Мурда бод тамаллуқгӯву чоплус!!!

Сиёсат 25.02.2013 17:50

Ё авҷи тамаллуқ дар пешорӯи интихобот

choplusИнсон аз баъди таваллуд дучори хушбахтиву нокомӣ, хурсандиву мусибат ва дигар муҷозоту мукофотҳои сарнавишт мегардад, ки ин ҳамаро мардонавор таҳаммул менамояд ва дар зиндагӣ роҳеро муносиб барои худ ихтиёр мекунад. Бо такя аз таҷруббаи бузургон ва оморҳои мутолиашуда инсонҳо дар ҷомеъа аз якдигар бо хулқу атвори хеш фарқ мекунанд ва ҳар кадом барои пайдо кардани мавқеъе талош бар он меварзанд, ки маҳз бо ҳамин хулқу атвори хеш мақомеро дар ҷомеъа касб намоянд. Гуруҳе дар зиндагӣ танҳо ба хотири рифоҳи маъишӣ, касби обрӯ ва ҳайсият ба амалҳое даст мезананд, ки инсони комил наметавонад онро қабул намояд. Ин ҷо сухан дар бораи тамаллуқкору чоплус аст, ки мехоҳем андаке масъаларо ташриҳ намоем.

Шоҳ Аббос чоплусонро аз дарбор ронд

Ҷомеъаи инсонӣ аз нахустин рӯзи пайдоиш ин падидаи шумро бо худ оварда ва аслан имкон надорад, ки ҷомеъа бидуни ин ҳар ду вуҷуд дошта бошад. Ба хусус, аксари нуфуси ҷомеъаро маҳз ҳамин тамаллуқкорону чоплусон ташкил медиҳанд ва ин гуруҳи манфур тавонистааст дар тули мавҷудияти олам боиси бадбахтии мардумон ва пастравии рушди ҷавомеъ гардад.

Тамаллуқ ва чоплусӣ (хушомадгӯӣ) аз ҷумлаи ахлоқи разилест ва ин ашхос, ки тамаллуқу хушомадгӯии бемаврид ва ҳамду саноро дӯст медоранд, бешак инсонҳое ҳастанд, ки аз фазилати ахлоқӣ дуранд. Барои ин идда мардумон ҳеч тафовуте надорад, ки бо ин хислати разил ҳайсияти на танҳо инсонҳо, балки ба хотири аҳдофи шахсӣ манофеъи миллиро низ пушти по мезананд. Содаву рушан ва бидуни шарму ҳаё сафедро назди хоҷагони хеш сиёҳ мегӯянд.

Шордан сайёҳи маъруфи фаронсавӣ менависад: Шоҳ Аббос ба хотири он ки тамаллуқкорони дарбориро танбеҳ бидиҳад, фармон медиҳад, ки дар маҷлис қалёнҳоро (кӯзаи қалён, ки аҳли хамр дуд мекунанд) ба ҷои тамоку аз саргини хар пур кунанд ва оташро болои он гузоранд. Пас аз он ки дарбориён машғули дуд кашидан шуданд, шоҳ Аббос гоҳ-гоҳе аз онҳо мепурсид: Ин тамокуҳоро ҳокими Ҳамадон махсус барои ман фиристодааст-ва аз ҳозирин суол кард, ки -чӣ кайфияте доранд ин тамокуҳо? Аҷиб ин буд, ки аҳли дарбор дар ҳоле, ки пас аз дуд кашидан беист сурфа мекарданд, дар посухҳои хеш бо лаҳни чоплусона ҷавоб медоданд: Шоҳо! Ин тамоку фавқулода олӣ ва хушбӯй аст ва дар ҳеч ҷои дунё беҳтар аз онро наметавон пайдо кард. Шоҳ ҳамаро аз дарбор ронд ва эълом дошт, касе дар хуни худ ҷуръае аз тамаллуқ дошта бошад, наздики дарбори ман нагардад.

