Роҳҳо пулакӣ шаванд ё нашаванд?

Сиёсат 01.02.2013 10:59

IRS-0123Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон  зимни як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки нигоҳдории роҳҳо дар Тоҷикистон хароҷоти зиёд талаб мекунад ва ӯ яке аз роҳҳои таъмини ин хароҷотро тавассути ҷамъоварии маблағ аз истифодабарандагони роҳ медонад. Вазири нақлиёт ҳамчунин таъкид кард, ки то соли 2014 пулакӣ шудани роҳҳо дар назар нест ва дар солҳои баъдӣ зимни пулакӣ кардани роҳҳо назари мардум ҳатман ба назар гирифта хоҳад шуд.

«Миллат» барои посух гирфтан ба ин суол; «Оё Шумо ҷонибдори пулакӣ шудани ҳамаи роҳҳо дар Тоҷикистон ҳастед?» ба суроғи чанде аз ҳамватанон рафт.

Mirzoi salimpurМирзои Салимпур, хабарнигори муҳоҷир аз ш. Прага:

Ман тарафдори пулакӣ шудани роҳҳо бо он шароите ки дар Тоҷикистон мебинем, нестам. Аввалан, нахустин мисоли роҳи пулакӣ нишон дод, ки шоҳроҳҳо ба дасти ширкатҳои гумноме мерасанд, ки ҳеч таҷрубаи кор дар ин соҳаро надоранд ва ба афроди наздик ба мақомҳои аввал тааллуқ доранд. Ва он ҳам бо ҳазору як имтиёз ва бо озодии комил аз пардохтани андози давлат ба роҳи асосии кишвар; Душанбе - Хуҷанд соҳиб шуд. Дувуман, бояд кас пояшро ба андозаи кӯрпааш дароз кунад. Барои мисол, дар Ҷумҳурии Чех, ки як кишвари пешрафтаи аврупоист ва мардумаш ҳам маоши хуб мегиранд, шумо метавонед бо пардохти ҳамагӣ чизе дар ҳудуди 75 доллар дар сол ҳаққи ҳаракат дар тамоми роҳҳои пулакии ин кишварро ба даст биёред. Аммо дар кишвари мо бояд ҳар бори ворид шудан ба роҳи пулакӣ пардохт бикунед, ки агар дар миқёси сол ҳисобаш кунем, даҳҳо маротиба бештар аз қимати роҳи пулакии ҳатто Аврупо мешавад.

Аз тарафи дигар, оё бо бахшидани шоҳроҳи асосии кишвар ба IRS чи беҳбудие дар ин роҳ дида шуд? Ин ширкат фақат ҳаққи пулчиниро ба даст гирифт, вале пардохтани қариб 300 миллион доллар қарзе, ки барои тармими ин роҳ сарф шуд, аслан ба дӯши ин ширкат нест, ба гардани мардум аст.

Mavjuda-01Мавҷуда Соҳибназарова, рӯзноманигор:

Роҳро танҳо он вақт пулакӣ кардан мумкин аст, ки дар баробари роҳи пулакӣ роҳи алтернативӣ вуҷуд дошта бошад, дар тамоми давлатҳо чунин аст. Дар қонуни роҳҳои ҷумҳурии мо ҳам ин пунтк буд, вале мутаассифона вақте ки роҳи Душанбе - Чаноқро пулакӣ карданд ва ин роҳ чун роҳи алтернативӣ надошт, ин пунктро аз қонун бардоштанд.

