Қолин аз абрешими Ту бофтанд…

Иқтисод 16.04.2015 12:32

Ё чаро корхонаҳои саноатӣ таъсис мешаванду моли ватанӣ дар бозор камчин аст?

Талош барои таъсис додани корхонаҳои қолинбофӣ ва омӯзондани ин ҳунар ба занону духтарони тоҷик имрӯз дар аксар манотиқи ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасад. Албатта, беҳтаршавии фаъолияти ин соҳа аз самаранок истифода бурдани ҳамкориҳои соҳаи саноат ва кишоварзӣ вобаста аст. Шояд бисёриҳо суол ҳам диҳанд, ки алоқаи саноат ва кишоварзӣ ба рушди соҳаи қолинбофӣ чӣ таъсир расонда метавонад. Барои посух гуфтан ба ин суол ба чанд омил рӯ меорем. Нахуст, фаъолияти корхонаҳои хурди қолинбофӣ чун дигар корхонаҳои хурди саноатӣ, бо буридани лентаи рамзӣ, бе ягон нақшаи стратегии инкишофи иқтисодӣ ва дурбинӣ шуруъ мегардад. Ёд меорем, чанд соли пешро, ки корхонаҳои зиёди коркарди нахи пахта, қариб дар тамоми манотиқи пахтакори ҷумҳурӣ сохтем. Ва агар инро таҳлил кунем бармеояд, ки имрӯз аксари ин корхонаҳо бо сабабҳое аз қабили норасоии барқ, ашёи хом ва дигар мушкилот фаъолият надоранд, ҳол он ки дар давраи муайян барои сохтмони онҳо маблағи зиёд харҷ шуда буд.

Акнун бармегардем ба сари масъалаи истеҳсоли қолин. Чанд сол пеш барои бо шуғл фаро гирифтани занони минтақаи Кӯлоб, дар ин ҷо корхонаи қолинбофӣ сохта буданд. Аз Суғд мутахассисон омада, ин ҳунарро ба занону духтарони кӯлобӣ омӯзонданд. Занҳо ҳунарро омӯхтанду шод аз он буданд, ки соҳиби шуғле гардиданд. Аммо чӣ шуд, ки корхона як сол беш фаъолият карда натавонист. Бо аз фаъолият мондани корхона чанд хонаводаи дигар аз маҷбурӣ муҳоҷиратро ихтиёр карданд. Барои омӯзондани занҳо ва сохтану ба истифода додани корхона маблағи зиёд сарф шуда буд, зарарро корхона дар фурсати кутоҳи фаъолият пӯшонда натавонист. Чун корхона ва соҳа ба гӯшаи фаромӯши афтода буд, дигар корхонаи қолинбофии Кӯлоб ба ёди кассе наомад ва кассе ҳам кушиш накард, ки барои фаъолияти дубораи корхона мусоидат кунад. Дар ёди коргарони корхона фақат дар шароти тантанави буридани лента ва умедвор кардани мардум ба ояндаи неки он монду халос. Имрӯз, ки аз сари нав ба таъсиси корхонаҳои коркарди қолинбофӣ дар Тоҷикистон шуруъ кардаанд, оё тақдири ин корхона ин корхонаҳоро дунболгир нест, чаро ки барои фаъолияти мунтазами ин корхона шароит ва имконияти мавҷуда фароҳам оварда нашудааст.