Дурӯғи маҳз: 204 фоиз иҷро шудани «план»-и шир

Имрӯз ҷомеъаи моро низ ин дарди ваҳшатовар ончунон фаро гирифта, ки дар ҳар қадам мо инсонҳои тамаллукору хушомадгӯро дучор меоем. Ба хусус иддаи кассире аз аҳли роҳбарон ба ин дарди манфур гирифтор гардида, ба хотири таҳкиму тамдиди умри мансабашон дар тамоми давраи роҳбариашон даст ба тамаллуқу хушомадгӯӣ ва дурӯғ задаанд, ки бо ин амал ҷомеъа ва давлатдории миллии моро зери хатару шубҳа карор дода истодаанд. Бо маъзарат аз ашхоси дилбохтаи миллат, аҳли тамаллуқ (манзур иддаи касири роҳбарон аст) инсонҳои худбохтае ҳастанд, ки танҳо бо як разилаи ахлоқӣ дучор нестанд, балки онҳо дар тамоми давраи фаъолияти худ ба разолати дигаре аз қабили гул задани сиёсати раисиҷумҳур ва дурӯғ гуфтану фирефтани шахсиятҳои раҳбарии кишваранд. Барои банда гузорише, ки дар маҷлиси ҳукумат соли ҷорӣ аз 204 фоиз иҷро шудани шир шаҳодат дод, хеле асабикунанда буд, ки дигар мансабдорони мо бидуни шарму ҳаё рӯйирост дурӯғ мегӯянд. Вале барои кӯру кар ҳам маълум аст, ки ширро дар тамоми шаҳри Душанбе ҳамон лақайзанҳои ноҳияи Рӯдакӣ таъмин мекунанду бас.

Таъриф ба зоғ ҳам хуш омадаст, вале…

Тамаллуқгӯӣ ва хушомад задан сабаб мешавад, то шахсеро, ки хушомад мегӯянд, бо мурури вақт хислатҳои ғуруру такабуриро ба худ касб намояд ва аз ҳолати табиъии худ берун гардад. Ин падидаи шумро мо сари ҳар қадам дар коргоҳҳои худ дучор меоем ва мебинем, ки танҳо табақи маҳз хушомадгӯ чарбин аст ва шахсе, ки ин разолатро ба худ муносиб намедонад, тамоми умр хидматгори хушомадгӯву тамаллуқкорон аст. Раисон ҳам хуш доранд, ки онҳоро тамаллуқ гӯянд ва мадҳашонро сароянд. Боқӣ бигзор гӯр сӯзаду дег ҷушад.

Вақте мо таърифи тамаллуқу чоплусиву хушомадгӯиро мекунем, ба ин нукта бояд таваҷҷуҳ намоем, ки мадҳу сано ҳам аз ҷумлаи ин падидаи разила аст. Вале, гоҳҳо мадҳу сано мусбат ҳам мешавад, машрут бар ин ки аслу ҷавҳари он воқеият дошта бошад ва ҳар амале, ки иҷро шудааст, писандида ва пур аз садоқату ҳақиқат бошад, дар акси сурат ҳамду санои сутудашуда ҷуз тамаллуқ ва чоплусӣ чизи дигаре маънидод намешавад.

Тамаллуқ ба хотири пул

Касе, ки тамаллуқ гуфта метавонад, туҳмат задан ҳам барои ӯ кори душворе нест. Дурӯғ гуфтану туҳмат задан маншаъи тамоми офотҳост, ки дар раъси онҳо тамаллуқгӯён қарор доранд. Шахси тамаллуқгӯву чоплус дар назди худ як вазифа мегузорад, бештар молу сарват ҷамъоварӣ намояд. Маҳз ашхоси пулпарасту молдӯст эшонанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои хеш аз ҳеч як разолате даст барнамедоранд. Ин тоифа ҳамеша мекӯшанд ва толиби раёсату эҳтиромоти зоҳирӣ ҳастанд, ки бад-ин васила бо зуҳури фурутаниҳои хеш қалби раҳбариятро ба даст биоваранд. Барои расидан ба мақсад то метавонанд дурӯғ мегӯянд. Гоҳе худро назди раёсат бардаи ҳақире нишон медиҳад ва бо далоили дурӯғ ба чашми мардуму раҳбарият хок мепошад. Агар ин тавр нест, чаро бо ҳазор забону чеҳра дурӯғ мегӯянду омореро, ки ғайри қобили қабул аст, ҳамасола дар ҷаласаҳои ҳукуматӣ эълом медоранд. Масалан вақте мегӯянд, ки дар соли пор 132000 ҷои корӣ муҳайё карда шуда, беш аз 668 корхонаҳои тавлидотӣ ва санъатӣ сохта ба истифода дода шуда, ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ 17,7% афзудааст, барои аҳли фаҳм хандахарише беш нест. Дар ҳоле ки беш аз як миллион шаҳрвандони мо, ки артиши бузурги нируи корӣ мебошанд, дар хориҷ аз кишвар ба мардикорӣ машғуланд, ки бо меҳнати сангини худ соле миллиардҳо доллар ба кишвар интиқол медиҳанд. Агар ҳамин нируи корӣ вуҷуд надошта бошад, мутмаинам, ки дар Тоҷикистон одамхӯрӣ шуруъ мешавад.

