Гаравгонгузории замин; рӯ ба феодализм?

Иқтисод 06.03.2013 19:14

Tohiri AПӯшида нест, ки миёни гуфтор ва кирдори аҳли қудрату сарват фосила зиёд аст. Бавижа, дар кишварҳои ақибмонда. Зимомдорон дар Тоҷикистон ҳамвора аз ғамхориҳои бедареғи худ нисбат ба мардум ва талошҳояшон барои озодию ободии кишвар ҳарф мезананд, вале чун аз минбару маҷлисҳо берун мешаванд, гуфтори худро фаромӯш мекунанд ва ба гуфтаи Ҳофиз "чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд".

Бадтар он аст, ки қонунгузорони тоҷик гоҳо аҳкоми ҳуқуқие содир мекунанд, ки ба Қлнуни Асосии ин кишвар созгор нестанд. Намунаи чунин носозгориҳо тасвиби муқарраротест, ки порлумони Тоҷикистон ахиран (12.12.2007) ба тасвиб расонд. Ин муқаррарот шомили "тағйиру иловаҳо ба кодекс (қонун) - и замин" аст.

Тибқи он кишоварзон ҳангоми гирифтани вом (қарз) аз бонкҳо "метавонанд ҳаққи истифода аз (сертификат ё гувоҳномаи) заминро ба гарав бигузоранд, ё онро чун авроқи қиматдор бифурӯшанд…". Моҳиятан ин қонуни хусусисозии замин аст, қонуне, ки ба Қонуни асосии Тоҷикистон муғойират дорад.

Тибқи Қонуни Асосӣ, дар Тоҷикистон замин дороии ҳамагон (давлат, миллат, ҷомеъа) аст, на моли хусусии афрод. Он дар ихтиёри кишоварзон гузошта шудааст, то ишон аз он барои тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ истифода намоянд. Аз ин рӯ, кишоварзон ҳаққ надоранд заминҳоро бифурӯшанд ва ё ба гарав бигузоранд.

Чамшпӯшӣ аз раъйи мардум

Дигар ин ки дар Қонуни асосии кишвар омадааст, ки "Тоҷикистон давлати демократии ҳуқуқбунёд…" мебошад. Яъне дар ин кишвар қонунан мардум соҳиби қудрат мебошанд ва дар масоъили муҳимм тасмими ниҳоиро бояд мардум бигиранд, на намояндагони онҳо.

Порлумони Тоҷикистон метавонад танҳо қонунҳоро ба тасвиб бирасонад, ки мардуми кишвар ба онҳо мувофиқ бошанд. Аммо дар ин масъалаи муҳимм раъйи мардумро напурсиданд, дар ҳоле ки мебоист аввал масъаларо бо тамоми ҷузъиёт ва паёмадҳои эҳтимолии он ошкору возеҳ бо мардум дар миён мегузоштанд ва пас аз баҳсу баррасиҳо ва комилан равшан шудани суду зиёни он, як раъйпурсии ҳамагонӣ (референдум) ба роҳ андохта, назари мардумро муъайян месохтанд.

Агар мардум ҷонибдори хусусӣ шудани замин бошанд, пас мебоист нахуст Қонуни Асосиро тағйир дод ва сипас мутобиқи он қонуни заминро ислоҳ кард.

Кишваре камзамин

Яқинан метавон гуфт, ки дар шароити кунунӣ аксари мардуми Тоҷикистон бо хусусӣ сохтани замин мухолиф мебошанд. Зеро онҳо дар ин кор таҷрубаи талхе доранд. Бар асари хусусигардонии муассисоти санъатӣ, мардум ҳама чизро аз даст доданд, садҳо ҳазор нафар аз ҷойи кор ва маъош маҳрум шуданд. Акнун чизе, ки барояшон боқӣ монда, як порча замин аст.

Дар натиҷаи хусусигардонии замин, мумкин аст бисёре аз мардум аз як порча замин ҳам маҳрум шаванд, Албатта, хусусисозии замин худ ба худ кори баде нест. Он мумкин аст боъиси болоравӣ ва самарабахшии кор ва ҳаҷми маҳсулот гардад.

