Ҳамлаи дастгоҳи Ҳомид Карзай ба забони тоҷикӣ (форсӣ)

Сиёсат 15.03.2013 16:35

Чӣ касе барои забони форсӣ дар Афғонистон тасмим мегирад?

KarzayҚарори ахири Шӯрои вазирони Афғонистон дар бораи истифода накардани ба истилоҳ "забонҳо ва лаҳҷаҳои бегона", на танҳо амалӣ нест, балки аз бисёр ҷиҳат душвор аст онро нигаронии қонунии (машруи) давлат дар ҳавзаи фарҳанг ё иҷмоъ бар  шумурд.

Бар асоси хабарномаи Дафтари раёсати ҷумҳурӣ, Шӯрои вазирон дар ҷаласае бо ҳузури Ҳомид Карзай раиси ҷумҳурӣ, дастур додаст, ки: "радио ва телевизионҳо … аз пахши барнома бо лаҳҷаҳои ғайримеъёрӣ, калимоти номаънус ва истифода аз забонҳо ва лаҳҷаҳои бегона ҷиддан ҷилавгирӣ кунанд".

Дар бахши дигаре аз хабарномаи раёсати ҷумҳурии Афғонистон, ки дар он нисбат ба корбурди лаҳҷаҳо ва забонҳои бегона ибрози нигаронӣ шуда, омадааст: "Шӯрои вазирон рӯи чигунагии истифода аз мусоидатҳои хориҷӣ суҳбат намуда, вазоратҳои умури хориҷа ва молияро муваззаф намуд, ки тайи маҷлиси ҳамоҳангияшон бо кишварҳои (дунар) донор тафоҳум намоянд…".

Агар аз костаҳои фаровоне, ки ин хабарнома аз назари дастури забонӣ, сохтор ва ҷумалоту корбурди вожаҳо дорад, бигзарем, истифода аз вожаҳои мисли; "дунар, катгурӣ, конолизосиюн, суктур, луҷистик ва мостарилон" дар он нишон аз густурдагӣ ва корбурди вожаҳои ғайрифорсӣ ва бегона дар сатҳи идороти давлатиро дорад.

Ин дар ҳоле аст, ки ҳар як аз ин калимот, муъодилҳо ва таркибҳои муносиб ва қобили фаҳме дар забони форсӣ доранд, ки бештар рӯзноманигорон ва фарҳангиёни афғон саъи мекунанд корбурди онҳоро роиҷ созанд.

Бар хилофи он чи мумкин аст бардошти Шӯрои вазирон бошад, истифода аз иборот ва вожаҳое мисли "кишварҳои кумакдиҳанда" ба ҷои "дунар", ва ё "бахш" ба ҷои "сактур" ва ё "фозилоб" ба ҷои "конолизосиюн" талоше барои зудудани калимоти номаънуси бегона аз забони форсӣ ва кумак ба густариши корбурди вожаҳои асили форсӣ аст.

Мухотаби ин иттилоъия кист?

Бо таваҷҷуҳ ба номафҳумиҳои фаровоне, ки ин хабарнома дорад, мушаххас нест, ки  оё мухотаб он воҳидҳои расонаҳои идорот ва вазоратхонаҳои вобаста ба давлат аст ё шомили ҳоли расонаҳои хусусӣ низ мешавад. Ин низ мушаххас нест, ки кадом забонҳо мадди назари иттилоъия будааст.

Аммо корбурди вожаҳои ғайрифорсӣ дар матни иттилоъия, ин гумонро тақвият мекунад, ки манзур аз мамнуъияти корбурди вожаҳо ва забонҳои бегона, на инглисӣ, балки гӯишҳои мутафовути забони форсӣ аст.

Ба хусус ин ки аввалин бор нест, ки иқдомоти мақомоти давлати Афғонистон дар он чи ки эъмоли салиқа дар ҳавзаи забон ва фарҳанг хонда мешавад, мунҷар ба ҷанҷол шудааст.

