Чаро фаъолиятҳои Толибон дар Бадахшони Афғонистон афзоиш ёфтааст?

Сиёсат 07.04.2013 17:48

Badakhshoni AfgonistonШаш моҳ пеш аз хуруҷи неруҳои олмонӣ аз вилояти Бадахшон дар шимоли шарқи Афғонистон ва таҳвилдиҳии масъулияти амниятии ин вилоят ба неруҳои амниятии афғон, Бадахшон акнун рӯзҳои ноамнро сипарӣ мекунад ва фаъолияти гурӯҳҳои мухолифи мусаллаҳ дар ин вилоят рӯз ба рӯз афзоиш меёбад.

Нигарониҳо аз ноамн шудани вилояти Бадахшон ва ташдиди фаъолияти мухолифони мусаллаҳро дар ин вилоят пас аз он бар сари забонҳо омад, ки як корвони сарбозони артиши миллӣ бо камини гурӯҳи Толибон мувоҷеҳ шуд ва 22 тан аз сарбозони артиш асир шуданд.

Ду рӯз пас аз асорат, аҷсоди тирбороншудаи 16 тан аз ин сарбозон ёфт шуд. 7 тани дигари сарбозони асиршуда аз сӯи гурӯҳи Толибон зинда озод шуданд.

Гарчи баъд аз ин ҳодиса амалиётҳои густурдае аз сӯи неруҳои амниятии Афғонистон дар манотиқи мухталифи вилояти Бадахшон ва ба таври хос дар вулусволии Вардуҷи ин вилоят, ба ҳадафи аз байн бурдани мухолифини мусаллаҳ сурат гирифт, аммо неруҳои мухолифи давлати Афғонистон дар бахшҳои аз ин вилоят ҳамчунон ҳузур доранд.

Ин ки чаро ду сол пас аз талошҳо барои ноамнсозии дигар вилоятҳои шимолии кишвар чун Балх, Қундуз, Ҷузҷон, Бағлон ва Тахор ин бор талошҳои созмондиҳишуда ва густурдае барои ноамнсозии вилояти Бадахшон сурат мегирад, суоле аст, ки бо тааммул бар шуморе аз нукот метавон посухи онро дарёфт.

Хуруҷи неруҳои олмонӣ аз Бадахшон

Тай ёздаҳ соли гузашта неруҳои олмонӣ масъулияти таъмини амнияти вилоятҳои шимолӣ ва шимоли шарқии Афғонистонро ба уҳда доштанд.

Дар солиёни ҳузури неруҳои олмонӣ дар ҳавзаи шимол, тай муддате вилоятҳои шимол ва шимоли шарқии Афғонистон чун Тахор, Қундуз, Бағлон, Балх, Ҷузҷон ва Фориёб дастхуши як силсила ноамниҳо шуд, ки пас аз талошҳои муштараки амниятии афғону низомиёни олмонӣ, амнияти нисбӣ дар ин вилоят дубора барқарор шуд.

Дар он замон мақомоти амниятӣ дар ҳавзаи шимол ин фарзияро матраҳ мекарданд, ки гурӯҳи Толибон барои костани фишори ҷанг аз хатти муқаддами ҷабҳа дар вилоятҳои ҷанубӣ чун Қандаҳор дар талошанд, то бо таҳрикоте чанд вилояти шимолиро ноамн созанд.

Албатта он тавр, ки мақомоти амниятии ҳавзаи шимол баён карданд, ин талошҳо сирфан барои ноамн ҷилва додан набуд, балки вилояти Тахор, Қундуз, Балх, Бағлон, Фориёб ва Ҷузҷон муддате чанд шадидан ноамн ва аз фаъолияти густурдаи мухолифини мусаллаҳ мутаассир шуданд.

Ҳоли ду сол пас аз баргашти амнияти нисбӣ дар вилоятҳои шимолӣ, бори дигар дар Бадахшон дар шимоли шарқи кишвар оташи ноамнӣ афрӯхта шудааст.

Амнияти Бадахшон низ монади дигар вилоёти шимолӣ тай 11 соли гузашта бо ҳузури неруҳои олмонӣ таъмин мешуд, ки ин неруҳо дар моҳи мизони соли қабл масъулияти таъмини амнияти ин вилоятро ба неруҳои амниятии афғон супурданд.

