Чаро тасвиби созишномаи пойгоҳи низомӣ тӯл мекашад?!

Сиёсат 01.04.2013 14:08

poygohi-201"Миллат" ин ҳафта бо суоли ин ки; Чаро тасвиби созишномаи пойгоҳ тӯл мекашад? Оё Амрико фишор меорад ва ё муомила миёни Тоҷикистон ва Русия ҳоло напухтааст(?), ба суроғи чанде аз соҳибназарон рафт:

Rahmatullo ZoirOVVV

 

 

Раҳматилло Зойиров, ҳуқуқшинос ва сиёсатмадор:

Дар ин масъала моҳиятан Амрико таъсир расонида наметавонад. Аммо, ин ё он пешниҳоди Амрико албатта рохбарияти давлатро ду дила карда метавонад. Сабаби асосии тӯл кашидани тасвиби созишномаи пойгоҳ ин ба хулосаи умумӣ наомадани тарафайн дар мушаххас кардани манфиатҳост. Мушаххас, ин ҷо равшан будани вазъияти худи Президенти кишвар мебошад, яъне Русия дар интихоботи оянда чи мавқеъ мегирад ва худи пойгоҳ кадом вазифаҳоро иҷро намояд.

 

OiniholОйниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос:

Ҳар гуна созишномаҳо, аз ҳарду тараф, агар бисёртарафа бошад, аз ҳамаи тарафҳо манфиатҳои худро дорад. Бинобар ҳамин ман фикр мекунам, ки агар дар муқоиса бигирем, созишномае, ки байни Русия ва Қирғизистон дар баъзе мавридҳо шуд ё ин, ки байни дигар давлатҳо мешавад, асосан манфиатҳои ин давлатҳо ҳам ба назар гирифта мешавад. Дар айни ҳол ман фикр мекунам, ки Тоҷикистон мумкин мехоҳад ва шояд кӯшиш мекунад, ки як манфиате аз ин чиз ба даст биёрад. Сабаби кашол ёфтани имзои ин созишнома ба андешаи ман ҳамин аст, ки тарафҳо ҳанӯз ба як фикри дақиқ наомадаанд, агарчанде ки дар сатҳи боло гӯё ки бисёр масъалаҳо дар ҳамин маврид ҳал шуд. Аммо фикр мекунам, ки баъзе масъалаҳои конкретӣ аст, ки Тоҷикистон бояд ин манфиатҳои давлат ва мардумро низ ба назар бигирад, чунки васоити ахбор ва қисми зиёди мутахассисон аз он мегуфтанд, ки ин созишнома асосан ба нафъи Русия ҳаст. Чун баҳсу норизоиятиҳо дар ин маврид, ки ин ҷо манфиати Тоҷикистон ба назар гирифта нашуд, зиёд шунида шуд, ба ҳамин сабаб ба фикри ман ҳоло гуфтугузорҳо давом карда истодаанд.    

Abdufattoh01Абдуфаттоҳ Воҳидов, журналист:

Дар вазъи кунунии сиёсии минтақаи Осиёи Марказӣ, ки кишварҳои Ғарб нақша доранд соли оянда аз қаламрави Афғонистон нируҳояшонро хориҷ кунанд, пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон метавонад нақши муҳим дошта бошад. Тоҷикистон наметавонад амнияти марзҳояшро сарфи назар кунад. Бинобар ин масъалаи пурра ба имзо расондани созишнома албатта ҳаллу фасл мегардад. Дар ҷараёни омода сохтани созишнома, эҳтимол, байни ду кишвар то ҳол масъалаҳои ҳалношуда боқӣ мондаанд. Аз ҷумла, ба андешаи ман, вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз ҷумлаи он масъалаҳое аст, ки бидуни ҳалли он ҳалли мусбати масъалаҳои дигар, аз ҷумла масъалаҳои низомӣ низ мушкил аст. Илова бар ин, Тоҷикистон дар ивази пойгоҳи низомии кишвари Рус метавонад суди бештари иқтисодӣ талаб кунад ва, эҳтимол, ҳамин масъала боиси тӯл кашидани ба имзорасии созишнома гардида бошад.

