Сухан дониста бояд гуфт

Илм ва фановарӣ 16.02.2013 18:13

Nazarzoda 30.04.11Имрӯзҳо, ҳарчанд аз қабули "Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ"  (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми октябри соли 2011, № 458) бештар аз як сол мегузарад, аммо ҳамоно дар матбуот ва баъзе нишастҳои расмӣ баҳсу андешаҳо атрофи он идома дорад.

 

Рӯзи 10-уми январи соли 2013 дар Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи матбуотӣ доир гардид, ки дар он Акбари Турсон, директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ба масъалаи имло ва таҳияву қабули он ва чанде аз масъалаҳои муҳими пажӯҳишҳои илмӣ дахл намуда, фикру андешаҳои худро баён кард. То ба ҳол ӯ дар ин маврид фикру ақидаҳои худро чандин бори дигар бо тарзҳои гуногун баён карда буд. Вале ин бор ӯ ба таври расмӣ дар як конференсияи матбуотӣ ҳамчун шахси мансабдори давлатӣ фикри худро изҳор дошт. Дар ин суханронии худ ӯ бештар ба масъалаҳои тарзи таҳия ва омода сохтани "Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ", вазъи забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон, шакли таҳияи фарҳангҳо, тарзи қабули вожаҳои нав аз "арабиву порсӣ" ва ғайра дахл карда, ҳам Комитети забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам таҳиягарони фарҳангҳоро зери тозиёнаи танқид гирифтааст. Азбаски камина ҳам ба таҳияи имло ва ҳам ба таҳияву чопи фарҳангҳо иртиботи бевосита дошта, узви комиссияи таҳияи имло ва сармуҳарриру яке аз таҳиягарони "Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ" (2008, 2010) ва "Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ" (2011) будам, мехоҳам дар ин бора фикри худро баён намоям ва он холигоҳеро, ки бо иллати хомушии мо дар матбуот пайдо шудааст, пур намоям.

Баҳсу мунозираҳо дар атрофи имлои забони тоҷикӣ асосан аз ибтидои солҳои сиюми садаи гузашта, баъд аз ҷорӣ шудани алифбои лотинӣ дар Тоҷикистон оғоз шуда буд. Оғози ин баҳсу мунозираҳо асоси воқеӣ дошт. То ибтидои солҳои 30-юм дар Тоҷикистон алифбои арабӣ бо 28 ҳарфи хоси арабӣ ва 4 ҳарфи хоси тоҷикӣ ҷорӣ буд, ки он хусусияти консонантӣ, яъне ҳамсадоӣ дошт. Дар ин алифбо ҳамсадоҳо ва садонокҳои дароз бо ҳарфҳои алоҳида ва садонокҳои кутоҳ бо ишораҳо навишта мешуданд.

Алифбои лотинии тоҷикӣ хусусияти фонетикӣ, яъне овоӣ дошт ва дар он ҳамаи овозҳои тоҷикӣ бо ҳарфҳо ишора мегардиданд. Ин алифбо 32 ҳарф дошт. Дар ин давра ҳам баҳсу мунозираҳо дар атрофи садонокҳо дар авҷ буд ва дар аввал барои садонокҳои забони тоҷикӣ 8 овоз муқаррар гардид ва сипас боз сари садонокҳои шашсадоии дарозу кутоҳ баргаштанд. (Муфассал нигаред: Назарзода С. Садонокҳои забони тоҷикӣ ва ташаккули онҳо// Забоншиносӣ, 2011. № 1, с.14-32).

Дар соли 1940 забони тоҷикӣ ба алифбои  русиасос гузашт ва дар асоси ин алифбо барои забони тоҷикӣ 37 ҳарф муқаррар гардид ва имлои  нави забони тоҷикӣ дар асоси алифбои кириллӣ қабул гардид. Соли 1954 бо ба сари ҳокимият омадани Хрушев Н.С. ба алифбои  тоҷикӣ  боз ду ҳарфи русӣ (ы, щ) илова гардид ва алифбои забони мо 39 ҳарфро ташкил дод. Дар асоси ин алифбо қоидаҳои имлои тоҷикӣ  ба таври мукаммал таҳия гардид ва ин имло то соли 1998 амал намуд. Дар соли 1998 имлои нави забон қабул гардид, ки дар асоси он аз алифбои тоҷикӣ чор ҳарфи  хоси русӣ (Ц, Щ, Ы, Ь) бароварда шуд.

