Оё исломситезӣ ва саҳйунизм ҳарду дар як сатҳ ҷиноятанд?

Сиёсат 18.03.2013 14:18

Дар як конфронси ҷаҳонӣ зери парчами СММ дар шаҳри Вена сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон гуфт, исломситезӣ бояд мисли "саҳйунизм, ақоиди зидди сомӣ ва фашизм" ҷиноят бар зидди инсоният арзёбӣ шавад.

Бисёре аз мақомоти ғарбӣ, аз ҷумла, котиби давлатии ИМА Ҷон Каррӣ ин изҳороти Эрдуғонро маҳкум намуда ва онро таблиғи яҳудбадбинӣ унвон кардаанд. Вазири хориҷаи Амрико гуфтааст, изҳороти ахири сарвазири Туркия дар бораи саҳйунизм (сионизм) "қобили эътироз" мебошад. Ӯ гуфтааст, "мо ба ин гуфтаҳо на танҳо мувофиқ нестем, балки онро қобили эътироз мешуморем".

Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу низ ин изҳороти Эрудғонро маҳкум намудааст.

Назари шумо чист?

Оё исломситезӣ ва сайҳунизм ҳарду дар як сатҳ ҷиноятанд?

Hurinisso GaforzodaҲуринисо Ғаффорзода:

1. Воқеан дар ҷаҳони имрӯз, ихтилофи назарҳо дар ҳошияи динситезӣ дорад рӯз то рӯз боло рафта истодааст. Албатта изҳороти Эрдуғонро ман як назари эҳсосотӣ ё тавваҷҷуҳи ҳадафманд медонам.

2. Аз нигоҳи таҳлилилӣ исломи азизро дар пояи саҳйунизм гузоштан ин дар шахсияти як кишваре, ки тӯли чорсад сол дошт Маккаро идора мекард, магар иштибоҳ нест!?

3. Ғарб ҳама ҳолат аз ин ноаҳлии мо мусалмонон дорад барои худ бурд мекунад.

4. Саҳйунизм дорад манфиатҳои худро чӣ дар олами Ғарб ва чӣ дар Шарқ бо кадом роҳе ки ҳаст амалӣ кардан мехоҳад. Вале рӯзе мерасад, ки дар бозиҳои худ ғарқ мегардад. Таҳавуллотҳои бедории Шарқ мавқеи саҳйунизмро танг мекунанд.

5. Мардуми мусалмон, оқилона ва сулҳомезона бояд ин фурсатро ба манфиати хеш истифода намоянд.

Mehri SobiriynМеҳр Собириён:

Бо ин изҳоротҳои аз воқеъият дури худ ҷаноби Эрдуғон танҳо думболи манфиати худу ҳизби хеш, яъне раъйи интихобкунандагон мегардад. Бо ҳам овардани ин ду -исломситезӣ ва саҳйунизм маъно надорад. Чунки исломситезӣ воқеъият нест ва нест давлате ё ташкилоте, ки ҳадафи он нобуд кардани ислом бошад. Аммо саҳйунизм воқеъият аст ва ташкилотест, ки ҳадафҳои равшан, яъне мутаҳидсозии ҳамаи яҳудиён ва баргардондани онҳо ба сарзамини падарияшон, дошт ва онҳо ба ин мақсад расиданд ва давлати мустақили худро сохта ба зинаи постсионизм расиданд. Ҳоло аз усули расидан ба ҳадаф чизе намегӯем. Аммо бо фашизм баробар кардани он аз инсоф дур аст. Чунки фашизм мақсадҳои зиддибашарӣ дошт, аммо саҳйунизм мақсади баргаштан ба хонаи фарҳангии худро дошт. Мақсад ё орзуе, ки ҳар як тоҷики бохирад дар сар дорад.

Бале имрӯз мубориза ба зидди тундравони исломӣ вуҷуд дорад, лекин исломситезӣ ё душманӣ бо ислом нест. Чунки ислом боварӣ аст ва ба он ё бовар мекунӣ ё бовар намекунӣ, душманӣ ё дӯстиро бо пайравонаш мекунанд, ки ин тамоман дигар аст. Мубориза бо баъзе "пайравон"-и ислом, ки онҳоро пайрави ислом ҳам гуфтан дуруст нест, аз ҷумла Толибон, Таҳририён, Бини Лоданиён ва дигарон пеш аз ҳама вазифаи худи мусалмонҳост. Чунки бо ҳама амалҳои экстремистии зиддибашариашон ин тундравон номи исломро сиёҳ мекунанд.

