Чаро тоҷики камбағал ҳаққи таҳсил дар хориҷаро надорад?

Илм ва фановарӣ 20.07.2012 08:08

dikteshnЧанд соли ахир бештар дар зеҳни наврасон ва ҷавонони тоҷик, яъне хатмкардагони макотиби миёна, таҳсил намудан дар донишгоҳҳои хориҷ аз кишвар ҷо шудааст ва ин чиз таъсири амиқе низ дар мағзҳои онҳо ба ҷой гузоштааст. Зеро ба гумони ин ҷавонон, таҳсил намудан дар макотиби хориҷа, гӯё ҳамдӯши замон будан ва гирифтани дониши бештарро дар пай дошта бошад. Аслан чунин ҳам ҳаст, зеро мусаллам аст, ки тарз ва усули таълим дар мактабҳои кишварҳои хориҷии пешрафта ба маротиб аз макотибу мадориси мо беҳтар ва ба пешрафтҳои замони муосир наздиктар аст.

Хари Исо агар ба Макка баранд…

Аммо ин ки тайи таҳсил дар макотиби миёнаи ватанӣ дониши  лозимаеро ба даст наоварда, метавон дар донишгоҳҳои хориҷ аз кишвар соҳиби илму омӯзиш гашт? Ё гумон доранд, ки чун вориди он кишварҳо шаванд, илму дониш худ дохили мағзу ҷони онҳо хоҳад шуд? Он тарзи дурусти таълим ва тарбияи омӯзишгоҳҳои хориҷиро ҷавҳари солиме лозим аст, то тавониста бошад, ки ин таълимро бипазирад. Ин ҷо тазаккури як нуқтаеро аз осори Саъдӣ, муаллими ахлоқ ба ҷо донистам. Шайх Саъдӣ дар боби ҳафтуми "Гулистон", ки "Дар таъсири тарбият" ном дорад, ҳикоятеро меорад: "Якеро аз вузаро писаре кавдан(камфаҳм) буд, пеши яке аз донишмандон фиристод, ки мар инро тарбияте мекун магар, ки оқил шавад. Рӯзгоре таълим кардаш ва муассир набуд, пеши падараш кас фиристод, ки ин оқил намешавад ва маро девона кард".

Ҳеч сайқал накӯ нахоҳад кард,

Оҳанеро, ки бадгуҳар бошад.

Хари Исо гараш ба Макка баранд,

Чун биёяд ҳанӯз хар бошад.

Аз тарз ва усули таълими макотиби миёнаи кишвар ба чашм мехӯрад, ки ин ҷавҳареро, ки тай 11 сол мавриди таълиму тарбияи муаллимини муҳтарами мо қарор мегирад, шойистаи таҳсил намудан дар кишварҳои хориҷро надоранд. Далели ин гуфта, чанд соле пеш фиристодани донишҷӯёни тоҷик ба хориҷи кишвар буд, ки баъди чанде қисми бештари онҳо тарки донишгоҳҳо намуда буданд. Ин нуқтаро низ вазири собиқи маориф зикр намуда буд, ки сатҳи пасти дониши онҳо сабаб шуда, ки тарки таҳсил кардаанд.

Баҳои нисбӣ

Директори яке аз мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии пойтахт иброз намуд, ки "нишондоди сатҳи дониши толибилмон дар мактабаш, ки иборат аз 700 нафар хонанда аст, 3.4 ҳиссаро ташкил дод, ки албатта ин нишондоди хубу мусбат нест". Ин нишондод ҳам аз рӯи он баҳоҳое мебошад, ки бештари муаллимон, на аз рӯи дониши аслии хонандагон мегузоранд. Зеро ин баҳогузории рӯякӣ ва ҳавоӣ баъди хатми мактаби миёна ва аз уҳдаи таҳсил набаромадани муҳассилин дар донишгоҳҳо бараъло эҳсос хоҳад шуд.

