Асри ман, олам дигар шуд…

Илм ва фановарӣ 09.04.2014 18:15

Oy vaziri maorif"…Тавассути маълумоти олии касбӣ бояд технологияи муосири маълумотро азхуд карда, ҷорӣ намоем ва меъёрҳои байналхалқии онро соҳиб бошем.

Эмомалӣ Раҳмон

Чунин менамояд, ки дар ҷомеаи имрӯза дурусту нодуруст баррасӣ намудани масоили соҳаи маориф дар матбуоти кишвар амри муқаррарӣ гаштааст. Баррасиҳо чӣ гуна, аз тарафи кӣ ва бо кадом мақсад сурат мегиранд, ба ҳамаи мо маълум аст. Баъзан рӯзноманигороне ба масъалаҳои соҳа даст мезананд, ки дил мехоҳад сукутро ихтиёр кунад. Зеро "масъалагузориҳо"-и ин тоифа на бо мақсади ислоҳи кор ва дастгирии соҳа, балки бо мақсади "хонанда"-и зиёд пайдо кардан, санг андохтан ба роҳбарияти як ниҳоди давлатӣ, беэътибор гардондани кори даҳҳо мутахассисони соҳа асту халос. Дар ҳамин ҳол вақте чунин муносибат аз тарафи як нафари ба қавле "фидоии соҳа"  зоҳир мешавад, кас ором нишаста наметавонад. Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала мехоҳем ба баъзе аз паҳлуҳои мақолаи "Оё вазири маориф рӯзнома мехонад? Низоми тест? ва ё фолбин?" (Миллат, 5.03.2014, №09 (444), муаллиф профессор Баён Ра?имов назар афканем. Қаблан гуфтанием, ки Вазорати маориф ва илм ба ҳамаи он нафароне, ки умри худро сарфи таълиму тарбияи фарзандони ҷомеа кардаанд, эҳтиром дорад. Устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Баён Раҳимов ҳам аз зумраи ин нафаронеанд, ки дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ то имрӯз хидмат кардаанд. Бояд гуфт, ки он чӣ ки устод нигоштааст, танҳо назари ӯ нест. Дар ҳақиқат, таъкиди устод ҷиҳати таърихи мактабдории миллат дар гузашта барҷост. Гузаштагони мо миёни оламиён бо фарҳангу адабиёташ маъруф гашта буданд. Аммо… Набояд фаромӯш кард, ки имрӯз танҳо қаноату ифтихор кардан аз гузашта ва нигаронӣ аз падидаҳои нав наметавонад моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Имрӯз мо дар асри технология, нанотехнология, Интернет ва коммуникатсия қарор дорем. Пас, нигаронии худи Шумо, устоди азиз, дар чунин замон нигаронкунанда аст. Охир, худ қазоват кунед; магар дар шаҳри сермошин ароба роҳ ёфта метавонад? Имрӯз ҷаҳон дар тараққиёт аст, Тоҷикистон кишварест, ки миёни  давлатҳои бешумор шинохта шудааст. Ва агар бо чунин мақом ба замон ва ҷаҳон ҳамқадамӣ наҷӯяд, чӣ мешавад?

Устоди муҳтарам, Шумо аз вазъи имрӯзаи соҳаи таҳсилоти олии касбӣ изҳори нигаронӣ карда, навгониҳои соҳаро ба фолбинии ҷӯгиён ва бозии "Поле чудес" ташбеҳ додаед. Дар ҳоле ки худатон менависед: "Илми педагогие, ки дар кори таълиму тарбия ба таҷрибаи амалии кори мактабу донишкадаҳои олӣ такя намекунад, роҳҳои боз ҳам такмилу дигаргунсозии онҳоро пайдо карда наметавонад ва дар як ҷо шах шуда мемонад, ба касе даркор нест.

Аз тарафи дигар, бе муносибати эҷодкорона дар кори таълиму тарбия таҷрибаи нави пешқадами педагогӣ ҳам пайдо намешавад. Аз ин рӯ, ҳеҷ чиз дар як ҷо шах шуда намемонад. Ин қонун аст. Қонунро риоя накардан бадбахтӣ меоварад. Ҳатто ба пешрафти ҷамъият ҳам таъсир мерасонад…"

Ин хеле тааҷҷубовар аст. Чунин ихтилофи назар дар мақолаатон кам нест. Модоме ки ин қонун бошад ва риоя накардани он бадбахтӣ оварад, чаро мо аз он даст кашем? Вақте вайрон кардани он, яъне ҷилавгирӣ аз пешравиҳои замон, ба пешрафти ҷамъият таъсир расонад, чаро мо худ монеа созем?

