"Харҷ агар аз кисаи меҳмон бувад..."

Иқтисод 23.01.2015 14:53

Barq zeri("Шпаргалка" барои раиси "Барқи тоҷик")

Чанде пеш Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ бо қабули  як қарор ба хотири "наҷот"-и ширкати "Барқи тоҷик" НБО-и "Сангтуда-1"-ро аз пардохти 30 милион сомонӣ аз ҳисоби қарзи андоз озод  кард. 26-уми ноябри соли ҷорӣ муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷ. Нуралиев, ки ин лоиҳаро ба вакилон муаррифӣ  мекард, иброз дошт, ки ин қарор ҷиҳати "наҷот"-и ширкати "Барқи тоҷик" аз сӯи ҳукумат пешниҳод шудааст. Ба гуфтаи ӯ ҳоло ҳаҷми  қарзи НБО-и "Сангтуда-1" дар назди буҷаи давлат танҳо аз рӯи андозҳо то 1-уми ноябри соли 2014 зиёда аз 25 миллион сомониро  ташкил медиҳад ва сабаби зиёд шудани қарзи ин ширкат дар назди  буҷа пардохт нашудани ҳақи нируи барқи истифодашуда мебошад. Ба ақидаи ҷаноби Нуралиев дар айни ҳол "Барқи тоҷик" аз НБО-и "Сангтуда-1" зиёда аз 418 милион сомонӣ қарздор мебошад ва аз ин рӯ наметавонад ҳаққи андозро ба буҷаи ҳукумат ворид кунад. Дар ин иртибот Рустам Раҳматзода, раиси ширкати "Барқи тоҷик" қарори ба тавсиб расонидаи палатаи поёнии порлумонро ба нафъи  ширкат арзёбӣ намуд ва изҳор дошт, ки дар сурати озод кардани  НБО-и "Сангтуда-1" ин маблағ 30 миллион сомонӣ  аз  ҳисоби  қарзи ширкати "Барқи тоҷик" кам карда мешавад. Раиси ширкати "Барқи тоҷик" Р. Раҳматзода рӯзи 26-уми ноябр дар назди намояндагони мардумӣ изҳор дошт, ки мо (яъне ширкати Барқи тоҷик - Р.Р) вазъи иҷтимоии мардумро ба назар гирифта аз НБО-ҳои  "Сангтуда-1" ва "Сангтуда-2" ҳар як киловат нируи барқро бо нархи  гарон харида онро бо нархи арзон ба муштариён мефурушем. Аз  ҷумла Р. Раҳматзода таъкид кард, ки ширкати онҳо ҳар як килловат нируи барқро аз ин ниругоҳҳо бо нархи 15 дирамӣ харидорӣ намуда, онро ба аҳолӣ ба нархи 12,6 дирам пешкаш мекунад.

"Патерия" бисёр аст...

Раиси "Барқи тоҷик" яке аз сабабҳои қарздор будани ширкаташро дар худ ба худ гум (талафот) шудани НБО-и барқи истеҳсолшуда медонад. "- "Патерия" бисёр аст, мо кӯшиш карда истодаем, ки сабаби инро муаян карда, онро ислоҳ кунем; - Дар баробари "Патерия"-и бисёр инчунин баъзе субъектҳо имконияти пардохти нируи барқро надоранд" - мегӯяд Р. Раҳматзода. Раис баъзе субъектҳо гуфта номбар накард, ки кадом субъектҳо маблағи нируи барқи истифодашударо намесупоранд. Магар ин сирри давлатист? Чаро чунин субъектҳо қувваи барқро бебаркаш истифода мекунанду пардохти маблағи онро фаромӯш менамоянд? Агар як муштарии оддӣ як моҳ маблағи барқро пардохт накунад, ӯро аз истифодаи барқ маҳрум мекунанд. Инҷо мумкин "зери коса нимкоса"-е ҳаст, ки баъзе ширкатҳо ва ё ба қавли Р. Раҳматзода "субъект"-ҳо "эрка"-гӣ карда пардохти қувваи барқро фаромӯш кардаанд ва касе ба онҳо кор надорад.                                                            

Тоҷикистон: қувваи барқи аз ҳама арзон?

