Дар Қазоқистон диктанти "сартосарӣ"-и лотиннависӣ барпо шуд

Хабари хуб 14.11.2018 14:49

Дар мактабҳои олии чанд шаҳри Қазоқистон имрӯз лотиннависии сокинонро озмоиш карданд. Иқдоми "Диктанти саросарӣ" соати 11 шуруъ ва 30 дақиқа давом кард.

Вазорати фарҳанг ва варзиши Қазоқистон хабар дод, имкон фароҳам буд, ки бо шунидани матни радиоҳои Қазоқистон иштирокчиёни иқдом диктант нависанд. Ба гуфтаи ташаббускорон, диктантнависӣ ба хотири таблиғи алифбои нави қазоқӣ роҳандозӣ шудааст.

Дар шаҳри Алмато навиштани диктант дар бинои Донишгоҳи техникии Қазоқистону Бритониё барпо шуд ва дар он чанд донишҷӯву кормандони давлатӣ ширкат варзиданд.

Моҳи апрели соли 2017 президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дастур дод, ки то охири сол алифбои лотиниасоси Қазоқистон коркард шавад. Вай ҳамзамон дастур дода буд, ки кишвараш то соли 2025 ба алифбои лотинӣ бигзарад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97