Тааҷҷубовар аст, ки Шумо, устоди муҳтарам,  аз пешравиҳо ва дастовардҳои соҳаи маориф, хусусан соҳаи таҳсилоти олии касбӣ хуб огоҳ бошед ҳам, дидаву дониста аз онҳо чашм мепӯшед. Танҳо аз камбудиҳо ҳарф задан кори осон аст, муҳим роҳи ҳалли онҳоро нишон дода, дар ин ҷараён саҳм гузоштан аст.

Ба самъатон бояд расонем, ки соҳаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нимаи дуюми даҳсолаи аввали асри ҷорӣ тамоюли тараққиёти бомаромро касб кардааст. Таҳлили қиёсии роҳи паймудаи таҳсилот дар ин зина баёнгари он аст, ки ин бахши маорифи кишвар то кадом андоза рушд намудааст. Ба таври мисол, агар дар соли таҳсили 1991- 1992 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 13 адад муассисаи таҳсилоти олии касбӣ амал карда, дар маҷмӯъ 69, 3 ҳазор нафар донишҷӯро ба таълим фаро гирифта, ба 10,0 ҳазор нафар ҳуҷҷатҳои хатм дода бошанд,  баъд аз бист сол (дар соли таҳсили 2013- 2014) теъдоди ин муассисаҳо дар ҷумҳурӣ то ба 38 адад афзоиш ёфта, шумораи донишҷӯён ба 151003 нафар расидааст.

Ба ҳамин тартиб, агар дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар соли таҳсили 1991-1992, дар маҷмӯъ  1835 номзади илм ва 226 доктори илм ба тадрис шуғл меварзиданд, чунин нишондодҳо дар соли таҳсили имсола мутаносибан ба 2179 номзади илм ва 568 доктори илм афзоиш ёфтааст. 

Таҳия ва  мавриди қабул қарор ёфтани ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи маориф дар чанд соли охир яке аз муваффақиятҳои соҳа маҳсуб мешавад. Тайи солҳои 2011-2014 барои ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ зиёда аз 50 санади меъёрии ҳуқуқӣ таҷдиди назар, таҳия ва тасдиқ гардиданд.

 Дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ таъсиси Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе, Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ "МИСиС" (Донишкадаи пӯлод ва хӯлаҳои шаҳри Москва) дар шаҳри Душанбе, Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе, илова ба ин  марказҳои инноватсионию технологӣ, биологӣ, илмӣ, озмоишгоҳҳо, нуқтаҳои маълумотдиҳӣ, ташкил ва баргузории озмунҳо, намоишгоҳҳои навоварию ихтироъкорӣ  аз дастовардҳои муҳим маҳсуб мешаванд.

Вобаста ба тағйироти дар низоми ҷаҳонии таҳсилоти олии касбӣ  воридгардида, ҳамчунин гузаштан ба низоми бисёрзинагии таълим, рӯи кор омадани ихтисосҳои нави ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ, мустаҳкам гардидани пояи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, дар заминаи Филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ва Филиали Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур дар ноҳияи Данғара таъсиси Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ва Донишгоҳи давлатии Данғара намунаи камтарин далелҳоеанд, ки инъикоскунандаи таваҷҷуҳи пайвастаи давлат барои тақвият бахшидани пояҳои моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар давоми панҷ соли охир мебошад.

Бояд мутазаккир шуд, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷиҳати пайвастан бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дар ҳамин замина вусъат бахшидан ба раванди ҳамгироӣ ба меъёрҳои байналмилалии таҳсилот кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳанд.

Имрӯз дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таъсис ёфтани факултетҳои муштарак байни мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Аз ҷумла, факултети муштараки муҳандисӣ-техникии Донишгоҳи миллии техникии Белорус - Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ таъсис ёфтааст, ки он аз соли 2012 инҷониб фаъолият менамояд.

Дар факултети муштараки муҳандисӣ-техникӣ шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Белорус ва Тоҷикистон, инчунин шаҳрвандони давлатҳои муштаракулманофеъ ва дигар давлатҳои ҷаҳон метавонанд таҳсил намоянд.

Маҳз дар даврони Истиқлолият муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ  ба таълими бисёрзинагии таҳсилот гузаштанд. Дар солҳои 1991-1992 барои соҳаҳои ҳоҷагии халқи ҷумҳурӣ аз рӯи 170 ихтисос дар дохили кишвар ва аз рӯи 85 ихтисоси дигар дар хориҷи кишвар дар асоси созишномаҳои байнидавлатӣ мутахассис тайёр карда мешуд. Ҳоло бошад, танҳо дар дохили ҷумҳурӣ аз рӯи зиёда аз 300 ихтисос ва аз рӯи 200 ихтисос дар хориҷи кишвар мутахассиси соҳаҳои гуногун, ки барои ҷумҳурии мо заруранд, тайёр карда мешаванд. Сол то сол шумораи тайёр кардани мутахассисон дар мактабҳои олии дохил ва хориҷи кишвар меафзояд.

