Поезд ё "позор"

Иқтисод 20.04.2013 15:31

Роҳи оҳан метавонад вагони тилоӣ харидорӣ кунад?

poez yҚаторҳои тоҷикӣ кайҳо боз, 20 сол ба ин ҷониб ба воситаи беэҳтиромӣ ва таҳқир ба мусофирон ва ақли солим табдил шудаанд. Ба хориҷ аз кишвар фиристодани чунин қатор ё поездҳо як расвогии миллӣ аст, зеро қатор намуна ё чеҳраи як давлат аст.

 

Ва давлате, ки ҳадди ақал дар бораи имиҷ ё обрӯи худ фикр мекунад, дар бораи чеҳраи худ, симои худ каме таваҷҷуҳ дорад, вазифа дорад ва барояш ба сурати ҳаётӣ муҳим аст, ки аз худ чунин чеҳраи ношуста ва жандапӯшеро ба намоиш нагузорад. Чаро бо аробаи фарсуда ба меҳмонӣ намеравем? Мансабдорони мо ҳама дар ҷипҳои қиматбаҳо ва маркаи охирон, бо либоси тоза ва қиммат, ки ҳатман тугмаи тиллоӣ доранд, ба меҳмонӣ мераванд. Пас чаро мансабдорони мо ва ҳукумат, ки масъули ҳимоят аз обрӯи кишвар ҳастанд, ва КВД Роҳи оҳан, фикр мекунанд, ки Тоҷикистонро ба чашми ҷаҳониён мумкин аст чунин расво намуд? Қаторҳои тоҷик дар расонаҳои Русия ва Ғарб ба тамсили «поезди героинӣ» шуҳрат пайдо намудаанд. Ҳукумат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Агентии мубориза бо маводи мухаддир бояд тамоми талошро сарф намоянд, ки чунин тасаввуреро, чунин имиҷеро ислоҳ кунанд. Тамоми ҷузъиёти поездро бигузор сантиметр ба сантиметр тафтиш кунанд ва ба сурати оштинопазир касоне, ки чунин роҳи интиқоли маводро боз кардаанд, маҳкум, яъне зиндон кунанд. Тавассути пулҳое, ки дар тӯли ин 20 сол аз интиқоли маводи мухаддир ба даст омадааст, метавон поезди тилоӣ харидорӣ намуд.

Чаро роҳбарияти КВД Роҳи оҳани Тоҷикистон барои нав кардани қаторҳо ва фароҳам намудани шароити мутаммаддин барои мусофирон дар асри ХХ1 пул намеёбад, барои ман қобили дарк нест.

Аз ҷониби дигар, 20 сол аст, ки ин поездҳои мо чунин ҳоле доранд. Вале хеле тааҷубовар аст, ки мансабдорони воломақоми ҳукумати Русия ҳарду ҳамзамон тасмим гирифтанд, ки қатори Душанбе -Маскавро аз назар бигузаронанд. Гумон мекунам, ки чунин санҷише метавонад ангезаи сиёсӣ дошта бошад. Ин фиристодани чолишест ба раҳбарияти Тоҷикистон, ки дар сурати иқдомоте, ки битавонад боиси коҳиши мавқеъи Русия дар минтақа шавад, Тоҷикистонро метавонад ҳар оқибати ногуворе интизор бошад. 

Маскав ба ин тартиб шояд мехоҳад намоиш бидиҳад, ки Тоҷикистон имкон дорад дар муҳосираи нақлиётӣ қарор бигирад. Ҷолиб аст, ки санҷиши поезд як рӯз қабл аз сафари Ислом Каримов ба Русия иттифоқ уфтод. Ин метавонад паёме ба Тошканд ҳам бошад, ба ин маъно, ки бо мо бояд дӯст бошед. Ва дар айни замон паёми дигаре ба Душанбе, ки агар ба маслиҳати Маскав амал накунанд, рӯ ба рӯи таҳримҳои Маскав қарор хоҳанд гирифт ва интизори шафоъати Маскав набошанд. 

Яъне Макскав ҳанӯз дар ихтиёраш имконот ва аҳроми фаровоне дорад, ки дар фишор болои Тоҷикистон аз онҳо истифода накардааст. Агар муносибатҳо хуб нашавад ва Тоҷикистон ба шароити Русия мувофиқат накунад, шояд шоҳиди истифодаи Маскав аз василаҳои дигари таъсиррасонӣ хоҳем буд. 

Ва охирон. Тоҷикистонро зарур аст, ки ба сурати фаврӣ қонунгузории худро ислоҳ кунад ва ҷазо барои интиқоли маводи мухаддирро пурзуртар намояд. Қочоқбарони калон, наркобаронҳо бояд ба ҷавобгарӣ мисли хиёнат ба Ватан маҳкум ба ҳабси абад шаванд. Зеро номи тоҷик ҳоло дар Маскав таъвам ба хушунат шудааст. Дар зершуури ҷомеъаи Русия ҳоло чунин дарке маъно кардааст, ки агар ту тоҷикӣ, пас ҳатман тарёкфурӯшӣ. Бархурди бо хушунат, таҳқир, нафрат ва куштори тоҷикон, буридани сар ва оташ задан, сӯхтан ва таҳаммул намудани бегуноҳон аз бевиждониву беҳаёии як гуруҳи героинфурӯш ва пуштибонони онҳо маншаъ мегирад.

Темур Варқӣ, таҳлилгар, ш. Маскав:

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97