Дар шумораи гузаштаи «Миллат» матлабе дар бораи суханронии Акбари Турсон, раиси Пажуҳишгоҳи забон, адабиёт ва шарқшиносии Академияи улум нашр шуд, ки дар ҷаласае роҷеъ ба имлову забони тоҷикиву форси сухбат карда буд ва он дар расонаҳо ва сафҳаҳои Интернет мавриди баррасӣ қарор дошт, шубҳаву гумони зиёд ба вуҷуд овардааст. Ба хотири рафъи шубҳа ва гумон мо суханронии пурраи Акбари Турсонро айнан нашр мекунем.
"Медонед, ки ҳозир ба ғайр аз институти забон боз комитети забон ҳаст. Ташкилиашро ман ин ҷо муҳокима намекунам, чунки берун аз салоҳияти ман аст. Лекин байни ин муассиса як нав рақобат ба вуҷуд омадааст. Байни Комитети забон бо институти забон, ё ҷойгузини институти забон бошад дар бисёр масъалаҳо… Лекин дар масъалаҳои ҷиддӣ мисли таҳияи имло аз рӯй он қоидаҳое, ки дар замони шӯравӣ ҷорӣ буд ва дуруст ҳам буд, ин буд, ки ҳамааш аз салоҳияти Институти академии забон ва адабиёт буд. Институти мо ҳамаҷиҳата бо ҳамкорӣ бо кафедраҳои мактабҳои олӣ пешкаш менамуданд, муҳокима мекарданд, шӯрои олимон тасдиқ мекард, баъд вақте ки аз ин гузашт мо рӯи чоп меовардем дар матбуот, ки дигароне ки аз ин кор хабар надоранд, аз ин кухний фикрашонро гӯянд. Чунки имло як кори ҷиддӣ нест, ин … рушди забон аст. Бинобар ин корро ин хел мекарданд… Баъдан ин ҷо айби ҳукумат нест. Барои ин ки ин кори мо, мо бояд пешниҳод мекардем. Яъне аҳли илм. Бисёр камбудиҳо ҳаст, бисёр. Бинобар ин ҳаминро аз нав кардан даркор. Мутаассифона ҳозир институи забон дар ҳамин мавқеъ қарор дорад, ки мо ҳамаи мавзуҳоро аз нав дида баромаданамон дар кор. Як мавзуи имло, як мавзуи забони тоҷикӣ не, адабиётшиносию фарҳангшиносию таърихшиносию чопи осор сар карда ҳамаашро. Ман ҳамин, ки омадам ҳамин ду шуъбаро аз нав дидем ҳазор хато. Ҳазор коргарони бедорро масалан истифода бурданамон лозим. Мо агар аз паси инҳо гардем корҳомон мемонад. Бинобар ин як фарди муайянро тайёр карданмон даркор. Хушбахтона раёсати олӣ нақшаҳои моро дастгирӣ мекунанд, бинобар ин масъалаи имло, эҷодию илмӣ, аз ҷумла чопи озод, саҳлангорию саросема чоп кардани ин чизҳо, ман дирӯз дар як рӯзнома дирӯз дар бораи як осоре, ки институти мо чоп кардааст дар бораи як асари Аҳмади Дониш як имло бисёр чизҳоро гуфтам. Вай ба назари одамони куҳна, ки инро намедонанд, муқобалаю ё муқобила нависанд кадомаш дуруст, гумон кардан мумкин, ки … Принсипи имло ҳамин аст. Мо вақте ки калимаро аз дигар забонҳо мегирем, як проблемае, ки ду ҷиҳат дорад. Масалан мо калимаи бозмерафтамон аз дигар забон дар кадом шакл бошад. Мо ба фонетикаи қолаби фонетика забон қонуни инкишофест, ки барои қонунҳои забони қонунро риоя кунем, ё ба ҳамон қонуни ҳамон забон қабул кунем. Дар давраи шӯравӣ аз боло ба мо маҷбур мекарданд, ки қоидаи забони русиро гиред, истилоҳ вай, иборами вай чи ки бошад. Барои ҳамин мо ҳарфҳое, ки тамоман дар фонетикаи забони мо набудагиро ба забон бор карданд. ҳарфи "щ" ва "ы", ин чизҳо. Акнун вай мегӯянд ку ҳамин теорияро кушодем. ҳамон давраҳо масалан мо доду фарёд мекардем, ки мумкин не қонуни забони моро вайрон мекунад, доду вой мекардем. Акнун вақте ки дар давраи истиқлол ҳама дар дасти худамон, бо дасти худамон ҳамон вай дастури идеалогии давраи шӯравиро такрор мекунем. Яъне аз калимаи арабӣ мегирем, ҳамон гуна қабул кунем? Ҳатто дар пеши "и"-ю "а"-и садонок айн монданро ҷорӣ карда истодаанд. Дар матбуот бенизомӣ. Забон соҳиб надорад. Кадом марказ аст, намедони кӣ масъул аст? Кӣ ба ин ҷавобгар аст… Бинобар ин ман таъкид мекунам чи расад ба ин имло, имло ҷорӣ карда истодаанд, байни ду садонок "айн"-ро барқарор карданд. Якеро муқобилаю муқобаларо тамоман як чизи оддӣ дар муқобили ин чиз ҷорӣ карда истодаанд, аз арабию порсӣ. Луғатҳо сохтан тамоман аз китобҳои ҳозиразамони форсӣ рӯйбардор карданд. Шиштан даркор, муқоиса кардан даркор ва ба гузашта тенденсияи истифодабарии забон ва ҳам таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ пеш аз ҳама Афғонистон ва Тоҷикистон, ин нест. Бинобар ин луғатҳо умуман он ҷилде, ки мо баҳс кардем маҷбур кардем. Ана ҳаминоя қонунба кор кардан даркор, ё иҷро шуда бошад, статистикаи илмию адабӣ надорад, ҳамчун брак ... ҳамин якта ҳадис аст барои тарҷума карда буромадан кормандои мо дувоздаҳ сол боз шиштанд. На номаш маълум, яъне кор камаш кор кардан даркор яксола .. Тамоми протоколҳоро оварданд, ҳеҷ роҳбари мавзуъ моро нишон диҳед, на дар сатҳи шуъба, на дар сатҳи шӯрои олимон ҳеҷ экспертиза додагӣ не. Ҳатто "обоснаваный тема" нест. Ана барои чи ҳамин корро кардем. Чаро мо ҳамита кор мекунем? Чаро? Чаро мо ҳама ин корро монда, мо аз системаи академии давлати дунявӣ осори исломӣ кардем. Дуруст мо кор карда метавонем мекунем бо як шарт. Осори исломӣ ҳадисҳо ҳамчун памятние культури … ва аз назари илмӣ, муносибат кунем…"