Луқмаи хушомадгӯ; ҳалол ё ҳаром?

Чӣ бояд кард, то ҷомеъаи мо аз ин разолатҳо озод гардад ва илоҷе дар масъалаи аз байн бурдани тамаллуқу чоплусӣ андешида шавад. Илоҷи ин кор дар назари аввал хеле содаву осон аст, ки қабл аз ҳама тамаллуқор худ аз худ бояд амалҳои худро дар тарозу бисанҷад ва ба худ суол бидиҳад, ки оё молу ҷоҳу сарвате, ки дар ивази хушомадгӯӣ ба даст овардааст, метавонад ӯро назди виҷдони хеш хушбахт созад ва ноне, ки аз ин ҳисоб ба даст оварда, аёлашро мехӯронад, ҳалол аст ё ҳаром? Зеро дини мубини ислом ҳаргиз иҷоза намедиҳад, инсон ба хотири расидан ба хушбахтии хеш бояд тамаллуқ бигӯяду ризқу рӯзӣ ба даст биоварад. Ин ҳамон луқмае ҳаст, ки мутафаккирини ислом онро аз гӯшти хук ҳам бадтар маънидод кардаанд.

Дӯст наметавонад тамаллуқкор бошад

Мутафаккирон мегӯянд, ки ҳар кас бо шумо чарбтар салом кард, яқин бидонед, ки қабое барои шумо дӯхта аст ва ҳар кас изҳори иродати бештаре кард, қайчии худро ба кисаи шумо наздик мекунад. Ҳар кас тамаллуқи арбоби худ бигӯяд, дар ниҳояти кор ба ӯ хиёнат мекунад. Мутамаллиқин шабеҳи дӯст ҳастанд, ҳамчуноне, ки гургон шабеҳи сагонанд. Касе наметавонад дар як он ҳам дӯст бошад ва ҳам мутамаллиқ.

Саъдии бузургвор мефармояд, аз суҳбат бо дӯсте, ки ахлоқи бади маро зебо нишон медиҳад, меранҷам ва аз душмане, ки айби маро он гуна аст, бигӯяд, шод мешавам. Онҳо, ки туро ситоиш мекунанд, ёри ту нестанд. Касоне, ки туро накуҳиш мекунанд, дӯстони ту ҳастанд.

Интихобот ва авҷи тамаллуқкориҳо

Ва имсол интихоботи раисиҷумҳур баргузор мегардад ва гуруҳи мутамаллиқин аллакай ба таърифу тамаллуқ пардохта, бо ин амалҳои хеш мехоҳанд аз раисиҷумҳур манфиате ба даст биоваранд. Ҷои шакку тардиде нест, ки раисиҷумҳур бидуни дастгирии ҳамин гуруҳи мутамаллиқ, ки худро дар либоси шубон нишон медиҳанд, ин дафъа ҳам пирӯз мешавад ва раёсати кишварро ба даст мегирад. Вале, ҳадаф чизи дигар аст, ки бояд раисиҷумҳур як дафъа дафтари ёддоштҳояшро варақ бизанад, то маълум шавад, ки чоплусону тамаллуқгӯён дар як давраи бисёр муҳиму тӯлонӣ чӣ амали некеро анҷом додаанд. Ва оё месазад, ки бо ин гуруҳ минбаъд кор кард?

Ба ҳар ҳол тасмим дар дасти раисиҷумҳур аст. Ростӣ ҷомеъа аз ин чеҳраҳои чоплусу тамаллуқгӯ хаста шудааст ва ин гуруҳ танҳо дар паи беҳбуди зиндагии худу ақориби худанд. Эшонро ба мардуму ҷомеъа коре нест.

Мурда бод тамаллуқ ва чоплусу хушомадгӯ!!!

Ибодуллоҳи Оқилпур

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97