Оё дуои Путин Березовскийро гирифт?

Сиёсат 02.04.2013 09:45

BerezovskiҶасади Борис Березовский рӯзи шанбе дар хонааш дар наздикии Ландан пайдо шуд.

Пулиси Бритониё мегӯяд, шавоҳиди ба даст омада аз колбандшикофии ҷасади Березовский, сармоядори рус, нишондиҳандаи он аст, ки ӯ дар асари худро овехтан мурдааст.

Ҷасади Березовскийи 68-сола, ки аз мухолифони сарсахти Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия буд, рӯзи шанбе дар ҳаммоми виллааш дар атрофи Лондон пайдо шуд.

Дар ин баррасиҳо ҳич нишонае аз даргириии хашин дида нашудааст. Озмоишҳои бештар бар рӯйи ҷасади Березовский дар ҳоли анҷом аст.

Пулиси маҳаллӣ эълом карда таҳқиқот аз хонаи Березовский то чандин рӯзи дигар идома хоҳад дошт. Пулиси маҳаллӣ пештар ҳам эълом карда буд, ки ҳич асаре аз дахолати берунӣ дар марги Березовский пайдо накардааст.

«Прихватизатсия» Березовскийро сарватманд кард

 Березовский пас аз суқути низоми коммунистӣ дар Русия дар даҳ-ҳаи 1990 ва хусусисозии амволи давлатӣ ба сарвати ҳангуфте даст ёфт.

Ӯ дар соли 2000 бо сармояи калоне аз Русия ба Бритониё гурехт ва дар соли 2003 расман паноҳандагӣ гирифт. Ва дар солҳои ахир миқдори бисёр зиёде аз сарвати худро аз даст дода буд.

Борис Березовский аз дӯстони Александр Литвиненко, маъмури собиқи КГБ буд, ки дар соли 2006 дар асари масмумияти радиоактив ҷони худро аз даст дод. Литвиненко дар Лондон бо плутониум 210 масмум шуда буд. Давлати Русия ва Борис Березовский якдигарро ба даст доштан дар марги Литвиненко муттаҳам карданд.

Бо ин ҳол, Березовский шаби қабл аз маргаш ба хабарнигори маҷаллаи “Форбс” гуфта буд, ки назараш дар бораи бисёре аз масоил тағйир карда ва зиндагиаш бемаънӣ шуда ва орзу дорад ба Русия бозгардад.

Ба гуфтаи як сухангӯйи Кремлин, Березовский ба тозагӣ номае ба В. Путин навишта ва хоҳони баргашт ба Русия шуда буд. Аммо ин нома то ҳол нашр нашудааст ва кам касе пайдо хоҳад шуд, ки ба ин ҳарфҳо бовар кунад. Зеро муборизаи хастагинопазири Путин бо мухолифонаш дар ин авохир аз он шаҳодат медиҳад, ки Путин ба ҳич кассе гузашт нахоҳад кард. Ба хусус Березовскийро, ки дар тазоҳуроте дар соли 2010 бо бардоштани шиори «Я тебя породил, я тебя уйму» дар муқобили сиёсатҳои Кремл ширкат карда буд.  

Березовский ва Путин

Березовский, ки аз соли 2000 ба Бритониё муҳоҷират карда буд, аз сарватмандони соҳибнуфузе буд, ки бо Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дучори мушкил шуд.

Ӯ, ки дар Русия таҳти таъқиб буд, аз чанд суиқасд ҷони солим ба дар бурда буд. Дар яке аз ин маворид инфиҷори бомб боиси қатъи сари ронандаи Березовский шуда буд.

Ба назари коршиносон бо ба рӯйи кор омадани Владимир Путин ситораи Березовский уфул кард.

Аммо акнун суоле, ки матраҳ мешавад, ин аст, ки оё воқеан Борис Березевский бо марги худ ҷон ба ҷонофарин супурдааст ва ё бо кумаки Кремл сарнавишти ҷанҷолбарангези ӯ бо фоҷиа хатм шуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97