Чаро Маҳмуд Худойбердиев истеъфои Убайдуллоевро мехост?

Сиёсат 06.02.2013 18:54

UbaydulloevМуҳаммадсаид Убайдуллоев.

Ин чеҳраи имрӯз хуб шинохташудаи сиёсӣ ва арбоби давлатӣ аст, ки муносибати хосааш ба масъулият ва кор ӯро аз соири масъулон фарқ бахшидааст. Ёд дорам, замоне ки Муҳаммадсаид Убайдуллоев ба ҳайси сардори Идораи омори вилояти Хатлон ба шаҳри Қурғонтеппа дар 22 соли қабл ба кор омад, як шиносамро, ки он ҷо фаъолият дошт, аз шеваи кори роҳбари тозатаъини идорааш пурсидам. Гуфт: "Ин роҳбари аз Кӯлоб омада хеле ҷиддиву серталаб аст, не шаб хоб дораду не рӯз, ҳамеша сари кор аст. Душвор аст бо ӯ кор кардан."

Ҳамон вақт бори аввал аз забони он дӯстам номи Муҳаммадсаид Убайдуллоевро шунидам ва баъди чанде барои анҷоми як муҳиме ба идораи омори вилоят рафтам ва дар саҳни ҳавлии муассиса ӯро дучор омадам. Саломаш гуфтам, хунсард алейк гуфт ва ба ростӣ аз теғи нигоҳаш дигар ҷуръати наздаш даромадан накардам ва кори худро бо муовини ӯ ҳал кардам. То ҳанӯз он нигоҳи уқобии ӯ пеши чашмони ман аст ва ҳар боре, ки Убайдуллоевро бубинам, беихтиёр ҳамон лаҳза ёдам меояд ва арақи хунук вуҷудамро пахш мекунад. Ҳарчанд мири шаҳр, Раиси Маҷлиси миллӣ инсони дардошно ва то ҷое бозарофату ба қавле маҳфилоро аст. Убайдуллоев давлатмарди огоҳу донишманд аст, мутолиаи хуб дорад. Ва рӯзномахон аст, аз тамоми ҳаводису воқеъоти ҷомеъаи кишвар ва хориҷ қабл аз ҳама зердастонаш ва бевосита ӯ хабардор мешавад, зеро ҳамеша дар ҷустуҷӯст.   

MahmudИҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар ноябри соли 1992 ба саҳнаи сиёсиву давлатдории кишвари мо чанд тан шахсиятҳои наверо овард, ки Эмомалӣ Раҳмон, Муҳаммадсаид Убайдуллоев ва Сайидамир Зуҳуров аз он зумраанд. Дар ин иҷлосия Муҳаммадсаид Убайдуллоев ба маснади муовини аввали Сарвазири кишвар такя зад. Ӯ то соли 1996 то замоне, ки полковники исёнгару шӯрангез, душмани осоишу амнияти Тоҷикистон Маҳмуд Худойбердиев қотеъона барканории ӯро аз вазифа талаб намуд, дар мақоми муовини аввали Сарвазир барои расидан ба сулҳу созиши миллӣ, барқарории хисороти ҷанги шармандавори дохилӣ хастанопазир дар талошу пайкор буд. Ҳатто як муддат раҳбарии ҳайати намояндагии ҳукумати кишварро дар музокироти сулҳи тоҷикон бар уҳда дошт. Банда то имрӯз дар матолиби ҷангноманависони тоҷик шарҳу тафсире дар ин бора нахондаам, ки чаро Худойбердиев қотеъона хостори барканории Убайдуллоев аз вазифа гардида буд. Чаро Худойбердиев, ки баъди шикасти шармандавораш акнун чанд сол боз дар оғӯши гарми ҳамон хоҷагони ӯро мусаллаҳ кардаву ба тоҷиккушӣ раҳнамун сохта панаҳ бурдааст, замоне пушти танку тӯпу афроди саропо мусаллаҳ ултиматум гузошт, ки муовини аввали Сарвазир аз вазифа биравад? Посух ин аст, ки Худойбердиев дар роҳи пиёда кардани нияту аҳдофи нопоки хеш Убайдуллоеви миллатдӯсту ватанпараст, ин тоҷики худогоҳро садди сангин дид. Ӯ дарк кард, ки то замоне Убайдуллоев дар Ҳукумат ҳасту сарпарастии мақомоти қудратиро бар дӯш дорад, дар роҳандозӣ намудани дасисаву душманияш бечора хоҳад буд. Ва ин сарҳанги ҷангҷӯ фаромӯш карда буд, ки дар кори сулҳ дигар Убайдуллоев танҳо набуд. Ва як миллат, як кишвар ба дарки он расида буд, ки ягона роҳи наҷот ва пешрафти Тоҷикистон дар расидан ба сулҳу ваҳдати саросарӣ мебошад. Ва бо фаҳми ин нукта Убайдуллоев аз вазифа рафт.  Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон хидматҳои ин ёри ҳаммарому ҳамкори хешро қадрдонӣ кард ва Убайдуллоевро раиси шаҳри Душанбе таъин намуд. Замоне ки Убайдуллоев мири Душанбе шуд ин шаҳри ситамкашида, пойтахти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон майдони тохтутози афроди мусаллаҳ, макони қудратнамоии қумодонҳои аёшу пулмаст ва чаҳор нукоти шаҳр миёни қумондонҳо тақсим буд. Раиси шаҳр бо пуштибонии давлат камари қумондонсолориро дар Душанбе шикаст ва пойтахтро аз "асорат"- и афроди мусаллаҳ озод карда ба ихтиёри мардум супурд. Раставу кӯчаву маҳаллаву хиёбонҳои шаҳр нимавайрону ноободу дар ҳоли нохуб қарор дошт. Ӯ масъулини идораву муассисаҳои пойтахтро маҷбур ба эҳсоси масъулият доштан дар иҷрои вазифаҳояшон кард, онҳоро барои хидмати мардумро софдилона ва ҷиддӣ адо намудан маҷбур кард. Убайдуллоев дар шаҳр интизом ҷорӣ кард. Субҳи барвақт ба кор меомад ва аз зертобеъонаш низ талаб мекард, ки қабл аз он ки мардум аз хоб боло шаванд, сари кор бошанд. Ва пойтахти Тоҷикистон рӯ ба пешрафту шукуфоӣ овард. Чун бадхоҳон диданд, ки Убайдуллоевро наметавон бо ултиматум аз вазифа маҳрум сохт, зеро роҳбари давлат пуштибону хайрхоҳи ӯст ва имкон надорад бо роҳи таҳдиду тарс ӯро аз райъаш гардонанд, даст ба як тавтеъаи нангине заданд, нақшаи террори шаҳрдорро пиёда карданд, то ҷисман ӯро аз байн бубаранд. Ва шаҳрдор дар шаҳре, ки барои ободиву пешрафташ заҳмат мекашид, мавриди террор қарор гирифт. Чуноне худи ӯ дар як суҳбаташ зикр кард ҷон ба саломат бурданаш ба изни илоҳӣ буд ва онро як муъҷиза, як ҳадяи Худо медонад.

Мусаллам аст, ки дар Душанбе мушкил зиёд аст, ҷое, ки одам асту зиндагӣ аст, мушкил ҳамеша буд ва ҳаст. Инро мо ҳам медонем ва раиси шаҳр хубтар аз мо медонад. Убайдуллоев роҳбарест, ки бо мардум робитаи хуб дорад, махсусан бо ҷомеъаи шаҳрвандӣ. Дар ҳалли аксар масоилу мушкилоти марбут ба рушду ободии пойтахт бо мутахассисону коршиносон дар маслиҳату машварат аст. Банда камтар аз як сол боз сарварии як мактаби таҳсилоти умумии пойтахтро бар дӯш дорам ва сад мушкилот домангирам шуда ва ростӣ хаста ҳам шудаам. Аҳсант ба Убайдуллоев, ки беш аз 15 сол хастанопазир рӯ ба рӯи ҳазору як мушкилоти ҳудуди як миллион сокини пойтахт рӯз мебарад. Аз ин рӯ дар кору зиндагӣ тавфиқ рафиқаш бод!

Толибшо Саидзода,

мудири мактаби № 11- и ноҳияи Исмоили Сомонӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97