Дар шароити кунунӣ ҳоло вақти пулакӣ шудани роҳҳо нарасидааст. Чунки вазъи иқтисодиёт хароб буда, имконияти бо роҳҳои пулакӣ рафту омад кардани мардум имкон надорад ва ин норозигиро ба бор меорад. Аммо дар навбати дигар чун ҳукумат барои таъмир ва таҷдиди роҳҳо маблағҳои калон қарз гирифтааст барои пушонидани ин қарз роҳҳоро пулакӣ мекунад. Ҷаноби вазири нақлиёт дар нишасти хабарии ахири хеш ба он ишора кардаанд, ки маблағҳои фонди роҳ нокифоя мебошанд ва он хароҷотро пушонида наметавонад, аммо бояд гуфт, ки ин маблағҳо самаранок истифода намешаванд. Дуруст аст, ки дар тамоми ҷаҳон барои таъмир ва нигоҳдории роҳ маблағи зиёд сарф мешавад, аммо аксари ин маблағ аз ҳисоби он ки фаъолият дар ин самт хуб аст, аз ҳисоби фонди роҳ, аз ҳисоби боркашонӣ ва ғайра пушонида мешаванд. Мутаассифона мо ҳатто корхонаи коркарди мумро аз нав ба кор дароварда натавонистем, то ҳадди ақал хароҷоти таъмири роҳҳо камтар шавад.

Abdusalom tiloevАбдусалом Тиллоев, ронанда:

Аввал ин ки шароити иқтисодӣ ва иҷтимоии имрӯза дар  Тоҷикистон барои пулакӣ кардани роҳҳои мошингард созгор нест. Ба ҳамагон маълум аст, ки аксарияти мардум, бахусус мардуми деҳот дар кадом шароит зиндагӣ мекунанд.

Баъдан солона ронандаҳои нақлиёт маблағҳои зиёде барои дарёфти санадҳои мухталиф, мисли суғуртаи ҳатмӣ, муоинаи техникӣ ҳолати эклологии мошин ва ғайра пардохт мекунанд.

Тамоми ҳамин маблағҳо, ки бо назардошти афзоиши шумораи нақлиёти автомобилӣ хеле зиёд ҳастанд, ба буҷаи давлат ворид мешаванд. Яъне ҳиссаи пули ронандагон низ дар буҷаи давлат андак нест. Хуб мебуд, ки як қисми ҳамин маблағро барои таъмир ва нигаҳдории роҳҳои мошингард сарф кунанд. Дар бораи пардохтҳои ғайрирасмии ба ҳамагон маълум ҳарф намезанем.

Агар ҳам мехоҳанд роҳҳоро пулакӣ кунанд, бояд аз таҷрибаи кишварҳои дигар истифода кард, яъне дар баробари роҳи пулакӣ роҳи бепул ҳам бошад, ки ронанда ҳаққи интихоб дошта бошад. Дар акси ҳол ин бар зарари мардум аст.

 

Barno QodirdukhtБарнои Қодирдухт, рӯзноманигор:

Не, ман ҳаргиз ҷонибдори пулакӣ шудани роҳҳо нестам. Ин вазъи бе ин ҳам мушкили мардумро мушкилтар хоҳад кард. Аз пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Чаноқ чи қадар мардум азият диданд. Ин дар ҳолест, ки имрӯз ҳам, бо вуҷуди ифтитоҳи нақбҳо дар вақти фаромадани тарма мардум дар роҳ мемонанд ва ҳатто шабро дар роҳ рӯз мекунанд. Роҳи пулакӣ сари вақт тоза намешавад.

 

 

 

 

Abubakri FayzaliАбубакри Файзалӣ, рӯзноманигори муҳоҷир аз ш. Маскав:

Дар замоне ки вазъи иқтисодии мардуми мо боиси нигаронӣ асту фақр дар кишвар аксари кулли аҳолиро фарогир аст, ба ҳич ваҷҳ наметавон ба пулакӣ шудани роҳҳо дар кишвар тарафдор буд. Намедонам,чӣ гуна сардамдорони мо дар ин гуна мушкилӣ боз аз мардум пурсиданӣ ҳастанд, ки роҳро пулакӣ кунанд ё не, ва ҳамагон медонанд, ки мардум ба ин ҳич розӣ нахоҳанд буд. Аммо бозпурсиҳои сохтаи мақомот, дар пурсишҳои гузашта, барои мисол дар мавриди қабули қонуни танзим ва ё масъулияти волидайн, ки гӯё афкори мардум ҳастанд, барои танҳо иҷрои нақшаҳои онҳо таҳия мешаванд. Ростӣ, намефаҳмам, ки вузарои мо ки аз миёни халқ баромадаанд, чӣ гуна ба хотири пур кардани буҷа то ин ҳад мушкилиҳоро бар сари мардум овардан мехоҳанд. Фикр мекунам, ё инҳо ба таври сунъӣ норозигии халқро афзун кардан мехоҳанд ва ё ин ки аз командаи президент нестанд…

