Агар Тоҷикистони пешрафта бихоҳед, аз роҳи севвум баргардед

Иқтисод 02.03.2013 15:18

ё болоравии молиёт иқтисодро ақиб мебарад

[Image]Аз оғози соли ҷорӣ дар ҳама қаламрави кишвар, дар асоси қоидаҳои нави Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, қиммати андоз барои соҳибкорон баланд бардошта шуд. Ин болоравии назаррас аст ва ахиран қисме аз соҳибкорон дар шимол ва қисми дигар дар ҷануб ба нишони эътироз ба ин болоравии андозҳо, коршиканӣ карда, як навъ гирдиҳамоии эътирозӣ ташкил карданд. Баъд аз ваъдаи масъулон барои ҳали мушкилоти худ, соҳибкорон муваққатан аз коршиканӣ даст кашида, ба умеди паст шудани қиммати андоз ба кор шуруъ карданд.

Андоз зиёд шуд: "Тарбуз аз бағал афтод"

Ҳарчанд таи соли охир дар замони таҳияи Кодекси андози нав, мардум умед дошт, ки шумораи андоз ва фоизҳои он кам мешавад, аммо баъди қабули Кодекси андози нав маълум гашт, ки шумораи андозҳо аз 21 намуд ба 10 намуд расид, вале фоизҳои он кам нашуд ва дар баъзе маврид зиёд низ гардид. Дар натиҷа андозе, ки соҳибкорон месупоранд, ба таври назаррас зиёд шуд.

Тоҷикистон имрӯз роҳи иқтисоди бозаргониро пеша кардааст ва ҳар қонуну қоидае, ки ҷорӣ мешавад ва дар амал татбиқ мешавад, дар асоси талаботи иқтисодӣ бозаргонист. Барои он ки механизми иқтисоди бозаргонӣ дуруст кор кунад, бояд даромад ва хароҷоти буҷаи давлат сар ба сар ояд. Бадбахтона буҷаи Тоҷикистон солҳост, ки сар ба сар нест ва хароҷот аз даромад зиёдтар аст. Ин дар ҳолест, ки уҳдадориҳои иҷтимоии давлат нисбат ба уҳдадориҳои иҷтимоии кишварҳои пешрафта ба маротиб кам аст. Нафақаи пиронсолону маъюбон ва маоши кормандони соҳаҳое, ки аз буҷаи давлат таъмин мешаванд ба зиндагии миёнаҳолона ҳам намерасад.

Интихоби роҳи севвум иштибоҳ аст

Дар асоси нишондиҳандаҳои сатҳи таваррум (беқурбшавии пул), ки тибқи маълумоти расмӣ солона тақрибан 6-10% ва тибқи назарҳои коршиносони мустақил тақрибан 20-30%-ро ташкил медиҳад, ҳукумати кишвар ҳар сол уҳдадориҳои иҷтимоии худро зиёд мекунад ва қисми хароҷоти буҷаи давлатӣ зиёд мешавад. Ин масъалаи зиёдгардонии қисми даромади онро ҳам пеш меорад ва ҳукуматро зарур аст, ки роҳҳои дурусти қисми даромадро муайян карда, дар амал татбиқ намояд.

Роҳҳои зиёдгардонии даромади буҷаи давлатӣ зиёданд, аммо дар шароити кунунии кишвари мо се роҳи аслии он дастрас мебошад:

1. Зиёд кардани шумораи соҳибкорон ва объектҳои андозбандишаванда;

2. Таъмини шароит барои ҷамъоварии пурраи андозҳо;

3. Баланд бардоштани молиёт барои андозсупорандагон.

