ИН БАРИ ДАРЁ ТОРИКИСТОН, УН БАРИ ДАРЁ ЧАРОҒОН ё биёед дур наравем ва аз Афғонистони ҷангзада биёмӯзем!

Иқтисод 21.08.2009 16:09

Дар чанд соли охир дар кишвари азизамон баргузории намоишгоҳҳои гуногун ба ҳукми анъана даромадааст. Сар карда аз намоишгоҳи ҷойҳои холии корӣ то ба намоишгоҳи маҳсулоти давлатҳои хориҷ. Воқеан, баргузории ин гуна намоишгоҳ шояд дар аввали кор на он қадар натиҷаи дилхоҳе бидиҳад, аммо дар оянда он метавонад судманд анҷом бишавад ва ба хусус чашмони масъулинро бозтар бикунад. Аввали моҳи ҷорӣ намоишгоҳи "Дастовардҳои иқтисодии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" доир гардид.

Дар он 290 намоянда аз 160 муассисоти тавлидотии ин кишвар ширкат варзиданд. Тоҷирони афғонӣ молҳои худро ба маърази тамошову фурӯш гузоштанд ва хеле аз боздидкунандагони ин намоишгоҳро ба ҳайрат оварданд. Чанде аз мусоҳибони мо, ки аз ин намоишгоҳ боздид мекарданд, бо ҳаяҷон мегуфтанд, ки; "мо итминон надоштем, ки дар Ҷумҳурии Афғонистони ҷангзада саноат то ин ҳад рушд кардааст".

Бале, хеле аз мову шумо ба ин бовар надоштем, зеро дар Тоҷикистоне, ки шукри Худованд, солҳо боз оромиву осоиштагӣ ҳукмрон аст ва сармоягузориҳо сол то сол меафзояд, қариб ҳеҷ чизе тавлид намешавад ва агар ҳам мешавад, чандон моли хубе нест. Пас, дар Афғонистон аз куҷо? Ба андеша меравем, чаро чунин аст? Шояд ҳисси ватанхоҳиву ояндабинии онҳо болотар аз мост? Шояд онҳо танҳо дар фикри ҷайби худ набуда, роҳҳои пур кардани ҷайби фарзандону наберагонашонро меандешанд. Ин моем, ки маблағҳои сармоягузоришударо бо баҳонаи сохтмонҳои гуногун аз худ мекунему парвои меҳану миллатро ва дар ниҳоят ояндаи бачаҳоямонро надорем.

"Дар соли 2008 зиёда аз 1,5 млрд доллари амрикоӣ афғонҳо ба корхонаҳои Дубай сармоягузорӣ намуданд"- мегӯяд Алиҷон Шоев, намояндаи утоқи тиҷорату саноати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, - агар ин маблағгузориҳо ба Тоҷикистон мебуд, хеле тавлидот рушд мекард, мақсад аз баргузории ин намоишгоҳ ҳам ҳамин аст, ки ҳамкориҳо, сармоягузориҳо бештар шавад, - идома медиҳад ӯ.

Дар намоиши дастовардҳои иқтисодии Афғонистон дар Тоҷикистон маҳсулоти қаннодӣ, равған, чой, ҷавоҳирот, сангҳои қимматбаҳо, либосҳои миллии мардуми Афғонистон, қолин аз пашми уштуру гӯсфанд, маҳсулоти пластикӣ, рангҳои гуногун барои ороиши биноҳо, дучархаҳое, ки мову шумо мототсиклаш мегӯем, хулоса молҳои гуногунро гузошта буданд. Шоҳиди он будем, ки қариб ҳар нафари воридшуда ба толори намоишгоҳ, ки дар Кохи Борбад воқеъ буд, ҳангоми хориҷ шудан дар даст як зарфи 5 литраи равғани ВAHARI дошт. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки чаро ин гуна моли ниёзи ҳаррӯзаи мардум дар дохил истеҳсол намешавад, модоме ки мо, ҳатто, корхонаи коркардашро аз шӯравӣ ба мерос дорем, вале афғонҳо ҳамаро аз сифр (0) шурӯъ кардаанд?

Дуруст аст, ки ҳоло чанд корхонаи равғанбарорӣ фаъолият доранд ва дар зарфҳои замонавӣ фурӯхта мешаванд. Аммо он ҳама равғани пахтаанду ҳоло талаботи бозор ба равғани дигар маҳсулот, аз қабили, офтобпараст бештар аст. Аз ин рӯ, бояд масъулин сари ин масъала биандешанд, ки чӣ бояд кард, то ниёзи аввалияи мардумро, ба хусус, дар таъмини маводи ғизоӣ дар дохили кишвар бароварда кард. Магар парвариши офтобпараст дар сарзамини офтобии мо мушкилтар аз пахта аст?

