Speedtest Global Index: Суръати интернети мобилӣ дар Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳо пойин аст

Иқтисод 22.11.2018 11:45

Бар асоси охирин гузириш муассисаи “Speedtest Global Index” то моҳи октябри соли 2018, Тоҷикистон дар миёни пастсуръаттарин кишварҳои ҷаҳон аз лиҳози суръати интернети мобилӣ ҷой гирифтааст.

Кормандони ин муассиса аз лиҳози суръати интернети мобилӣ Тоҷикистонро дар мақоми 124- ум пас аз Афғонистон ҷойгир кардаанд.

Аз миёни кишварҳои ИДМ дар робита ба суръати интернети мобилӣ Қазоқистон дар рутбаи 74- ум, Русия дар 80- ум, Қирғизистон дар 94- ум ва Узбекистон дар ҷои 110- ум мавқеъият доранд.

 Дар рутбабандии ин муассиса ҳамчунин дар мавриди суръати интернети симӣ гузориш шуда, аммо Тоҷикистон дар ин феҳрист қарор надорад.

Қазоқистон аз лиҳози суръати интернети симӣ дар ҷои 58- ум, Руссия 44- ум, Қирғизистон 79- ум ва Узбекистон дар рутбаи 112- ум қарор доранд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97