Пешниҳодҳо оид ба таҳрири нави "Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ" ҳадди ақал аз соли 2003 ибтидо мегиранд. Аввалин бор зарурати таҳрири "Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ" дар Паёми табрикии Президенти ҷумҳурӣ ба муносибати Рӯзи забон 22-юми июли соли 2003 қайд шуда буд. Бинобар ин бо таъсиси Комитети забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вазифаҳои аввале, ки ин муассиса барои худ муайян  кард, таҳрири нави имлои забони тоҷикӣ буд. Моҳи январи соли 2010 бо пешниҳоди ин Комитет Комиссияи таҳрири имлои забони тоҷикӣ таъсис ёфт, ки ба ҳайати ин комиссия Д. Саймиддинов (раис), М.Шакурӣ, С.Назарзода, А.Ҷураев, Б. Камолиддинов,  Ҳ. Маҷидов, Ф. Зикриёев, Ш. Исмоилов, Ш. Кабиров, О.Мамадҷонов, М.Султонов ва К. Донаева (котиб) дохил буданд. Бахши аввали ҷаласаҳо дар бинои Институти забон ва адабиёт доир мегардид, зеро Комитети навтаъсиси забон ва истилоҳот ҳануз ҷой надошт. Баъд аз таҳияи матни аввалия ё лоиҳаи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ он ба тамоми кафедраҳои забони тоҷикӣ ва ба шуъбаҳои Институти забон ва адабиёт барои назархоҳӣ фиристода шуд. (Дар ин бора муфассал нигаред: Саймиддинов Д. Имлои фарогири меъёрҳои илмӣ ва таърихӣ//Ҷумҳурият, 18-уми октябри соли 2011).

Аз ҷумла, дар Институти забон ва адабиёт аввалан дар ҳар як шуъба баррасӣ гардид ва фикру мулоҳизаҳои донишмандон ба Котиби илмии Институт пешниҳод гардид. Сипас дар ҷаласаи Шурои олимони Институт баррасӣ гардида, протоколи ҷаласа ба  Комитети забон ва истилоҳот фиристода шудааст. Агар бо анҷом додани ҳамаи ин расмиёт боз ҳам фикру ақидаҳои донишмандон ва кормандони Институтро нагирифта бошанд, дурустиву нодурустии ин гуфтаҳо фақат ба уҳдаи Акбар Турсон аст. Ё агар зери ин гуфтаҳо худи Акбар Турсон дар назар бошад, мутаассифона, даврае, ки қоидаҳои имло дар кафедраҳову шуъбаҳо баррасӣ мегардид, ӯ дар Амрико қарор дошт.

Аз тарафи дигар чунин ба назар мерасад, ки Акбар Турсон ба ҳамаи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ  ба таври пурра ошно нест. Агар ин тавр намебуд, ӯ чунин намегуфт: "…имло ҷорӣ карда истодаанд, байни ду садонок "айн"-ро барқарор карданд". (Миллат, 23-юми январи соли 2013).

Дар ҳамин суҳбати худ ба таркиби луғавии забони тоҷикӣ ворид шудани калимаҳоро "аз арабиву порсӣ" як тамоюли зидди инкишофи  табиии забон дониста мегӯяд: "…тамоман як чизи оддӣ дар муқобили ин чиз ҷорӣ карда истодаанд, аз арабиву порсӣ. Луғатҳоро сохтан(д) тамоман аз китобҳои ҳозиразамони форсӣ рӯйбардор карданд". (Миллат, 23-юми январи соли 2013).

