Кӣ аз "наҳанг" "гулмоҳӣ" сохтанист?

Сиёсат 20.02.2013 20:08

Abdullojonov012Абдумалик Абдуллоҷонов, сарвазири пешини Тоҷикистон аз тавқифгоҳи муваққати ноҳияи Бориспол ба боздоштгоҳи муваққати шаҳри Киев мунтақил шудааст. Ӯ рӯзи 5 феврал вақте мехост аз Лос Анҷелеси Амрико вориди пойтахти Украина шавад, тавассути пулиси байналмилал Интерпол ва нируҳои ВКД -и Украина боздошт шуд.

 

Додгоҳи Бориспол раводиди ҳабси ӯро барои 40 шабонарӯз содир намуд. Дар ин муддат тарафи Тоҷикистон, ки бо дархости мақомоти он Абдуллоҷонов боздошт шудааст, бояд асноди лозимро барои истирдод (экстрадиция) -и ӯ омода ва ирсол кунад. Рӯзномаи "Комерсантъ" чопи Маскав он замон аз қавли вакили дифоъи Абдуллоҷонов баъд аз боздошти рӯзи 5 феврал ба расонаҳо гуфта буд, ки зерҳимояаш вақте боздошт шуд, бо пулисе, ки ӯро боздошт мекард, шӯхӣ мекард ва табассум менамуд. Мисле ки чунин вазъиятеро интизор буд. Баъдтар ҷараёни мурофиаи судӣ ва мусоҳибаи худи Абдуллоҷонов бо рӯзноманигорон низ дар шабакаҳо пахш шуд, ки баъди қарори суд дар бораи боздошти 40 рӯзааш мегуфт: "Ман албатта умед доштам, ки додгоҳ як қарори дуруст мебарорад. Ман қонеъ нестам, вале чӣ кор ҳам карда метавонам? Ин додгоҳ аст ва ман ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят мекунам. Умедворам, ки дар Украина шахсиятҳое пайдо мешаванд, ки воқеиятҳои имрӯзро дарк мекунанд. Ҳоло солҳои 1980 нест ва Украина ба самти Иттиҳодияи Аврупо ҳаракат мекунад. Умедворам, ки қарори дуруст қабул мешавад.

Агар беқонунӣ идома ёбад, албатта онҳо маро истирдод мекунанд. Ман фикр мекунам, ки дар Тоҷикистон маро ба он ҳолате, ки ҳоло дорам, дидан намехоҳанд, онҳо мехоҳанд, ки Абдуллоҷонов дар қайди ҳаёт набошад. Онҳо маро дар давоми ду-се-чор моҳи дигар зинда намемонанд. Инро ман хеле хуб медонам. Агар ба Украина ин масъала аҳамият надошта бошад, чӣ илоҷ, сарнавишт ҳамин будааст, мегӯям".

Аммо ӯ вақте ҳамин суханонро ба забон меорад, зоҳиран табассуме дар чеҳрааш ҳувайдост. Ва гӯё нигароние надорад, аммо маълум нест, ки ин гуна вонамуд кардани чеҳраи худ ба амри ҳикмати маъруф аст ва ё дар воқеъ, ҷаноби Абдуллоҷонов дар ҳақиқат дорад нақш иҷро мекунад ва ин лаҳзаро интизор буд.

Ҳоло, ки як ҳафта аз боздошти ӯ пушти сар мешавад ва хабари ба боздоштгоҳи муваққати Киев мунтақил шудани ӯ нашр мешавад, боз ҳам вакили дифоъаш гуфтааст, ки зоҳиран ғамгин ва ноумед аст: "Ӯ ғамгин аст ва ҳеҷ интизор надошт, ки боздошт мешавад. Сафари ӯ ба Украина комилан қонунӣ буд ва бар асоси визаи Украина сурат гирифтааст. Абдуллоҷонов, ки мақоми паноҳандаи сиёсии ИМА-ро дорад, ҳеҷ гоҳ боздошт нашудааст. Дар гузашта маъмулан ӯро дар фурудгоҳҳо барои 15-20 дақиқа нигоҳ дошта, санадҳояшро меомӯхтанд ва ҷавоб медоданд".

