ЗАХИРАИ ГАНДУМ ЗЕРИ ТАЪСИРИ ФИЛМИ «ҲАЗРАТИ ЮСУФ»

Иқтисод 14.09.2009 16:30

ё муроҷиати Президент мардумро ба ёди

қаҳтии замони Юсуф бурд

САДҚАИ ҶАНОБИ ОЛӢ ШАВАМ…

Баъд аз муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишварамон ба мардуми Тоҷикистон барои ду соли оянда захира кардани гандум, мардуми деҳот ба таҳлука афтоданд. Онҳоро воҳима гирифта, ки соли оянда онҳоро чӣ рӯзҳои сахте интизор хоҳад буд, зеро ҳанӯз мардум аз тамошои филми "Ҳазрати Юсуф" фориғ нашуда буданду зери таъсири он қарор доштанд, ба хусус он саҳнаҳое, ки ба солҳои қаҳтиву гуруснагӣ бахшида шуда буданд. Акнун сокинони деҳот дар сӯҳбатҳои сари роҳию маҳали кор ва дигар мавзеъҳои ҷамъиятӣ сари ин мавзӯъ аз якдигар суол мекунанд:

-Мо барои як сол ба азобе гандум захира мекунему барои ду сол онро аз куҷо меёбем?

- Музди меҳнати "колхозчӣ"-ро надиҳанд, заминҳоро тақсим накунанд, мо дар куҷо гандум корем, ки барои ду сол захира кунем?

- Хайр гандумро як бало мекунем, лекин картошкаю дигар маҳсулоти асосиро дар шароити хона чи хел нигоҳ дорем?

Ҳатто рӯзе зимни баҳси ин мавзӯъ дар дохили нақлиёти "Тангем" як мусофир дар гӯши дигаре бо овози нимшунаво мегуфт: "Садқаи Ҷаноби Олӣ шавам, охир ҳаминро тирамоҳи соли гузашта мегуфт, намешуд, ки дар заминҳои хона маккаи нею гандум корем"…

МАРДУМРО КӮМАК КУНЕД!

Шояд ҳидоят кардани мардум барои захира кардани ҳосили фаровони имсолаи гандум аз сӯйи сарвари давлат кори оқилона ва амали саривақтист. Аммо дар назар нагирифтани имкониятҳои мардум ҷиҳати солим нигаҳдории захираи дусола ва ҳам дар ихтиёр надоштани мардум ҳамчунин шароитро, аз иштибоҳоти мушовирони бахши кишоварзӣ буд. Ба ҳар ҳол акнун, ки ҳамчунин муроҷиат шудааст, мардуми деҳот ба кӯмаки ниҳодҳои кишоварзӣ ниёз дорад, то барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати тоза ва безарар нигоҳ доштани ин маводи ғизоӣ дар муддати ду сол мусоидат кунанд ва маълумоти бештареро дар ихтиёри сокинони бетаҷрибаи деҳот вогузоранд.

ҲИЗБИ ҲОКИМ ТАДБИР МЕҶӮЯД

Барои рӯшани андохтан ба масъалаи имкониятҳои аҳолӣ барои захираи маводи ғизоӣ ва пайдо кардани роҳҳои беосеб нигоҳ доштани он барои ду соли оянда бо ибтикори шӯъбаи ҲХДТ дар Хатлон як миззи мудаввар доир шуд, ки дар он ҳизбҳои сиёсӣ, масъулини сохторҳои гуногуни давлатӣ ва коршиносони соҳа ширкат варзиданд.