Агар ин суханҳоро аз даҳони як нафари деҳотиву музофотиву нодон кас шунавад, шояд он қадар пуртаъсир набошад. Вале аз тарафи директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ баён шудани онҳо ҳадди ақал аз бесалоҳиятии ӯ дар риштаи забоншиносӣ дарак медиҳад. Аввалан, имрӯз забони тоҷикӣ ба таври мустақим аз арабӣ шояд тамоман калима қарз нагирад. Он вожаву таркибҳое, ки бо номи "арабӣ"  ба забон ворид шуда истодаанд, бештари бештар ҳамон калимаҳое ҳастанд, ки дар забони классикии мо истифода мешуданд ва аксарияти онҳо аз нав эҳё шуда истодаанд. Агар Акбари Турсон ба ин ақида шубҳа дошта бошад, ҳадди ақал ба осори маорифпарварони тоҷик, аз ҷумла Аҳмади Дониш назар афканад. Дур наравад. Сониян, забони тоҷикӣ забони танҳо тоҷикони Тоҷикистон нест. Он забони тамоми форсизабонону тоҷиктаборон аст ва форсиву дарӣ ҳам номҳои дигари ҳамин як забони умумии мост. Пас оё даъвои Акбари Турсон оид ба қарзгириву вомгирии вожаву таркибҳо аз "порсӣ" олимона аст? Бигузор худи хонандагон қазоват кунанд. Ман фақат мехостам ба таҳияи фарҳангҳо назар афканам. Ин даъвои Акбари Турсон оид ба таҳияи "Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ" ба таври расмӣ як бори дигар дар рӯзномаи "Имрӯз нюс" ҳам чоп шуда буд ва ин гуфтаҳо шоҳиди мутахассис набудани Акбари Турсон дар соҳаи фарҳангнигорӣ мебошад. Оё мешавад, ки фарҳангҳои тафсирии забонро бе истифода аз таҷрибаи фарҳангнигории давраи классикӣ ва ҳозираи забон таҳия кард. Албатта, не. Агар Акбари Турсон ба таърих, шеваи гузиниш ва меъёрҳои илмии фарҳангнигорӣ ҳадди ақал назар меандохт, ё ҳеҷ набошад бо асарҳои фарҳангшиносу луғатшинос Капранов В.А., ҳамзамони ӯ ошно мебуд, шояд  медонист, ки "Луғати фурс"-и Асадии Тусӣ дар таҳияи фарҳангҳо   таъсири зиёде доштааст. Фарҳангнигории давраи аввали классикии мо, ки бо номи "давраи хуросонӣ" машҳур аст, зери таъсири ҳамин луғат ривоҷ ёфта, дар зери таъсир ва истифодаи таҷрибаи ин луғат ва бо пайравӣ аз он фарҳанги "Сиҳоҳ-ул-фурс"-и Ҳиндушоҳи Нахҷувонӣ ва як силсила луғатномаҳои дигар таҳия шудаанд. Ба умқи таърихи фарҳангнигорӣ фурӯ нарафта, ба таваҷҷуҳи Акбари Турсон расонидаем, ки усули таҳияи "Фарҳанги забони тоҷикӣ" (соли 1969) ба ҳамин асар монанд буда, бисёре аз вожаҳо ва таркибҳои ин фарҳанг аз луғатҳои классикӣ ва бештар аз "Луғатномаи Деҳхудо" ба қавли худи Акбар Турсон "рӯйбардор" шудааст. Дар таҳияи "Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ" (2008, 2010) ва "Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ" (2011) аз ин усулҳо истифода шудааст ва дар бахши сарсухан, дар ҷилди аввал ин сарчашмаҳо нишон дода шудаанд. Бинобар ин вақте бо супориши Президенти кишвар мабнӣ бар "таҳияи фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ бо истифода аз таҷриба ва меъёрҳои "Фарҳанги забони тоҷикӣ" ва дигар луғатномаҳои мавҷудаи тоҷикӣ, дарӣ ва форсӣ" (Ҷумҳурият, 27-уми марти соли 2007) даст ба таҳияи "Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ" задем, асоси назариявӣ ва амалии таҳияи он вуҷуд дошт ва мо онро дар таҳияи "Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ" нишон додем, ки чунин аст:

1. Инъикоси хусусиятҳои хоси забони тоҷикии давраи классикии то садаи ХХ бо истифода аз маводи "Фарҳанги забони тоҷикӣ", фарҳангҳои дигари тафсирӣ, барга-варақаҳои  вожаҳои ҷамъшуда дар шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти Институти забон ва адабиёт;

2. Истифода аз таҷрибаи фарҳангсозиву луғатнигории ҳамзабонони мо дар Эрону Афғонистон. Дар ин ҳолат аз фарҳангу луғатномаҳои онҳо фақат вожаву таркибҳои серистеъмоле гирифта мешаванд, ки барои тамоми форсизабонон муштараканд;

3. Истифода аз калимаву истилоҳот ва таркибҳои забони тоҷикии муосир, ки то кунун дар фарҳангҳо дарҷ шудаанд ё дар фарҳангҳои тафсирӣ инъикос наёфтаанд. 

Мо бо чунин мақсадҳои наҷиб даст ба кор шудем ва имрӯз "Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ", новобаста аз нуқсону камбудиҳои ҷойдошта (ягон кор бе нуқсон намешавад, махсусан фарҳангҳое, ки бори аввал чоп мешаванд), китоби рӯимизии мардуми тоҷик гаштааст. "Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ", ҳарфи А бо теъдоди ҳазор нусха ба хусумати ғаразноки Акбари Турсону М. Илолов  нигоҳ накарда, дар асоси қарори як комиссияи босалоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп расид. Таърихи моҷарои "Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ" мақолаи алоҳида мехоҳад ва он дар ҷои дигар гуфта хоҳад шуд.

Ӯ дар ҷойи дигар "Забон соҳиб надорад" (Миллат, ҳамин шумора) мегӯяд.   Агар забони тоҷикии мо соҳиб медошт дар Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ бо роҳбарии бевоситаи Акбари Турсон дар байни қариб ду соли сарварии ӯ чунин ҳодисаҳо рух намедоданд: 

Дар рӯзҳое, ки тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои бунёдкориву созандагӣ ҷашни 20- солагии Истиқлолро  истиқбол мегирифт,  дар Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Акбар Турсон ду қароре оид ба забон қабул гардид, ки ба сарнавишти забони давлатии мо на танҳо дар ин боргоҳи илм, балки дар тамоми ҷумҳурӣ иртиботи бевосита дошт. Ин қарорҳо дар ҷаласаи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 22-юми августи соли 2011 қабул гардид, ки яке ба маҷаллаи "Забоншиносӣ" ва дигаре ба "Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ" алоқа дошт.

Маҷаллаи "Забоншиносӣ", ки се шумораи нахустини он солҳои 2010 -2011 пешкаши мутахассисон ва дигар алоқамандону дӯстдорони забони тоҷикӣ гардид, бо дастуру  ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо орзуҳо ва ҳадафҳои наҷиб баҳри омӯзиш ва таҳқиқи масоили мухталифи забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ таъсис шуда буд. Он дар назди Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ дар асоси пешниҳоди Президенти кишвар ҳангоми мулоқот бо зиёиёни кишвар 20-уми марти соли 2009 таъсис ёфта буд. Дар ин мулоқот дар баробари дигар масъалаҳои вобаста ба инкишофу густариши забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ Президенти кишвар дар ин бора чунин фармуда буданд: "Аз ин рӯ,  барои таҳқиқи масъалаҳои гуногуни забони тоҷикӣ, бахусус забони адабӣ ва меъёрҳои он, назария ва амалияи забон ва дар маҷмуъ ҳама масоили марбут ба он имрӯз зарурати таъсиси як маҷаллаи илмии забоншиносӣ ба миён омадааст… Бешубҳа, нашри ин маҷалла барои таҳким ва густариши забони давлатӣ, ки омили муҳими болоравии худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, мусоидат хоҳад кард" (Сарсухан//"Забоншиносӣ", 2010, №1, саҳ.3).

Ҳадаф аз таъсиси ин маҷалла асосан боз ҳам бештар тақвият додани татбиқи сиёсати забонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо таърихи густариши забони тоҷикӣ ошно сохтани мардуми тоҷик ва мусоидати бештар ба рушду густариши забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ буд. Дар се шумораи ин маҷалла масъалаҳои муҳими рушди забони давлатӣ матраҳ гардидаанд.