Ҳоло бо гузашти ҳар рӯз аз замони боздошти Абдумалик Абдуллоҷонов ҳадсу гумон ва таҳлилҳо дар мавриди шахсияти ӯ ва қазияи боздошти ғайри интизори ӯ бештар мешавад. Аммо то ин ки роҷеъ ба омили боздошт ва сабаби он суҳбат кунем, бояд бубинем, ки роҷеъ ба ҳадафи сафари ӯ ба Украина чи ҳарфҳое гуфта мешавад. Расонаҳои Маскав ва ғарбӣ як иллати сафари ӯ ба Киевро мулоқоти ӯ бо мухолифони дигари давлати Тоҷикистон ба манзури барномарезӣ ва омодагӣ барои интихоботи соли 2013 унвон кардаанд. Нашрияҳои "Независимая газета" ва "Комерсантъ" аз ҷумла ба ин маврид таъкид намудаанд. Аммо Додоҷони Атовулло, ки ба ҳамин нашрияҳо гуфтааст, ки аз сафари сарвазири собиқи Тоҷикистон аз Амрико ба Украина хабар доштааст, роҷеъ ба ҳадафи сафар чизе нагуфтааст. Ин хомӯшии ӯ метавонад дар воқеъ ба ду маъно бошад, яке, дар воқеъ Абдуллоҷонов ба ҳадафи мулоқот бо шахсиятҳои мухолиф вориди Украина шуда буд. Ҳадси дигари соҳибназарони умур ва коршиносон ин аст, ки ин аст, ки Абдуллоҷонов бо замонати пешакии бархе аз афрод дар суфуфи мақомот барои гуфтугӯ бо гуруҳҳое ба Киев омада бошад. Дар ҳақиқат ба мулоқоти Абдуллоҷонов бо мухолифин дар Украина бисёре аз коршиносон шак доранд, зеро то кунун на касе аз шахсиятҳое, ки воқеъан нуфуз ва имкон доранд изҳори омодагӣ барои ширкат дар интихобот накардааст. Ва агар каси дигар ҳам аз ин гуруҳҳо ба Киев мерафт аз назарҳо пинҳон намемонд ва номаш ҳувайдо мегашт.

Дар ҳар сурат, пайдо ва боздошт шудани Абуллоҷонов дар Киев амри тасодуф нест, ки ба гуфтаи худаш "по своим делам" ба Украина омада ва боздошт шуда бошад. Абдуллоҷонов метавонад ба муҳраи калон дар як бозии бузург табдил шавад. Ҳоло маълум нест, ки қазия ба чӣ меанҷомад, ба нафъи давлати Тоҷикистон ва ё ба суди Абдуллоҷонов.

Нуралӣ Давлат, коршиноси тоҷик бовар дорад, ки дар ҳар сурат Абдуллоҷонов ба Тоҷикистон истирдод мешавад, зеро агарчанд ӯ паноҳандаи сиёсии зери ҳимояи Амрико ҳам бошад, аз лаҳзаи аввал Амрико аз ӯ садои ҳимоят баланд накардааст. Аз сӯи дигар ба назари ин таҳлилгар омилҳои нуфузии Амрико дар дохили давлати Киев дигар он нуфузи замони раёсати ҷумҳурии Юшенкоро надоранд, то ба манофеъи Амрико лобигарӣ кунанд. Ин назар албатта қобили андеша аст ва ҳаққи мавҷудиятро дорад, хоса барои он ки дар ҳақиқат Амрико дар ҳимоят аз Абдуллоҷонов пеш нарафт ва бо ин ки дар воқеъ президенти феълиии Украина Янукович Кремлгарост ва сарвазири собиқи худро низ бандӣ кардааст. Аммо агар ин коршинос ба ин суол ҳам посух медод, ки бар ивази чӣ Амрико ба ин муомила розӣ шудааст? Амрико кишваре нест, ки ба содагӣ кучактарин манфиъати худро ба муомила бигузорад. Аз он ҷост, ки ин фарзия ба бовари коршиносон саҳеҳ маълум намешавад. Албатта боз ҳам то замоне, ки маълум шавад, ки чаро Амрико аз мақоме, ки худаш ба Абдуллоҷонов додааст, ҳимоят накард. Вале боз ҳам ҳоло зуд аст бигӯем, ки Амрико аз Абдуллоҷонов ҳимоят накардааст.