Дар бисёре аз кишварҳои дигар замин доройии хусусӣ аст ва кишоварзон аз он ба таври самарабахш истифода мекунанд. Дар кишварҳои пешрафта фақат 3-5 дар сади нируи кор машғули кишоварзӣ мебошанд.

Воҳидҳои кишоварзӣ заминҳои зиёд (ҳар кадом 100 - 200 ҳектор ва бештар) доранд ва бо васоили фаннӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Вале шароити Тоҷикистон ба гунаи дигар аст. Дар ин кишвари кӯҳистонӣ беш аз 70 дар сади мардум дар деҳот (рустоҳо) зиндагӣ мекунанд ва кору фаъолияти аксари онҳо кишоварзӣ, ба замин вобаста аст. Аммо дар муқоиса бо ш умори ҷамъият, заминҳои ҳамвору қобили кишт дар Тоҷикистон зиёд нест. Бавижа заминхои обӣ кам аст (камтар аз 700 ҳазор ҳектор ё фақат 0,08 ҳектор ба сари ҳар нафар).

Аз як тараф, камбуди заминҳои кишоварзӣ ва аз сӯии дигар, норасоиҳо дар созмондеҳӣ ва идораи кор аз мушкилоти асосии арсаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон аст.

Буҳрони кишоварзӣ

Солҳост, ки арсаи кишоварзӣ гирифтори буҳрони иқтисодист ва ниёз ба таҳаввулот дорад. Аммо ислоҳоти солҳои ахир (тақсиму порча - порча кардани колхозу совхозҳо) бӯҳрони ин соҳаро амиқтар сохт.

Сабаби ин бӯҳрон рафтори номунсифонаи фучеристону сармоягузорон аст, маводди мавриди ниёзи кишоварзонро бо қиматҳои бағоят болотар аз нархи бозор ба деҳқонон мерасонданд ва маҳсулоти кишоварзиро бо нархҳои хеле арзон аз деҳқонон мегирифтанд.

Дар натиҷаи ин гуна фаъолияти носолими миёнаравҳо (сармоягузорону фучеристҳо) ва бонкҳо хоҷагиҳои деҳқонӣ (воҳидҳои кишоварзӣ) қарздор шуданд ва тайи солҳои ахир қарзи онҳо пайваста афзуда ва ҳоло ба 500 милион долар расидааст. Дар чунин шароите, агар санади истифода аз замин ба гарав гузошта шавад ва деҳқонон натавонад қарзҳои худро бипардозанд (яқинан, ки наметавонад), заминҳои деҳқонон дар муддате кӯтоҳ ба дасти бонкҳо ва гурӯҳи кучаке аз афроди пулдор хоҳад уфтод ва Тоҷикистон ба як кишварои феодалӣ табдил хоҳад шуд.

Дар замони шӯравӣ ва пас аз он дар Тоҷикистон амалан низоми феодализми давлатӣ ҳукмфармо буд. Воҳидҳои кишоварзӣ бо шеваи роиҷи "фармондеҳи аз боло" идора мешуданд ва мешаванд. Кишоварзон, бавижа колхозҳо (хоҷагиҳои дастаҷамъӣ) аз истиқлол ва ихтиёроти кофие бархӯрдор нестанд. Нақшаҳои тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби ҳукуматдорон таъйин мешуд ва ҳоло ин равиш идома дорад.

Ин яке аз сабабҳои камсамар будани фаъолияти кишоварзон аст. Бо амалӣ шудани муқаррароти ҷадид дар мавриди гаравгузории замин низоми феодализми клосикӣ дар Тоҷикистон қонунан истиқрор хоҳад шуд.

Ислоҳот: васила ё ҳадаф?

