Таҳрим аллайҳи Kont Investment Bank

Иқтисод 15.05.2013 12:12

Ҷуброни зарарҳои Амрикоро кӣ мепардозад?!

Kont Invesment BankБо дастури през-иденти ИМА, Раё-сати назорат ба сармояхои хориҷии Вазорати молияи Амрико дороиҳои шаш ширкат ва як шахсро аз гардиш нигаҳ дошт. Ин хабар рӯзи 1-май дар гузорише аз тарафи Реестри федеролии ИМА (The Federal Regi-ster) нашр шуд. Мувофиқи ин дас-тур ширкатҳое, ки дар сохтани си-лоҳи қатли ом(ҳас-таӣ) ба Ирон ёрӣ расонида метаво-нанд, аз тарафи ИМА таҳрим меша-ванд ва ҳамаи до-роиҳояшон дар бонкҳои амрикоӣ аз гардиш боздошта мешаванд. Ба ин рӯйхат ду ширкат дар Малайзия, як ширкат дар АМА, як ширкат дар Ирон, як ширкат дар Туркия, як бонк дар Тоҷикистон ва Бобак Занҷонӣ миллионери иронӣ ва соҳибмулки бонки таҳримшу-даи Душанбе "Kont Investment Bank" дохил ме-шаванд. "Kont Investment Bank" ба Бобак Занҷонӣ тааллуқ дошта, тобисто-ни соли 2011 дар Душанбе таъсис ёфтааст ва муас-сисаш ширкати "Kont Kosmetik" аст, ки дар Туркия ҷойгир аст.

Б. Занҷонӣ соҳибкори муваффақест, ки 64 корхонаи ӯ дар кишварҳои Малайзия, АМА, Туркия, Ирон ва Тоҷикистон фаъолият доранд. Занҷониро далоли бузурги нафти Ирон меноманд ва аслан Амрико ӯро дар ғайриқонунӣ фурӯхтани нафти таҳримшудаи Ирон гунаҳкор медонад ва ин сабаби нисбати ӯ ва ширкатҳояш ҷорӣ шудани таҳримҳо гардидааст. Ин дар ҳолест, ки расонаҳои Ирон ҳам ӯро дар дуздии 300 миллион доллар, ки аз фурӯши нафти Ирон ба даст омадааст ва дар бонки ӯ дар Малайзия нигоҳ дошта мешаванд, гунаҳкор медонанд.

Бо вуҷуди гумонбар шуданаш дар ба истилоҳ "пул-шӯйӣ" ба манфиъати Ирон ва ҳамзамон дуздии моли кишвари Ирон, Занҷонӣ тайи чанд соли охир яке аз сармоягузорони иқтисоди Тоҷикистон шинохта мешавад (ҳарчанд ҳиссааш бузург нест) ва бо ҳукумати Тоҷикистон муносибати хуб дорад. Ду маротиба озод кардани амалиёти ширкатҳои Тоҷикистонии ӯ аз пардохти молиёт ё андоз ва боҷҳои гумрукӣ гувоҳи ин аст.

Дар Тоҷикистон Занҷонӣ ба ғайр аз "Kont Investment Bank" ҳамчунин соҳиб имтиёзи ширкатҳое чун "Asian Express Airline", Kont Buil-ding, "Asian Express" аст ва Терминали автобусҳои Душанбе ва Маркази тиҷоратии Душанбе аз тарҳҳои онҳо ба шумор мераванд.

Ҳуқуқшиноси "Kont Inves-tment Bank" Сангин Раҷабов, рӯзи 3-май ба "Азия-Плюс" гуфтааст, ки идаъои Вазорати молияи ИМА беасос аст ва бонки онҳо дигар ба соҳибкори иронӣ Б. Занҷонӣ мутааллиқ нест. Ҳанӯз 22-юми январи с. 2013 аз муассиси бонк ба ширкати "Kont Kosmetik" нома расидааст ва дар ин нома омадааст, ки соҳибмулки бонк иваз шудааст ва ҳоло соҳибмулки он шаҳрванди Туркия Мерве Ирмак мебошад. Ҳамчунин ҷаноби Сангинов гуфтааст, ки ҳоло бонк фаъолияти муътадил дорад ва то ҳол аз ҷониби Вазорати молияи ИМА дар бораи нигаҳдории дороиҳои онҳо огоҳие нарасидааст. Аз ҷониби бонк ба Хазинахонаи Амрико аллакай нома ирсол гардида, дар он маълумот дар бораи он ки бонк ба Б. Занҷонӣ дигар мутааллиқ нест, оварда шудааст ва раҳбарияти бонк дар рӯзҳои наздик чунин маълумотро ба Вазорати молияи ИМА ҳам мерасонад.