Вале акнун бо пешниҳоди директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ  А. Турсон 22-юми августи соли 2011 таҳти №107 қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебарояд, ки ду банди аввали онро иқтибос меорем:

"1. Маҷаллаи илмии "Забоншиносӣ"-и Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  минбаъд маҷаллаи илмии "Суханшиносӣ"-и Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ карда шавад.

2. Сармуҳаррири маҷаллаи илмии "Суханшиносӣ" узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор А. Турсунов таъйин карда шавад".

Бахшҳои маҷаллаи "Суханшиносӣ" аз забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, фолклор, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ иборат шудааст, ки аз маҷаллаи "Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи шарқшиносӣ ва филология" ҳеҷ тафовуте надорад. Бояд гуфт, ки ин маҷалла ҳам аз тарафи раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон соле чор маротиба аз соли 2009 инҷониб чоп мешуд.

Қарори дуюми Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба "Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ", ки мувофиқи лоиҳа бояд то соли 2016 шаш ҷилди он чоп шавад, иртибот дорад. Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми декабри соли 2008 таҳти рақами 462 "Дар бораи таҷлили 20- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷилди аввали ин фарҳанг бояд дар моҳи апрели соли 2011 нашр мегардид. Вале  Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  бе баррасии ин масъала бо ширкати мутахассисон ва муаллифони фарҳанг ва аз ҳама муҳимтар бе назардошти Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҷлили 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва боз ҳам бо пешниҳоди Акбар Турсон ду ҳафта пеш аз баргузории ҷашни 20- солагӣ Қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи  "Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ"-ро (аз 22-юми августи соли 2011) қабул кард. 

Мувофиқи ин қарор чопи  "Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ"  мавқуф гузошта шуд. Акбари Турсон ба ин ҳам қаноат накарда, бо фармони худ аз 21-уми октябри соли 2011 чунин ҳукм мебарорад: "Лоиҳаи Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ аз рӯйхати мавзуъҳои илмӣ бароварда шавад ва минбаъд ҳайати гурӯҳи кории он ба дигар корҳои муҳимтар ва таъҷилитар сафарбар карда шаванд". Ҳол он ки ин лоиҳа аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чандин барномаҳои илмӣ дохил карда шудааст. Маблағҳои муайяни бюҷетӣ барои иҷрои ин фарҳанг то соли 2016 ҷудо мегардад. Имрӯз аз ҳисоби ин маблағҳо чопи сеюм ва чоруми "Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ" ба роҳ монда шудааст. Минбаъд барои пешгирӣ аз ин фаъолияти забонситезии Акбар Турсон дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссия таъсис гардид. Бо қарори ин комиссия ва дастури М.Давлатов, роҳбари собиқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №10/161 аз 14.12.2011 ин фарҳанг аз ҳабси Акбари Турсон  озод гардида ба чоп расид.

Дар Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси  хаттӣ бо пешниҳоди Комиссияи аттестатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Шурои ҳимояи рисолаҳои докторӣ бе ягон далелу санад аз тарафи Комиссияи Олии Аттестатсиони  Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия манъ карда шудааст. Аспирантҳову унвонҷӯёне, ки дар муассисаҳои  зертобеи  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекарданд ва ҳоло таҳсил доранд, аз имконияти  саривақт ҳимоя кардани  рисолаҳои хеш маҳрум гаштаанд. Ҳол он ки  Шурои ҳимояи  рисолаҳои  доктории ин муассиса то ба ҳол дар ҷараёни  фаъолияти хеш ба ягон нуқсони ҷиддӣ роҳ надода буд ва аз тарафи Комиссияи Олии Аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия  дар ин бора огоҳие ҳам нагирифта буд.

Ин намунаҳо аз фаъолияти солҳои охири Акбари Турсон собит месозад, ки амалҳои ӯ хилофи сиёсати давлатии забон ва зарба ба рушди илми фарҳангнигорӣ ва густариши забони давлатӣ мебошад.

Сайфиддин Назарзода

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97