Магар ҳамаи ин дастовард нест? Нодида гирифтани ин ҳама оё хуб аст?

Набояд фаромӯш кард, ки масъалаи ба талаботи ҷаҳони байналмилалӣ ҷавобгӯ намудани соҳаи таҳсилоти олии касбӣ дар даҳсолаи охир идома дошт ва касе садо ҳам надод. Соҳаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон бо назардошти хусусиятҳо ва арзишҳои миллии гузаштагонамон ташаккул меёбад.

Мо Шуморо воқеан, эҳтиром мекунем, зеро хидмати Шумо дар тайёр кардани мутахасисони соҳаи омӯзгорӣ хеле зиёд аст, вале дағалона кормандони соҳаро "кӯрнамак" ва "беинсоф" гуфтанатонро ҷуз таҳқир чизи дигаре гуфта наметавонем. Имрӯз кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ маданияти миллати тараққикарда ва мероси пурғановати халқи тоҷикро ривоҷу равнақ медиҳанд. Вақте ки суҳбат дар атрофи ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳон меравад, фаромӯш набояд кард, ки татбиқи ин низом дар кишвар бо назардошти хусусиятҳои мил-лӣ, амалӣ гашта истодааст. Аз ин рӯ, мо набояд кишвари хешро тайёрхӯр ном барем.

Аз нигоҳи Шумо, ин бадбахтист барои халқи тамаддунпарвар, барои халқе, ки аввалин шуда, дар ҷаҳон ба мактаби олӣ асос гузоштааст. Вақте  ки ҳа-мин тавр бошад, пас, чаро ин низомро аврупоӣ номем? Охир, низоми кредитии таҳсилот ҳамон низоми сабақгардонии ворисони гузаштаи мост, ки баъди сари онҳо мо онро идома дода натавонистем. Аврупоиён танҳо ин низомро модернизатсия (нав кардан) намуда, ба ҷаҳониён пешкаш кардаанд.

Аз татбиқи низоми кредитии таҳсилот ҳамагӣ 9 сол гузашта, кишварро дар қатори беҳтаринҳо дидан имкон надорад! Аслан низоми таҳсилоте, ки дар Россия фаъолият менамуд, ба олмониҳо тааллуқ дорад, ки дар давраи императории худ Пётри I онро ҷорӣ намуд ва то солҳои наздик идома ёфт. Аз ҷумла ин низом дар ҷумҳурии мо низ фаъолият мекард. Тааҷҷубовар аст, ки дар муддати солҳои тӯлонии фаъолият ягон маротиба қайд накардед, ки низоми муқаррарии таҳсилот аврупоист. Агар ин низом (муқаррарӣ) ҳамаи ҷабҳаҳои раванди таълимро пурра фаро мегирифт, худи олмониҳо аввалин шуда, аз он даст намекашиданд.

Аз тарафи дигар, Шумо таъкид намудаед, ки "…наход танҳо бо роҳи маҷбурӣ ба системаи таълими кредитӣ гузаштан ва санҷишу имтиҳонҳои тестиро ҷорӣ намудан, мо соҳибмаълумот мешуда бошем?"

Аввал ин ки ифодаи ибораи "системаи таълими кредитӣ"  хатост. Вақте сухан дар бораи система (низом) меравад, таҳсилот ба инобат гирифта мешавад, яъне система (низом)-и кредитии таҳсилот, аммо вақте ки сухан дар бораи раванди таълим меравад, ибораи "технологияи кредитии таълим"-ро бояд истифода бурд. Дувум ин ки дар татбиқи низоми кредитии таҳсилот ягон хел маҷбуркунӣ дида намешавад. Дар давраи ҷаҳонишавии ҳамаи самтҳои фаъолияти ҳаёти инсонӣ татбиқ намудани навгониҳо тақозои замон аст. Низоми баробарарзишии дипломҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро дар дигар давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон таъмин мекунад, имконияти идомаи таҳсили донишҷӯёнро дар хориҷи кишвар дар зинаҳои гуногуни таҳсилот (бакалавриат ва магистратура) фароҳам меорад, сабақгардонии ҳаррӯзаи донишҷӯ дар давраи пурраи таҳсил ба роҳ монда мешавад, усулҳои навин дар раванди таълим мавриди истифода қарор мегиранд, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ бомақсад ва самаранок истифода бурда мешаванд, автоматикунонии раванди таълим ва низоми идоракунӣ ба роҳ монда мешавад, иштироки озоди донишҷӯ дар интихоби фанҳои элективӣ роҳандозӣ мегардад.