Таҳид Халилванд, мудири Намоишгоҳи қолинҳои дастбоф дар Душанбе, ки чанд сол боз ба созмон додани намоиши қолинҳои дастбофи иронӣ дар Тоҷикистон машғул аст, мегӯяд, ки барои натиҷа гирифтан аз қолинбофӣ, пеш аз таъсис додани корхонаҳои қолинбофӣ, бояд дар Тоҷикистон созмонеро бо номи "Созмони қолинҳои дастбофти Тоҷикистон", таъсис медоданд. Таҳид Халилванд, дар идомаи сӯҳбаташ ишора ба он кард, ки ҳарчанд Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Раиси ҷумҳурӣ дастур додааст, ки ба ин соҳа диқкати бештар дода шавад, ман чанд ҷой рафтаму дидам, ки корхонаҳоро эҷод карданд, аммо мутассифона, кори хуб накарданд. Кор ба тарзи дилхоҳ ба роҳ монда нашудаст. Масалан, си дарсад, чиҳил дарсад. Агар ин ҳунарро воқеан ҳам, дар Тоҷикистон ба роҳ монанд, ба гуфте "Ҳар ҷой, ки шоликорӣ аст, дар он хона нон аст", даромади хубе ба иқтисодиёти Тоҷикистон оварда метавонад.

Ривоҷи ин соҳа дониши мукаммали амалӣ ва таҷрибаи пешқадамро тақозо менамояд. Дар баробари дониш, ашёи хом манбаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Бино ба гуфти коршиносон, дар Тоҷикистон нируи корӣ хеле зиёд аст, вале мутахассис дар риштаи қолинбофии дастӣ хеле кам аст. Агар имрӯз барои омӯзиши мардум мутахасссисони хориҷиро биёранд, дар зарфи се сол 1520 ҳазор нафар ба ин шуғл фаро гирифта хоҳанд шуд. Ин санъат дар Ирон, Афғонистон ва Покистон хеле хуб ривоҷ ёфтааст. Ба Ҳиндустон аз тарҳу нақшҳои мо бурдаанд. Чин аз тарҳу нақшҳои мо гирифта бурд. Алъон ин ҳунар дунёро фаро мегирад. Тоҷикистон, ки ин ҳунари қадимиро дошт, чаро имрӯз рушди ин ҳунарро ривоҷ надиҳад. Эҳёи ин ҳунар, эҳёи ҳунару санъати аҷдодӣ аст,мегӯянд тоҷирони қолинҳои иронӣ.

Qolin iran 1Ба ғайр аз Ирон имрӯз қолинбофии дастӣ дар ҳамсоякишварҳоямон, махсусан дар Афғонистон рушд ёфтааст ва мутахассисони ин кишвари ҳамсоя мегӯянд, ки имрӯз қолинҳои Афғонистонро дар бозорҳои дигар кишварҳо қолинҳои дастбофи Покистон ва Ирон гуфта, мефӯрушанд. Мутахассисони хориҷӣ мегӯянд, ки агар андоз аз содироту воридот аз ин навъи маҳсулот бардошта шавад, сармоягузорон сармояашонро ба ин соҳа мегузоранд. Ва агар барои сармоягузор фазои хуби сармоягузорӣ муҳайё кунанд, онҳо метавонанд барои 1015 сол сармоягузорӣ кунанд.

Арасту гуфта буд; "Ҷамъияте, ки дар он рақобати солими иқтисодӣ вуҷуд надорад, миранда аст". Аслан, ба ақидаи Арасту розӣ бояд шуд, чунки кӯшиши беҳгардонии фаъолияти ин ё он соҳа ҳам, он вақт натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Рушди устувори соҳибкорӣ низ дар ҳоле таъмин мегардад, агар мол дар бозор харидор дошта бошад ва фоидаовар бошад. Вақте талабот ба ин мол меафзояд, барои васеъ кардани истеҳсолот коргарони иловагиро ба кор мегиранд. Аммо агар истеҳсолот ба талабот баробар шуда натавонад, нархҳо меафзоянд. Пас, дар ин ҷо суоле ба миён меояд, чун ба истеҳсолкунандаи ватанӣ афзалият дода намешавад, ӯ аз имтиёзҳо бархурдор нест, чӣ гуна дар бозор ба рақобат тоб оварда метавонад? Хуб, ҳунарро ба мардум омӯхтем, албатта бо пул, корхонаро кушодем, коргарро ба кор гирифтем, аммо магар бо набудани имтиёзҳои дар боло қайд шуда, муваффақ мегардем?! Барои қолинбофӣ пеш аз ҳама абрешим ва пашм зарур аст. Оё имрӯз ин ашёи хомро ба қадри кофӣ дорем? Албатта не. Корхонаи абрешими шаҳри Душабе солҳост, ки кор намекунад, дастгоҳҳои он дар ин муддат куҳнаву фарсуда шудаанд. Истеҳсоли пилла дар кишвар сол ба сол коҳиш меёбад. Чун соҳаи чорподорӣ, низ дар ҳоли рукуд қарор дорад, аз куҷо барои қолинбофӣ пашм меёбем. Боз ҳам аз хориҷа. Масалан, ашёи хомро ворид намудем, аммо оё барои ворид намудани ин намуди ашё мо ба соҳибкорон имтиёзе дода метавонем? Албатта боз ҳам, на. Магар бо ин ҳол барои сармоягузор, фазои мусоиди сармоягузорӣ муҳайё карда метавонем?