Худи ҳамин ҳукумати Туркия ҳам бо давлати ташкилнамудаи саҳйунистон-Исроил доду гирифт дорад. Бо ёрии технологияи онҳо шермарди ҳамнажоди мо Абдулло Аҷо-ланро дастгир карданаш аз ёдҳо нарафтааст. Баъди бар сари қудрат омадани Эрдуғон ҳам ҳамкориҳояшон давом дорад. Агар саҳйунизм "ҷинояти зидди инсоният" бошад, пас чаро бо ба сари қудрат омадан худи Эрдуғон ҳамаи муносибатҳоро бо Исроил наканд? Посух одист, чунки худи Эрдуғон ҳам ба изҳороти худ боварӣ надорад.

Хуллас, ин изҳороти ҷаноби Эрдуғон танҳо ба хотири мондан дар сари қудрат аст. Ӯ бо шиорҳои исломӣ сари қудрат омад, аз ҳиссиёти динии мардум истифода бурда, боз мехоҳад бо чунин изҳорот, аз ҳиссиёти мазҳабии мардум суистифода карда дар сари қудрат бимонад. Дигар чизе нест, исломситезӣ воқеъият 

Abdulohi MuhaqiqАбдуллоҳи Муҳаққиқ:

Исломситезию исломҳаросӣ ва саҳйунизм ҳар ду падидаи зидди башарӣ ва як ҷиноятанд.

Ислом ва саҳйунизм ду мабдаи аз ҳам ҷудо ва зид мебошанд. Ислом-роҳи наҷот ва саъодати башарият аст, ки аз ҷониби Худо барномарезӣ гаштааст! Саҳйунизм ташкилоти махсуси махфӣ ва хадамоти ҷосусии мустаъмсироти байналмилалӣ мебошад, ки барои ғасби ҳокимият, ғорати моликият ва эҷоди терроризму экстремизм ва барҳамзадани ухувату бародарӣ навъи башар аз ҷониби душманони башарият роҳандозӣ гардидааст. Дар садри муаззами Саҳйунизм 300 нафар триолдерҳои яҳудӣ барномарез алайҳи Ислом ҳастанд! Исломситезӣ низ аз ҷониби ҳамин хадамоти ҷосусии Яҳудият-саҳюнизм роҳандозӣ шудааст!

Изҳороти Эрдуғон комилан дуруст мебошад. Исломситезӣ ҳамчун категорияи ҷиноят, ки моҳияти зиддибашарӣ дорад, бояд аз ҷониби умум эътироф гардад!

Саҳйунизм ҳамчун Ташкилоти Олии назоратии яҳудие мебошад, ки мехоҳад тамоми оламро зери қудрати худ гирифта, идора намояд ва ин ташкилоти саҳйунистӣ 1867 кору фаъолияти худро дар асоси барномаҳои тарҳрезигаштаи яҳудиён пурқуват намуд, ба ибораи дигар: "Глобальный заговор олигархов". "Комитет 300" выступает как верховный контролирующий орган, который, по мнению автора, управляет миром с 1897 года. Целью заранее сконструированного плана является создание единого унифицированного мира и единого мирового правительства. Вся духовная жизнь сосредоточится в рамках одной церкви, которая тайно уже действует с 1920 года. По основным направлениям уже ведутся секретные исследования и разработки в тайных лабораториях мирового правительства.

По информации Колемана, в "Комитет 300" входят самые влиятельнейшие политические фигуры, как, например, Джордж Буш, почти все королевские дома Европы, а также Дэвид Рокфеллер и другие крупные финансисты.".

Ҷараёнҳои ба ном диние ба монанди "Ҳизбут-т-таҳрир-ал-исломия, ҷараёни ифротгарои "Салафия", "Ансоруллоҳ", "Толибон" ва шабакаҳои "Аҳли байт"- Ҳасан Аллоҳёрӣ ва "Висол"-и Муллозода аз ҷумлаи ташкилотҳои саҳйунистие мебошанд, ки фаъолияту таблиғоташон танҳо исломситезӣ ва исломҳаросӣ мебошанд. Ҳамаи ин ҳизбу ҳаракатҳои фавқуззикр, ки моҳияти тундгароӣ ва экстремистӣ дошта, аз ҷониби саҳйунизми байналмилалӣ сармоягузорӣ гардида, ба дини ислом ва арзишҳои умумибашарии фарҳангу маорифи исломӣ ҳеч иртиботу алоқамандӣ надоранд. Балки ҳадафҳои саҳйунистонро дар ҷомеаҳои исломӣ татбиқ месозанд.

Исломҳаросию исломситезӣ ва саҳйунизм падидаи як мактаби идеоложии яҳудият буда, як ҷиноятанд!

