ИНҚИЛОБИ БЕРАНГИ ҲУКУМАТ

Иқтисод 19.10.2009 15:45

Ё оё масъулини соҳаи кишоварзӣ ва меҳнаткашони рустои Тоҷикистон ба ислоҳоти навбатии соҳаи кишоварзӣ омода ҳастанд?

КОЛХОЗВАЙРОНКУНӢ - ИШТИБОҲИ

СОБИҚ ВАЗИРИ КИШОВАРЗӢ

Ташкили ноодилонаи хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки аз ҳисоби саҳмияи мардум буду нафъи он ба нафарони ҷудогона мерасид, дар марҳилаи аввал деҳқонро ноумеду заминҳоро зери қарз ғуттавар сохт. Баъдан эътирозҳои гӯшакии мардум то ба марказ расид…

Ё оқибати гурези деҳқонон аз заминҳои кишту паст рафтани сатҳи истеҳсолот дар соҳаи пахтакорӣ таъсири худро ба иқтисоди буҷаи маҳаллӣ расонид, ки Ҳукумати Ҷумҳурӣ иқдоми навбатиро пеш гирифт. Инак масъулини ҳукумати вилояти Хатлон мегӯянд: Барои наҷоти соҳаи кишоварзӣ аз мушкили иқтисодӣ гузаронидани ислоҳоти такрорӣ ногузир аст!

Дар ҳоли ҳозир дар ноҳияҳои вилояти Хатлон бо иштироки масъулини ҳукуматҳои маҳаллӣ ва хоҷагидорону саҳмиядорони замин як силсила семинарҳо баргузор шудаву мешаванд, ки дар ин семинарҳо роҳҳои гузаронидани ислоҳоти такрорӣ муҳокима мешавад.

Дар яке аз ин ҳамойишҳо, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ доир гардид, Абдураҳмон Қодирӣ, собиқ вазири кишоварзии кишвар, дар ҳоли ҳозир муовини раиси вилояти Хатлон сидқан иқрор шуд, ки дар гузаронидани ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, ба хусус дар барҳам додани сохти "колхозӣ" масъулин ба хатогиҳо роҳ додаанд:

"Дар ҳамин толор нишастагиҳо аз худи ман сар карда, ҳамаамон сабабгори вазъияти имрӯзаи соҳаи кишоварзӣ, сабабгори зиёд шудани муҳоҷирати меҳнатӣ шудаем. Фарзандонамонро бароварда аз Тоҷикистон пеш кардаем. Ба ҳамааш худамон гунахгорем!".

ОФТОБРО БА ДОМАН ПӮШОНИДА НАШУД

Яъне дар ҳамон давра аз бе маълумотии деҳқонон истифода бурда, нафароне аз ҳисоби садҳо гектар саҳмияи замини мардум хоҷагиҳои деҳқоние ташкил карданд. Аммо бинобар бемасъулиятӣ ва ноӯҳдабароӣ заминҳоро қарздор, мардумро бемузди кор ва дар маҷмӯъ соҳаи кишоварзиро ба муфлисшавӣ бурда расонидаанд.

Дар ин нишаст Абдураҳмон Қодирӣ ба сардорони хоҷагиҳо муроҷиат карда гуфт; "мақсади Президенти мамлакат бой шудани халқ мебошад. Агар мо заминро ба халқ тақсим накунем, халқ бой намешавад. Шумо, роҳбарони хоҷагиҳо, ба коргарон маош намедиҳед, барои 100 сомонӣ музди кор шуда сад баҳона пеш меоваред. Бо ин ду се халта ғалладона оё зиндагии халқ мегузарад?!"