Инро мо низ дарк намудем, ки иллати аз таҳсил боз мондани донишҷӯён, сатҳи пасти донишашон аст, вале ба ин бесаводии онҳо кӣ бояд ҷавоб гӯяд? Кӣ гунаҳкори аслии нодониву камдонишии мактабиён ва донишҷӯёни тоҷик аст?

Кӣ намехоҳад дар хориҷ таҳсил кунад?

Ҳамасола Русия, Қазоқистон, Украин, Белорус, Туркия, Чин ва бархе аз кишварҳои дигар барои донишҷӯёни тоҷик миқдоре саҳмияҳои таҳсил дар донишгоҳҳои худро ихтисос медиҳанд. Дар ин миён, саҳмияҳои бештареро давлати Русия ихтисос медиҳад, ки гуфта мешавад, дар соли ҷорӣ омода аст, то 800 нафар ва аз ин бештар аз ҷавонони тоҷикро ба донишгоҳҳои худ бипазирад. Дар ин миён давлати Ирон низ 250 ҷой саҳмия барои донишҷӯёни тоҷик ихтисос додааст.

Ба вуҷуди ҷудо намудани 250 ҷой, то як рӯз қабл аз имтиҳон барои қабул ба донишгоҳҳои Ирон танҳо 180 нафар ҳуҷҷат супоридаанду халос.

Бо чунин тарз ва усули таълиму тарбияи макотиби тоҷик, оё омода намудани ҷавонон барои таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷ аз кишвар имкон дорад?

Қабл аз фиристодани ҷавонон барои таҳсил дар мамолики хориҷи кишвар, онҳо бояд барои идомаи таҳсил омода бошанд, то худ ва маорифи кишварро дар хиҷолату сарафкандагӣ нагузоранд.

Мушкили таҳсил дар Ирон надонистани хатти форсӣ

Гуфта мешавад, бисёре аз ҷавонони тоҷик, ҳамчунин ба далели надонистани хатти форсӣ ва бархе аз истилоҳоти роиҷ дар Ирон тавони таҳсил дар донишгоҳҳои он кишварро надоштаанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ҷониби Ирон тасмим гирифтааст, ки имтиҳоноти пазириш имсол аз сӯӣи устодони иронӣ сурат бигирад ва ҷавонон нахуст дар давраҳои пешдонишгоҳӣ (курсҳои тайёрӣ) таҳсил кунанд.

Бойиси таассуф аст, ки аҳли маорифи кишвар тайи чанд соли ахир соатҳои омӯзиши забони форсиро дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, то ҳадде ихтисор намудаанд. Тибқи дастуроти вазорати маориф ҳамагӣ як соати дарсӣ дар як ҳафта, ин ҳам аз синфи чаҳор то ҳафт аз забони форсӣ барои хонандагон муқаррар намудаанд, ки айни ҳамон соатҳои дарсие, ки дар замони Шӯравӣ барои дарси мусиқӣ буд. Оё мешавад, ки ба ин миқдор соат забони ниҳоят мураккаб ва душвори форсиро аз худ кард?! Баръакс бояд сол аз сол соатҳои омӯзишии забони форсӣ дар макотиби мутавассита бештар карда мешуд. Ин ки чанд сол  қабл аксари донишҷӯёни тоҷик таҳсилро дар кишвари Ирон давом дода натавонистанд, иллаташ маҳз ҳамин аст.

Диктанти бемантиқ

Дигар ин ки диктант гирифтани довталабон аз дигар забонҳо ва махсусан забони форсӣ, чандон ба ҷо нест, зеро навишта кардан бо забони форсӣ, ин навиштан бо забони кириллӣ нест. Ҳарфи форсӣ мураккабӣ ва вижагиҳои хешро дорад. Барои бехато навиштан бо забони форсӣ омӯзиши амиқ лозим аст. Бо чанд соате, ки наврасони тоҷик дар мактаб мехонанд, намешавад, ки аз онҳо ба забони форсӣ диктант гирифт. Чун дар марҳилаи аввал аст, аз онҳо хониш бо забони форсиро тақозо бояд кард.

