Рашт: Шакару лубӣ бас, ғизои маънавӣ мехоҳем!

Иқтисод 06.11.2012 11:13

shakaru_lubi_rasht- Агар ҳукумат бихоҳад барои мардуми дурдасти куҳистон кумакҳои хайриявӣ бикунад, пас ин хайрияҳо бояд дар шакли баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа бошад - мегӯянд сокинони навоҳии дурдасти Рашту Нуробод.

Ба гуфтаи Малика Носирова, сокини ноҳияи Нуробод, дар зарфи  21 соли охир ҳам ташкилотҳои хайриявии ҷаҳонӣ ва ҳам Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мардумро бештар бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин мекунанд. Имрӯз, ки ҷомеа аз ҳолати фақру нодорӣ баромадаст, мебояд мардумро бо ғизои маънавӣ таъмин намуд. Зеро сабаби бештари мушкилоти иҷтимоии мардум сатҳи пасти саводнокию беиттилоотии онҳо мебошад.

Бонувони раштӣ хоҳиши онро доранд, ки ба ҷойи кумаку хайрияҳои ғизоӣ ба онҳо китобу маҷалла ва рӯзномаҳоро ройгон дастрас намоянд, ба манфиат хоҳад буд. Зеро дар навоҳии дурдаст бештари мардум имкони иқтисодии обуна шудан ва харидории рӯзномаву маҷаллаҳои давлатиро надоранд.

Озодамоҳ Ҳакимова, омӯзгори мактаби таҳсилоти ҳамагонии №60 -и ноҳияи Рашт иброз медорад, ки занону духтарони навоҳии куҳистон ба китобу рӯзномахонӣ майлу рағбати зиёд доранд, аммо дар давраҳои гуногун бинобар дастрасӣ надоштан ба рӯзномаву адабиётҳои тозанашр каме аз мутолиа дур мондаанд.

Ба гуфтаи Озодамоҳ Ҳакимова ҷомеа бе мардуми маълумотноку худогоҳ пеш намеравад. Аммо сокинони деҳоти дурдасти ноҳияи Рашт бинобар мушкили иқтисодӣ ба рӯзномаҳо дастрасӣ надоранд.

Ба хусус барои бонувони дарраи дурдасти Камароби ноҳияи Рашт агар аз ҳисоби фондҳои хайриявӣ ва буҷаи давлат лоақал як номгӯии рӯзномаву маҷаллаҳоро ройгон таъмин намоянд, кори хайре мешавад. Зеро на ҳамаи мардуми рустоӣ имкони молии обуна шудан ё харидорӣ намудани рӯзномаву маҷаллаҳои давриро доранд.

Як сабаби коҳиш ёфтани сатҳи маълумотнокӣ ва маънавиёти ҷомеа ин аст, ки сокинони русто то солҳои 2002-200 имкони иқтисодии обуна шудан ва ё харидории матбуоти давриро надоштанд. Дар ҳоли ҳозир буҳрон рафъ шудаву қариб тамоми оилаҳо имкони молии дастрасӣ ба матбуоти давриро доранд, аммо таваҷҷуҳ ба рӯзномаву маҷаллахонӣ надоранд. Зеро баъди чандсолаҳои мушкили иқтисодию холигии фазои маънавӣ барнома ё лоиҳаи маърифатие рӯи кор наомадааст, то мардумро ба маҷаллаву рӯзномахонӣ ҷалбу ҳидоят намояд.

Таҷрибаи давлатдории собиқ Шӯравӣ, ки ҷомеаи Тоҷикистон ҳам тӯли 70 сол узви он иттиҳод буд, собит намуд, ки дар марҳилаи аввал бо роҳи дастрасии ройгон ба матбуоти даврӣ метавон мардумро ба рӯзномаву китобхонӣ ва толорҳои хониш ҷалб намуд.

Насли калонсоли навоҳии дурдасти кишвар хуб дар хотир доранд, ки дар авохири солҳои 1970-уми асри гузашта қисме аз сокинони кишвари моро ҳам бо рӯзномаву маҷаллаҳо ройгон таъмин мекарданд. Баъдан, ки мардум ба рӯзномахонӣ одат карданд, онҳо аз ҳисоби музди меҳнат ва ҳатто маоши нафақаашон ҳам бо хоҳиши худ обуна мешуданд.

Шералӣ Табаров, сокини ноҳияи Рашт пешниҳод дорад, ки дар марҳилаи кунунӣ барои ҷалби мардум ба рӯзномаву маҷаллахонӣ метавон аз ҳисоби захираи буҷаи давлатӣ ва фондҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ бо таъсиси толорҳои хониш дар деҳот ва ҳатто қисман аҳолиро ройгон бо матбуоти даврӣ таъмин намуд.  

- Имкон дорад, ки толорҳои хонишро аз ҳисоби ҳуҷраҳои озоди чойхонаҳо, бошишгоҳҳои саҳроӣ ва дигар иншооти фарҳангӣ таъсис дод. Ҳама тасмиму тадбирҳоро баҳри баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа бояд таҷриба намуд, то мардуми рустоиро ба мутолиаи матбуоту адабиёти гуногун ҷалб кард.

