Озмоиши мушаки нави Ирон ва имкони ҳамлаи Исроил

Иқтисод 05.09.2012 19:44

iron_tekhnoloji_01Мақомҳои Ирон аз рӯнамоии мушаки баластикии ин кишвар бо сӯхти ҷомиди мураккаб (твёрдое топливо) хабар додаанд.

Ин мушак Фотеҳ - 110D ном дорад ва ба гуфтаи Аҳмад Ваҳидӣ, вазири дифоъи Ирон "аз дақиқтарин ва пешрафтатарин мушакҳои болистики замин ба замин бо сӯзишвории ҷомиди мураккаб аст."

Дар истилоҳи низомӣ мушаки баластик ба мушакҳое гуфта мешавад, ки тавассути мотораш дар иртифоъи болое авҷ мегирад ва сипас идомаи роҳро бо истифода аз нирӯи ҷозибаи замин ба шакли суқути озод ба самти ҳадаф ҳаракат мекунад.

Мақомҳои низомии Ирон як моҳ пеш аз озмоиши муваффақиятомези мушаки Фотеҳ - 110 хабар дода буданд.

Вазири дифоъи Ирон дар маросими рӯнамоӣ гуфтааст, ки ин мушак дар як даҳаи ахир "нақши муассире дар иртиқои тавони дифоъии" кишвараш доштааст.

Ба гуфтаи оқои Ваҳидӣ "муҳити амниятӣ доиман дар ҳоли тағйир аст ва агар натавонем мутаносиб бо он таҳаввул пайдо кунем, иҷро шудани шарти боздорандагӣ имконпазир нест."

Дар моҳҳои ахир ҳамзамон бо афзоиши фишорҳои байналмилалӣ бар сари барномаҳои атомии Ирон мақомҳои ин кишвар бо баргузории монёврҳои низомӣ ва озмоиши ҷангафзорҳо нисбат ба паёмадҳои ҳар гуна ҳамлаи низомӣ ба кишварашон ҳушдор додаанд.

Мушаки Фотеҳ ҳамроҳи панҷ навъи дигар аз тавлидоти низомии Ирон аз ҷумла дастгоҳҳои шунид, хумпораандоз ва сомонаи ҷиҳатёб бо ҳузури Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Ирон рӯнамоӣ шудааст.

Оқои Аҳмадинажод дар ҷараёни суханронии худ дар ин маросим гуфтааст, ки "бояд ба нуқтае бирасем, ки тавонмандиҳои дифоъии кишвар ҳамаи зӯргӯён ва мустакбиронро мутаваққиф кунад ва ҳатто ононро ба ақиб биронад."

Раиси ҷумҳури Ирон гуфтааст, кишвараш "пешрафти санъати дифоъиро барои кишваркушоӣ, султа бар ҳамсояҳо ва тасаллут бар дунё" намехоҳад, балки ҳадаф аз он "дифоъ аз ҷуғрофиё, сарзаминҳо ва мавҷудияти кишвар ва сипас дифоъ аз киёни инсонҳо аст."

Рӯнамоӣ аз маҳсулоти тозаи низомии Ирон дар рӯзи санъати дифоъии ин кишвар анҷом шуда, ки ҳар сол дар охирин рӯз аз мурдодмоҳ баргузор мешавад.

Сипоҳи Посдорони Инқилобӣ Исломӣ ва артиши Ҷумҳурии Исломӣ ба муносибати ин рӯз баёнияҳое мунташир карда ва аз "дастовардҳои ҷадиди низомии" Ирон алорағми вуҷуди "таҳримҳои занҷираӣ" ситоиш кардаанд.

Вазири дифоъи Ирон: Таҳдид Исроил барои ҳамла арзише надорад

Вазири дифоъ ва пуштибони нерӯҳои мусаллаҳи Ирон гуфтааст, ки мақомоти Исроил бо он чи ӯ "изҳороти ҷангафрӯзона" хонд, дар масири инҳидом ва фурӯпошии артиш ва "мошини ҷангии" Исроил қадам бармедоранд.

Аҳмад Ваҳидӣ, вазири дифоъ ба хабаргузории "Меҳр" гуфт, ки нерӯҳои мусаллаҳи Ирон ҳамакнун дар болотарин сатҳи омодагии дифоъӣ ва низомӣ қарор доранд ва ба ҳар мутаҷовизе посухи кӯбанда хоҳанд дод."

Вазири дифоъи Ирон бо баёни ин ки мақомоти Исроил дучори ихтилофоти шадиди сиёсӣ дар миёни худ ҳастанд, гуфт, ки изҳороти гурӯҳе аз сиёсатмадорони исроилӣ дар бораи омода шудани ин кишвар барои ҳамла ба Ирон "ҳеҷ арзише надорад".

ӯ изофа кард: "Бедории исломӣ ин режимро дар инзиво фурӯ бурдааст ва онҳо барои матраҳ кардани дубораи худ ва дар ростои амалиёти равонӣ, баҳси талош барои ҳамла ба Ҷумҳурии Исломиро матраҳ мекунанд."

ӯ хитоб ба тасмимгирони Исроил гуфт, ки "бо ҳарфҳои таблиғотӣ, мушкилоташон поён нахоҳад ёфт."

Муҳсин Ризоӣ, дабири маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом ва аз фармондеҳони собиқи сипоҳи Ирон ҳам гумоназаниҳо дар бораи ҳамлаи низомии эҳтимолии Исроил ба Иронро ғайривоқеъӣ хонда, вале гуфтааст, ки нерӯҳои мусаллаҳи Ирон барои посух ба таҳдидот, омодагии комил доранд.

Дар ҳафтаҳои ахир, гумоназаниҳое дар бораи омода шудани Исроил барои ҳамлаи низомӣ ба таъсисоти ҳастаии Ирон матраҳ шудааст ва расонаҳои Исроил ба баррасии ҷанбаҳои  мухталифи барномаи ҳастаии Ирон ва вокуниши эҳтимолии Исроил ба ин фаъолиятҳо пардохтаанд.

Як рӯзномаи исроилӣ пеш аз ин гузориш дода буд, ки Бенямин Натаняҳу, нахуствазир ва Эҳуд Барак, вазири дифоъи Исроил аз ҳамлае низомӣ ба таъсисоти ҳастаии Ирон дар пойизи пеши рӯ ҳимоят мекунанд.

Исроил ва кишварҳои ғарбӣ Иронро муттаҳам мекунанд, ки фаъъолиятҳои ҳастаии худро бо аҳдофе низомӣ дунбол мекунад.

Ирон ҳамвора ин иттиҳомро рад карда ва гуфтааст, ки барномаҳои ҳастаиаш сулҳомез аст.

Бо ин ҳол, гуфта мешавад, ки гурӯҳе аз сиёсатмадорони Исроил ҳамчунон нигарони даст ёфтани Ирон ба тавони ҳастаии низомӣ ҳастанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97