Бо он ки хати кириллӣ аз соддагиҳои вижаи худ бархӯрдор аст ва мардуми мо тайи ёздаҳ сол бо он омӯзиш мегиранд, ҳанӯз бо ин хат дуруст навишта наметавонанд, куҷо расад ба хатти форсӣ.  Худ ҳамин диктант гирифтани довталабон, на танҳо аз забони форсӣ, балки аз дигар забонҳо низ бемантиқ аст.

Хориҷиҳо имтиҳон бигиранд, то шарманда набошем

Ба ҷо мебуд дигар кишварҳо низ, мисли Ирон имтиҳоноти қабулро аз ҷониби устодони худ ба роҳ мемонданд. Ҷой доштани ришвагирӣ ва беадолатӣ аз ҷониби имтиҳонгирандагони тоҷик сабаб гашта, ки довталабоне, ки бештар соҳибистеъдод мебошанд, ба ҳошия ронда мешаванд ва ҷойи онҳоро афроди бесаводу камхонда мегиранд. Ва ҳамаи ин бойис гашта, ки ин ашхоси таълими хуб надида ва фитратан бесавод баъди андаке тарки омӯзиш менамоянд ва бойиси шармсории мактабу муаллими тоҷик мешаванд.

Оё таҳсил дар Ирон барои тоҷикон мамнуъ аст?

 komissiyРӯзи 1 - уми июл дар бинои Донишгоҳи техникӣ имтиҳоноти қабули довталабони тоҷик барои идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Исломии Ирон баргузор гардид. Ба мақсади ба воқеъияти масъала наздик шудан, аз он ҷо дидан намудем ва бо чанд тан аз наздикони довталабон ҳамсӯҳбат гаштем. Нозим, падари як донишҷӯе, ки барои ҳаводорӣ аз писараш дар рафти имтиҳоноти қабул ташриф оварда буд, норизоятии худро дар мавриди иттилоъи дақиқ ва пурра надодани аҳли маориф дар бораи омӯзиш дар донишгоҳҳои хориҷ аз кишвар баён намуд.

Ӯ гуфт, "ман фақат аз забони мардум ва ҳамсояам шунидам, ки Ҷумҳурии Исломии Ирон аз ҳисоби довталабони тоҷик донишҷӯ мепазирад. Хуб мебуд, агар дар ин бора бештар мардумро огоҳ менамуданд, вале то ҷое инро пинҳон медоранд, ки касро ба шубҳа меандозад. Фикр мекунӣ, ки таҳсил намудан дар кишварҳои хориҷ ва хусусан Ирон, ё ғайри қонунӣ аст, ё чизи дигар".

Маблағи таҳсилро кадом ҷониб пардохт мекунад, Тоҷикистон ё...?

Масъалаи дигаре, ки бойиси таассуфи бештар аст, ин иттилоъи дақиқ надоштани довталабон ва волидайни онҳо дар мавриди аз ҷониби кӣ пардохт намудани маблағи таҳсил мебошад. Аз гуфти падари як дигар аз довталабе метавон ин чунин хулоса кард. Номбурда бо қатъият мегуфт, ки ҳаққи маблағи панҷ соли таҳсил аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.

Хатмкардаи дигаре, ки мехост ҳуҷҷатҳояшро барои идомаи таҳсил дар Белорус супорад, роҷеъ ба тарзи таҳсил ва маблағсупорӣ назари дигар дорад. Ӯ гуфт, ки як ҷавонеро, ки ман мешиносам, мегӯяд, баъди хатм намудани донишгоҳи Қазоқистон, онҳоро гӯё аз ҷониби вазорати маорифи ҷумҳурӣ шарт гузошта бошанд, ки баъди хатми донишгоҳ дар хориҷи кишвар бо таври ҳатмӣ то 3 сол ин ҷо бояд кор кунад. Дар сурати саркашӣ кардан, 18 ҳазор доллар бояд бидиҳанд.