Фарзияи матраҳшуда аз сӯи мақомоти амниятии ҳавзаи шимол дар ҳангоми ноамн шудани вилоёти шимолӣ  ва шимоли шарқӣ дар байни солҳо 2010 ва 2011 - ро акнун бори дигар метавон дар вилояти Бадахшон матраҳ кард.

Бо таваҷҷуҳ бо наздик шудани фасли гармо, бори дигар Толибон аз халои амниятии ба миён омада пас аз хуруҷи сарбозони олмонӣ аз Бадахшон истифода карда ва аз чанд моҳ ба ин сӯ бо истиқрори неруҳояшон дар Бадахшон саъи бо ноамнсозии ин вилоят доранд.

Хадафи аслии гурӯҳи Толибон аз ташдиди ноамнӣ дар Бадахшон костани фишори ҷанг аз вилоятҳои ҷанубӣ аст, то ин гурӯҳ битавонад дар ин вилоятҳои пойгоҳҳои аслишон ба шумор мераванд бо дасти бозтар ба аъмол ва аҳдофи тахрибкоронаи хеш бар зидди давлати Афғонистон бипардозад.

Гуфта мешавад, ки Толибон ва дигар гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлати Афгонистон бинобар аҳдофи хосе, ки Покистон онро дунбол мекунад, мавриди ҳимояти густурдаи созмони иттилоотии ин кишвар "Ой, Ас,Ой" қарор дошта ва ба ҳамин далел, гурӯҳи Толибон кӯшиш дорад бо кам кардани фишори ҷанг аз вилоятҳои ҷанубӣ осон ва саҳлтар бо Покистон ҳомии деринаи худ дар иртибот бошад.

Истиқрори дубораи неруҳои олмонӣ

Бо тамоми инҳо, пас аз афзоиши ноамниҳо ва нокомии неруҳои амниятии афғон дар таъмини амнияти мустақилонаи Бадахшон, аз чанд рӯз бад-ин сӯ Олмон бори дигар иқдом ба истиқрори сарбозони хеш дар ин вилоят кардааст.

Расонаҳои олмонӣ аз забони Юрг Фулмар фармондеҳи кулли нерӯҳои олмонӣ дар шимоли Афғонистон гузориш додаанд, ки авзоъи амниятӣ дар Бадахшон ҷиддӣ аст ва ноамниҳо дар ин вилоят як чолиши бузург мебошад. Ин женероли олмонӣ гуфтааст, ки неруҳои амниятии афғон дар вилояти Бадахшон бори дигар аз неруҳои олмонӣ тақозои ҳимоят кардаанд ва бар ҳамин асос гурӯҳе ҳимоявӣ аз сарбозони олмонӣ дубора дар Бадахшон мустақарр шудаанд.

Ҳузури дубораи неруҳои олмонӣ дар Бадахшон бар амнияти ин вилоят таъсири мусбат хоҳад гузошт, аммо гурӯҳи Толибон аз ҳеч  гуна талош барои ноамнсозии Бадахшон даст бар нахоҳанд дошт.

Покистон ва талош барои бастани роҳи НАТО

Дар ду соли гузашта ва пас аз матраҳ шудани масъалаи хуруҷи комили неруҳои хориҷӣ аз Афғонистон то поёни соли 2014, чӣ гунагии хориҷ кардани таҷҳизот аз Афғонистон, яке аз чолишҳои аслии фаро роҳи кишварҳое аст, ки дар Афғонистон неру ва таҷҳизоти низомӣ доранд.

Покистон низ бо дар назардошти ин фурсати ба вуҷудомада саъӣ дорад, то ҳадди аксари истифодаро ба сӯи худ анҷом диҳад ва ҳамзамон бо доғ шудани баҳси хуруҷ аз Афғонистон бо баҳонаҳои мухталиф роҳро бар корвонҳои тадорукии НАТО баст, то бошад, ки бо ворид кардани фишор, аз ин тариқ битавонад аз Амрико ва дигар кишварҳое, ки дар Афғонистон неру ва таҷҳизоти низомӣ доранд ва дар талош барои хориҷ кардани онҳо ҳастанд, имтиёзгирӣ кунад.