ZiyratshoЗиёратшоҳи Аҳмадшоҳ, хабарнигор:

Ба назари ман ба дарозо кашидани масъалаи тасвиби созишномаи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон ба кадом фишор ё дахолати кишварҳои севвум рабт надорад.

Масъала сари ин аст, ки давлати Тоҷикистон мехоҳад то ки давлати Русия тамоми ваъдаҳои додаи хешро бар ивази ҳузури ройгони низомӣ дар Тоҷикистон замонат бидиҳад. То ҳол танҳо ду тафоҳумномаи замони сафари Владимир Путин раиси ҷумҳурии Русия ба Тоҷикистон миёни ду ҷониб имзо шуда,  ба қарордоди мушаххас табдил шудаанд.

Яке тамдиди муҳлати сабти номи шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия аз 7 то 15 рӯз ва дигаре воридоти 1 миллион тонна фаровардаҳои нафтӣ аз Русия бидуни пардохтҳои гумрукӣ мебошад.

Аммо раванди анҷоми расмиёти дохилидавлатии ин созшномаҳо низ ба итмом нарасида, то ҳол ин ду санад мавриди иҷро қарор нагирифтааст. Дар баробари ин Тоҷикистон интизори он аст, ки масъалаи тамдиди амали иҷозатномаи корӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия аз 1 то се сол низ ба сурати қарордоди дуҷониба ба имзо расад. Аз сӯи дигар сафари Валерий Герасимов раиси ситоди кулли нируҳои мусаллаҳи Русия ба Тоҷикистон низ далели он аст, ки Душанбе мехоҳад феҳристи дақиқи кумакҳои низомии Маскав ба артиши Тоҷикистон таҳия ва тасвиб шавад.

Ҳамзамон Русия дар мавриди бунёди ниругоҳҳои барқии мутаввасит дар рӯдхонаҳои дохилии Тоҷикистон то ҳол хомӯш аст. Дар ҳоле ки ин масъала низ ҷузъе аз кумакҳои Русия бар ивази тамдиди ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон дониста мешавад. Аммо дар ин зимн як нуктаи муҳимме низ ҳаст, ки эҳтимол тасвиби созишномаи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро ба таъвиқ андохтааст. Баъид нест, ки давлати  Тоҷикистон бар ивази тасвиби ин созишнома аз Русия кадом замонатеро дар робита ба интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар мехоҳад.

Mirzosaid SultonovМирзосаид Султонов, номзади илмҳои иқтисодӣ:

Ҳар як созишномаи байнидавлатӣ барои манфиатҳои иқтисодӣ ва сиёсии давлатҳо таъсирбахш мебошад. Барои ҳамин пеш аз имзо намудани шартномаҳо бояд тамоми тарафҳои мусбат ва манфии он ба инобат гирифта шавад. Давлатҳои ҷавон ҳангоми имзои ин гуна шартномаҳо камтар манфиат мебинанд. Чунки бо услуб ва ҳамоҳангсозии созишномаҳои байнидавлатӣ хуб шинос нестанд. Барои ҳамин тӯл кашидани имзои созишнома оиди пойгоҳ ин бояд кори ғайриодӣ набошад. Ва аз ин пас ҳар як созишномаи муҳим бояд дар муддати дурудароз  пас аз таҳлилҳои амиқ баста шавад. То ҳар ду тараф барои дарки комили масъалаи мазкур вақти кофӣ дошта бошанд.

Ahmadshoh Komilzoda

 

Комилзода Аҳмадшоҳ, таҳлилгар:

Бале, муомилаи миёни Тоҷикистону Русия ҳануз напухтааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97