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон гуфтааст, ки Абумалик Абдуллоҷонов таъсиру нуфузе дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон надорад ва аз дасти ӯ коре дигар сохта нест ва боздошти ӯ ба интихобот рабте надорад. Ҷаноби Сафаров Абумалик Абдуллоҷоновро колои масрафшуда унвон кардааст, ки дар ҷарёни интихобот саҳми мустақим наметавонад дошта бошад, аммо имкон дорад, яке аз тарафҳоро таъмини молӣ кунад. (http://news.tj/ru/newspa-per/article/zaderzhan-abdumalik-abdullodzhonov)

Фикри ҷолиберо таҳлилгар Парвиз Муллоҷонов баён мекунад ва мегӯяд, Тоҷикистон истирдоди Абдуллоҷоновро талаб хоҳад кард, аммо дар воқеъ истирдоди ӯ барои Тоҷикистон зарур аст? Ба назири ин таҳлилгар Абдуллоҷонов хатари ҷиддӣ ва таҳдиди амалӣ барои ҳукумати Тоҷикистон намебошад. Мулоҷонов ақида дорад, ки Абдуллоҷонов аз саҳнаи сиёсӣ рафтааст ва дар афкори иҷтимоӣ низ ба унвони як шахсияти фосид ва ё коррупсионер вуҷуд дорад. Гузашта аз ин шахсияти харизматик ё мардумӣ ҳам нест ва наметавонад дар ҷараёни сафороиҳои сиёсӣ муҳим воқеъ гардад. Аз ин хотир, ӯро боздошт намекарданд беҳтар мебуд, зеро ин ҳол ба истилоҳ таблиғ ё рекламаи Абдулллоҷонов мешавад, ки метавонад эътиборашро боло бубарад, -таъкид кардааст ҷаноби Муллоҷонов. (http://news.tj/ru/newspaper/article/zaderzhan-abdumalik-abdullodzhonov)

Ҳарду таҳлилгар ҳам фикри дуруст ва ҷолиб гуфтаанд, бидуни он ки нақши омили хориҷиро дар қазия ба назар бигиранд. Яъне бозигар дар ин қазия танҳо тарафи ҳукумат ва мақомоти Тоҷикистон нестанд, балки ҳар тараф ва давлати манфиатдор дар ин моваро мехоҳад аз қазия ба тарафи худ суд бикашад.

Яъне айни ҳамин таҳлиле, ки ҷаноби Сафаров оғоз карда ва бо ҷумлаи Муллоҷонов ба поён мерасад, ки гуфтааст, ин кор метавонад ба таблиғи Абдуллоҷонов табдил шавад. Яъне ҳарду таҳлилгар нуктаро нодида гирифтаанд, ки оё имкон надорад, ки Абдумалик Абдуллоҷоновро дастҳои фароминтақаӣ ва қудратманд амдан вориди қазия карда бошанд ва ҳадаф ҳам таблиғи ӯ барои дубора зинда кардани як "ҷасади сиёсӣ" ва вориди бозор намудани "колои масрафшуда" ("обработанный материал") бошад? 

