Коршиносон: ҲНИТ дар интихоботи соли 2013 шикастхӯрда аст

Сиёсат 30.01.2013 09:16

(Агар хабари тасмими ҲНИТ дар бораи номзад шудани яке аз муовинони раиси ин ҳизб дар интихоботи моҳи ноябр ба ҷои М. Кабирӣ рост бошад)

Muhiddin Kabiri-012Бино ба гузориши Садои Олмон, қарор аст Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи ноябри соли ҷорӣ ширкат биварзад.

Абдулғанӣ Муҳаммадазимов, як коршиноси сиёсӣ дар ин маврид ба Садои Олмон гуфтааст: "Дар ин давр аз интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ҲНИТ номзади худро пешниҳод хоҳад кард ва ба эҳтимоли зиёд ин фард яке аз муовинони Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ хоҳад буд".

Аз дидгоҳи ин коршинос, вуҷуди мушкилоте назири бекорӣ, фасод ва ришвахорӣ дар идороти давлатӣ ва авзои ногувори иҷтимоии ҷомеа аз муҳимтарин меҳварҳои таблиғоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар раванди омодагӣ ба баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар кишвар хоҳад буд.

Кабирӣ чӣ мегӯяд?

Дар мавриди ин ки оё эҳтимоли номзад шудани яке аз муовинони раиси ҲНИТ дар интихоботи қарибулвуқуъ то куҷо воқеъият дорад, аз Муҳиддин Кабирӣ раиси ин ҳизб суол кардем. Ҷаноби Кабирӣ гуфт: "Ин пешгӯйиҳои коршиносҳо ҳастанд. Коршиносони мо мисли обу ҳавосанҷҳоямон ҳастанд, ҳар чизе, ки дар забонашон биёяд, мегӯянд, вале ин ки дар ҲНИТ кӣ номзад мешавад, ҳатман номзад мешавад, ё аз ягон номзади дигар пуштибонӣ мешавад, ин тасмими Анҷумани ҳизб хоҳад буд ва ҳанӯз барвақт аст роҷеъ ба он суҳбат кардан. Ҳоло ягон тасмим гирифта нашудааст. Ва бубинед, ман ҷиддӣ мегӯям,  ҳоло ягон тасмим, ягон тарҳе ҳам надорем ва хеле барвақт аст ва ҳар кас ва ҳар тасмиме, ки бошад, дар арафаҳои Анҷуман мешавад, ҳоло фурсат хело зиёд аст. Хуб нест, ки аз ҳоло ҳизб мавқеъашро муайян кунад.»

Нигоҳи соҳибназарон чист?

Барои фаҳмидани фикри чанд нафаре, ки дар нисбати сарнавишти худ ва кишвар бетараф нестанд, бо ин суол ба суроғашон меравем:  Ҳадс зада мешавад, ки дар интихоботи қарибулвуқуъ Муҳиддин Кабирӣ номзад нахоҳад шуд ва эҳтимол яке аз муовинони ӯ номзад бишавад, дар сурати пеш омадани чунин ҳолат чи пешомадеро метавон интизор шуд?

Ба ақидаи Сайидҷалол Саидов, як рӯзноманигори бознишаста, ҲНИТ дар ин сурат муваффақ нахоҳад буд. Зеро ба гуфтаи ӯ, ҲНИТ дар миёни кули мардум аз маҳбубият бархӯрдор нест, чунки бештар андешаҳояшро таҳмил мекунад. Ӯ мегӯяд, ки шахси Муҳиддин Кабирӣ то андозае дар миёни ҷомеа матраҳ аст, аммо хӯрдагириҳояш аз маҳбубияташ кам мекунад: "Ба хусус ҳамин баҳси додгоҳияш бо шаҳрдорӣ дар хусусӣ буридани чинорҳои пир, ки беҳтар мебуд, то дар бораи истифодаи ба мавриди чӯби ин чинорҳои буридашуда пешниҳод медод. Ва ҳам бояд ӯ дар масоили бартар аз ин андешаронӣ ва баҳс кунад".  

Аммо Аҳмадшоҳи Комилзода, рӯзноманигори дигари тоҷик мегӯяд, ки номзад шудани Муҳиддин Кабирӣ аз сӯи ҳукумат хуш қабул нахоҳад шуд ва ҳар номзади дигаре ҷуз Кабирӣ метавонад мавриди истиқболи гарми ҳукумат бошад. Ӯ гуфт: "Ҳар муовинаш, ё ҳар касе дигар номзад мешавад, фикр мекунам ҳукумат бо камоли майл қабул мекунад. Аммо агар Кабирӣ номзад шавад, ин метавонад боиси гиру дори зиёде ва на ба манофеъи Кабирӣ тамом шавад, чаро ки Кабирӣ касе аст, ки дар Тоҷикистон пуштибонии зиёде дорад ва муносибати мардуми рӯшанфикр бо оқои Кабирӣ хеле хуб аст. Чаро ки Кабирӣ як шахсияте аст, ки тавонистаст худро як одами рӯшан, як одами бодонишу фазл нишон бидиҳад. То ҷое, ки мову шумо огаҳ ҳастем ҳукумат ин гуна номзадҳоеро, ки ҳоло пуштибонии мардумӣ доранд, ё ягон имкониятҳои барои бештар овоз гирифтанро доранд, қабул надорад. Ҳукумат ба онҳо хушбин нест ва натиҷааш ҳамон мешавад, агар ҳар касе дигар ба ҷойи Кабирӣ номзад шавад, метавонад боиси хушҳолии тарафи ҳукумат шавад."

