кӯшиш доранд нерӯ, зеҳн, малакаву маҳорат ва қобилияти тахассусии худро ба рушд ва гулгулшукуфоии Ватан ва мардум равона кунанд.

 "Тоҷикистони нав" -  чорчӯби ба ҳам оварандаи шахсиятҳо, нигоҳҳо, истеъдодҳо, идея ва имкониятҳои созандаи мил-лӣ мебошад.

"Тоҷикистон нав" - ҳизби афроди воқеъбин, амалгаро, технократ, зиёӣ, мутахассис, навандеш ва навовар аст. Заминаи иҷтимоии он - соҳибкорон, муҳоҷирони меҳнатӣ, коргарон ва деҳконон, омӯзгорону табибон, муҳандисону олимон, занон, ҷавонон, шаҳрвандони Тоҷикистон навобаста аз миллат ва ақидаи динианд, ки дар баробари насли оянда ва Тоҷикистон эҳсоси масъулият мекунанд. 

Ғояи Ҳизби "Тоҷикистони нав" - синтези натиҷагирии илмӣ, ақли солим ва таҷрибаи амалӣ, ки аз авлавияти арзиши тағйирнопазири шаъну эътибори инсон бармеояд.

Принсипҳои асосии фаъолияти дохилиҳизбӣ

- қонуният, фардият, ихтиёрӣ аъзо шудан ва баромадан аз он, баробарӣ, ошкорбаёнӣ, интихобӣ будани мақомоти роҳбарикунанда ва дастгирии дохилиҳизбӣ. Ҳизб ба мардон ва занон, шаҳрвандони ҶТ, намояндагони миллатҳои гуногун, ки узвияти ҳизбро пазируфтаанд, имкониятҳои баробарро барои намояндагӣ ба мақомоти роҳбарикунандаи Ҳизб, дар рӯйхати номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагон ва мақомоти худидории маҳаллӣ медиҳад.

Узвият ба Ҳизб, ҳуқуқ ва вазифаҳои аъзои ҳизб

Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ки синнаш ба 18 расидааст, метавонад аъзои ҳизб бошад. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ҳамчунин шахсоне, ки тариқи судӣ номукаллаф дониста шудаанд, наметавонанд аъзои ҳизб бошанд.

Узви ҳизб наметавонад дар як вақт узви дигар ҳизбҳои сиёсӣ бошад. Вобаста ба касбият, мансубияти иҷтимоӣ, эътиқоди динӣ, мавқеъи сиёсӣ, инчунин ҷинс, нажод, молу мулк ва ҷойи зист узвият ба ҳизб маҳдуд намешавад.

Узви ҳизб ҳангоми риоя накардани Оинномаи ҳизб, ҳуҷҷатҳои барномавӣ, қарори мақомоти роҳбарикунанда ва дигар сохторҳои он (зерсохторҳо), барои бадном кардани ҳизб, зарар расонидан ба манфиатҳои умумиҳизбӣ бо қарори мақомоти роҳбарикунанда аз ҳизб хориҷ мешавад. Аъзои Ҳизб ҳуқуқ доранд, мақомоти роҳбарии ҳизбӣ, шӯъ-баҳои минтақавӣ ва дигар зерсохторҳоро интихоб кунанд, ё интихоб шаванд; дар бораи фаъолияти Ҳизб ва мақомоти роҳбарикунандаи он маълумот гиранд;  аз болои қарору амали мақомоти мазкур бо тартиби пешбининамудаи Оиннома шикоят оваранд; аз дастгирии ҳамаҷониба ва ҳимояи ташкилоти ҳизбӣ дар фаъолияти ҷамъиятӣ ва ҳизбӣ -сиёсӣ бархурдор бошанд.

Аъзои Ҳизб вазифадоранд Оиннома ва Барномаи Ҳизбро риоя намоянд; ба иҷрои қарорҳои мақомоти роҳбарикунанда ва назоративу тафтишотии Ҳизб, ки мутобиқ ба талаботи қо-нунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Ҳизб ба тасвиб расидаанд, мамониат накунанд; аъзоҳақиро бо тартиб ва дар ҳолатҳои муайяншуда пардохт намоянд.

Мақомоти роҳбарикунанда

Мақоми олии ҳизб анҷумани ҳизб мебошад. Мақоми олии созмони минтақавии ҳизб Конфронс ба ҳисоб меравад. Роҳбарии умумии фаъолияти Ҳизбро мақоми доимоамалкунандаи Ҳизб - Шӯрои сиёсӣ роҳандозӣ мекунад. Кумитаи иҷроияи Ҳизб мақоми доимоамалкунандаи иҷроияи Ҳизб аст. Мақоми назоратӣ - тафтишотии Ҳизб комиссияи назоратӣ- тафтишотист.  Барои роҳбарии фаъолияти шӯъ-баҳои маҳаллӣ мақомоте таъсис дода мешаванд, ки аз рӯи моҳият ва вазифаҳои худ ба мақоми роҳбарикунандаи Ҳизб шабеҳ ҳастанд.

Ҳизб соҳиби ҳуқуқ ва ба зимааш уҳдадориҳое дорад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

Амвол ва воситаҳои пулии Ҳизб аз манбаҳое ташаккул меёбанд ва ба мақсадҳое истифода мешаванд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро мамнӯъ надонистааст.

Боз доштани фаъолият, аз нав ташкилкунӣ ва барҳамхурии Ҳизб ва ё воҳиди сохтории он аз рӯи асосҳо ва бо тартибе сурат мегирад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

Ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Оиннома салоҳияти мустаснои Анҷумани Ҳизб аст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97