Дар ҳамин ҳол иддае аз соҳибназарон таъмини ройгони аҳолии дурдастро бо матбуоти даврӣ аз ҳисоби буҷаи давлатӣ имконнопазир меҳисобанд. Зеро барои амалӣ намудани ин иқдом  қонуну қарорҳои навро бояд ба тасвиб расонид. Аз ҷониби дигар шояд ба истиснои мамлакатҳои сотсиалистӣ дигар дар ягон кишвари дунё аз  буҷаи давлатӣ, ки он ҳам аз ҳисоби киссаи мардум аст, барои ғизои маънавии аҳолӣ маблағ ҷудо намешавад. Аммо мавзуи мавриди баҳси мардум ин аст, ки чаро давлату созмонҳои дохилию хориҷӣ кумакҳои хайриявиро дар шакли маҳсулоти истеъмолию сару либос мерасонанду ба таъмини ғизои маънавии мардум таваҷҷуҳ надоранд.

Имрӯз садои мардум атрофи дархости ғизои маънавӣ, ки аз рустои Тоҷикистон ба гӯш мерасад, шабаҳи ҳамон масали маъруф аст, ки; "Моро моҳидорӣ биомӯзед, на моҳихӯрӣ".

Дар Тоҷикистон бобати таъмини ройгони аҳолӣ ба матбуоти даврӣ баъзе рӯзномаҳои мустақил бо дастгирии молиявии Созмонҳои байнулмиллалӣ тасмимҳои кутоҳмуддатеро рӯи даст гирифта буданд. Аммо он кумакҳои маънавӣ фарогири тамоми манотиқи кишвар набуданд. Акнун ки сатҳи маълумотнокии аҳолӣ ва одобу ахлоқи ҷомеа буҳронӣ арзёбӣ мегардад, мебояд дар самти маърифатнокии мардум тадбирҳои судбахш андешид. Ва яке аз муҳимтарин омилҳои баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа ин таъмини қишри камбизоату осебпазири ҷомеа бо ғизои маънавии ройгон мебошад.

Ёд дорам ҳанӯз солҳои 1993-1994 буду дар як рустои Хатлон Ташкилоти байнулмиллалие кумаки хайриявӣ мерасонид.Ҷавонмарде, ки сокинонро номнавис мекард, ба  куҳансолтарин бонуи деҳа ҳаққи ғизояшро дода, дархост намуд; "Акнун, момаҷон, дар ҳаққи мо як дуои хайр кунед!"

Кампир абрувони сафедашро ба ҳам кашида, ҷавоб гуфт: "Бачаи ҷун, ман дуои ҷони Шуморо бе гуфти ту ҳам мекунуму лекин ба ҳаму калонои ООН бурасон, ки Худо хоҳад мардум аз гуруснагӣ намемуранд. Лекин фарзандомон бесаводу худмон аз гапи дунё бехабар мондаем. То ҳами шакару лӯбӣ овардана, кам - кам китобу газета биёред!"

- Момаҷон, ҳозир мон шиками мардум сер шавад, газету китоб ҳам мешавад, илму донишро ҳам кадом вақте хоҳӣ аз худ кардан мегирӣ -гуфт намояндаи созмони хайриявӣ ва пиразанро мутақоид карда натавониста буд. Зеро бонуи як умр дар саҳрои пахта обутоб ёфта, дар ақидаи хеш устувор буд, ки гушнагии маънавӣ аз норасоии ғизо дида хатари бештар дорад.

Ҳаминак бо гузашти ду даҳсола солмандони имрӯзи мо ҳам ҷумла мушкилоти ҷомеаи моро аз коҳиш ёфтани маънавиёти ҷомеа медонанд. Мутаассифона баъди 20 соли соҳибистиқлолии кишвар мо лоақал дар сатҳи солҳои 1980-ум мардум ба хусус аҳолии дурдасти русторо бо ғизои маънавӣ таъмин карда наметавонем. Шояд иддае аз масъулони риштаи маънавиёт сабаб пеш оранд, ки дар ҳоли ҳозир ҳам барқарор намудани соҳаи алоқа ва почтаи тоҷик дар сатҳи маҳаллаҳо имконнопазир аст. Аммо воқеият чунин аст, ки то кунун дар ин самт мавзуи дастрасии аҳолии деҳот ба рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ ҷиддӣ матраҳ нашудааст. Ё тадбирҳои пешгирифта дар ин самт натиҷа намедиҳанд ва ё масъулони соҳавӣ дар амалӣ намудани тадбирҳои дар боло зикршуда, комёб нашуданд. Зеро дар шароити имрӯз барои баланд бардоштани маънавиёти мардум бо роҳи ҷалби омма ба мутолиа, мушкили иқтисодӣ сабаби воқеӣ шуда наметавонад. Пас, наҷоти ҷомеа аз буҳрони маънавӣ роҳи дигар дорад?

Ҷамолиддин УСМОНИЁН

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97