Тибқи таҳлилҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хоҷагиҳое, ки аз 100 гектар зиёд замин доранд, қариб ҳамаи ин хоҷагиҳо аз андоз қарздоранд, аз истифодаи оби полезӣ ва нируи барқ қарздор буда, ҳосилнокии заминҳояшон паст шудааст. Коргарони чунин хоҷагиҳо қариб, ки маош намегиранд. Саҳмиядорон танҳо ба умеди гирифтани ғузапоя дар саҳро кор мекунанд. Аммо хоҷагиҳое, ки аз 1 то 5 гектар замин доранду ҳамроҳи аъзои оилаи худ хоҷагии деҳқонӣ ташкил кардаанд, аз ягон соҳаи дигар қарздор нестанд ва ҳосилнокии заминҳояшон аз 25 сентнерӣ боло аст. Ва деҳқонон дар ҳамин хоҷагиҳои деҳқонии хурд ҳавасманд ҳастанд.

ИЛЛАТ ДАР ЧӢ БУД?

Фатҳулло Ҳурматов, раиси кумитаи заминсозии вилояти Хатлон сабаби асосии вазъи ногувори соҳаи кишоварзиро дар ислоҳоти нобарори солҳои 1990 мебинад. Ба гуфтаи ӯ, шурӯъ аз соли 1996 то инҷониб ислоҳот дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ сар шуда, ҷамъ то соли 2006-ум дар ин ноҳия ҳамагӣ се хоҷагии деҳқонӣ фаъолият мекардааст. Ислоҳот дар ин ноҳия он қадар хуб нагузаштааст. Зеро дар ҳамон замон фаҳмиши мардум дар ин самт заъиф буд, мардум сарфаҳм намерафт, ки хоҷагии деҳқонӣ чи фоида дорад ва деҳқонон заминро намегирифтанд.

Аммо сокини рустои Хатлонзамин Гулбойи Мустафоқул, ки дар таҷдиди нобарори собиқ колхозҳо масъулини мақомоти маҳаллиро гунаҳгор медонад ва мегӯяд; "дар ҳамон давраҳо бисёр деҳқонон мехостанд замин бигиранд, лекин ҳар нафар аз ҳуқуқҳои худ бархурдор набуд. Мардуми деҳот одитарин роҳи таъсиси хоҷагиҳои деҳқониро сарфаҳм намерафтанд. Баъдан замин дар ихтиёри роҳбарон буд ва онҳо намегузоштанд, ки ҳар деҳқони хокпош соҳиби замину хоҷагии деҳқонӣ шавад. Ман боварии комил дорам, ки агар ҳар деҳқон саҳмияи худашро гирифта, худаш кор кунад, ёрдами бонк ҳам даркор нест. Касони ноӯҳдабарое, ки заминҳоро аз 50 то 1000 гектар соҳиб шуданд, заминҳоро қарздору мардумро бемузди меҳнат монданд.

Тибқи иттилои кумитаи заминсозии вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон аз ҳисоби хоҷагиҳое, ки аз 100 то 1000 гектар сахмияи замини мардумро сохиби доранд, бакияпулихои андоз зиёд шудааст. Дар айни хол карзи умумии ин хочагихо аз идораи обу андоз ба 4 млн 064 хазор сомони расидааст.

Бино ба ваъдаҳои Абдураҳмон Қодирӣ, муовини раиси вилояти Хатлон хоҷагиҳои калоне, ки аз ӯҳдаи кор набаромада истодаанд, дар охири ҳамин сол заминҳояшонро ба мардум тақсим хоҳанд кард. Ба гуфтаи ӯ, агар хоҷагиҳое, ки аз 50 гектар замин зиёдтар доранду қарзҳои андоз, оби полезӣ ва музди меҳнати коргаронро пардохт карда наметавонанд, чунин хоҷагиҳо барои Тоҷикистон даркор нестанд ва охири сол заминҳои онҳоро ба саҳмиядорони аслиашон тақсим бояд кард.