Дар Афғонистон ҳанӯз ҳам ҷангу бесуботӣ идома дорад, аммо ҳама ба кори худ машғуланд, кишоварзон аз пайи ҳосиланд, соҳибкорон аз пайи тавлидот, тоҷирон аз пайи тиҷорат, ҷангиҷӯён аз пайи бештар ноором кардани ин кишвар. Вале дар кишвари мо, ки дер боз ин марҳилаи нооромиву ҷанг сипарӣ шудааст, мунтазири киву чӣ ҳастем? Аз ин бештар таҳаммулу хомӯш нишастан кифоят мекунад. Ҳамсояҳои мо аз дуру наздик барои садсолаҳо аз мо пеш гузаштаанд, аммо мо ҳанӯз андар хами як кӯчаем.

18 сол аст, ба андозаи камолоти як ҷавон, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шуда ва аммо озод будан масъулияти бештареро металабад. Дигар набояд мо ба умеди "бародари калонӣ" ва дигарон бошем, зеро мо соҳибистиқлолем ва касе ба мо беғараз ва бесуд дасти кӯмак дароз нахоҳад кард. Он дороиву зебогиеро, ки Худованд кишвари моро додааст, ба манфиати Ватану миллат масраф бояд намуд. Барои рушди соҳаҳои гуногун пеш аз ҳама, иқтисод ва тавлидотро бояд рӯ ба тараққӣ ниҳод. Шояд бархе иддао кунанд, ки давлатҳое дар ҷаҳон ҳастанд, ки танҳо бо воридоти маҳсулот таъминоти аҳолиро ба роҳ мондаанд. Аммо фаромӯш накунем, ки дороии Тоҷикистон, захираҳои он хеле зиёд аст, агар мо коркарди онҳоро дуруст намекунем, таваҷҷӯҳ ва дасти хориҷиён расидаву мерасад ба он ҳама ва баъди чанд даҳсола хатари аз даст додани сарватҳои миллӣ пеш меояд. Хеле хуб аст, ки бо истифода аз захираҳои обӣ ҳоло нирӯгоҳҳои хурду бузург рӯйи кор меоянд, ҳарчанд бо кӯмаки дигарону бо тақсими манфиатҳо. Вале ин ҳама барои як давлати мустақил кам аст. Иқтисоди бозориро пеша кардаему ба қонунҳои он риоя намекунем. Иқтисоди бозорӣ омӯзиши бозор, талабот ва таклифот, таъминоту фоида аст. Мутахассисон бояд ин ҳамаро омӯзанд ва истеҳсолотро ба роҳ монда, бозорро пур кунанд. Инсон дар ҳама давру замон новобаста ба оромиву нооромиҳои сиёсӣ барои қонеъ намудани талаботи хеш ба номгӯи зиёди мол эҳтиёҷ дорад. Ин эҳтиёҷро таъмин намудан вазифаи давлату соҳибкорон ва масъулин аст.

Вақте озмуни "Маҳсулоти беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 1.04.09 дар кишвар эълон гардид, мо хеле шод шудем. Ин озмун 24 июли соли равон ҷамъбаст ҳам шуд. Чанд корхона бо маҳсулоташ ғолиби озмун гардиданд. Аз ҷумла, Комбинати шири шаҳри Душанбе, (дар бахши маҳсулоти озуқаворӣ), Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Ангора"- и ноҳияи Рӯдакӣ бо гази сохтмонаш (дар бахши маҳсулоти истеҳсолӣ - техникӣ), дар бахши молҳои ниёзи мардум Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Қолинҳои Суғд"- и шаҳри Қайроқум.

Баргузории ин гуна озмунҳо хуб аст, дар ҳоле ки рақобати солим бошад, корхонаҳои тавлидотӣ ва маҳсулот зиёд бошаду имкони муқоисаву хулосабарорӣ бошад.

Бояд гуфт, ки метавон аз афтодаву бечора низ чизеро омӯхт. Бале, набояд фаромӯш кард, давлатҳои пешрафтаи ҷаҳони имрӯз замоне афтодаву нотавон буданд. Аммо тарзи зиндагиро омӯхтанд, сафар карданд ва он ҳама таҷрибаҳои андӯхтаро ба Ватан оварда, амалӣ карданд. Дар натиҷа ҳам худ соҳибмулк шуданд ва ҳам ватанашонро обод карданд. Аммо биёед мо дур наравем ва сафари зиёд ҳам накунем, зеро кишвари мо он қадар ақибмонда аст, ки сафарҳо бо харҷи ҳангуфт барояш зебанда нест, танҳо аз ҳамин ҳамсояи наздики наздик- Афғонистоне, ки ба истилоҳи мо як кишвари ҷангзада аст, дида бидӯзем ва ибрат бигирем. Танҳо бо ҳамин хулоса кардан кифоят аст, ки тайи чанд соли ахир дар фасли сармо он сӯйи Ому чароғон асту ин сӯйи чароғони Ому акнун торикистон.


Шоҳидаи Раҳимиён
махсус барои "Миллат"
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97