Аз Сайидҷаъфар Усмонов, яке дигар аз онҳое, ки даъвои сиёсатмадорӣ дорад ва дар ҳамчунин замони ҳасос ва маъракаи доғ ба майдони сиёсат тохтааст, ва мехоҳад яке аз ҳизбҳои собиқадору пурмоҷарои ҲДТ-ро раҳбарӣ кунад, дар мавриди эҳтимоли номзад шудани яке аз муовинони раиси ҲНИТ суол мекунем. Ҷаноби Усмонов, гуфт, ки ба муваффақ шудани Кабирӣ дар интихобот бештар бовар дорад то яке аз муовинони ӯ ва номзади дигаре, ки ҲНИТ мехоҳад пешбарӣ ё ҷонибдорӣ бикунад. Ӯ гуфт: "Дар ҲНИТ, Кабирӣ аз нуқтаи назари ман хело шахсияти маъруфтар аст нисбат ба ҷонишинҳояш, танҳо ӯ номзади арзанда метавонад аз ҲНИТ бошад. Агар ӯ номзад шавад,фикр мекунам, ки муваффақтар хоҳад буд, то он ки нафаре дигар аз ҲНИТ. Ӯ худро ҳамчун олим, ҳамчун сиёсатмадор дар ҷомеъа муаррифӣ кардааст, ӯро ҳама мешиносанд, тарафдори зиёд ҳам дорад. Барномаҳои ӯро мардум медонанд, мақолаҳо ва назариёти ӯро зиёд мутолиа кардаем, ва ба назари шахсии ман Кабирӣ дар ин миён муваффақтар аст.»

Давлат Усмон: Номзади ҲНИТ вақташро беҳуда талаф мекунад

Аз Давлат Усмон собиқ номзади ҲНИТ ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ (соли1999), ки таҷрибаи талхи чунин маъракаҳои сиёсиро нӯш кардааст, суол мекунем, ки ба назари ӯ чӣ касеро ҲНИТ бояд номзад кунад; Муҳиддин Кабирӣ, яке аз муовинони ӯ, ё нафари дигаре ва ё аз номзади умумии нируҳои демократӣ пуштибонӣ кунад, барои ҲНИТ беҳтар хоҳад буд?

Давлат Усмон дар посух ба ин суол гуфт: "Фикри ман ҳамин аст, ки дар ин марҳила аз ҳама хубтар ин аст, ки аз ягон номзади пешниҳодшудаи аҳзоби дигар тарафдорӣ кунад ва манфиъат диҳад дар ҳамин ҳолат дар ҳамин мақтаъи замон, дар ҳамин фурсат. Ин ба худи ҳамон тасмими ҲНИТ вобаста аст, ки онҳо чи тасмим мегиранд. Онҳо агар дар маҷмуъ худашон номзад пешниҳод накунанд ва аз ягон номзади дигар пуштибонӣ кунанд, ин барояшон хубтар аст. Аммо кӣ бошад он, аз мухолифин бошад, ё ки аз раҳбари феълии давлат бошад, албатта ин вобаста аз худи интихоби раёсати олии ҲНИТ аст. Бубинед, он замоне, ки ба қавле қурбонии бозиҳои сиёсӣ шудем, он замон дасти ҲНИТ хеле боз буд, сиёсат мувофиқ барои мубориза буд, аслан рақобат вуҷуд дошт, аммо алъон хеле маҳдуд аст. Ба ҳамин хотир ман дигар чизе гуфтан наметавонам, ба он касе, ки аз ҳизб номзад мешавад, ин маънии онро дорад, ки шояд талафи беҳудаи вақт бошад."

Албатта пешбинии коршиносон ин нест, ки дар сурати номзад шудани Муҳиддин Кабирӣ ӯ пирӯз мешавад, аммо метавонад корзори интихоботро шавқу шӯри бештар бубахшад, таваҷҷуҳи маҳофили хориҷиро ба ин корзор ҷалб кунад ва баҳсу гумонро дар мавриди пирузӣ ва адами пирӯзии кадоме аз номзадҳо бештар кунад, ҳадди ақал. Аммо ағлаби коршинсоне, ки мо суҳбат кардем ба ин боваранд, ки агар Муҳиддин Кабирӣ дар корзори интихоботӣ номзад нашавад, ҲНИТ аз ҳоло шикаст хӯрдааст ва ба қавли номзади собиқи он дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҷаноби Усмон "ширкати номзади ҲНИТ талафи вақт хоҳад буд". Албатта бо вуҷуди он ки яке аз муовинони раиси ҲНИТ, Муҳмаммадалӣ Ҳайит низ ба унвони як шахсияти мубориз, огоҳ ва донишманд дар миёни маҳофили мухталифи Тоҷикистон матраҳ аст.

Зимнан, Интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон якшанбеи аввал ё дуввуми моҳи ноябри соли ҷорӣ баргузор мешавад. Ва то кунун бархе аз мақомоти ҲХД ҳоким дар Тоҷикистон эълон кардаанд, ки номзади онҳо кӣ аст. Аҳзоби дигар ба далоили мухталиф аз изҳори назар дар мавриди номзади эҳтимолии худ худдорӣ кардаанд, аммо гуфтаанд дар интихобот ширкат хоҳанд намуд.

"Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97