Баста шурани масири убур ва мурури корвонҳои тадорукии НАТО тавассути неруҳои марзии Покистон, ки дар навомбари соли 2011 сурат гирифт ва ба дунболи он давлатмардони покистонӣ ба суръат эълон карданд, ки молиёти тараддуди марзӣ афзоиш ёбад, бори дигар ин масирро боз хоҳанд кард, гувоҳ бар ин мавзуъ аст, ки Покистон хостори имтиёзгирӣ аз ин масъала буда ва аст.

Бо таваҷҷуҳ бо ин масъала ва ҳамчунин ноамн шудани масири интиқоли тадорукоти нерӯҳои НАТО ба Афғонистон, ки аз марзҳои Покистон сурат мегирад, раҳбарони НАТО дар садади ёфтани маъбари ҷадиде барои интиқоли тадорукоти низомиёнашон ба Афғонистон ва дар ҷустуҷӯи гузаргоҳе барои хуруҷи таҷҳизоти низомӣ аз Афғонистон пас аз соли 2014 шуданд.

Дар ин миён, пас аз Афғонистон танҳо гузинаи мавҷуд барои Амрико ва соири кишварҳое, ки дар Афғонистон неру ва таҷҳизоти низомӣ доранд, истифода аз марзҳои шимолии Афғонистон  ва кишварҳои Осиёи Марказӣ барои интиқоли тадорукот ва таҷҳизоти низомӣ ба дохил ва хориҷ аз Афғонистон буд.

Амрико ва Бритониё аввалин кишварҳое буданд, ки талоши зиёде ба харҷ доданд, то маъбари хуруҷи таҷҳизоташонро аз тариқи кишварҳои Осиёи Марказӣ, чун Тоҷикистон, Узбакистон ва Қазоқистон фароҳам созанд ва барои расидан ба ин ҳадаф дар моҳи феврали соли қабли мелодӣ, раванди музокироти фишурдаеро бо роҳбарони ин кишварҳо низ оғоз кунанд.

Бо ин ҳол ба назар мерасад, ки раҳбарони кишварҳои Осиёи Миёна барои иҷоза додан ба хуруҷи корвонҳои низомии неруҳои НАТО аз Афғонистон аз тариқи кишварҳояшон чандон беалоқа нестанд. Хуруҷи нахустин корвони таҷҳизоти низомии Амрико аз вилояти Бадахшон ва аз тариқи пули ҷадиде, ки тавассути муҳандисони амрикоӣ бар фарози дарёи Ому сохта шуда буд, шоҳид бар ин муддаоъ аст.

Покистон дар ин миён шоҳиди аз даст додани туъмаи бузурге аст ва барои ба даст овардани дубораи ин туъма саъи ба тарҳи барномаҳое дорад, то вилояти Бадахшонро, ки Амрико ва муттаҳидонаш дар садад ҳастанд аз он ба унвони ҷойгузини Покистон барои хуруҷи таҷҳизоташ аз Афғонистон истифода кунад, ноамн созад.

Бар ҳамин мабно, Покистон эҳтимолан аз гурӯҳи Толибон, ки аз нуфузи қобили таваҷҷуҳе дар манотиқи наздик ба Бадахшон бархӯрдор аст, истифода мекунад, то Бадахшонро ноамн созад ва аз тариқи ноамнсозии ин вилоят, Амрико ва соири кишварҳои НАТО-ро аз тасмимшон мабни бар хурӯҷи тадорукот ва таҷҳизоти низомӣ аз Афғонистон аз тариқи марзҳои шимолии Афғонистон мунсариф кунад.

Аз се моҳ бад-ин сӯ дар вилояти Бадахшон ва ба тури хос дар вулусволии Вардуҷ ва Ҷурми ин вилоят таҳаррукот ва фаъолиятҳои муназзам ва созмондиҳишудае дида мешавад, ки боис ноамнии ин вилоят шудааст.

Афроди Толибон якҷо бо ҷангҷӯёни ҳизби исломӣ, ки ҳамроҳшон ҷангҷӯёни таҳрики исломии Узбакистон низ вуҷуд доранд, фаъолияти густурдаеро дар ду вулусволии Вардуҷ ва ҷурми Бадахшон оғоз кардаанд.

Муртазо Раҳимӣ

Рӯзноманигори афғон дар Олмон

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97