НИМҶАЗИРАИ УМЕД Тавакал, Тасодуф ва Хандаи Бахт

"Кампютер зӯрай-ку"

Д… як хатмкунандаи мактаби миёна мехоҳад ба факултаи механикаю риёзиёти Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон дохил шавад. Ӯро дар назди Комиссияи қабул дар Ҷазира -Шаҳраки донишҷӯён, воқеъ дар маҳаллаи Буниҳисораки пойтахт вохӯрдам. Маълум аст, ки ӯ саводи кофӣ надорад, агарчӣ ба факултаи механикаю риёзиёт мехоҳад дохил бишавад, аз фанни риёзӣ камтар тассавурот дорад.

Д… аз рӯйи ҳавову ҳавас бар он меандешад, ки "кампютер зурай-ку". Пайхас мешуд, ки ӯро кадоме ваъдаи дохил шудан кардааст ва ин тасаввуротро низ маҳз ин "восита" дар дили ӯ шӯълавар кардааст: "Кампютер зурай-ку!"

Ба омӯзгоре, ки ҳуҷҷатҳои довталабонро ба факултаи Механикаю риёзиёт дар Комиссияи қабули ДДМТ қабул мекард, ҳамсӯҳбат мешавам. Ӯ мегӯяд: "Дар факултаи Механикаю риёзиёт аз рӯи 4 ихтисос донишҷӯ қабул мекунанд, ки яке аз инҳо Информатика мебошад. Ба ихтисоси Информатика ҳам ба тариқи буҷавӣ ва ҳам шартномавӣ 25 нафарро қабул мекунанд. Ҳоло 50 нафар ҳуҷҷат супурдаанд."

Ба он меандешам, ки модоме ба ин факулта ин қадар довталаб зиёд аст, мумкин аст, ҳамсӯҳбати аввалии ман Д… ба унвони донишҷӯ мушарраф нашавад. Вале оё ҳамаи довталабон бо тассаввури "кампютер зӯрай-ку" довталаби ин ихтисос шудаанд, суолест, ки посухаш рӯзи супурдани имтиҳон маълум хоҳад шуд. Ва ин шояд на барои ҳама маълум гардад. Ба ҳар сурат умед бар он аст, ки дар имтиҳони қабул дасти сарнавиштсозони миллат ба хато наравад ва довталабони воқеъиро ба сафи донишҷӯён бипазиранд.

Вале бархе аз мардумон мӯътақиданд; "замон замони зӯриву зар аст". Боз вақт довари ҳақгӯст.

"Тағам овардма"

Шояд ҳам Д… ба унвони донишҷӯ сазовор бишавад. Зеро ӯ танҳо дар ин вазъият нест, Қ… як хатмкунандаи дигари мактаби миёна низ мехоҳад ба шӯъбаи Сотсиология (Ҷомеъашиносӣ) дохил шавад. Дар аввал гумон кардам, ки шояд ӯ ба ин соҳа шавқи беандоза дорад, зеро ин соҳае нест, ки ҳар кас орзуи вуруд шудан ба онро кунад. Мутаассифона, хаёлам ботил баромад, ӯ ба суоли мо, ки чаро мехоҳад ин пешаро интихоб кунад, гуфт: "Тағам овардма".

Занг аз "боло"

Дар баробари довталабони бепарвофалаку "тағодор", онҳое, ки бештар хондаанду бо сад ҳавас мехоҳанд ба унвони муқаддаси донишҷӯ сазовор шаванд, низ кам нестанд.

Сурайё яке аз ҳамдарсони ман, ки ӯ низ дар радиои «Азиз- плюс» таҷрибаомӯз аст, мегӯяд, бо духтаре ҳамсӯҳбат шудааст, (Ӯ номи худ ва омӯзгорро ошкор накард-муаллиф), ки бисёр мехоҳад донишҷӯ шавад ва фурсатро аз даст надиҳад. Ин духтар ба назди яке аз муаллимони ДДМТ рафта арз кардааст: "Ман аз дониши худ пурра боварӣ дорам, шумо маро роҳбаладӣ кунед, то ман донишҷӯ шавам." Муаллим бо таассуф гуфтааст: "Ба мо аз "боло" занг зада мегӯянд, яке ё дигареро дохил мекунед! Аз ин рӯ кулли довталабони босавод яктарафа мемонанд."

Факултаҳои "бозоргир"

Факултаи ҳуқуқшиносӣ аз пурхаридортарин факултаҳо дар чанд соли ахир ба шумор меравад. То ба имрӯз ба ин факулта 484 нафар довталаб ҳуҷҷат супоридааст. Тибқи омори расмӣ имсол ба факултаи мазкур 55 нафар аз тариқи буҷа ва 85 нафар ба тариқи шартнома қабул хоҳанд шуд, яъне дар шӯъбаи байналхалқӣ дар як ҷой 3 нафар ва дар шӯъбаи ҳуқуқшиносӣ 7 нафар ҳуҷҷат супурдаанд. Ва аз ин рӯ метавон ҳадс зад, ки "бозори" воридшавӣ ба ин даргоҳ хеле сахт хоҳад буд.

