Шукурҷон Зуҳуров: «Пешпо нахӯред!»

Сиёсат 15.03.2013 17:33

shukurdzhonzuhurov 2Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон рӯзи 11-уми март  дар маросиме ба муносибати Рӯзи матбуот, ки бо ҳузури иддае аз хабарнигорон  баргузор шуд, гуфт, ки хабарнигорон нируҳои таъсиррасон ба афкори ҷомеа ҳастанд ва дар пӯшиши мушкилоти ҷомеа фаъолона мусоидат мекунанд. 

Раиси парлумони Тоҷикистон фаъолияти расонаҳои мустақилро ба хусус омили рушди озодии баён дар кишвар арзёбӣ кард.

Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки озодии баён бар асоси қонунҳои кишвар танзим шуда ва фазои мусоидро барои баёни андеша ва фикр фароҳам месозад.

Ӯ бо ишора ба қазияҳои ахири додгоҳӣ алайҳи нашрияҳо, ба хабарнигорон хитоб кард, ки аз ин қазияҳо наҳаросанд, балки бештар дар фаъолияти худ дар нашри матолиб, дақиқкор бошанд.

Ба таъкиди ҷаноби Зуҳуров, имсол соли муҳим - интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аст ва бояд меъёрҳои қонун ҳамеша мадди назар бошад, то мушкилоте дар фаъолияти журналистон пеш наояд. Раиси парлумон дар мулоқот бештар ба баррасии фаъолияти расонаҳои мустақил такя кард ва гуфт, ки ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо расонаҳост ва аз озодии баён дар кишвар пуштибонӣ мекунад.

Ӯ аз ҷумла зикр кард, ки қариб бештари матбуъотро мутолиа мекунад ва гила аз он кард, ки дар аксари маврид унвони мақола ба матни он мутобиқат намекунад. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97