Равшан аст, ки ислоҳот ҳадаф нест, балки василаи расидан ба ҳадаф аст. Ҳадафи ҳама гуна ислоҳот боло бурдани сатҳи тавлидот, даромади мардум ва беҳтар кардани вазъи зиндагии онҳо мебошад.

Суол ин аст, ки оё эҳёи низоми феудолӣ ба болоравии ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум кумак хоҳад кард? Яқинан метавон гуфт, ки на.

Яке аз аъзои порлумони Тоҷикистон гуфт, ки "ҳадаф аз тасвиби муқаррароти ҷадид назорати муассир бар навҳаи истифода ва тақсими одилонаи замин мебошад". Албатта, ин суханони мубҳам мавзуъро навшан намесозанд.

Ҳадафи аслии қонунгузорон рӯшантар хоҳад шуд, агар таваҷҷуҳ кунем, ки он ба суди чи касоне тамом мешавад. Чанд моҳ пеш аз ин, Муродалӣ Алимардонов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди зарурати эҷоди бозори замин изҳори ақида карда буд. Вай аз ҷумла гуфт, ки "кишоварзон метавонанд санади (сертификат) истифода аз заминро барои гирифтани қарз аз бонкҳо ба гарав гузоранд ва ё ба масобаи коғазҳои қиматдор дар бозори замин бифурӯшанд. Ин имконият медиҳад, ки соҳаи кишоварзӣ аз ҳолати бӯҳронӣ берун ояд", яъне қарзҳоро ба фучеристҳо бонкҳо хоҳанд пардохт.

Бозии печида

Агар инро ҳам дар назар бигирем, ки аксари сармоягузорону фучеристҳо кормандони баландпояи бонкҳо мебошанд, равшан мешавад, ки бидуни раъйпурсии ҳамагонӣ ворид намудани чунин тағйирот ба қонуни замин ба суди бонкҳо ва афроди пулдор аст.

Ин як бозии ҳадафдор ва печидаест. Аввал колхозу совхозҳоро (воҳидҳои кишоварзии дастаҷамъиро) тақсиму пора - пора ва заъиф сохтанд. Сипас онҳоро муҳтоҷу вобастаи сармоядорону фучеристҳо карданд. Сармоядорону фучеристҳо дар ҳамдастӣ бо бархе аз сарварони воҳидҳои кишоварзӣ бо истифода аз гуна - гуна фиребу найранг ва бедодгариҳо тайи чанд соли ахир қарзҳои миёншиканро ба дӯши кишоварзон бор карданд. Акнун бонкҳо ба майдон баромаданд ва дар пайи амалӣ кардани муқаррароти ҷадид мебошанд.

Онҳо якҷо бо ҳукуматдорон тасмим гирифтанд, ки пас аз ин кишоварзон на аз миёнаравҳо, балки мустақиман аз бонкҳо қарз бигиранд. Зимнан, масъалаи пардохти қарзҳои кишоварзон ба таълиқ андохта шудааст ва маълум нест, ки сарнавишти онҳо ва суди солонаи онҳо чӣ хоҳад шуд

Саволе пеш меояд, ки бонкдоронро ба кишоварзӣ чи кор аст ва чаро онҳо, ки мутахассисони умури кишоварзӣ нестанд, дар ҳалли мушкилоти ин арса дахолат мекунанд? Агар онҳо дар ғами пешрафти иқтисоди кишваранд ва дилашон ба ҳоли кишоварзон месӯзад ва аз ин рӯ дарҳошонро ба рӯйи кишоварзон боз мекунанд, пас чаро ин кори хайрро пеш аз ин накарданд?

Баҳраи миёншикан аз қарз

Барои пешрафти кишоварзӣ ва дигар риштаҳои иқтисоди Тоҷикистон қарзҳои боимтиёз ва дарозмуддат лозим аст. Вале нархи қарзҳои бонкҳои Тоҷикистон хеле гарон (солона 30- 36 дарсад) аст.