ТАЪСИСИ КОМИССИЯҲОИ ИСЛОҲОТ

Дар ин ҳамойиш Маҳмадсаид Зуҳуров, мудири бахши агросаноатии вилояти Хатлон иброз дошт, ки дар маҳалҳо комиссияи ислоҳотӣ ташкил меёбад, то ин ки дар гузаронидани ислоҳоти такрорӣ ба саҳмиядорон кӯмак расонанд. Ба гуфти ӯ, вазифаи асосии комиссияи ислоҳотӣ ин муайян намудани раванди ислоҳот, пеш аз ҳама муайян кардани шаклҳои ояндаи хоҷагидорӣ барои пешбурди кори соҳа буда, комиссияи мазкур масъалаҳои муайян кардани саҳми андоз, муайян кардани саҳми заминро баррасӣ фасл намояд.

ҲНИТ: МО БА ИНҚИЛОБ Ё РЕФОРМА ЗАРУРАТ ДОРЕМ

Аммо Қаландар Садриддинзода, роҳбари бахши Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар Хатлон мегӯяд, ки агар ҳукумат саҳмияи ҳар нафар сокини деҳотро бевосита ба худи деҳқонон надиҳад, ин ислоҳоти навбатӣ низ бебарор анҷом хоҳад ёфт.

Ба гуфтаи ӯ, агар ин навбат ҳам хоҷагиҳои деҳқониро иборат аз 5-10 гектарӣ таъсис диҳанд, ин омил низ як шакли дигари зулм ба деҳқонон хоҳад буд. Дар ин ислоҳот бояд, ки саҳмияи ҳар як нафарро ба худаш ҷудо кард. Дар акси ҳол, - мегӯяд манбаъ, - бо ин тарз танҳо 5-7% мардуми русто бо замин таъмин мешаванду бас ва ин ҳам дар ҳоле ки қариб 60% аҳолии Тоҷикистон деҳқонон буда, ба замин ниёз доранд. Сокинони рустои Хатлон интизори тақсимоти такрории хоҷагиҳои калон мебошанд, то ин ки саҳмияи заминашро соҳиб шуда, касби кишоварзиро мустақилона идома диҳанд. Ин навбат мардуми деҳот аз Президент умедҳои зиёд доранд ва хостори онанд, ки саҳмияи ҳар нафарро бевосита бар худаш диҳанд.

Дар бобати гузаштан ба шакли нави хоҷагидорӣ Қаландар Садриддинзода андешаи дигар дорад. Ба гуфтаи ӯ: "Омили асосии рушди соҳаи кишоварзӣ ин мусоидат намудан ба таъсиси хоҷагиҳои кооперативӣ мебошад. Барои замин як реформаи маданӣ ё як инқилоби маданӣ даркор аст. Бояд дар навбати аввал ҳукумат вориди амал бигардад, вагарна бо ин комиссияву комиссиябозиҳое, ки дар маҳалҳо мекунанд, инхо иктидори онро надоранд, ки заминро аз хочагидорони ноухдабаро гирифта ба сохиби аслиаш супоранд. Зеро бо ин "реформа"-е, ки акнун карда истодаанд, ин "реформа"-и пешрафта нест.

АГАР БОЗ ҲАМ ФИРЕБУ НАЙРАНГ РӮИ КОР ОЯД

Коршиносони соҳа иброз медоранд, ки агар ҳукумат барои баргардонидани саҳмияи замини деҳқонон ислоҳоти ҷадидеро пиёда карда тавонад, дар муддати ду се соли оянда соҳаи кишоварзӣ ба хусус пахтакорӣ аз нав рушду инкишоф меёбад, вагарна шумораи заминҳои бекорхобида сол то сол зиёд хоҳад шуд.

Воқеан, имрӯз соҳаи пахтакории вилояти Хатлон дар ҳолати ногувор қарор дорад. Алъон ин барои масъулини соҳаи кишоварзӣ ва деҳқони одие, ки талаби саҳмияи худро дорад, дахл дорад, на барои хоҷагидороне, ки заминҳои зиёдро соҳиб шуда, мардумро бемузди меҳнат кор мефармоянду қарзи заминҳояшон ба ҳар гектар аз 2 ҳазор доллар ҳам зиёд шудааст. Бояд ошкор гуфт, ки дар ягон давру замон оқибати нобаробарии тақсимоти замин самараи хуб ба бор наовардааст.