Дар ҷаласаи МН МО ҶТ раиси ширкати "Барқи тоҷик" мехост вакилони мардумиро ба ин бовар биоварад, ки дар миёни кишварҳои пасошуравӣ аз ҳама нируи барқи арзон дар Тоҷикистон мебошад. Вале ӯ мутаасифона ба суоли Шукурҷон Зуҳуров, раиси палати поёнӣ, ки ҳоло нируи барқ дар дигар  кишварҳо чӣ қадар арзиш дорад(?), натавонист ҷавоб бигӯяд. Раиси  ниҳоди назораткунандаи тақсимоти нируи барқи кишвар намедонад, ки нируи барқ дар дигар давлатҳои пасошуравӣ чӣ қадар нарх дорад, ин магар ҷойи хиҷолат нест?! Ин аз бе салоҳиятӣ, бе масъулиятӣ ва ноогоҳии раиси ширкати "Барқи тоҷик" дарак медиҳад. Шукурҷон Зуҳуров аз огаҳӣ надоштани  раиси ширкати "Барқи тоҷик" дар бораи арзиши нируи барқ дар кишварҳои ҳамсоя ибрози нигаронӣ кард ва аз ӯ тақозо намуд, то ин масъаларо ҳамаҷониба мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор бидиҳад.

Ба таваҷҷуҳи раиси "Барқи тоҷик"! Нируи барқи аз ҳама арзон дар Қирғизистон аст. Сарвазири Қирғизистон Ҷоомарт Отарбоев изҳор дошт, ки Бишкек аз Душанбе бо қимати 2 сент, наздик ба 11 дирам нируи барқро харидорӣ карда, онро ба сокинони кишвараш бо нархи 1, 5 сент ҳудуди 8 дирам мефурӯшад.                                          

Barq zeri 1"Сари кафида - зери тоқӣ"

Дар ин рӯзҳои зимистон шикояти мардуми ҷумҳурӣ, аз ҷумла  сокинони шаҳри Душанбе ҷиҳати тақсими ноадолатонаи нируи барқ афзудааст. Аз ҷумла дар баъзе маҳалла ва кӯчаҳои шаҳри Душанбе нируи барқро бе огоҳии пешакӣ қатъ мекунанд. Барои мисол, бидуни огоҳӣ қатъ кардани нируи барқ дар маҳаллаи Нисор Муҳаммад (А. Чехов), кӯчаҳои А. Деҳотӣ, М. Ризо, С. Шедрин, Ф. Аттор ва гузаргоҳи 3, 4, ва 5-и кӯчаи Н. Муҳаммад рӯзона аз 30 то 60 дақиқа якчанд маротиба, наздикии шом зиёда аз 1соат ва баъзе аз рӯзҳо бо баҳонаи корҳои "профилактикавӣ"(чунин ибораҳоро дар бозор поксозӣ "санитарный день" мегӯянд), шабонарӯзӣ нируи барқ қатъ мегардад. Посухи масъулин ба тамосҳои телефонии  сокинон чунин аст: "Онҷо кор рафта истодааст"… Бар замми ин дар  маҳаллаву кӯчаҳои номбурда шиддати нируи барқ то ба 140 -160 волт поин меравад. Боре нозири идораи фурӯши барқ аз паст будани шиддати нируи барқ натавонист бо дастгоҳи дар даст доштааш нишондоди ҳисобкунаки барқиро бигирад ва ба идора занг зад, аз он тараф ба ӯ супориш шуд, ки дар вақти баланд будани шиддати барқ рафта ин корро анҷом диҳад. Дар натиҷа як қисми таҷҳизоти маишӣ корношоям мешаванд. Дар давлатҳои мутарақӣ  агар корношоям шудани асбобу таҷҳизоти маишӣ бо айби идораи  тақсимоти барқ бошад, онгоҳ ба соҳибмулк, яъне ба ҷабрдида товони хисорти воридшуда ҷуброн мешавад, албатта дар сурати  исботи зарари расонидашуда. Аммо агар дар Тоҷикистон чунин  даъворо пеш биёварӣ, касе ба додат намерасад ва ҳатто худи туро  дар корношоям гардидани ин ва ё он намуд таҷҳизот гунаҳкор  меҳисобанд. Аз ин рӯ ҷабрдидагон зарбулмасали халқии "Сари кафида - зери тоқӣ" -ро ба ёд оварда ба ҳеҷ ниҳоде даъво намекунанд, зеро медонанд, ки даъво ба ғайр аз кашмакашу  асабоният дигар чизеро ба бор намеоварад.   

