Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

Чаро камбағалем?

Иқтисод 10.04.2013 22:07

Камбағалӣ айб аст

poprosaikiДар гузориши ахири худ зери унвони "Шохиси тавсеаи инсонӣ дар соли 2013", СММ Тоҷикистонро ба гуруҳи кишварҳои фақир дохил кардааст. Аз рӯи ченакҳои Бонки Ҷаҳонӣ агар мизони даромади шахс аз 2.15 доллар (10.42 сомонӣ) дар як рӯз камтар бошад, фақир ҳисоб мешавад. Аз рӯи ин гузориши СММ даромади 47 % аҳолии Тоҷикистон камтар аз 2.15 доллар (10.42 сомонӣ) аст ва онҳо фақир маҳсуб мешаванд. Даромади рӯзонаи 3.1 %-и дигари аҳолии Тоҷикистон  камтар аз як доллар (4.85 сомонӣ) ҳаст ва ин гуруҳи аҳолӣ дар фақри мутлақ ба сар мебаранд. Дар ин феҳраст Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҷои 125 ҷойгиранд, кишварҳои дигари минтақа Қазоқистон дар ҷои 69-ум, Туркманистон дар ҷои 102-юм ва Узбакистон дар ҷои 114 -ум ҷойгиранд. Ҳамин тариқ Тоҷикистон ва Қирғизистон фақир-тарин кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна шинохта шудаанд.

Дар ҳамин ҳол мизони фақр дар кишвар аз рӯи маълумотҳои расмӣ 38.3 % аст. Дар ин бора Умед Давлатзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар асоси Стратегияи нави қабулшуда барои коҳиши мизони фақр дар Тоҷикистон дар солҳои 2013-2015 рӯзи 29 март ба хабарнигорон иттилоъ додааст. Гуфта мешавад, ки мизони фақр дар кишвар таи ду соли ахир 7% коҳиш ёфта, ба 38.3% расидааст ва дар назар аст аз рӯи Стратегияи нави ҳукумат то соли 2015 то 31.5% поён фарояд.

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфтааст, ки коҳиши мизони фақр дар кишвар на танҳо аз сабаби пули интиқолнамудаи муҳоҷирон ба даст омадааст. Ҳарчанд омили асосӣ пули муҳоҷирон аст, аммо ҳиссаи содироти меваи хушк ҳам кам нест. Соли гузашта аз Тоҷикистон ба Русия 160 ҳазор тонна меваи хушк содир шудааст, ки маблағи умумии он тақрибан 1 миллиард долларро ташкил медод ва маблағи ба даст омадаи он ба воситаи бонкҳо равон шудааст. Ин маблағҳо ҳам дар коҳиши сатҳи фақр дар кишвар нақши муҳим доранд. Аммо ҷаноби Давлатзода нагуфтааст, ки агар фарз кардем, ин омор дуруст аст ва 1 миллиард доллар ба кишвар аз ҳисоби фурӯши меваи хушк дар Русия ба кишвар интиқол дода шудааст, аммо чи қадари он фоидаи соф буд. Чунки маблағи интиқолнамудаи муҳоҷирони меҳнатӣ қариб, ки ҳамаи он фоидаи соф аст ва барои беҳбудии зиндагии мардум метавонад сарф шавад. Аммо маблағи аз фурӯши мева ва сабзавот интиқолёфта наметавонад фоидаи соф бошад ва барои беҳбудии зиндагии мардум сарф шавад. Аз ин маблағ нахуст бояд хароҷотҳо барои парвариш, ҷамъоварӣ, ҷобаҷогузорӣ, интиқол ва фурӯши маҳсулот то ба Русия ва маблағи андозҳои давлатӣ тарҳ шавад. Баъди тарҳи ҳамаи хароҷотҳо ин маблағ ба маротиб кам мешавад. Дар натиҷа боз ҳам омили асосии коҳиши фақр дар Тоҷикистон пули интиқолдодаи муҳоҷирони меҳнатӣ боқӣ мемонад.

Мизони воқеъии фақрро дар Тоҷикистон муайян кардан душвор аст. Аз ин ҷост, ки тибқи маълумотҳои рас-мӣ он 38.3%, тибқи маълумотҳои СММ 47% ва дар назари коршиносони мустақил тақрибан 50% тахмин зада мешавад. Масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдо дурустии омори худро ба ҷуз аз пули муҳоҷирони меҳнатӣ ва маоши кормандони дохилӣ ба даромадҳои ғайрирасмие, ки аҳолии кишвар дорад, асоснок мекунанд. Аммо пажуҳишгарони СММ омори худро асосан дар пули интиқолдодаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва маоши расмии кормандони дохилӣ асоснок мекунанд ва даромадҳои ғайрирасмиро камтар ба назар мегиранд. Бинобар ин дар омори онҳо сатҳи фақр болотар аст. Коршиносони мустақил шумораи зиёди кӯдакон, нафақахӯрон ва бекоронро дар хонаводаҳои тоҷик дар назар дошта, дар асоси даромади умумии хонаводаҳо мизони сатҳи фақрро аз 50% зиёдтар мегӯянд. Агар аз рӯи стандартҳои Бонки Ҷаҳонӣ, ки дар он агар барои ҳар як шахс дар як рӯз 2.15 доллар (10.42 сомонӣ) камтар маблағ сарф шавад, ӯ фақир аст, натиҷагирӣ карда шавад, пас мизони фақр дар Тоҷикистон тақрибан 50% мешавад ва назари коршиносони мустақил воқеъитар менамояд. Чунки ҳарчанд даромади расмӣ ва ғайрирасмии хонаводаҳо таи солҳои ахир хеле зиёд ҳам шудааст, аммо мушкилоти манзил дар аксарияти хонаводаҳо ва сарфи маблағҳои зиёд барои харид ё сохтани манзилҳои истиқоматӣ, хароҷоти қисми дигари маблағҳо барои хариди автомобилҳои сабукрави истифодашуда имкон намедиҳад, ки барои ҳар шахс дар оила аз 2.15 доллар (10.42 сомонӣ) зиёд маблағ сарф карда шавад.