 

Temuri varqiТемур Варқӣ, таҳлилгар:

 

Суханони ахири вазири нақлиёт касро дар ҳайрат мегузорад, зеро чанде қабл зимни нишасти матбуъотие дар посух ба суоли хабарнигорон вазир гуфта буд, ки роҳҳои нав сохта шуда пулакӣ нахоҳанд шуд. Ҳукмати моро аслан парвои он нест, ки ин роҳҳо бо маблағҳои қарзие сохта мешаванд, ки пардохти ин қарз бар дӯши мардум бор аст.

 

Дар ҳоле ки ин роҳҳо бо пули мо ва бо пули шаҳрвандоне, ки ҳанӯз таввалуд нашудаанд, сохта мешаванд. Ҳар тифли ҳанӯз ба дунё наомада ва дар батни модар буда, вомдори давлат ва дар як вақт қарздор, бо ҳиссаи муайяни қарзи давлатӣ ба дунё меояд. Бо эҳтимоли зиёд фарзандони мансабдорон ва афроди тоҷире, ки ба онҳо наздикӣ доранд ин қарзҳоро намепардозанд. Ё 2 млн. доллари қарзи тақсимшуда болои 7,5 млн. шаҳрванд барои онҳо як чизи ҷузъӣ маҳсуб мешавад. Чизест, ки нисфи буҷаи солонаи тақсимшуда болои ҳама. Мувофиқи бархе ахбор дар оффшорҳо зиёда аз 4 млд. доллари тоҷикони сарватманд гардиш дорад, ки тавони пардохти қарзи берунӣ ва поён бахшидани сохтмони Роғунро доранд. Мо аз таҷрубаи талхи роҳи пулакии Душанбе – Хуҷанд медонем, ки роҳбари ширкат, амалдорони муҳтарам ва вакилони мардумӣ аз андози давлатӣ озоданд. Ба замми ин пули аз ин ширкат ҷамъоваришуда на ба буҷаи давлат, балки ба ҷайби IRS дохил мешаванд. Баъди он ки роҳҳо корношоям гаштанд, ба ҳар сурат ба баланси ҳукумат гардонида шуда ва аз ҳисоби буҷа ва воситаҳои қарзӣ таъмир мегарданд. Билохира ҷамъоварии се ё то шаш маротиба пул аз мардум ба миён меояд. Барои сохтани роҳ, таъмир, ба истифодадиҳӣ ва баргардонидани қарзҳо мардум пул пардохт менамоянд. Роҳҳо ин аз рӯи виҷдон чаҳор маротиба мардумианд ва мардум сад дар сад ҳаққи бе пул рафтуомадро дар роҳҳо, кашонидани борҳо доранд, ки ин бешак дар ба ҳам васл намудани кишвар, мустаҳкам сохтани ягонагии иқтисодӣ ва миллӣ, барои боло бурдани  бозори гардиши мол, боиси арзон ва рушди бору коло мусоидат хоҳад кард. Вале  барои амалдорон ва ҳукумати мо дар ҳақиқат на мардум, балки арзишҳои дигар қадр доранд. Суханони дар бораи ваҳдат ва ватандӯстӣ, ки борҳо ба такрор мегӯянд, барои онҳо тааллуқ надорад. Онҳо ин суханонро барои бовари мардумро ба худ ҷалб намудан, мегӯянд. Арзиши аслӣ барои амалдорон ҳар чи бештар рабудан ва таъмин кардани рифоҳи иҷтимоии фарзандону наберагони худ мебошад. Ин руҳияи замонасозҳост, на усули давлатдорӣ. Ин камоли бемасъулиятист, ки барои мардум ва давлат гарон тамом мешавад. Фикр намекунам, ки вазири нақлиёт худ чунин қарореро қабул кардааст, бар хилофи раъйи хеш, киқаблан дар  маҳзари ом баён дошта буд.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97