Ба гуфтаи Эшбурӣ Эсанқулов, раиси бахши ҲХДТ дар Хатлон баъди муроҷиатномаи Президенти кишвар бобати захира намудани маводи ғизоӣ барои ду сол, миёни сокинони минтақаҳои гуногуни вилоят суолҳои гуногун дар мавзӯи ҳосили ғалладона дар вилоят, имконияту захираҳои дохилӣ, қоидаҳои санитарии захирасозии маводи ғизоӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ин мавзӯъ пайдо шудаанд. Аз ин рӯ, -мегӯяд ҷаноби Эсанқулов,- фаъолони вилоят, ба хусус аҳзоби сиёсии вилоятро зарур аст, ки ба суолу дархостҳои мардум посух бидиҳанд.

ҲОСИЛ ФАРОВОН АСТ

Нахуст Саъдулло Бекназаров, сардори раёсати кишоварзии вилояти Хатлон доир ба натиҷаҳои мусбии ҳосили имсолаи маҳсулоти кишоварзӣ иттилоъ дод, ки имрӯз дар шакли хоҷагиҳои деҳқонӣ дар вилоят 16 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ амал мекунад. Танҳо дар соҳаи ғаллакорӣ 154 ҳазор гектар замини корами вилоят дар дасти деҳқонон мебошад. То 1-уми сентябри соли ҷорӣ дар вилоят 400 ҳазор тона гандум ҷамъоварӣ шудааст. Агар соли гузашта дар вилояти Хатлон 586 ҳазор тона ғалла истеҳсол шуда бошад, пас имсол ҷамъоварии 800 ҳазор тона ғалла дар назар дошта шудааст, ки ин баробари 72% ғаллаи дар ҷумҳури истеҳсолшуда мебошад.

ҲНИТ НОРИЗОСТ

Аммо Ҳоҷӣ Қаландар Садриддинзода, раиси шӯъбаи вилоятии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар Хатлон тақсимоти заминро дар ноҳияҳои гуногуни вилояти Хатлон ноодилона баҳо дода, илова намуд, ки мардуми одӣ имкони молии захира намудани маводи ғизоиро барои ду соли оянда надоранд. Ба гуфтаи ӯ: "Ҳозир заминҳои деҳотро 10 гектар ба як нафар додаему фоидаи онро як нафар дида, аз даромади софи он саҳмиядорони асосӣ соҳиби ҳақ нестанд. Мо як механизмеро дуруст карда наметавонем, ки фоидаи заминро ҳама баробар бубинанд. Дар ҷомеаи мо бояд дар мадди аввал роҳҳои ҳалли ин мушкил муҳокима шаванд". Ӯ ба он бовар аст, ки омори нишондодҳои ҳосилнокии имсолаи ғалла ва дигар маҳсулоти кишоварзиро наметавон кафолати амнияти озуқаворӣ барои имсолу соли оянда баҳогузорӣ намуд. Зеро мо- мегӯяд ӯ,- бояд маълумотеро ба мардум пешкаш кунем, ки дар анборҳо чӣ миқдор гандуму дигар маводи муҳимми ғизоӣ захира намудаем?

ИДОРАИ ОМОР РАД МЕКУНАД

Бино бар гуфтаи Шодмон Шокиров, сардори идораи омори вилояти Хатлон дар 7 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта воридоти гандум 39%, воридоти орд 34% кам шудааст. Ӯ мегӯяд: "Агар истеҳсолот намешуд, мо аз куҷо мехӯрдем ва аз куҷо ин халқро мепӯшондем. Аз ин рӯ маълумотҳои оморӣ оид ба нишондиҳандаҳои соҳаи кишоварзӣ ҳамааш саҳеҳ ҳастанд".

ҲДТ ҲАМ РОЗӢ НЕСТ

Саидраҳмон Назриев, намояндаи Ҳизби демократи Тоҷикистон бар он андеша аст, ки дар деҳот на ҳамаи мардум имкони захираи дусолаи ғизоро доранд. Ба гуфтаи ӯ, бештари мардум доир ба қоидаҳои нигоҳдории маводи ғизоӣ дар амборҳо таҷрибаи кофӣ надоранд ва ҳамзамон масъулин ҳам барои муталеъ сохтани аҳолӣ дар ин самт фаъол нестанд.