Ирон ҳаққи таҳсилро мепардозад

Андешаҳои мухталиф ва иттилоъҳои гуногун моро водор сохт, то бо масъули Идораи пазириш ва ҷалби донишҷӯёни хориҷии вазорати улум, таҳқиқот ва фанноварии Ҷумҳурии Исломии Ирон Ҳасани Бандиён, ки бевосита аз рафти имтиҳонсупории довталабони тоҷик дар ҷараён буд, суҳбат бикунем. Ӯ иброз намуд: 

"Барои тақвияти дар чаҳорчӯби густариши равобити илмӣ ва фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Исломии Ирон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси тафоҳумномае, ки байни масъулини Вазорати маорифи Тоҷикистон ва вазорати улум, таҳқиқот  ва фанноварии Ирон мунъақид шуда буд, дар соли гузашта, бар ин қарор гирифта, ки солиёна дувисту панҷоҳ бурс аз байни хоҳишмандон ва довталабони тоҷик машғул ба таҳсил бишаванд, дар сурати қабули дар озмуни катбӣ (хаттӣ) ва озмуни забонӣ ва мусоҳаба, ки дар ду марҳила, ки имрӯз шоҳиди баргузории марҳилаи катбӣ шуда будем ва дар ояндаи наздик озмуни забонӣ ва мусоҳибаи илмӣ баргузор мешавад. Аз байни касоне, ки номраи илмӣ ва номраи мусоҳибаи лозими илмиро ба даст меоранд, мо иншоаллоҳ қабули ниҳоиро бар асоси тавофуқнома дар ояндаи наздик эълом медорем, ки аз аввали октябр машғул ба таҳсил мешаванд. Барои солҳои оянда ҳар чи довталабон бештар бишаванд мо сатҳи озмунро ба таваҷҷуҳ ба теъдоди довталабин ва баррасиҳое, ки мекунем, саъймон ин хоҳад буд, ки дар сатҳи дувисту панҷоҳ нафар пазириш анҷом бидиҳем. Имсол чун теъдод ва иттилоърасонӣ ба андозаи кофӣ нашуда мутаассифона. Алъон наздики дувисту сӣ ё чиҳил нафар ширкат карда буданд, ки аз байни онҳо бо таваҷҷуҳ ба нумраи озмуни катбӣ ва озмуни шифоҳӣ ва мусоҳаба як теъдоде бинобар риштаҳои дархостиашон иншоаллоҳ интихоб мешаванд ва таҳсилро давом медиҳанд".

Оид ба нуқсу камбуди сатҳи дониши довталабон оқои Ҳасани Бандиён изҳори назар накард ва танҳо афзуд ; "Сатҳи донишашонро бар асоси ин озмун, ки мегузарад, баррасӣ мекунем, ки таҳқиқ мешавад дар созмони санҷиш ва баъд иншоаллоҳ шуруъ мекунанд аз аввали октябр ба таҳсил дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Исломии Ирон".

Дар масоили маблағгузории довталабон, ки байни онҳо ва волидайну наздиконашон назарҳои гуногун вуҷуд дорад ва бештари онҳо иттилоъи дақиқеро дар даст надоштанд ва бархеи онҳо ин маблағгузориро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон медонистанд, оқои Бандиён гуфт;  "Тамоми ҳазинаҳои таҳсилии инҳо бар асоси вазорати улум, таҳқиқот ва фанноварии Ҷумҳурии Исломии Ирон ва вазорати беҳдошт, дармон барои риштаҳои медикол ва пизишкӣ таъмин мешавад ва инҳо бурси Ҷумҳурии Исломии Ирон ҳастанд".

Ба пурсиши ин, ки роҳпулии довталабон аз ҷониби кӣ сурат мегирад, назари ҳамаи довталабон ва наздиконашон, ин буд, ки роҳпулиро бояд худи довталабон пардохт намоянд. Ин масъули Ҷумҳурии исломӣ оид ба маблағи роҳкирои довталабон иброз дошт; "Ҳазинае вуруди ба Ҷумҳурии исломӣ ҳам як маблағи ҷузъӣ ба унвони вурудия ба инҳо кумак мешавад, вале рафту омадашон ба худи довталабон аст".

