Дар 9 моҳи соли ҷорӣ 350 ҳазор сайёҳи рус аз Узбекистон дидан карданд

Хабари хуб 13.11.2018 12:25

Сафири Узбекистон дар Маскав гуфтааст, ки дар 9 моҳи гузаштаи соли ҷорӣ 350 ҳазор гардишгари рус ба ин кишвар сафар кардаанд.

Бино ба гуфтаи Ботурҷон Асадов сафири Узбекистон дар Русия зимни рӯнамойи потенсиали сайёҳии Узбекистон дар шаҳри Новосибирскии Русия, тайи 9 моҳи гузаштаи соли 2018 350 ҳазор сайёҳи Русия аз ин кишвар боздид карданд, ки ин рақам нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 1.3 баробар бештар аст.

Вай дар идома афзуд, тай 9 моҳи гузаштаи соли ҷорӣ теъдоди сайёҳони сафаркунанда ба Узбекистон то 3 миллиону 900 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст, ки 350 ҳазор нафар онҳо аз Русия мебошанд, дар ҳоле ки ин нишондод дар соли гузашта 270 ҳазор нафарро ташкил медод.

Ба гуфтаи вай, Кумитаи тавсеъаи сайёҳии Узбекистон дар ҳоли ҳозир барои ҷалби сайёҳон корҳои қобили мулоҳизаеро анҷом дода ва фақат дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар ин кишвар беш аз 190 агентии сайёҳии нав оғоз ба кор карданд, дар ҳоле ки дар соли 2017 теъдоди онҳо 128 ро ташкил медод.

Замони ахир давлати Узбекистон содири режими раводид бо кишварҳои хориҷро ба таври қобили мулоҳиза осон кардааст. Ҳамакнун шаҳрвандони 101 кишвари ҷаҳон метавонанд то 5 рӯз бидуни раводид ба Узбекистон сафар кунанд. Русия низ аз ҷумлаи ин кишварҳо маҳсуб мешавад.

Ҳамакунун Русия яке аз бузургтарин шарикони иқтисодӣ ва тиҷоратии Узбекистон боқӣ мемонад. 

Мубодилоти тиҷории ин ду кишвар дар соли 2017 дар сатҳи 3 миллиарду 650 миллион доллар қарор дошт.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97