Муҳиддин Кабирӣ: «Мо… узрхоҳӣ (на) мекунем»

Сиёсат 02.02.2013 11:35

KabiriДодгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Муҳиддин Кабирӣ раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро (ҲНИТ) муваззаф кардааст, ки аз мақомоти шаҳрдорӣ ва муҳити зист узрхоҳӣ кунад.

Рӯзи 29-уми январ додгоҳ ба қазияи миёни шаҳрдорӣ ва Муҳиддин Кабирӣ, ки ҳамзамон намояндаи порлумони кишвар аст, бо судури чунин раъйе поён дод.

Ин додгоҳ шикояти мутақобили Кабирӣ алайҳи шаҳрдорӣ дар бораи пардохти ғаромат барои расондани зиёни маънавӣ тавассути "кашмакаши додгоҳии муғризона" алайҳи як намояндаи порлумонро рад кардааст.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, ки феълан дар Теҳрон ба сар мебарад, дар ҷамъи донишҷӯёни тоҷике, ки дар донишгоҳҳои Эрон таҳсил мекунанд, дар вокуниш ба ин қарори додгоҳ гуфтааст: Вале алъон талаб кардаанд, ки мо узрхоҳӣ кунем. Дигар ин ҳукми додгоҳ аст. ҳоло, ман намедонам додгоҳ баъд аз ин чӣ кор хоҳад кард, вале инро бояд ёдовар шавам, ки ман ҳеч гоҳ ба хотири гуфтани як матлаби ҳақ узрхоҳӣ намекунам. Аслан аз чӣ узрхоҳӣ кунам? Аз ин ки дар маҷлис ба унвони намоянда ва узви комиссиюни экологии он, ин масъаларо матраҳ кардаам? Бале, мо фақат аз як чиз узрхоҳӣ мекунем, ва он ин ки бубахшед, ки мо шаҳрванди ин кишвар ҳастем! Бубахшед, ки мо ин ҷо таваллуд шудаем ва зиндагӣ мекунем! Танҳо метавонем бигӯем, ки аз ин ба баъд мебурред, мекашонед, мефурӯшед, ҳар коре ки дилатон мехоҳад бикунед, мо коратон надорем, вале узр нахоҳем пурсид. Ин аниқ аст.

Ба ин тартиб, додгоҳи Исмоили Сомонӣ ҳукм карда, ки ин намояндаи порлумони Тоҷикистон, ки ҳамзамон узви комисиюни муҳити зисти порлумон аст, барои матраҳ кардани мушкилоти зистмуҳитӣ дар ҷаласаи корияш бояд узрхоҳӣ кунад.

Раҳбари ҲНИТ дар ин қазия бо Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, тараф аст, ки ҳамзамон раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон буда ва дар силсиламаротиби қудрат пас аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, дувумин фарди бонуфуз дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вокуниш ба раъйи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ гуфтаанд, ки ба додгоҳи касатсионӣ шикоят хоҳанд бурд.

Масъулони ҳизби наҳзати исломӣ иддаъо доранд, ки тибқи қонун намояндагони порлумон аз масуният бархурдоранд ва танҳо додгоҳи олӣ ё додгоҳи қонуни асосӣ метавонанд онҳоро муҳокима кунад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97