Бо нақл аз тоҷирони иронӣ, дар Ирон аз содиркунандаи қолин андоз намегиранд. Мегӯянд, ки ташвиқгари маҳсулоти ватанӣ ҳаст, барои ҳамин давлат ба ин тоҷирон 5 ҳазор доллари кумак медиҳад, то маҳсулоташро берун аз кишвар бифурӯшад. Бо ин роҳ ҳам ҳунарҳои дастӣ ривоҷ меёбаду ҳам ҳунарҳои бадеӣ халқӣ берун аз кишвар тарғиб мешавад.

Ногуфта намонад, ки нақши истеҳсолкунанда равияҳои асосии иқтисодиётро муайян месозад. Барои ҳимояи истеҳсолкунандаи моли ватанӣ бояд давлат аз шеваҳои нав кор бигирад. Барои тарғиби моли ватанӣ роҳҳои гуногунро ба кор бубарад, то он харидор ёбад. Мутаассифона, дар Тоҷикистон ба ғайр аз тарғиби молу маҳсулоти дигар кишвар ва дору тавассути телевизонҳои давлатӣ коре дигаре бурда намешавад. Мо ҳатто бозоре надорем, ки миллӣ бошад, яъне дар он фақат молу маҳсулоти ватанӣ ба фурӯш равад. Масалан, бозори миллӣ бошад, бозоре, ки ба воситаи он ба фарҳанг, маданият, ҳунарҳои бадеӣ халқии мо шинос шаванд. Дар Ирон агар маҳсулоти ватаниеро харидорӣ кардан бихоҳӣ, Исфаҳонро зуд ном мегиранд, чун дар ин бозор тамоми санъати бадеии ин мардум ба фурӯш гузошта шудааст. Вақте аз Халилванд дар бораи муваффақияти корхонаҳои нав сохташудаи қолинбофӣ дар Тоҷикистон пурсон шудам, гуфт: "Дар Ирон ин гуна амал намекунанд, ки коргар бигирем ва барояш маош бидиҳем, то кор кунад. Корхонаи мо меояд, фармоиш медиҳад, пешпардохт мекунем, корро, ки анҷом дод, пули боқимондаро медиҳем. Чаро мо бояд, корхона бисозем, барояш хӯрок ва боз маош бидиҳем. Меоянд, фармоиш мегирад ва дар хонааш мебофад. Магар, ин барои ҳар зан хуб ва муносиб нест. Камбуди барқ ҳам ин ҷо зиёд таъсир надорад. Ин кор рӯзона анҷом мешавад. Аслан, барои бофтани қолини дастбоф қувваи кории зиёд лозим нест, ду се кас ин корро анҷом дода метавонанд".