Имрӯз барои зиёд кардани қисми даромади буҷаи давлатӣ ҳукумат роҳи сеюм, яъне "Баланд бардоштани молиёт барои андозсупорандагон"-ро ихтиёр кардааст, ки ин натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Баланд кардани андоз боиси кунд шудани рушди иқтисод мегардад ва ҳиссаи иқтисоди ниҳониро зиёд мегардонад. Аслан имкон надорад, ки сол аз сол дар баробари сатҳи таваррум ва болоравии уҳдадориҳои иҷтимоии кишвар фоизи андозҳоро зиёд кард. Зиёдшавии молиёти андоз ҳам ҳад дорад ва рӯзе ба ин ҳад хоҳем расид. Аммо таваррум ҳар сол ҳаст ва бояд давлат нафақа ва маошро зиёд кунад ва роҳи зиёд кардани андоз моро ба бунбаст мебарад.

Роҳи дуруст кадом аст?

[Image]Бинобарин беҳтар аст, ки барои зиёд кардани қисми даромади буҷаи давлат ва кам кардани касри он, аз роҳҳои дигар истифода кард.

Имконият ҳаст, ки бо додани имтиёзҳо ба соҳибкороне, ки мехоҳанд корхонаҳои хурди истеҳсолӣ ва хидматию маишӣ бисозанд, шумораи чунин коргоҳҳоро зиёд кард ва ба ин тартиб ҳам шумораи корхонаҳои андозсупор зиёд мегардад ва ҳам ҷойҳои нави корӣ ташкил мешавад, ки ин боис мешавад, то шумораи шахсони андозсупоранда зиёд бигардад. Дар натиҷа доираи андозсупорандаҳо васеъ гардида, ҳаҷми маблағи андоз зиёд мегардад ва қисми даромади буҷа зиёд шуда давлат уҳдадориҳои молиявии худро иҷро карда метавонад.

Таъмини шароит барои ҷамъоварии пурраи андозҳо ҳам метавонад мушкилоти ҷойдоштаро ҳал бисозад. Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯи барнома ва маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ тасмим гирифтааст, ки дар соҳаи ҷамъоварии андозҳо ба низоми нави электронӣ бигузарад. Ба ин мақсад дастгоҳҳои нав дохил шуда, нозирони андозро аз курсҳои омӯзишӣ доранд мегузаронанд. Дар назар аст, ки бо ҷорӣ шудани ин низом мушкилоти ҳуҷҷатгузории андозсупорандаҳо коҳиш ёфта, муомилаи бевосита бо кормандони нозироти андоз кам хоҳад шуд. Ин имкон медиҳад, ки ришвахорӣ дар соҳа кам шуда, ҷамъоварии пурраи андозҳо таъмин гардад.

Ҳоло танҳо умед он аст, ки ин барнома ба дурустӣ иҷро шуда, боиси ҷамъоварии пурраи андозҳо бигардад. Ин дар навбати худ қисми даромади буҷаро зиёд карда имкон медиҳад, ки молиёти андоз барои соҳибкорон дар сатҳи одилона қарор бигирад.

Умуман ба хотири он ки иқтисоди кишвар аз рушд намонад, доираи андозсупорандагон зиёд гардад, ҷамъоварии пурраи андоз таъмин шавад ва даромади буҷа ба хароҷоташ баробар бошад, бояд аз болобарии меъёрҳои андоз даст кашид. Чунки бардоштани молиёт барои соҳибкорон паёмади нек надорад ва роҳи рушди иқтисодро мебандад. Беҳтар аст, то аз роҳҳои дигар истифода кард ва барои натиҷаи дилхоҳ додани он музди меҳнати кормандони давлатиро зиёд кард ва нагузошт, ки масъулин дар сохтмон ва идораи корхонаҳои истеҳсолӣ ва хидматрасонӣ шарик бошанд. Чунки дар ҳолати манфиъат бурдани онҳо аз сохтмон ва идораи (ба воситаи) чунин корхонаҳо рақобати солим аз байн меравад ва ин ҳамаи кӯшишҳоро барои ба даст овардани натиҷаҳои хуб, аз истифодаи роҳҳои дигари ғанисозии буҷаи давлатӣ, ба ҷуз аз бардоштани молиёти соҳибкорон, барбод медиҳад.

Меҳр Собириён,

иқтисодшинос

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97