Масъулини соҳа аз ҷумла раиси шӯъбаи барқи н. Шоҳмансур Парвиз Қутбиддинов иброз дошт, ки ҳамаи хонаҳое, ки пеш аз шумо қарор доранд, қувваи барқро бештар истифода мебаранд ва  дар натиҷа то ба охири кӯча расидани он шиддаташ паст мешавад. Ҷаноби Қутбиддинов барои паст нагардидани шиддати барқ ба мо  маслиҳат ва тавсия дод, ки дар сурати аз манзилҳои истиқоматӣ  дар масрафи 500 то 1000 метр дур будани дастгоҳи барқтақсимкунӣ трансформаторҳои иловагӣ шинонанд.                                                                      

Аз рӯи ҳисоби Қутбиддинов барои насб кардани трансформатори нав 2500-3000 долар сарф мешавад. Вале тибқи ҳисоби  мутахасисон барои анҷом додани ин кор 9,500-10 000 долар зарур аст. Пас суоле пайдо мешавад, ки мардуми камбизоат ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад, дар ҳоле ки иваз ва насб кардани трансформаторҳо вазифаи ҷонии идораҳои фӯруши барқ мебошад. Чуноне, ки маълум шуд, ширкати "Барқи тоҷик" дар маҷмӯъ аз НБО-ҳои "Сангтуда- 1" ва"Сангтуда- 2" 538,5 миллион сомонӣ қарздор буда, бар зами ин 30 миллион сомонӣ андозро пардохт накардааст. Баъди таҳлил ва баррасии мавзӯъ хоҳу нохоҳ суоле  пайдо мешавад, ки ин қадар маблағ куҷо шуд?

Масъулини "Барқи тоҷик" даъво пеш оварда буданд, ки аз сабаби он, ки муштариёни қаторӣ маблағи барқро пардохт накардаанд, онҳо аз давлат қарздоранд. Вале санҷиши Оҷонсии зидди фасоди  молиявии Тоҷикистон чизи дигареро ошкор кард. Баъди санҷиши ин ниҳод маълум шуд, ки муштариёни қаторӣ пурра ҳақи барқро  пардохт кардаанд ва даъвои "Барқи  тоҷик" беасос аст.

Санҷиши Оҷонсии зидди фасоди молиявӣ дар рӯи коғаз монд ва  гурбаи касеро "пишт" нагуфтанд. Ин гуна муносибат ва пуштибонӣ  гурбаҳоро чунон далеру ҷасур кардааст, ки онҳо ҳатто аз касе бим надоранд.

"Саховатманди"-и ҳукумат ҷиҳати бахшидани 30 миллион сомонии қарзи андоз ва бетавофут ва нисбат ба 583,5 миллион сомонӣ қарздор будани ширкати "Барқи тоҷик" зарбулмасали тоҷикии "Харҷ агар аз кисаи меҳмон бувад, Ҳотами той шудан осон бувад"-ро ба хотир  меоварад.

Р. Раҷаб, иқтисодшинос

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97