MehmonshohМеҳмоншо Шарифзода:

Сарвазири Туркиё ҳақ аст ва табиист, ки сиёсатмадорони амрикоӣ ва яҳудӣ инро намеписанданд, чаро ки худ тарроҳони аслии ин барномаанд. Дар ин маврид се чизро қайд карданиам; якум, ба ҳамагон маълум аст ки бозингари фаъоли сиёсии дунёи имрӯз баъди пош хурдани Шуравӣ Амрикост ва ҳам маркази ҷаҳонишавӣ, як вақтҳо Аврупо буд, имрӯз онҷост. Баъди пош хурдани Шуравӣ назариётчиёни амрикоӣ фикр карданд тамом акнун ба "охири таърих расидем" (Фукуямо) ва дар аввал ҷаҳони Исломро ба назар нагирифтанд, гӯё тамом, либерализм аз болои ду мухолифи худ фашизм ва коммунизм ғалаба кард, акнун дорад дар тамоми дунё ғалаба мекунад. Ва ин фикри хом баромад, рӯйдодҳо нишон доданд, ки мардуми дигар акнун доранд таърихи худ, ҷаҳони худро сохта истодаанд. Ва назарияи дигари калидии сиёсати Амрико "бархурди тамаддунҳо" (Ҳантингтон) ин рӯйдодҳоро ба раванди сиёсати худ мувофиқ тафсир карданд ва ба бунёди ин "исломбадбинӣ" на фақат дар дунёи Ғарб, ҳатто дар дохили мамлакатҳои Исломӣ низ, муваффақ шуданд. Ин падидаро, ки бо мавҷи ҷаҳонишавӣ, ки зиёдтар хусусияти сиёсӣ дорад дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон ҳам метавон ҳис кард. Дуввум, дар бисёр мамлакатҳои мусулмонӣ аз ҷумла Туркия, ҳарчанд дунявӣ эълон шуда бошад, исбот карда истодаанд, ки Ислом террор нест ва ҳаёти мардумро болои арзишҳои дигар ҳам сохтан мумкин аст ва «марказ» танҳо Аврупо ё Амрико нест... Ва сеюм, ин ки ҳануз таъсири элитаи сиёсии яҳудӣ дар сиёсати Амрико зиёд аст ва онҳо аксар худ саҳйунист ҳастанд ва таъсири онҳо дар ташкили ҷаҳоне, ки бунёдаш бар исломситезист, калидӣ аст ...

barzuБарзу Абдураззоқов:

Мутаассифона ҳарду аз ин ҷараён (таассуботи исломӣ намунаест, ки дар ҳоли ҳозир Покистон ва Афғонистони тираву анбуҳ ва ҳамчунин Саудии фурухташуда, ва аз сӯи дигар Амрикои яҳудӣ), барои ман ин воқеият аст, ки мадорик ва шавоҳиде аз Муҳаммад (с) аз анҷоми он моро ҳушдор медиҳад. Ҳама нишонаҳо рушан аст, ки поён наздик аст ва аз ду ҷаҳони мабҳутасос мутаннафирам. Худо фаромӯш шудааст. Мардум кучак шудааст, Имон ва Виҷдонро мардуми нафратангез иваз кардаанд, ки ман аз онҳо комилан мутаннафирам.  Аз забони Шекспир мехоҳам бигӯям: Вабо дар ҳарду хонаи шумост! Худованд, Даҷҷол наздик аст!

 

Салам Муҳаббат:

Бешубҳа.

Nurali DavlatНуралӣ Давлат:

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамеша аз сайҳунизм ҳимоят мекард, бинобар ин, ҷои тааҷҷуб нест, ки намояндагони Кохи сафед дар мавриди изҳороти Эрдуғон чунин вокуниш нишон додаанд. Сайҳунизм дар Иттиҳоди шуравӣ ва кишварҳои зиёде маҳкум мешуд. Яке аз сабабҳои аслии ин маҳкумият эътироф накардани ҳуқуқи мардуми Фаластин барои таъсиси давлати Фаластинро нодида мегирифтанд ва имрӯз ҳам онро эътироф кардан намехоҳанд.

Аммор имрӯз мо мебинем, ки кишварҳо ва созмонҳои зиёде имрӯз дар ҷаҳон вуҷуд доранд, ки давлати Фаластинро мехоҳанд ба расмият бишиносанд, вале Тел-Авив бо гузашти беш аз 65 сол ҳозир нашудааст, ки ҳуқуқи мардуми Фаластинро эътироф кунад. 

Санадҳои байналмилалӣ ҳама гуна табъизи динӣ, нажодӣ ва миллиро ҷиноят ҳисоб мекунад, аз ин нуқтаи назар, ҳам сайҳунизм ва ҳам исломситезӣ ҷиноят мебошанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97