Танбеҳ ва барканории хабарнигори телевизиони миллӣ дар шимоли Афғонистон ва ҳамлаи физикӣ ба Масъуд Таршутвол, раиси муассисоти таҳсилоти олии Афғонистон, ҳар ду маврид ба ҷурми истифода аз вожаҳои форсӣ, ҳазфи забони форсӣ аз лавҳаҳои бархе марокизи давлатӣ, тағйири номи нигористони миллӣ ба Галерии миллӣ, рехтани ҳазорон ҷилд китоби форсӣ ба рӯдхонаи Ҳирманд ба баҳонаи таҳоҷуми фарҳангии Ирон, аз ҷумлаи амалҳо ва иқдомоте аст, ки ба сурати густурдаи "форсиситезӣ таъбир мешавад.

Иборати "лаҳҷаҳои бегона" дар иттилоъияи дафтари раёсати ҷумҳурӣ метавонад ишора "лаҳҷа" - и иронӣ ва тоҷикии афғонҳое аст, ки солҳои зиёде дар Ирон ва Тоҷикистон зиндагӣ кардаанд ва бархе аз онҳо акнун дар расонаҳои дохилии Афғонистон ба кор машғуланд.

Лаҳҷаи меъёрӣ ва ғайримеъёрӣ?

Форсӣ мисли бисёре аз забонҳои умдатан шарқӣ, ду шакли навишторӣ ва гуфторӣ дорад. Забони форсии Афғонистн, Ирону Тоҷикистон, тафовутҳое дар шакли гуфторӣ ё гӯиш дорад, ки бештари коршиносон онро ғанои ин забон ба ҳисоб меоваранд. Аммо дар шакли навишторӣ ва ё хониш, ин тавофутҳо вуҷуд надорад ва ё тақрибан ночиз аст.

Гузашта аз он ки шумори қобили мулоҳизае аз афғонҳо дар Ирон таҳсил кардаанд, китобҳои чопшуда дар Ирон дар даҳаҳои гузашта бузургтарин манбаъи донишҷӯён, пажуҳишгарон ва алоқамандон ба китоб дар Афғонистон будааст.

Ин таъомули наздик ба навиштор ва забони форсии роиҷ дар Ирон ба мурури замон таъсироте бар рӯи ҷомеъа дошта, ки то пеш аз ин тақрибан ҳеч гоҳ дар сатҳи кобина ё раҳбарии давлатҳои пешини Афғонистон матрах нашуда буд.

ғановати танаввуъи (гуногунии) гӯишҳои забони форсӣ дар ҳар се кишвари форсизабон ба ҳадде аст, ки мардумони ҳар шаҳр ва ҳатто бархе рустоҳо ҳам гӯиши хоси худро доранд.

Бо ин ҳол, маҳдудияти густураи вожаҳо дар гӯишҳои маҳаллӣ боис мешвад, ки барои таомул ва иртибототи расмӣ - иҷтимоӣ муносиб набошад.

Рӯзноманигорон, сиёсатмадорон, мақомоти ҳукуматӣ ва иҷтимоӣ, ағлаб аз гӯиши содда ва қобили фаҳм барои умум, дар иртибототи худ бо ҷомеъа истифода мебаранд. Аммо бо вуҷуди сохтори дастури забони меъёрӣ дар чунин гӯише, оҳанги талаффузи вожа камокон мутаассир аз гӯиши маҳаллии афрод аст.

Ба ҳамин далел аст, ки коршиносони забон бар ин боваранд, ки ёдгирӣ ва тақлиди як гӯиш ба маротиб душвортар аз ёдгирии забони меъёрии ҳамон гӯиш аст.