Аз ҷониби дигар, ба гуфтаи ин демократҳо барои ду сол захира кардани гандум дар деҳот имконият кам аст. Зеро ки технологияи нигоҳдории маводи ғизоиро дар деҳот на ҳар фард медонад ва мутаассифона мутахассисони мо дар ин масъала тариқи радио ва телевизион сӯҳбат намекунанд. Ба гуфтаи С. Назриев 10 халта орд дар шароити хона дар муддати ду - се моҳ кирм пайдо мекунад ва аз ин рӯ давлат бояд, ки дар ҳар шаҳру ноҳия базаҳои захиравии худро дошта бошад.

ДАВЛАТ ЗАХИРА ДОРАД

Аммо бинобар омори гумруки вилояти Хатлон, давлат бобати захира намудани маводи ғизоӣ барои аҳолии кишвар ҳамаи чораҳои заруриро дида, мувофиқи буҷаи давлатӣ дар соли 2009 ҳукумати ҶТ маблағи ҷудогона ҷудо кардааст. Тибқи иттилои ҳамин манбаъ, новобаста аз он ки дар дохили кишвар чӣ истеҳсол мешавад ва тоҷирон ба дохили кишвар чӣ миқдор маводи ғизоӣ ворид мекунанд, масъалаи захираҳои давлатӣ аз ҷониби ҳукумати кишвар ҳалли худро ёфтаанд.

МАРДУМ ЧӢ МЕГӮЯД?!

Аммо сокинони вилояти Хатлон ҷиҳати захира кардани маводи ғизоӣ ва таҳдиди хатари камбуди ғизо дар солҳои оянда андешаҳои гуногун доранд. Акрам Файзиев, сокини шаҳри Қурғонтеппа дар ин маврид чунин мегӯяд: "Мардуми шаҳрнишин дар шароити манзилҳои ду-се ҳуҷрадор имкони захира намудани маводи ғизоиро надоранд. Ин як проблемаи давлатӣ аст. Давлат бояд, ки захираро аз дигар кишварҳо чуноне, ки пештар роиҷ буд, ворид намуда, захира кунад.

Файзалӣ Мирзоев, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бошад, аз ояндаи таъмини аҳолии кишвар бо маводи ғизоӣ хушбин аст. Ба гуфтаи ӯ: "Ҳеч вақт мардуми Тоҷикистон гурусна намемонад. Лекин бояд ки ҳар як шаҳрванд барои ҳамин иқдомро дастгирӣ кардану ҳади ақал барои қисман таъмин намудани оилаи худ аз ҳамон як порча замине, ки дар назди ҳавлии худ дорад, оқилона истифода бубарад. Вақте ки ҳар як оила бо имкони шароит барои оилаҳои худ маводи ғизоиро захира менамоянд, онҳо дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми худро мегузоранд". Мусоҳиби мо муътақид аст, ки дар мавриди қоидаҳои нигоҳдории маводи ғизоӣ мардуми тоҷик таҷрибаҳои хоси гузаштагонро аз насл ба насл ба мерос гирифтааст ва аз ин рӯ дар баробари захираҳои давлатӣ агар мардум ҳам то ҳадди имкон маводи ниёзи хешро захира намоянд, амнияти озуқавории кишвар таъмин мешавад. Файзалӣ Мирзоев бо боварӣ иброз дошт, ки мақсад аз муроҷиати Президенти кишвар ҳам ҳамин аст.