Аммо тибқи иттилоъи мудири бахши рушди Барномаҳои таҳсилоти байналмиллалии вазорати маорифи Тоҷикистон А. Одинаев, ки ба мо пешниҳод намуд, тартиби қабул ва назорати шаҳрвандони тоҷикро дар муассисаҳои таълимии хориҷ аз кишвар чунин маънидод мекунад; "Дар асоси "Тартиби қабул ва назорати таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимию илмии давлатҳои хориҷӣ", ки аз тарафи раиси комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр  намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ, муовини сарвазири Тоҷикистон Руқия Қурбонова аз 18 марти соли 2010 тасдиқ гардидааст ва фармоиши вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саидов аз 31 майи соли 2012, № 24 "Дар бораи гузаронидани имтиҳони қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ кишвар ва тавассути Стипендияи байналмиллалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон" барои соли таҳсили 2012 - 2013" ва дигар дастуру супоришҳои вазири маориф имтиҳони қабул доир карда шуд."

Дар куҷо бояд таҳсил кард?

maorifБо вуҷуди он ки бештари довталабон ва наздиконашон аз ҷой доштани тақаллуб ва ношаффофиятӣ дар рафти имтиҳоноти қабул шикоят доранд, номбурда афзуд; "Бо супориши коммисияи қабули вазорати маориф пешакӣ аз ҷониби муассисаи давлатии "Маркази миллии тестӣ" "Қоидаҳои дохилии гузаронидани имтиҳонҳои қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии хориҷи кишвар тавассути тест" тартиб дода шуда, мавриди тасдиқ қарор гирифт. Тибқи қоидаҳои мазкур аз ҷониби муассисаи давлатии "Маркази миллии тестӣ" тамоми корҳои вобаста ба имтиҳони қабул ҷиҳати таъмини шаффофияти натиҷаҳо ба шуъбаҳои мувофиқ вобаста намуда, шуъбаҳои марказ дар навбати худ кормандони худро барои корҳои мушаххаси марбут ба имтиҳонҳо сафарбар намуданд"

Дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Русия, Хитой, Ирон, Украина оид ба ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф дар соли 2012 - 2013 барои шаҳрвандони Тоҷикистон бурсияҳои таҳсилӣ ба таври зайл ҷудо гардидаанд;

Ҷуҳурии Чин 80 ҷой барои курсҳои яксолаи забономӯзӣ. Аз ҳисоби донишҷӯёни Донишгоҳи славянӣ ва Донишгоҳи забонҳо 40 нафарӣ аз ҳар донишгоҳ.

Федератсияи Русия 233 ҷой.

Ҷумҳурии Украина 20 ҷой.

Ҷумҳурии Исломии Ирон 250 ҷой

Стипендияи байналмиллалии Президенти Тоҷикистон "Дурахшандагон" 33 ҷой.

Донишгоҳи технологияҳои иттилоотӣ, механикӣ ва оптикии Санкт - Петербурги Русия 70 ҷой.

Донишгоҳи давлатии педагогии шаҳри Томск 100 ҷой.

