Суд ва зиёни барги зуф

     Барги зуф гиёҳи доруие аст, ки бештар дар манотиқи хушк ва нимагармсер мерӯяд ва хосиятҳои бешуморе дорад, аммо ин гиёҳро ҳаргиз набояд кӯбид.

    Барги зуф аз ҷумлаи гиёҳонест, ки тухми он ҳам хосияти доруӣ дорад. Ин гиёҳ дар миёни авом ба тухмсафед низ маъруф аст.

    Барги зуф ба ду шакли хурду калон вуҷуд дорад, ки аз шакли хурди он чандон истифода намебаранд. Зеро ин шакли барги зуф луоби бисёр тавлид намекунад; дар ҳоле ки навъи дуввум бештар масрафи доруӣ ва луоби фаровоне, ки дорои ғализӣ аст, дорад.

    Замоне ки шамол хӯрдаед ва роҳҳои нафаскашӣ дучори илтиҳоб ва уфунат аст, бо масрафи дамкардаи барги зуф ин маризиҳо бартараф мешаванд ва нишонаҳоисатҳии бемориҳои роҳҳои нафаскашӣ ва аъзои ҳозима низ беҳбуд меёбад.

     Нуктаи бисёр муҳимме, ки дар масрафи ин гиёҳ бояд дар назар дошт, ин аст, ки барги зуфро набояд бикӯбем ё осиёб кунем, зеро вақте дар чунин ҳолат масраф кунем, боиси эҷоди сардии шадид мешавад ва гоҳе маргро ба дунбол дорад.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97