МАТБУОТИ ТОҶИК ЗАИФ АСТ?!

Муҳаммаднабӣ, як нафар деҳқони солхӯрдаи хатлонӣ нақл мекунад, ки аҷдодони ӯ дар солҳои азхудкунии заминҳои водии Вахш ранҷи зиёд кашида, баъдан барои соҳиб шудани замини наздиҳавлигӣ аз зӯри кедман кор бурдаанд. Ба гуфти Муҳаммаднабӣ, агар ҳукумат заминро ба мардуми одӣ барнагардонад, дер ё зуд як табаддулоте рух медиҳад. Ин таҷрибаи таърих аст, - мегӯяд Муҳаммаднабӣ, - аммо ман боварӣ надорам, ки Шумо ҳамаи суханҳои маро дар саҳифаи матбуот ҷой медиҳед. Зеро ман деҳқон ҳам бошам, қариб тамоми матбуоти бо ном мустақилро мехонам ва боварӣ дорам, ки Шумо ҳадди ақал 20% вазъияти иҷтимоии аҳолиро инъикос карда наметавонед. Агар кӯшиши бештаре кунед, матбуоти шуморо мебанданд.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН КАЙ ИНҚИЛОБ МЕКУНАД?!

Дар ҳақиқат мардуми русто рост мегӯянд, ки масъулини ҳукуматҳои маҳаллӣ дарси таърихро хуб нахондаанд, ки солҳои охир бисёр ба ҳиссиёти мардум бозӣ доранд. Бубинед, дар аввал саҳмияи мардумро гирифтанд, акнун онҳоро дар ҳамин заминҳо бе музди меҳнат кор мефармоянд. Имрӯз бе тарсу ҳарос бархе аз масъулин мегӯянд, ки аз оғози сол барои музди меҳнати пахтакорон маблағ ҷудо карда нашудааст. Наход?!

Хушбахтона, дар боло вазъиятро хуб дарк кардаанд, ки акнун ба ислоҳоти навбатӣ даст мезананд. Агар ин хабарҳо ҳақиқат дошта бошанд, пас метавон гуфт, ки роҳбари давлат худаш тасмим гирифтааст, ки як дигаргунии ҷиддиеро дар соҳаи кишоварзӣ амалӣ намояд. Бешубҳа агар ин иқдом аз ҷониби ҳукуматҳои маҳаллӣ ва масъулини соҳаи кишоварзӣ дастгирӣ ёбаду дар якҷоягӣ "дилу гурда карда" заминро аз дасти "зӯрони ноӯҳдабаро" кашида гирем, ҳамин ислоҳоти хоҷагии қишлоқ, ки ҳукумат амалӣ карданӣ аст, дар таърихи миллати тоҷик мисли як ҳодисаи таърихӣ боқӣ хоҳад монд. Ана ҳаминро инқилоби маданӣ ё "культурный револютция" мегӯянд. Аммо рӯйдоди натиҷабори онро вақт муайян мекунад.

МАЪЛУМОТИ ИЛОВАГӢ

Тибқи маълумотҳои оморӣ ба 1-уми январи соли 2009 дар Тоҷикистон 33 ҳазору 469 хоҷагии деҳқонию фермерӣ, давлатию асотсиатсияҳо ва дигар шаклҳои хоҷагидорӣ мавҷуданд, ки аз ин шумора 820 адади онро хоҷагиҳои деҳқонӣ коллективӣ ва 73 адади онро хоҷагиҳои давлатӣ ташкил медиҳанд.

ЯК ҲИКМАТ ДАР ҲАМИН МАВЗӮЪ:

Тағйири сохти хоҷагидорӣ дар ду ҳолат рух медиҳад: Ё коргарон нахоҳанд, ки дар чунин аҳвол кор кунанд, ё ин ки корфармоён дигар аз ӯҳдаи кор набароянд.


Ҷамолиддини Сайфиддин
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97