Навобаста аз он ки кадом омор ба ҳақиқат наздиктар аст, чи 38.3%, чи 47%, чи 50%, вазъият дар кишвар қонеъкунанда нест. Агар аз ҳама камтарашро (38.3%) ҳам бигирем, ин зиндагии миллионҳо шаҳрвандоне ҳаст, ки фақиранд ва дар асри 21 нимгурусна ва нимбараҳна ба сар мебаранд. Сабаби асосии ин фақирӣ суқути корхонаҳои истеҳсолӣ дар кишвар аст, ки бинобар сабаби набудани як барномаи дурусти рушди иқтисодӣ тайи солҳои истиқлол, корхонаҳои мавҷуд бу-да аксарият аз кор монданд ва корхонаҳои нав хеле кам сохта мешаванд. Бинобарин дар оилаҳо аксарият бекор мемонанд ва бо зиёд шудани даромади муҳоҷирон ва дигар ноновароне, ки дар дохили кишвар кор мекунанд, сатҳи камбизоатӣ хеле ба оҳистагӣ паст мешавад. Агар шароите сохта мешуд, ки ҳамаи аъзои оила, ки қобиляти меанатӣ доранд, кор мекарданд ва ба буҷаи хонавода маблағ дохил мекарданд, дар маҷмуъ даромади умумии хонаводаҳо зиёд мешуд ва фақирӣ ба маротиб камтар буд. Аммо ҳоло чунин нест ва ёфтани ҷои кор махсусан дар ноҳияҳо, ки аксарияти аҳолӣ дар он ҷо зиндагӣ мекунанд, қариб ки номумкин шудааст. Ташкили корхонаҳои тавлидӣ ва ҷойҳои кории бо маоши хубтар, метавонад омили муҳими поёнравии мизони фақр дар Тоҷикистон бошад. Чунки мардуми Тоҷикистон меҳнатдӯстанд ва танбалӣ сабаби фақр дар кишвар нест. Мардум аксарият май наменӯшанд ва майнӯшӣ ҳам сабаби фақр нест. Танҳо лозим аст ки бо як барномаи дурусти тарҳрезишудаи иқтисодӣ, корхонаҳои тавлидӣ сохта шавад ва ҷойҳои кории муносибе барои шаҳрвандони кишвар, ки бо сабабҳои гуногун бекоранд ва муҳоҷиратро интихоб накардаанд, пешниҳод карда шавад.

Барои ҳали мушкили асосӣ ва омили аслии камбизоатӣ дар кишвар, яъне бекорӣ, масъулин дар нақша доранд, ки аз рӯи Стратегияи нави коҳиш додани сатҳи фақр дар Тоҷикистон то соли 2015-ум корхонаҳои нави тавлидӣ бунёд карда, бо эҷоди ҷойҳои кории зиёд иқтисодро рушд бидиҳанд ва сатҳи фақрро дар кишвар поён бубаранд. Барои иҷрои ин нақшаҳо дар хазинаи Стратегияи нави коҳиши мизони фақр дар кишвар то соли 2015-ум 17.1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 75% он аз буҷаи давлат ва 25%-и дигар аз дигар манбаъҳо хоҳад буд. Ҳоло дақиқан гуфта намешавад, ки ин корхонаҳои тавлидӣ, чи истеҳсол мекунанд ва дар кадом минтақаи кишвар бунёд мешаванд. Хеле хуб мешуд корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва боғдорӣ сохта мешуд ва онҳоро дар ноҳияҳо месохтанд. Дар ин ҳолат ҳам маҳсулоти хоҷагиҳо (мева, сабзавот, пахта) харидори наздик пайдо мекард, ҳам сокинон ҷойи кор пайдо мекарданд ва ҳам даромаде ба соҳибкорон ва буҷаҳои маҳаллӣ меомад. Дар натиҷа шароити хубе пайдо мешуд, барои ҳарчи тезтар коҳиш додани мизони фақр дар кишвар ва таъмини зиндагии беҳтаре барои сокинони деҳот, ки сатҳи камбизоатӣ дар онҳо аз шаҳрҳо дида бештар аст.

Меҳр Собириён,

шореҳи иқтисодии "Миллат"

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97