Масалан афғонҳое, ки як забони хориҷиро аз хурдсолӣ ва дар муҳити он наомӯхтаанд, фориғ аз дараҷаи тасаллути онҳо бар он забон, ба нудрат метавонанд таъсири гӯиши бумии худро дар талаффузи калимот пинҳон кунанд.

Бар хилофи ёдгирии як забон, гӯиш ё лаҳҷа ба мурури замон ба амре ғаризӣ табдил мешвад; масалан шаҳрвандони бадахшӣ ё ҳиротӣ бидуни он ки ниёзе дошта бошанд ба тарзи талаффузи худ фикр кунанд, бо ин гӯишҳо суҳбат мекунанд, дар ҳоле, ки суҳбат кардан ба гӯиши кобулӣ барои онҳо холӣ аз душворӣ нахоҳад буд.

Ба ин тартиб, авомили зиёде дар шаклгирии як гӯиш вуҷуд дорад ва тағйир додан ва таклид аз як гӯиши хоси меъёрӣ бар хилофи тасаввур ба осонӣ мумкин нест.

Оё ба "лаҳҷаи меъёрӣ" ниёз аст?

Ағлаб расонаҳо дар кишварҳои пешрафта истифода аз гӯишҳои мухталифро роҳи муассир барои иртиботи беҳтар бо мухотаб медонанд ва аз он истиқбол мекунанд. Гӯишҳои мутафовити муҷриёни як шабака, расона бар "истоил" ё улгуи мушаххаси навишторӣ ва гуфторӣ ва сиёсатҳои хабарӣ таъсире надорад.

Ба иборате гӯиши абзорӣ - фарҳангӣ ва ағлаб дилчасп барои барқарории иртибот бо мухотаб аст. Гузашта аз он, аз назари фарҳангӣ низ барномаҳое бо ҳадафи зинда нигоҳ доштан ва ё қадрдонӣ аз танаввуи лаҳҷаҳо ва ё ошноии кӯдакон бо лаҳҷаҳои гуногун сохта мешавад.

Масалан шабакаи кӯдакии БиБиСи машҳур ба 'CBEEBIES, аз ҷумла барномае ба ин номро тавлид мекунад, ки шахсиятҳои он ба гӯиши маҳаллӣ 'Balamory?, искотландӣ суҳбат мекунанд.

Чунин тавлидоте на танҳо ба кӯдакон дар мавриди гӯишҳои мухталифи инглисӣ омӯзиш медиҳад, балки дар ирқоъи эҳтироми мутақобил ба забонҳо ва фарҳангҳои маҳаллӣ низ муассир аст.

Гӯиш ва сохторҳои дастурии забон

Бо ҳама он чи гуфта шуд, лаҳҷа ё гӯишҳои маҳаллӣ наметавонад талаффузи нодуруст ва ё адами риояти куллии дастури забон ва ё иштибоҳ дар имлои вожаҳоро тавҷеҳ кунад.

Забони форси меъёрӣ ҳамзамон бо ҳифзи таъми гӯишҳои маҳаллӣ, орӣ аз иштибоҳоти дастурзабонӣ, сохторӣ ва ё имлоӣ аст.

Тарзи талаффузи вожаҳо аз сӯи афроде, ки дар Эрон таҳсил кардаанд, метавонад то ҳадде мутафовит аз талаффузи ҳамон вожаҳо аз сӯи як кобулӣ  ё мазорӣ бошад.

Аммо чунин тавофутҳое дар талаффуз дар миёни ҳиротиҳо ва бадахшониҳое, ки ҳаргиз Эрон набудаанд, низ сидқ мекунад (ҷой дорад).

Суҳбат кардан бо гӯиши дилхоҳ, ҳаммонанди забон, аз ҳуқуқи аввалияи шаҳрвандони ҳар кишвар аст. Тафовути қоил шудан миёни лаҳҷаҳо ва бартарӣ додани яке бар дигаре таҳти унвони меъёрӣ ва ғайримеъёрӣ ва хурда гирифтан  бар лаҳҷаи афрод дар қавонини бисёре кишварҳо метавонад табъиз (нақзи ҳуқуқ) талаққӣ шавад.