Вазорати маориф ҷавоб намегӯяд

Талошҳои мо барои ёфтани посух ба даҳҳо саволи беҷавоб дар остони маъракаи муҳим ва сарнавиштсози кишвар, ки қабули довталабон аст ва агар ба ин гуфта, мутақоид бошем, ки ҳама чизро кадрҳо дар кишвари мо бояд ҳал кунанд, беҳуда ва бар ъабас буд, гарчанде баъди чанд рӯзе бо пофишорӣ, тавонистем аз вазорати маориф иттилое бигирем. Ба зангҳои зиёди телефонии мо масъулони қабули довталабон ё ҷавоб намегуфтанд ва ё бо баҳонае аз масъулияти посух гуфтан ба саволҳои мо мегурехтанд ва шумораи телефони яке дигар аз масъулони соҳаро ба мо пешкаш мекарданд. Ҳангоми бо котиби матбуотии вазорати маориф М. Шоев дар тамос шудан ва барои иттилоъи бештар ёфтан оид ба мавзуъи матраҳ номбурда ба мо телефони кории муаллима Садбарг, 223 23 73 - ро пешкаш намуданд. Зимни дар тамос шудан, муаллима лутф намуда, рақами дигареро, ки мутаалиқ ба ҷаноби Одинаев будааст, (276560) арз карданд. Ҳар дафъае, ки хостем дар тамос шавем, ҷанобшон иброз менамуданд, ки ё дар ҷаласае ширкат доранд, ё дар имтиҳоне. Хулоса ин шуд, ки дар муддати ду рӯз мо натавонистем бо масъулини вазорати маориф дар тамос бишавем ва дар ин замина иттилоъе пайдо бикунем. Ин дар ҳолест, ки мо бе ҳеч мушкилие тавонистем аз як нафар масъули маорифи Ҷумҳурии Исломии Ирон иттилоъи дақиқ ва муфассале ба даст оварем. Ҳатто барои он масъули маорифи Ирон пурра ироъа кардани суол шарт набуд, фақат бо як ишорае ба ҳама хостаҳои мо посух гуфт. Агар идораи як ҳафтаномаи бонуфуз тай ду рӯз наметавонад, аз вазоратхонаи маорифи кишвараш иттилоъе ба даст оварад, пас вой бар ҳоли мардуми оддӣ агар ба ин вазорат корашон биафтад! Иллати пинҳон доштани иттилоъдиҳии пурра, оид ба дар кишвар хориҷ таҳсил намудани довталабони тоҷик дар чист? Чаро чунин корҳои муҳим ба воситаи расонаҳои хабарӣ ва дигар воситаҳо, аз ҷумла реклама ба маърази тамошои мардум гузошта намешаванд то ҷавонону наврасон огоҳии бештаре дошта бошанд. Ё ки масъулини маориф ва муаллимони донишгоҳҳо аз кам шудани "клиент" - ҳои худ дар ҳаросанд? Кор то ҷое рафта, ки қариб бо таври оммавӣ ҳама медонанд, ки барои дар фалон донишкадаю донишгоҳ дохил шудан, чи миқдор маблағ лозим аст?

Билохира, тасмим бар ин шуд, ки воқеъияти иҷрои вазоифи ин масъулинро бар раҳбаронашон, агар бехабаранд, таъкид кунем. Ва агар хабар доранду чорае намеандешанд, пас бояд бидонанд, ки гурез аз иҷрои вазифа ва посух гуфтан ба ниёзҳои ҷомеъа ва муталлеъ сохтани ҷомеъа вазифаи ҷонии онҳост, ки қонун аз онҳо онро талаб мекунад.

Вақте мо ба суроғи масъулин барои посух гуфтан ба саволҳои матраҳ меравем, онҳо мегурезанд ва пас аз чопи мақола соатҳо майна об мекунанду сафҳа сафҳа ҷавобия эҷод мекунанд.

Магар илоҷи воқеъа қабл аз вуқуъ беҳтар ва роҳаттар нест?!

Ё идораи ҷомеъаи бехабар осонтар аст? Ё асроре дар қабули довталабон нуҳуфтаву он бояд махфӣ бошад? Агар чунин несту довталабон шаффоф, бидуни мушкил шуғл интихоб мекунанду мувофиқи саводашон ба макотиби олӣ қабул мешаванд, пас гурези ин масъулин аз посух гуфтан ба ниёзҳои ҷомеъа чарост?! Оё иҷозаи сухангӯӣ надоранд ва аз шахси аввал ва болотар дар вазоратхона дастур доранд ё худ зарфияти посух гуфтан бо ин суолотро надоранд? Аз ин ду, яке ҳатман бояд бошад?! Вале як масъалаи дигар ҳам метавонад бошад, ҷо доштани фасод. Агар намехоҳанд, ки ҷомеъа муталлеъ бошад, раванди қабули довталабон шаффоф сурат бигирад ва аксарият қаноатманд бошанд, ҳатман ин ҷо манфиате нуҳуфта аст, ки посухаш дар дасти генерал Фаттоҳ Саидов, раиси муҳтарами Оҷонсии зидди фасод аст.

Ҷамшеди Қувват

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97