Илова бар ин, бонкҳо фақат қарзҳои кӯтоҳмуддат медиҳанд ва аз онҳо фақат тоҷирон истифода мекунанд. Яке аз иллатҳои гарон будани нархи колоҳо дар бозорҳои Тоҷикистон ҳам ҳамин аст. Чунин қарзҳо барои кишоварзону соҳибони корхонаҳои санъатӣ қобили қабул нест.

Ҳафтаи гузашта дар як суҳбати телевизиюнӣ як бозаргон иброз дошт, ки бонкҳо бояд нархи баҳра аз қарзҳоро пойин биёранд ва муддати онҳоро дароз кунанд, то кишоварзон битавонанд аз онҳо истифода кунанд. Корманди бонк дар посух гуфт; "Мо наметавонем қаозҳои арзону дарозмуддат бидиҳем Шумо, кишоварзон маҳсулоти худро дар бозор бо нархҳои болотаре бифурӯшед…". Агар бонкҳо ҳозир нестанд, ки нархи қарзҳоро пойин биёранд, пас онҳо мушкили кишоварзонро осон намекунанд.

Аз ин рӯ, барои дарёфти қарз муроҷеъа кардан ба бонкҳо кори беҳуда хоҳад буд. Ба назар мерасад, ки ҳадаф аз тақсимоти ахир, ин аст, ки кишоварзон шадидан вобастаи бонкҳо шаванд, то бонкҳо натоиҷи дилхоҳашонро ба даст оранд.

Эҳтимоли маҳрумият аз замин

Амалӣ шудани ин қонун мумкин аст паёмадҳои ногуворе дошта бошад. Дар вазъияти феълӣ эҳтимоли зиёде вуҷуд дорад, ки кишоварзон дар бадали вомҳои сангин санадҳои заминро ба гарав гузошта ва батадриҷ аз ҳаққи истифода аз заминҳояшон маҳрум шаванд.

Аз ҷониби дигар, бонкҳо ва афроди пулдор мумкин аст аввал санадҳои замин ва баъдтар заминҳоро соҳиб шуда ва ба тадриҷ ба феодулҳои навпое табдил шаванд. Бархе аз аъзои порлумон бо нигаронӣ аз чунин паёмадҳо бо тасвиби ин муқаррарот мухолифат карданд, вале суханони онҳо беасар монд. Ҳамчунон метавон гуфт, ки муъомилоти санадҳои истифода аз замин аз рӯйи нархҳои бозор сурат хоҳад гирифт ва ба эҳтимоли зиёд бахше аз заминҳои Точикистон дороии хусусии сармоядорони хориҷӣ хоҳанд шуд.

Онҳо бештар ба истифода аз васоили фаннӣ такя хоҳанд кард ва дар чунин сурате аҳволи кишоварзон бадтар хоҳад шуд. Зеро бар асари чунин ислоҳот садҳо ҳазор нафар аз деҳқонон аз замин маҳрум шуда, шуғли кишоварзӣ ва деҳотро тарк карда ва рӯй ба шаҳрҳо хоҳанд овард. Дар муқобил, шаҳрҳои Тоҷикистон ҳанӯз омодаи пазируфтани мавҷи муҳоҷирони рустоӣ нестанд. Дар ин ҷо барояшон на манзил ҳасту на ҷойи кор. Онҳо баночор ба сафи бекорон ва муҳоҷирони корӣ пайваста ба кишварҳои дигар хоҳанд рафт ва азобу сахтиҳои бештари ғарибиро хоҳанд кашид.

Албатта ин вазъ боъиси нороҳатии феодалҳои навпо ва ҳукуматдорон нахоҳад шуд. Зеро Тоҷикистон "дар ҳоли гузор ба иқтисоди бозорист". Ба ақидаи бисёр касон, ки аз маънии аслии ин низом огоҳ нестанд, ҳадафи асосии иқтисоди бозорӣ андӯхтани пулу сарвати зиёд аст ва чигунагии васила барои онҳо муҳимм нест.

Тоҳири Абдуҷаббор,

таҳлилгари тоҷик, радиои Би-би-сӣ, 30 апрели 2008

 

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97