АММО БОЗ ҲНИТ НОРИЗОСТ

Ҳоҷӣ Қаландар Садриддинзода, намояндаи ҲНИТ дар Хатлон дар мавриди муроҷити Раиси ҷумҳур дар бораи захира кардани маводи ғизоӣ барои ду сол чунин андеша дорад: "Паёми Президент аз як тараф хуб аст, аз тарафи дигар ин аст, ки қимматӣ ба вуҷуд меорад, ҳам қимматӣ мешавад ва ҳам қаҳтӣ. Қимматӣ барои ин аст, ки як ноне, ки тақсим шудаасту бо чанд кас мехӯрем, ҳамон нонро, яъне ҳаққи 4 нафари дигарро як нафар захира мекунад ва одамони дигар бе нон мемонанд. Ва маҷбур мешаванд, ки нони маъмулии ҳамон рӯзаашонро дучанд қиммат дастрас кунанд ва нархҳо боло меравад. Албатта дар ин ҷода мо аҳзоби сиёсӣ барои фаҳмонидани мардум вохӯриҳои бештар доир намоем. Вагарна ваҳми захирасозии маводи ғизоӣ барои ду соли оянда миёни мардум як нооромӣ ба вуҷуд меоварад".

НОНИ БИСЁР ЗАРАР ҲАМ ДОРАД

Дар ҳоле ки мардуми деҳоти Тоҷикистон барои фасли зимистон пеш аз ҳама ба захира намудани гандуму орд таваҷҷуҳи бештар медиҳанд, Шералӣ Бузмаков, сардори Идораи тандурустии вилояти Хатлон, истеъмоли аз меъёр зиёди нонро таҳдид ба солимии инсон арзёбӣ менамояд. Ба гуфтаи ӯ, мо мардуми Осиёи Миёна бисёртар гандум ва нонро истеъмол мекунем, русҳо бештар картошка истеъмол мекунанд ва умуман мардуми ҳар кишвар маҳсулоти ватании худро бештар истеъмол мекунад. Аммо - ба гуфтаи ӯ, - дар вақти бисёр истеъмол кардани як намуд ғизо мушкил пайдо мешавад, аз қабили бемории диабети қанд, бемории фишори хун ва ҳоказо. Сардухтури вилоят мегӯяд, мо гӯштро ҳам аз меъёр зиёд истеъмол мекунем, дар ҳоле ки лубиё аз ҷиҳати ғизонокӣ баробари гӯшт аст. Ӯ муътақид аст, ки менталитети мо боис мешавад, ки аксарияти бемориҳои мо хусусияти умумӣ пайдо кунанд ва ҳамин истеъмоли нодурусти ғизо саба шудааст, ки бемории зиёновари фарбеҳӣ дар ҷомеа дар ҳоли афзоиш аст, ба хусус дар байни ҷавонон. Сардухтур бар он таъкид дошт, ки мо бояд кӯшиш кунем, ки ғизои камтар, аммо серғизову муфид истеъмол кунем.

КИШТИ ГАНДУМ КАМ МЕШАВАД

Дар ҳамин ҳол Саъдулло Бекназаров, сардори раёсати кишоварзии Хатлон мегӯяд, ки тибқи дастуру супоришҳои роҳбари давлат майдони заминҳои ғалладона кам карда шуда, дар ҷойи он кишту парвариши дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ зиёд карда мешавад. Масъули соҳаи кишоварзии вилоят мегӯяд, ки бо хотири кам кардани гектари заминҳои ғалла ва баланд бардоштани ҳосилнокии ғалладона то 50 сентнерӣ аз ҳоло тухмиҳои хушсифат тайёр карда шуда истодааст.

ҲХДТ БА ПЕШ!

Дар ҳамин ҳол фаъолони бахши ҲХДТ дар Хатлон ваъда додаанд, ки баҳри бештар бохабар сохтани ҷомеа доир ба истифодаи самараноки заминҳо, қоидаҳои захирасозии ғизо ва истеъмоли дурусти маводи ғизоӣ барномаеро рӯи даст дошта, вохӯриҳои "фаҳмондадиҳи"-ро бо аҳолӣ идома хоҳанд дод.

Умедворем, захирасозии гандум боиси қаҳтиву қимматӣ намешавад, ҳамон


Ҷамолиддин УСМОНИЁН
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97