Кӯшишҳои раҳбарияти "Kont Investment Bank" дар Душанбе, пас аз оне ки мақомоти Амрико нисбати ин бонк таҳрим ҷорӣ кардааст, дигар бушкаи оби пас аз сӯхторро мемонад, ки гумон аст, то тасмими Вазорати молияи ИМА-ро иваз намояд. Чунки акнун ҳама медонад, ки муассиси ин бонк Б. Занҷонӣ аст ва ҳангоми зӯромад иваз шудани номи соҳибмулкаш танҳо кӯшишест ҷиҳати ҳалли мушкили худи бонк. Маврид ба зикр аст, ки худи Занҷонӣ чандин маротиба даст доштани худро дар амалиётҳои ғайриқонунӣ ба манфиъати ҳукумати Ирон рад кардааст ва мегӯяд, ки ҳамаи тиҷорати ӯ, аз ҷумла харид ва фурӯши нафти Ирон тибқи қонунҳои байналмиллалӣ сурат гирифтаанд ва худи ӯ бо ҳукумати Ирон ҳеч гуна ҳамкорӣ надорад.

Ҳарчанд таҳрими Занҷонӣ ва ширкатҳои ӯ аз тарафи ИМА таҳрими бевоситаи иқтисоди Тоҷикистон нест ва бо вуҷуди сармоягузории ӯ ба иқтисоди кишвар ва ташкили ҷойҳои нави корӣ барои шаҳрвандон, ҳиссаи ӯ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон хеле кам аст, аммо ин таҳримҳо бо мақсади сангин кардани вазъи иқтисодии кишвари ба мо дӯст ва сармоягузори иқтисоди мо Ирон ҷорӣ карда мешаванд. Ин аввалин таҳрим бо ин мақсад нест ва охарин ҳам нахоҳад буд. Чунин шароит метавонад иқтисоди Иронро хароб ва иҷрои тарҳҳои ниматамом (нақби Истиклол, НБО Сангтӯда-2) ва дар нақша будаи Ирон (НБО Зарафшон) дар Тоҷикистон хеле мушкил хоҳад шуд.

Таҳримҳои Вазорати молияи Амрико фаъолияти "Kont Investment Bank" дар Тоҷикистонро албатта боздошта наметавонад, аммо системаи бонкии ҷаҳонӣ ҳоло чунин аст, ки аксари амалиётҳо бо доллари ИМА гузаронида мешаванд ва гардиши доллари ИМА ба воситаи бонкҳои Амрико мегузарад. Дар ин ҳолат "Kont Investment Bank" дар шароити нобаробар бо дигар бонкҳои Тоҷикистон қарор мегирад ва рақобат кардани он ба маротиб мушкил мешавад. Аммо дар командаи "Kont Investment Bank" мутахассисони соҳаи бонкдорӣ, ки пеш дар дигар бонкҳои кишвар фаъолият мебурданд ва аз нозукиҳои низоми бонкии Тоҷикистон бохабаранд, дохил мешаванд ва роҳбарияти бонк бовар дорад, ки ин таҳримҳо ба фаъолияти "Kont Investment Bank" монеъи ҷиддӣ намешавад ва онҳо фаъолияти худро давом хоханд дод ва мақсад, ки сармоягузории иқтисоди Тоҷикистон аст, иҷро хоҳад шуд. Ҳарчанд ин таҳрими ҳукумати Амрико ба обрӯи бонк таъсири манфӣ мерасонад.

Акнун вақт нишон хоҳад дод, ки дар шароити нобаробар роҳбарияти "Kont Invest-ment Bank" то чи ҳад аз мушкил берун мешавад ва фаъолияти пурсамар дошта метавонад. Умед бар он аст, ки ин мушкилот пушти сар мешавад ва иқтисоди хароби Тоҷикистон аз як сармоягузор маҳрум нахоҳад шуд. Вагарна Тоҷикистон як роҳ хоҳад дошт, ба хотири манфиати бештари кишвар аз  сиёсати дарҳои боз рӯ битобад ва дарро ба рӯи Амрико бубандад. Дар акси ҳол Амрико бояд ҷуброни ин зарарҳоро бипардозад. 

Меҳр Собириён,

шореҳи иқтисодии "Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97