Маблағи шартнома барои як соли таҳсил 1200 доллари ИМА муайян шудааст.

Ба факултаи шарқшиносӣ, ки дар панҷ шӯъбаи мавҷудаи он ҳамагӣ 49 нафар донишҷӯ аз тариқи буҷавӣ ва 4 нафари он ҳам ба шӯъбаи арабӣ аз тариқи шартнома қабул мекунад, имрӯз бештар аз 150 нафар довталабон ҳуҷҷат супоридаанд.

Ба се шӯъбаи дар назди факултаи журналистика буда, айни ҳол 162 нафар ба тариқи буҷавӣ ва 56 нафар ба тариқи шартномавӣ ҳуҷҷатҳои хешро супоридаанд, ки ин ҷо аз тариқи буҷавӣ 45 нафар ва аз тариқи шартномавӣ 55 нафар донишҷӯ бояд пазируфта шавад. Маблағи шартнома барои як соли таҳсил баробар ба 600 доллари амрикоӣ муқаррар шудааст.

Факултаи геология ва маъдан, ки аз рӯи се ихтисос 140 нафар донишҷӯ қабул мекунад, вале то ба имрӯз 300 нафар ҳуҷҷат супоридаанд.

Ба факултаи баҳисобгирии иқтисодӣ, ки дорои се шӯъба мебошад, дар 100 ҷойи муқарраршуда то имрӯз 111 нафар ба тариқи буҷавӣ ва 118 нафар ба тариқи шартномавӣ ҳуҷҷат пешниҳод кардаанд.

Факултаҳои "назарногир"

Факултаи кимиё -38 нафар ҳуҷҷат супоридаанд, вале факулта бояд 186 нафар донишҷӯ қабул кунад. Маблағи шартнома 350 доллари ИМА мебошад.

Ба факултаи забон ва адабиёти тоҷик, ки 42 нафарро қабул мекунад, айни ҳол 50 нафар ҳуҷҷат супоридааст. Факултаи забон ва адабиёти рус ҳамасола аз 25 то 50 нафар донишҷӯ қабул мекунад.

Факултаи биология ба тариқи буҷавӣ 25 нафар ва ба тариқи шартномавӣ низ 25 нафарро қабул мекунад. Ҳоло 75 нафар ба буҷа ва 19 нафар ба тариқи шартномавӣ ҳуҷҷат супоридаанд.Маблағи шартномааш 400 доллари ИМА мебошад.

Факултаи физика аз рӯи чор ихисос 200 нафарро қабул мекунад. Имрӯз 113 нафар буҷавӣ ва 24 нафар шартномавӣ ҳуҷҷат супоридаанд. Маблағи шартнома аз 350 то 500 доллари ИМА аст.

Донишгоҳ ё паноҳгоҳ

Проблемаи дигаре, ки имрӯз пеш омадааст, он аст ки бештари донишҷӯёне, ки Донишгоҳро хатм мекунанд аз рӯи ихтисоси худ кор намекунанд, алалхусус духтарон, ки на танҳо баъд аз хатми донишгоҳ, балки аз курси 2-юм 3-юм бо сабаби ба шавҳар баромаданашон маблағеро, ки ба онҳо давлат барои хондан сарф намудааст, ба назар нагирифта хонданро тарк мекунанд.

Хуб намешуд, ки чунин шахсиятҳо роҳро ба кадрҳои хуби оянда кушоянду худ бо коре машғул шаванд, ки дар асл ба онҳо фоида меорад, яъне касбу ҳунар медиҳад.

Мехоҳем, ки тамоми довталабоне, ки воқеъан номи баланди донишҷӯйро соҳиб шуданианд, ба орзуи хеш бирасанд.

Вале мутаассифона дар бештари мавридҳо "бо дониши хеш" ворид шудани довталабон дар дохили нохунак аст. Чунки имрӯзҳо дар дохилшавӣ ба Донишгоҳҳо монанди хонадоршавӣ ё як роҳу расму дигар анъана шудааст. Ҳар як хатмкунанда ҳатман бояд дохил шавад, на барои он ки мехоҳад дониш ба даст орад, балки барои "статус".

Қисмате аз писарон бошанд бо мақсади ба хизмати сарбозӣ нарафтан вориди донишгоҳ мешаванд,яъне аудиторияҳои донишгоҳҳо барояшон паноҳгоҳ аст. Ин афрод бе хоҳиши худ бо хости волидайн, ё сарпарасти хеш гуфтан мумкин аст, ки иҷборан донишҷӯ мешаванд. Бехабар аз он, ки ҷои каси дигаро, ки дар асл дониш дорад ва хондан мехоҳад, банд мекунад.


Муяссара ҒАФУРӢ
©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97