Мушкили аслӣ куҷост?

Бисёре аз коршиносони забон бар ин нуқта тавофуқ доранд, ки забони форсии меъёрӣ дар Афғонистон бо душвориҳо ва норасоиҳои бузурге рӯ ба рӯ аст.

Аз ҷумла муҳимтарини ин чолишҳо камбуди шадиди кадрҳои фаннӣ ва кордон дар сутуҳи болоии омӯзиши ҳамагонӣ аст; чолише, ки яке аз табаоти ҷиддии он вуҷуди иштибоҳоти бешумори тоипӣ (мошиннависӣ), дастури забонӣ, имлоӣ ва мафҳуме дар китобҳои дарсии кӯдакони Афғонистон аст.

Иқдомоте назири кумак ба ташкили фарҳангистони мустақил барои забонҳои расмии Афғонистон, таваҷҷуҳи ҷиддитар ба беҳбуди кайфияти муҳтавои китобҳои дарсӣ, таъкиди бештар бар аҳамияти тадриси забонҳои миллии Афғонистон дар мактаб, мадраса, кумак ба баргузории барномаҳои омӯзишӣ барои рӯзноманигорон, бозомӯзии забони форсии меъёр ба дастандаркорони давлатӣ ба манзури иҷтиноб (худдорӣ) аз корбурди нолозими вожаҳои хориҷӣ дар иртибототи расмӣ бо расонаҳо ва мардум низ гомҳое мусбат дар рушди забон ва роиҷ  сохтани забони меъёри расмӣ хоҳад буд.

Тасмими Шӯрои вазирон, ҳадди ақал дар шакли феълии он наметавонад бозтобдиҳандаи нигарониҳои машруъи (қонунии) фарҳангӣ ва миллӣ бошад. Балки ин ҳассосият нисбат ба лаҳҷаҳои мутафовит метавонад ба мавзуъи қавмӣ ва сиёсӣ таъбир шавад.

Ба соддагӣ метавон дарёфт, ки баъд аз бурузи аввалин ихтилофи аланӣ бар сари вожаи донишгоҳ ва донишҷӯ дар соли 2008, теъдоди бештаре аз форсизабонони Афғонистон аз ин ду вожа истифода мекунанд ва ҳассосияти ҷамъии онҳо нисбат ба фарҳанг ва забонашон ба шиддат афзоиш ёфтааст, то коҳиш. Яъне маъракаи зидди забони форсӣ аз сӯи ҳалқаҳои ҷудогона дар ҳукумат то кунун дуруст натиҷаи баръакс дода ва форсизабонони бештаре ба ҳимоят аз ҳуввияти забонии худ бар хостаанд.

Азиз Ҳакимӣ, Кобул - Ландан.

PS: Аҳмадзиё Масъуд, бародари Аҳмадшоҳи Масъуд ва раҳбари Ҷабҳаи миллии афғонистон дар вокуниш ба ин қарори ҳукумати Афғонистон гуфтааст, ҳадаф аз ин тасмим заъиф кардани забони форсӣ аст. Ӯ гуфтааст, ки м «Мо ин амали хукуматро монеъи рушди забони форсӣ медонем ва аз ҳукумат мехоҳем, ки бо масоили фарҳангӣ бо таасуб бархурд накунад».

Доктор Абдулло Абдулло низ ин тасмими ҳукуматро маҳкум карда ва онро як қарори ғайри қонунӣ унвон кардааст. Ӯ гуфтааст, «чӣ гуна мешавад ба мардум амр кард, ки ту ба ин лаҳҷа суҳбат куну ба он лаҳҷа суҳбат накун, дар ҳоле, ки дар Афғонистон лаҳҷаи як русто аз рустои дигар метавонад фарқ кунад».

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97