Шумо чанде аз мақолаҳои дар матбуоти даврӣ ба нашррасидаро яктарафа ном мебаред. Мумкин аст, ки аз ибтидои татбиқи низоми кредитии таҳсилот 9 мақола бар зидди татбиқи низоми кредитии таҳсилот ба табъ расида бошад, аммо намедонем бо кадом сабабҳо миқдори зиёди мақолаҳо (зиёда аз 400 мақола), ки дар рӯзномаву маҷаллаҳои илмӣ чоп шудаанд, аз мадди назаратон барканор мондаанд. 

Мусаллам аст, ки ҳар падидаи нав сару садои зиёдро ба миён меорад, низоми кредитӣ ва тестӣ ҳам аз ин истисно нест. Маҳз ба хотири рафъи нофаҳмиҳо ҳафтаномаи "Омӯзгор" бо иштироки мутахассисон мизи мудаввар баргузор намуд (ниг. Ба №52 аз 30.12.2011. "Гузариш ба усули кредитӣ ногузир аст"). Дар он собиқ муовини аввали вазири маориф Фарҳод Раҳимов ишора кардаанд, ки моҳияти масъаларо бояд фарқ кард; низоми кредитӣ - ҷараёни банақшагирии ҷараёни таълим ва имтиҳон тест аст.

Шумо даъво доред, ки "…наход соҳаи маълумот барои аз байн бурдани ҳамаи ин нофаҳмиҳо, каҷравиҳо (монанди соли 1936), харобкуниҳо, шахсони масъуле надошта бошад…". Баъди хомӯшӣ ва бетарафии зиёд чунин андешаҳо як маъниро ба ёд меоранд: "Ғараз аз тӯшбера гӯшт хӯрдан аст", яъне бозгашт ба низоми анъанавӣ.

Шумо, устоди муҳтарам, дар мақола зикр кардаед, ки "…оё Вазири маориф рӯзнома мехонад?" Магар Шумо ба рӯзнома хондани вазири маориф ва илм шак доред?  Бояд зикр намоем, ки вазири маориф ва илм ҳам рӯзнома мехонанду ҳам аз шабакаи Интернет ба хубӣ истифода мебарад. Маводи гуногунро аз Интернет мехонанд ва ба кормандон барои роҳи ҳалли дурусти он дастур медиҳанд. Агар ҳар касе бовар надорад, метавонад аз наздик бубинад.

Таъкид бояд кард, ки маориф кори дастаҷамъона аст, мисол овардан ва даъво карданро ҳама метавонад, бояд аз худ бипурсем, ки дар пешрафти ҷомеаи кишвари худ чӣ саҳме гузоштаем.

Агар мо тибқи талаботи замон силлабус таҳия карда, аз дастгоҳҳои электронии мултимедӣ,  технологияи замон, шаклҳои гуногуни тест озодона истифода бурда натавонем, агар низоми таҳсилоти кредитиро аз ҷараёни Болония фарқ карда натавонем, низом хоҳ-нохоҳ моро маҷақ мекунад.

Ин низом мунтазам такрор ва бозҷӯии устодро низ дар баробари донишҷӯ тақозо мекунад. Панди устод Рӯдакиро ба ёд меоварем, ки гуфта: "Кунун замона дигар гашту мо дигар гаштем".

Дар хусуси забон; як омили бойшавии ҳар забон аз ҳисоби тараққиёт ва воридшавии калимаҳои иқтибосист. Ин масъалае, ки истилоҳҳои нав ворид шудаанд, танҳо кори Вазорати маориф ва илм не, кори чанд ниҳоди ба он вобаста ҳам аст, ки инро ҳар яки мо медонем. Шумо, устоди муҳтарам, пеш аз ҳама омӯзгор ҳастед. Омӯзгорон дар ҳама давру замон рӯшангари роҳи ҷомеа буданду ҳастанд. Онҳо покахлоқ ва заҳматкаш буданд ва аз табақаҳои коҳинон, рӯҳониён ва ашрофон интихоб мешуданд. Ба ин маънӣ дар "Ясно" дар бораи омӯзгор омадааст: "Бишнавӣ, он некмарде, ки роҳи ростӣ ва дурустиро ба мо нишон дод ва дар ҳар ду ҷаҳон подоши нек ёбад".

Боварӣ дорем, ки Шумо, устоди муҳтарам, дар фаъолияти 60-солаатон донишҷӯёнро дар рӯҳи покдоманӣ, накӯкорӣ, ростқавлӣ, ростгӯӣ, далерию ҷасурӣ, ватандӯстӣ тарбия намудаед. Пас, Худованд, ҳамеша подоши некро насибатон гардонад. Мирзо Бедил беҳуда нагуфта буд:

Хатти тақдир аст орӣ аз ғалат,

Аз ғалат холӣ набошад ҳеҷ хат.

Алидод Расулов, сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97