То кунун на ҷониби Тоҷикистон, ки Абдуллоҷонов шаҳрванди он аст ва на ҷониби Амрико, ки ӯро таҳти ҳимояи ҳуқуқӣ қарор додааст роҷеъ ба ин қазия изҳори назари расмӣ накардаанд. Агарчанд расонаҳои русӣ аз қавли масъулони беноме дар мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки ҷониби Тоҷикистон аз ин иқдоми Украина қаноъатманд аст, аммо агар дар шаби боздошт Абдуллоҷонов бидуни тавқиф ва додгоҳ ба ихтиёри Тоҷикистон супурда мешуд, боз ҳам ин мақомот бештар худро муваффақ ва қаноъатманд эҳсос мекарданд. Аммо ҳоло намешавад гуфт, ки Тоҷикистон аз чунин навҳаи боздошти Абдуллоҷонов хушҳол аст. Зеро ин навъи боздошт метавонад ҷои нигаронӣ низ дошта бошад. Хоса агар ба бовари бархе аз таҳлилгарони умур мо ҳам бовар кунем, ки дастҳои хеле болотар аз имконоти Тоҷикистон дар қазия зидахланд ва мехоҳанд буҳронро мудирият кунанд ва ба ин далел корти Абудуллоҷоновро ба бозӣ дароварданд. Бар асоси муқаррароти Интерпол, агар Абдуллоҷонов дубора раҳо шавад ва дархости истирдоди ӯро як додгоҳ рад кунад, ӯ аз феҳрасти афроди таҳти таъқиби ин созмон ихроҷ мешавад.

Қабл аз он ки дар 5 феврал Абдуллоҷонов дар фурудгоҳи Киев боздошт шавад, дар 19 ноябри соли 2012 тавассути расонаҳо, хоса "Озодӣ" гӯшҳои худро ба нишон дода буд. Барои он ки ба ин қаноъат бирасӣ, ки боздошти Абдуллоҷонов метавонад ҷузъи бозии бузурге бошад, кофист ҳамон мусоҳибаи ӯро як бор бихонӣ ва дубора ба садои ӯ гӯш фаро бидиҳӣ. Барои ташхиси сохта ва ҳадафманд будани ин мусоҳибаи Абдуллоҷонов коршиноси расонаӣ будан шарт нест. Маълум аст, ки ӯ дар тӯли мусоҳиба аз рӯи қоғаз матнро мехонад. Яъне то ба Киев омадан аз қабл омода мешуд.

Ба ҳар ҳол, то ин ки пардаи ин қазия барафканда ва бозигарони ин саҳна ошкор бишаванд, фурсати зиёде мавҷуд нест.

Адолати Мирзо, "Миллат"

PS: Абумалик Абдуллоҷонов дар сирқати моликияти давлатӣ дар ҳаҷми калон, суистифода аз мақом, таъсиси гуруҳи ҷиноӣ, бандитизм, тасарруфи зӯроваронаи ҳокимият ва ғайра гумонбар мебошад. Абдуллоҷонов ҳанӯз дар замони барпоии Иттиҳоди Шӯравӣ ба хотири дуздии манобеи давлатӣ, хоса пуле, ки давлат барои харидории ғалла ва таъмини ҷумҳурӣ ба ғалладона ихтисос медод, аз сӯи матбуот лақаби "Наҳанги ҷумҳурӣ"-ро гирифта буд. Ҳарчанд матбуоти Русия дар мавриди ин иттиҳомоти ба Абдуллоҷонов воридшуда хабар дода, аммо бояд гуфт, ки мақомоти марбутаи Тоҷикистон дар ин замина ба таври расмӣ ҳанӯз чизе нагуфтаанд.

Аммо ин буъди шахсияти ӯ низ, ки дар зеҳнҳо ба унвони як дузди давлатӣ ва коррупсионер боқӣ мондааст, зимни баррасии хабари боздошти ӯ дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ бараъло буд. Ду мавриде, ки аз ин баҳсҳо ҷолиб ба назар мерасид як ҷумла аз мақолаи Мирзои Салимпур аст, "ҳарчанд баъдан дар Тоҷикистон "наҳанг"-ҳои нави зиёду чунон бузурге пайдо шуданд, ки Абдуллоҷонов бо он ҳама "наҳангӣ"-аш дигар дар назарҳо мисли "моҳича" менамояд".

Донишманди рӯшанфикри тоҷик Меҳмоншо Шарифзода аз ин илҳом гирифта ва лутфан аз он ҳам пештар рафта навишт, ки "Абдуллоҷонов дар пасманзари (фони) наҳангҳои нав гулмоҳӣ менамояд".

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97