Qolin iranДар гузаштаи на чандон дур мо ҳам аз ин шева кор мегирифтем. Корхонаи ҳунарҳои бадеӣхалқии "Дилором" (дар шаҳри Душанбе) ва даҳҳо корхонаҳои дигар занҳоро ба кори хонагӣ фаро гирифта буданд, маҳсулотро мебурданд, занҳо дар хона тайёр мекарданд ва ба корхона месупориданд. Албатта, ин фоидаи чандтарафа дошт. Аввал, ин ки зан соҳиби ҷойи кору дафтарчаи меҳнатӣ мешавад. Дуввум, чун боғчаҳо дар Тоҷикистон тамоми кӯдаконро фаро гирифта наметавонанд, фарзандашро дар хона нигоҳубин мекунаду аз тарбияаш дур намемонад. Саввум, дар ғанӣ намудани бозори дохилӣ саҳм мегирад. Ана ин аст, роҳи муҳайё намудани ҷойи корӣ иловагӣ. Воқеан, дар бозори Исфаҳон дида будам, ки савдогаронашон чӣ мард ва чӣ зан мисли савдогарони мо рӯзи дароз дар интизори харидор бекор намешинанд, балки ҳар кас дар дӯкони худ ба истеҳсоли маҳсулоте машғул аст. Агар дар мо ҳам, бозори миллие кушоянд, шояд бозорнишинон ба шуғле фаро гирифта шаванд. Он вақт ҳам ҳунар меомӯзанду ҳам фарҳанги бозорнишиниро аз худ мекунанд.

Хулоса, мо, ки имрӯз дар бораи рушди туризм ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон сухан меронем, бояд чора низ андешем, ки чӣ гуна ҳунарҳои бадеӣхалқии худро ба сайёҳон муаррифӣ кунем. Ногуфта намонад, ки сайёҳ ҳама вақт ба ҳунари дастӣ таваҷҷӯҳ дорад ва барои тӯҳфа низ армуғоне аз ҳунарҳои бадеӣ халқӣ мебарад. Мо бояд имрӯз ба қолинбофии дастӣ маҳз ба он хотир аҳамияти бештар бидиҳем, ки он дар бозори ҷаҳонӣ харидор дорад. Вақте намоиши қолинҳои дастбофи иронӣ дар Душанбе доир мегардад, мизоҷони ин намоишгоҳ фақат хориҷиён, яъне кормандони сафоратхонаҳо ва сайёҳон ҳастанд. Таҳид Халилванд, мудири Намоишгоҳи қолинҳои дастбоф дар Душанбе, низ ба ин бовар аст: "Қолинҳои мо аз 100 200 доллар оғоз мешаванд. Вобаста аз бофт ва андозаашон. Аслан вақте ки дар Афғонистон фаъолият доштем, он ҷо амрикоиҳо ва инглисҳо мехариданд. Вақте дар Туркиё фаъолият мебурдем, фаронсавиҳо ва дигар мардуми Аврупо мехариданд. Алъон, ки дар Тоҷикистон фаъолият дорем, бештар русҳо ва сайёҳоне, ки аз Тоҷикистон дидан мекунанд, аз мо дархост мекунанд. Мардуми маҳаллӣ хело кам меоянд. Бештар сафоратхонаҳо харид мекунанд. Ба хотири онҳо ин намоишгоҳро доир кардем".

Хуб, замоне ки шоҳроҳи бузурги абрешим аз кишвари мо мегузашт, гузаштагони мо низ дар қолинбофӣ шӯҳрат доштанд ва тавассути роҳи абрешими бузург онро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекарданд. Пас магар имрӯз замоне нарасида, ки худ бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ аз нав ба ин ҳунар арҷ гузорем ва бо рафъи мушкилоти дар ин самт ҷой дошта, ин ҳунарро дар кишварамон ривоҷ диҳем ва аз ин тариқ мардум рӯзии худро пайдо кунанд, то ба гуфти Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, дигар қолин аз абрешими мо набофанд ва онро пеши мо напартоянд.

Мавҷудаи Соҳибназар, махсус барои "Миллат" 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97